JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Майи 2021 09:48

Рӯшангари ватанӣ ва пажӯҳишгари ҳикмати миллӣ

Муаллиф:

  Ҳамеша талоши ҷустуҷӯи дониш ва эҷод кардан вижагии асосии Ёрмуҳамад Ниёзӣ ҳаст. Мо аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” рушди шахсият ва донишу малакаи ӯро дар тӯли қариб се даҳсола мушоҳида кардем. Тайи ин солҳо ӯ аз донишҷӯ ва шогирд будан ба донишмандӣ ва  устодиву роҳнамоӣ расид. Ҳамзамон шавқу рағбати илмомӯзӣ ва эҷод кардан  дар тору пуди вай ниҳон аст, ки ин сифати олими воқеӣ аст.

  Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” донишманди серкор ва устоди фалсафаи миллӣ Ёрмаҳмад Ниёзиро бо зодрӯзашон самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиашон комёбиҳоро таманно мекунанд. Бигзор бо тани сиҳату хотири ҷамъ ба фаъолияти илмии худ идома дода, дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи мо саҳмгузор буданашро идома диҳад.

Зодрӯз фархунда бод!!!

 

Эй дӯст туро зиндагӣ шоиста бимонад,

Умеду саодати ту ҳамбаста бимонад.

Сарсабз бизеҳ  ҳамеша  бо хотири ҷамъ,

Айшу тарабу ишқи ту пайваста бимонад.

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили

илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 20. 05. 2021

Хондан 1032 маротиба