JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 12 Майи 2021 08:54

Фотеҳони физикаи назарӣ ва амалии тоҷик

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Баъд аз Султон Умаров дар саргаҳи поягузорӣ ва рушди физикаи муосири Тоҷикистон академик Акобир Адҳамов ва профессор Баҳрулло Нарзуллоев қарор доранд, ки дар ин раванд нақши бунёдӣ ва саҳми бағоят бузург гузоштаанд. Ҳарду зодагони шаҳри бостонии тоҷикон – Самарқанд ва хатмкардагони факултаи физикаю риёзии донишгоҳи ин шаҳр буда, аз солҳои аввали ба ДМТ омадан, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар бунёди озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ, мустаҳкамнамоии заминаҳои моддӣ, ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани кафедраҳои навтаъсис нақши бағоят бузург гузоштанд. Маҳз шиносоиву дӯстии онҳо бо олимони бузург ва ҳамкориҳояшон бо марказҳои илмии бонуфуз баҳри пешрафти физика ва ба вуҷуд омадану ташаккул ёфтани самтҳои комилан нави он дар Тоҷикистон заминаву шароитҳои мусоид фароҳам оварданд. Аз ин рӯ, месазад, ки Акобир Адҳамовро дар самти физикаи назариявӣ ва Баҳрулло Нарзуллоевро дар бахши физикаи таҷрибавӣ ба ду кӯҳи азим, ду руди бузург ва ду дарахти сершоху барги физикаи тоҷик ташбеҳ дод, ки дигар силсилакӯҳҳо аз онҳо пайванд, дигар ҷӯйборҳо аз ин рудҳо об ва дигар ниҳолҳо аз ин дарахтон реша мегиранд. Яъне, корномаи илмӣ-тадқиқотӣ ва роҳбарию омӯзгории ин олимони донишманд барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва дӯстдори улуми табиатшиносӣ, махсусан физикадонҳо мояи ифтихору қадрдонист:

Ҳар варақ аз дафтари умри бузургон мактабест,

Мард мебояд сабақ гирад зи мардон зистан.

  Шиносоӣ ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ, масири ҳаракат дар зиндагӣ ва саҳми арзандаи академик Акобир Адҳамов ва профессор Баҳрулло Нарзуллоев дар рушди физикаи муосир дар Тоҷикистон барои насли ҷавон дар интихоби роҳи зиндагӣ ва касбу кор ибратбахш хоҳад буд. Зеро ин ду олими бузург аз рӯзҳои аввали ба даргоҳи ДМТ пайвастан, баҳри рушди физика ва бунёди озмоишгоҳҳои муосиру омода кардани кадрҳои соҳибунвон аз ин даргоҳи муқаддас барои тамоми Тоҷикистон ва берун аз он оғоз карданд. Физикҳои номвар академик Акобир Адҳамов ва профессор Баҳрулло Нарзуллоев баробар ба ду кафедра мудир ва сипас, яке паси дигаре декани факулта ва муовини ректори донишгоҳ оид ба илм тайин гардида, дар сафарбарнамоии донишҷӯён барои иҷрои корҳои дипломӣ ва шомилшавии онҳо ба аспирантураи донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои марказии ИҶШС нақши бузург гузоштанд. Ва инак, худи онҳо чӣ гуна роҳро тай карданд, ба ин сатҳ расиданд ва дар рушди илми тоҷик чӣ саҳме доштанд:

