JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 01 Июни 2021 04:21

Олими пуркор (Ба муносибати зодрӯзи профессор Сабур Фузайлович Абдуллоев)

Муаллиф: Халифаева Шоҳина

  Осон нест, аз тифле, ки олами маъниро хабар надорад, олиме  сохт. Олим, ба қавли бузургон, муҳандиси рӯҳи инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим,устод, олим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон илму адаб меомӯзад, онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад ва мекӯшад, дар ҷодаи илм муваффақ шавад. Олим оинаи ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

 Ҳанӯз аз лаҳзае,  ки тифл ба дунё меояд, ҳама модару падар, бобову бибӣ даст ба дуо мебардоранду барояш баробари ҳамаи некиҳои ҳаёт ва тансиҳативу умри дароз зикр менамоянд, ки дар оянда ҳамин тифл олиму доно ва шахси баобрӯву боломартаба гардад. Вале дар зиндагӣ ҳар яки мо шоҳиди он ҳастем, ки бисёре аз касон соҳиби вазифаву мансабҳои баланд мешаванд, лекин ашхоси кам сазовори номи баланди олимӣ мегарданд, чунки роҳи илм бисёр дароз асту дониши баланд, меҳнати зиёд ва пуртаҳаммулиро талаб мекунад. Ин гуна шахсон иродаи қавиву дониши кофӣ дошта, ҳамеша дар ҷустуҷӯянд. Мехоҳанд қуллаҳои баланди илмро тасхир намоянд, бо кашфиётҳои мухталифи худ ба мардум зиндагии шоиста фароҳам оранду ба қонуният ва ҳодисаҳои ин олами пурасрор сарфаҳм раванд.

  Абдуллоев Сабур Фузайлович, профессор, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ аз зумраи чунин олимон ба ҳисоб меравад. Бисёр инсони нек, хоксор ва нармдил аст. Бекор нишастан, дар ҷустуҷӯ набудан ва оромӣ пешаи ӯ нест. Маҳз бо заҳмату талошҳои ин олими меҳнатқарин давоми ду-се даҳсолаҳои охир физикаи атмосфераи тоҷик хеле рушд намудааст ва бо кӯшиши ӯ байни АМИТ ва донишгоҳҳову пажӯҳишгоҳҳои хориҷӣ дар соҳаи физикаи атмосфера ҳамкориҳои зиёде ба роҳ монда шудааст.

  Абдуллоев С. Ф. 1 июни соли 1959 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1975 баъди хатми мактаби миёнаи №20-и н. Истаравшан ба факултаи физикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин дохил мешавад. Донишгоҳро бомуваффақият бо дипломи сурх хатм намуда, соли 1980 ба Институти физикаю техникаи С. Умарови АМИТ фиристода мешавад.

Дар  солҳои 1982-1984 ба сафи артиши Шӯравӣ даъват шуда, хизмати ҳарбиро адо менамояд. Соли 1984 ҳамчун муҳандис ба лабораторияи физикаи атмосфера ба кор қабул мешавад. Соли 1986 ба вазифаи муҳандиси пешбар, баъдтар ходими хурди илмии ҳамин лаборатория интихоб мегардад.

Соли 1989 дар ҳайати экспедитсияи шӯравӣ-америкоӣ баҳри омӯзиши аэрозоли хушк дар ҷануби Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад. Соли 1990-1991 курси бозомӯзиро дар Маркази байналмиллалии лазерии ДДМ ба номи М. В. Ломоносов мегузарад.

Соли 1994 бомумуваффақият рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Экспериментальное исследование оптических и микрофизических характеристик пылевого аэрозоля в условиях аридной зоны Таджикистана», бо ихтисоси 04.00.22 - геофизика дар Институти физикаи атмосфераи ба номи А. М. Обухов АИ Россия ҳимоя намуд. Худи ҳамон сол мудири лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С. Умарови АМИТ интихоб гардида, то ҳол ин вазифаро ба зимма дорад.

Соли 2014 рисолаи докториашро бо ихтисоси 25.00.30 - метеорология, иқлимшиносӣ ва агрометеорология дар ш. Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия  дар мавзӯи «Комплексные исследования пылевых и газовых примесей в аридных зонах и их влияние на региональный климатический режим юго-восточной части Центральной Азии» муваффақона ҳимоя намуд.

Аз ҷониби ӯ 6 монография, 13 мақола дар маҷмӯаҳо ва китобҳо, 59 мақола дар маҷаллаҳои КОА, 70 тезису мавод дар конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар, 118 тезис дар конфронсҳои дохилӣ, 10 мақолаи депониронидашуда ва 2 патент, ки ба соҳаҳои гуногуни физикаи атмосфера, экология, қабати озонии атмосфера, тағйирёбии иқлим бахшида шудааст, нашр шудаанд.

  Таҳти роҳбарии Абдуллоев С.Ф. дар лаборатория барои мушоҳидаи ҳолати атмосфера шабакаи AERONET ва комплекси универсиалии таҷҳизотҳо сохта шуда, методикаҳо барои тадқиқоти сохтор ва хосияти компонентҳои аэрозолии атмосфера коркард карда шудааст.

Бо роҳбарии ин олим 7 мавзӯъҳои буҷавии лабораторияи физикаи атмосфера (1993-2015), 2 лоиҳа (2009-2016), Лоиҳаи фонди Президентии тадқиқоти фундаменталӣ(2014-2016), лоиҳаи якҷояи тоҷикӣ-олмонӣ дар тадқиқоти чангу ғубори Осиёи Миёна (CADEX) (2014-2016), бо Институти тадқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитс иҷро карда шудаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар шогирдонаш рисолаҳои номзадиашонро бомуваффақият ҳимоя карданд.

  Бо талошу саъйи Абдуллоев ва дастгирии АИҶТ ва дар якҷоягӣ бо Институти тадқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитс (Олмон) моҳи апрели  соли 2019, дар шаҳри Душанбе конфронси байналмиллалии “Чангу ғубори Осиёи Миёна” дар сатҳи баланд ташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 20 давлати дунё олимони соҳа ширкат варзида, масъалаҳои мубрами ин соҳаро баррасӣ намуданд.

  Пурмаҳсулии кори олим сабаб шуд, ки соли равон аз тарафи АМИТ бо “Ҷоизаи АИҶТ ба номи С. Умаров” қадрдонӣ карда шуд.

  Абдуллоев С. Ф. яке аз мутахассисони беҳтарин дар қисми физикаи атмосфера, метерология ва климатологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ чандин маротиба дар конгрессҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳои байналмиллалӣ бо маводи илмӣ дар давлатҳои Россия, Чин, Эрон, Олмон, Италия, Туркия, Австрия ва ғайра баромад намудааст.

  Ӯ дар ҷодаи илм якчанд шогирдонро тарбия намудаст, ки ҳар яки онҳо муваффақу соҳибкасб мебошанд.  Даме, ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайвастааст.

Халифаева Шоҳина

докторант (PhD) -и соли дуюми

ИФТ ба номи С. Умарови АМИТ

Хондан 1190 маротиба