JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Июни 2021 08:05

Накӯкор

Муаллиф: Раёсати Институти физикаю техника

  Дар ҷамъият доимо ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳамчун меҳвари устувор новобаста аз макон ва замони зист, синну сол ва самту сатҳи фаъолият бо илҳоми табиии хеш ба таври доимӣ ва бефосила бо ободкорӣ ва меҳнати софдилона машғул ҳастанд, зеро қалби онҳо дигар тарзи фаъолиятро қабул надорад.

  Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ аст, ки яке аз собиқадорони меҳнат, муҳандиси пешбари лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ Эсанбой Худойбердиев новобаста аз он, ки ба синни 82 баромаданд, ҳамчун намунаи ибрат барои насли ҷавон ҳамарӯза бо қуввату илҳоми нек ҳар як дақиқаи рӯзи кории худро барои таҳқиқот ва рушди фаъолияти лаборатория ва институт равона менамоянд.

  Э.Худойбердиев 10 марти соли 1940 дар ноҳияи Конибодоми совети қишлоқи Лоҳутии вилояти Ленинобод (ҳозира вил. Суғд) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1947 то соли 1957 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи С.Айнии ноҳияи мазкур таҳсил кардааст. Соли 1960 Э.Худойбердиев техникуми кишоварзии шаҳри Хуҷандро хатм менамояд ва ӯро ба ҳайси агроном ба колхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов) фиристоданд. Ӯ ҳамчун шахси ташаббускор новобаста аз шароити зист баҳри ободонии Ватан ва бо истифодаи тамоми донишу малакаи азбаркардааш ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, аз ҷумла, дар дар ин муддат тақрибан дар зиёда аз 8 гектар замин боғҳои зебо бунёд намудааст.

  Соли 1962 Э.Худойбердиев ба факултети агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил мешавад ва соли 1966 онро бо муваффақият хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ мегардад. Соли 1967 ҳамчун агроном дар Вазорати хоҷагии қишлоқ, соли 1969 ба ҳайси сардори шуъбаи иттилоотрасонии илмию техникии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Баъдан тӯли 8 сол масъулияти муовини сардори киштгардонкунии заминҳои совхози “Анҷумани XXIV партияи”-и В.И.Ленини вилояти Қурғонтеппа, сарагрономи ғаллаи ҷумҳурӣ, агрономи калони идораи кишоварзии вилоят ва сарвари иттиҳодияи тухмисанҷии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд)-ро ба ӯҳда дошт. Дар тӯли фаъолияти корӣ барои азхуд намудани заминҳои ташналаби ноҳияи Колхозобод, совхози Гулистон, ноҳияи Вахш, ноҳияи Илъичи вилояти Қурғонтеппа (Хатлон) саҳми арзанда гузоштааст. Солҳои 1972-1978 бо роҳхати Вазорат дар техникуми политехникии шаҳри Душанбе хамчун муаллими калон фаъолияти таълимӣ бурдааст. Баъдан тӯли ҳашт сол ҳамчун муовини сардори идораи ғаллаи Вазорати кишоварзӣ ба кишвар содиқона хизмат кардааст. Cолҳои 1987-1991 ҷонишини идораи истеҳсоли ғалла ва сабзавоти Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 мудири шуъбаи растанипарварии идораи хоҷагии вилояти Суғд, солҳои 2003-2011 муаллими калони Институти технологии ш.Хуҷанд, солҳои 2011-2015 ҷонишини директор оид ба корҳои хочагидорию техникии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз соли 2015 инҷониб муҳандиси пешбари лабораторияи спектроскопияи молекулавии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

  Барои хизматҳои арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ Э.Худойбердиев соли 1969 бо Грамотаи фахрии Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон,  соли 1972 бо Грамотаи фахрии Вазорати мелиорасия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1989 бо фармони Президиуми совети Вазирони ИҶШС бо медали “Ветерани меҳнат” ва соли 2019 бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

  Тақдир ин инсони равшандил ва хирадпешаро дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатиаш бо басе родмардони маъруфи Ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ гардонид, ки номашон боиси ифтихори миллату фарҳанги тоҷик мебошанд.  

  Муаллим ба 82 соли умри бобаракати худ нигоҳ накарда, дар доираи мавзӯи илмии лабораторияи спекторскопияи молекулавӣ бо ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва таснифи гиёҳҳои шифобахш ба олимони ҷавон роҳбарӣ намуда, ҳамзамон бо илҳоми табиии хеш иштирокчӣ ва маслиҳатгари доимии корҳои кабудизоркунӣ ва ободонии институт саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

  Аҳли кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаллимро ҳамчун мутахассиси фаъол, инсони рӯзгордидаву пуртаҷриба, маслиҳатгари хуби насли ҷавон ва инсони нек мешиносанд ва ба муаллим саломатӣ ва комёбиҳои навро дар фаъолияти таҳқиқотиашон таманно доранд. 

Бо эҳтиром,

Раёсати Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 1051 маротиба