  Акобир Адҳамов 4 сентябри соли 1928 дар гузари Қӯшаҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омада, факултаи физикаю риёзии Донишгоҳи давлатии Самарқандро соли 1949 хатм менамояд. Пас аз хатми донишгоҳ чанд муддат дар мактаби №21-и ин шаҳр ба ҳайси омӯзгори физика ва риёзӣ фаъолият карда, ҳамзамон баробар ба корҳои омӯзгорӣ, барои шомилшавӣ ба аспирантура омодагӣ мегирад. Сипас, барои идомаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дохил шуда, онро соли 1953 ба поён мерасонад. Зимни қабули имтиҳонот ба аспирантура донишу фаҳмиши Акобири ҷавон физик-назариётчии намоёни шӯравию ҷаҳонӣ, мудири кафедраи физикаи назариявии ин донишгоҳ А.А. Власовро ба ҳайрат мегузорад ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро таҳти роҳбарии ӯ оғоз менамояд. Баъдан, ба ин кафедра физик-назариётчии дигари шӯравӣ Н.Н. Боголюбов ба сифати мудир даъват мегардад, ки фаъолият таҳти роҳбарии А.А. Власов ва муносибатҳои ҳаррӯза бо Н.Н. Боголюбов дар ташаккули шахсияти Акобир Адҳамов ҳамчун инсони баркамолу олими соҳибистеъдод амиқан таъсир мегузорад. Ҳамин аст, ки Акобир Адҳамов соли 1954 дар Шӯрои махсуси факултаи физикаи донишгоҳи фавқ дар мавзӯи «Назарияи молекулӣ-кинетикии паҳншавии ултрасадо дар моеъҳо» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, барои кор ба Душанбе даъват мешавад ва фаъолиятро ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи факултаи физикаю риёзии ДМТ оғоз менамояд.

  Пас аз тағйири сохтор дар ин факулта, Акобир Адҳамов аввалан мудири кафедраи физикаи умумию назариявӣ (1954-1956), сипас декани факултаи физикаю риёзӣ (1956-1958) ва баъдан, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1958-1965) тайин мегардад. Дар ин давра, мувозӣ бо корҳои роҳбарӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуда, соли 1964 дар Донишкадаи вилоятии омӯзгории Москва ба номи Н.К. Крупская дар мавзӯи «Масъалаҳои назарияи молекулӣ-кинетикии паҳншавии ултрасадо дар моеъҳо» рисолаи докторӣ дифоъ менамояд.

 Баъд аз вафоти Султон Умаров, ки дар соли 1964 иттифоқ афтод, устод Акобир Адҳамов чанд муддат мудирии кафедраи физикаи назариявиро бар уҳда дошт. Азбаски дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият кард ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошт, бо ифтитоҳи Институти физикаю техни-каи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИ Тоҷикистон) устод Акобир Адҳамовро ба ҳайси директори он тайин намуданд, ки дар ин вазифа то соли 1992, яъне 27 сол фаъолияти назаррасу пурсамар дошт. Ҳамзамон, якҷо бо директори Институти физикаю техника, солҳои 1965-1968 саркотиби илмии Раёсати АМИ Тоҷикистон низ интихоб гардид. Давоми солҳои 1976-1984 бошад, дар вазифаи академик-котиби Шуъбаи илмҳои физикаю риёзӣ, геология, кимиё ва техникаи АМИ Тоҷикистон фаъолият дошт.

  Ҳамчунин, академик Акобир Адҳамов узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи илмҳои ИҶШС дар соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт ва физикаи ҳаста, узви Шӯрои илмӣ оид ба масъалаҳои ултрасадои АИ ИҶШС, узви Шӯрои илмӣ доир ба физикаи диэлектрикҳо ва сегнетоэлектрикҳои АИ ИҶШС, раиси бахши физикаи Шӯрои ҳамоҳангсозии АИ ҶТ, муовини раиси Шӯрои илмии ДМТ доир ба додани унвони илмӣ (соҳаи физикаю математика) ва узви ҳайати таҳририяи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи шӯравии тоҷик буд.

  Гузашта аз корҳои роҳбарию ҷамъиятӣ, таҳти роҳбарии бевоситаи устод Акобир Адҳамов дар Институти физикаю техника тамоми самтҳои асосии тадқиқи илмӣ ташкил ва силсилаи озмоишгоҳҳои ултрасадо, таҳлили рентгеносохторӣ, таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ, криогенӣ ва технологияҳои офтобӣ бунёд гардиданд. Устод ба шуъбаи физикаи назариявӣ ва озмоишгоҳи акустикаи физикӣ асос гузошта, онҳоро роҳбарӣ мекард. Академик Адҳамов роҳбарии мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотии физикаи назариявӣ, масоили физикаи акустика ва физикаи маводҳои сегнетоэлектрикро ба зимма дошт. Аз ин ҷост, ки таҳти роҳбарии ӯ Институти физика ва техника ба маркази бузурги тадқиқоти бунёдӣ табдил ёфта, бо асбобу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд ва доир ба масоили гуногуни физика тадқиқоти ҳамаҷониба гузаронида мешуданд. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии устод Акобир Адҳамов институт оид ба ворид кардани дастовардҳои илмию техникӣ ба иқтисодиёти хоҷагии халқ корҳои зиёде анҷом дода, ба маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос барои соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон табдил ёфт.

