JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Июни 2021 12:35

Менаравад зи дил дигар нақши садои ошно  (дар ҳошияи зодрӯзи устоди ҳунари хунёгарӣ Аҳмад Зоҳир)  

Муаллиф: Нозим Нурзода

      Мусиқӣ бо худии худ падидаи эстетикист ва бо завқу салиқаи насли инсонӣ сари кор мегирад. Ин мусиқӣ аст, ки бо неру ва тавонмандиаш инсонро бедор мекунад ва ба сӯйи озодию истиқлолият раҳнамун месозад. Истиқлолияти ботинӣ ва дарунӣ маҳз бо шунидани мусиқӣ ва таронаҳои дилангез имконпазир мегардад. Ин аст, ки дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бисёр мувоҷеҳ мешавем, ки аз завқи мусиқиписандии мардуми марзу буми аҷдодӣ дарак медиҳад. Ромиш дар луғат ба маънии оромиш, осудагӣ, фароғ ва сукун, суруду овоз, шодӣ ва айшу тараб омадааст(ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1212). Наво маънои овоз, оҳанг ва номи яке аз оҳангҳои мусиқии ирониро ифода мекунад(Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.2419). Хунё бошад, ба маънои суруд, овоз, нағма далолат мекунад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1044). Ҳар се вожа, аз лиҳози этимологӣ ё баромад форсӣ-тоҷикианд ва дар имтидоди тӯлонии замонӣ барои ифодаи мазомини мусиқавӣ корбаст шудаанд.

      Мусиқӣ ҳунар аст, ҳунари бозофаринии эҳсос ва отифати инсонӣ, ҳунари тавозун бахшидани ҷисму рӯҳ, санъати шинохти арзишҳои ботинӣ ва сириштӣ ва билохира офариниши ҷаҳони зебоӣ. Маънои мусиқӣ, қабл аз ҳама, дар озодӣ аст, озодии дарунӣ, ботинӣ ва ҳар гоҳ инсон аз мушкилоту даргириҳои зиндагӣ хаста мешавад, мехоҳад  аз тариқи суруду мусиқӣ хастагиашро ҷуброн созад. Ҳамин озодист, ки инсонро дар масири зиндагӣ ба шоистасолорӣ мерасонад. Бастагии инсон ба мусиқӣ, қабл аз ҳама, ба эҳсоси зебоиписандӣ ва бурузи ғизои эстетикиаш марбут аст. Маҳз  талаботи эстетикӣ дар қиболи шунидани мусиқӣ инсонро ба сӯйи озодии ботинӣ савқ медиҳад.

       Ҳамасола нимаи аввали моҳи июн дар гӯшаву канори кишвар дӯстдорон ва алоқамандони овози Аҳмад Зоҳир ба ифтихори зодрӯзи хунёгари маъруфи Шарқ, устод Аҳмад Зоҳир маҳфилу нишастҳои хотирмон доир менамоянд ва аз ин тариқ овозхони нотакрори фақидро ёд мекунанд.Устод Аҳмад Зоҳир 14 июни соли 1946 зода шуд ва дар ҳамин рӯз (14 июни соли 1979) дар синни 33-солагӣ оламро барои ҳамешагӣ тарк кард. Аммо садои нотакрори Аҳмад Зоҳир баъди 42 соли даргузашташ ҳам қалбҳои мухлисони шеъру оҳангу мусиқиро тарк намекунад ва барои онон пайваста паёми дӯстӣ, муҳаббат, самимият, латофат, одамият ва шарофат мерасонад. Суруди Аҳмад Зоҳир суруди сукуту хамӯшӣ нест, таронаи иттиҳоду ҳамбастагии инсоният аст. Дар партави сурудаҳои ӯ инсон гаҳ инқилобӣ мешавад, гаҳ ифтихорӣ, гаҳ маҳзуну гаҳе пурнишот. Хулоса, суруди Аҳмад Зоҳир суруди зиндагӣ, суруди муборизаю муқовимат, суруди ҷасорату ҷуръат ва билохира суруди одамият аст. Маҳз ҳамин навъ мушаххасоти оҳангу таронаҳои безаволи Аҳмад Зоҳирро ба назар гирифта, ҷомеаи маданӣ ба сӯйи дарки маонии сурудаҳояш мешитобаду мешитобад. Ба ин далел, бо ёдоварӣ ва гиромидошти ин чеҳраи маҳбуби ҳунари овозхонӣ ва хунёгарӣ суннат ва анъанаи меросбардорӣ идома ёфта, дар ин ҳошия зодрӯз ва ёдбуди Аҳмад Зоҳир ҳамасола таҷлил гардида, маҳфилҳои адабӣ-бадеӣ бо ҳузури фаъоли мухлисону алоқамандони мусиқии асил доир мегардад.

      Маъмулан, дар маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ, ки ба зодрӯзи устод Аҳмад Зоҳир ихтисос меёбанд, ҳунармандони ҷавон ва ҳаваскорон-ихлосмандони сабки сарояндагии овозхони шаҳир ширкат меварзанд. Доир намудани маҳфилу нишастҳои вежа ба ифтихори ҳунармандони нотакрори миллию фаромиллӣ халои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва фикрии моро комил месозанд ва насли ҷавонро ботинан, дарунан ва сириштан тағйир медиҳанд. Мо, ки таҷрибаи ширкат дар ҳамчунин маҳофили ҷашнӣ ва ҳунарию маданиро андак дорем, мушоҳида мекунем, ки ҷамъияти дӯстдори суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир аз ҳисоби насли ҷавони ҷомеа сол ба сол дар кишвар афзоиш меёбад. Дигар ин ки болидарӯҳӣ ва фазои солими эҷодӣ, ки ҳамасола дар ҷараёни маҳофили фарҳангию ҳунарӣ ҳукфармо мегардад, назари куллиро ба ояндаи неки мамлакат тақвият мебахшад. Мусиқии асил ҳамеша торҳои завқу салиқаи бадеӣ-зебоиписандии инсонро бедор карда, рӯҳияи ӯро дар баробари мушкилоти равонӣ муқовиматпазир месозад. Ҳар қадар чунин маҳфилҳо зиёд шаванд, хамон қадар сатҳи буҳронҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ  ва маданӣ пойин меравад. Илова бар ин, мусиқии тавонманд, минҷумла оҳангу таронаҳои равоншод Аҳмад Зоҳир решаи хурофот, таассуб ва ҷаҳолатро, ки вопасгаройии ҷомеаҳоро дар пай доранд, заиф месозад ва роҳи муборизоти маданӣ ва ҳунариро бо чунин навъи «вабо» ҳамвор мекунад.

      Мардум ва махсусан, ҷавонон, табиатан ташнаи шеъру суруданд ва шеъру суруди асил инсонро, новобаста аз тааллуқоти табақотӣ, динӣ-мазҳабӣ ва сиёсию мафкуравӣ сифатан тағйир медиҳад. Мусиқӣ забони эҳсос ва отифат буда, аз он ҷиддӣ ва ҳадафмандона кор гирифтан баробар аст ба сохтани дунёи нав. Дунёи тоза ва ҷадиди меҳру муҳаббат ва самимияту отифат. Бо таваҷҷуҳ ба ин, сурудҳои ҷовидонаи устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳир забони гӯёи муҳаббат, отифат, шарофат, самимият, латофат, ҷасорат, ҷуръат ва билохира инсоният мебошанд ва гиромидошти хотираи ӯ тавассути баргузории маҳфилҳои махсус ва аз ин тариқ тарғиби саросарии мусиқии зиндаи шарқӣ (дар мисоли мусиқии Аҳмад Зоҳир) рисолати миллӣ ва инсонист, ки, хушбахтона, дастандаркорони маҳфили ёдбуди хунёгар ҳамасола анҷом медиҳанд.

         Зодрӯзи хунёгари маҳбуби Шарқ, устод Аҳмад Зоҳир муборак бод! Бигзор, мусиқӣ ва ҳунари асил ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз танин андозад ва гарду ғубори яъсу навмедиро аз қалби ҳамватанон тоза бинамояд.

 

Нозим Нурзода

 

 

 

 

Хондан 945 маротиба