  Изофа бар ин, академик Акобир Адҳамов мутахассиси варзидаи соҳаи физикаи назариявӣ буда, дар рисолаи номзадӣ усулҳои муосири физикаи оморӣ ва назарияи кинетикӣ бо назардошти баҳамтаъсироти молекулӣ дар майдони худмуво-фиқшаванда барои тадқиқи паҳншавии мавҷҳои ултрасадо дар моеъ ва дар рисолаи докторӣ суръати паҳншавӣ ва коэффитсиенти фурӯбарии ултрасадо ва вобастагии онҳо аз ҳарорат, зичӣ ва дигар бузургиҳои термодинамикии моеъҳоро омӯхтааст. Олим дар тадқиқоти худ назарияи релаксатсионии Манделштам-Леонтовичро ҷамъбаст намуда, барои ҳолати тақсимшавии бефосилаи вақти релаксатсия формулаҳои умумӣ барои суръат ва коэффитсиенти фурӯбарии садо, ҳамчун функсияи тақсимшавӣ аз вақти релаксатсияро ҳосил кардааст. Дар асоси назарияи умумии релаксатсия баробар бо коэффитсиенти часпакии ҳаҷмӣ, вуҷуд доштани коэффитсиенти дуюми гармигузаронӣ исбот карда шудааст. Дар асоси тадқиқоти Акобир Адҳамов исбот шудааст, ки мавҷудияти раванди сусти релаксатсионии барқароршавии мувозинатӣ дар газҳо ва моеъҳо, дар ифодаи гидродинамикӣ, ба мавҷудияти часпакии ҳаҷмӣ ва коэффитсиенти дуюми гармигузаронӣ эквивалент мебошад.

  Ҳамчунин, бо ташаббуси устод А.А. Адҳамов назарияи кинетикии ҷараёнҳои номувозинатии моеъҳо, аз ҷумла паҳншавии мавҷҳои ултрасадо дар моеъҳо, назарияи молекулии хосиятҳои часпакӣ-чандирии моеъҳо ва назарияи фурӯбарии резонанси ултрасадо дар муҳити конденсӣ рушд карданд. Академик Акобир Адҳамов ва шогирдони ӯ назарияи кинетикии раванд ва зуҳуроти флуктуатсионии моеъҳоро дар назди нуқтаи буҳронӣ пешниҳод карда, хусусиятҳои гармофизикӣ, динамикӣ ва оптикии кристаллҳои ноқисро омӯхтанд. Ин корҳои илмӣ-тадқиқии бунёдии мактаби илмии А.Адҳамов дар соҳаи назарияи омори муҳитҳои конденсӣ ва акустикаи молекулӣ як қатор самтҳои ҷадиди тадқиқоти физикаи назариявиро ба вуҷуд оварданд ва рушд доданд.

  Азбаски академик Акобир Адҳамов дар байни олимон – физикҳои ИҶШС обрӯву эътибори баланд дошт, ин эътибор барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи физика дар Тоҷикистон хидмат кардааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ беш аз 30 нафар, аз ҷумла А.Абдурасулов, Н.Адҳамова, А.Асоев, А.Асроров, А.Ашӯров, А.Ғаффоров, В.Гумовский, В.Лебедев, М.Мамадҷонов, К.Мансуров, Т.Маҳмудов, М.Насриддинов, Ҳ.Насруллоев, А.Нуруллоев, Б.Ҳамзаев, Б.Ҳамроев, С.Одинаев, А.Пардаев, А.Раупов, Ҳ.Саидов, М.Салоҳуддинов, Т.Солеҳов, И.Файзиев, Э.Хостикоев, В.Часовский ва Ш.Шоки-ров рисолаҳои номзадию доктории худро дифоъ кардаанд. Устод Акобир Адҳамов дар алоҳидагӣ ва дар ҳаммуаллифӣ бо шогирдонаш беш аз 150 мақолаю фишурдаҳои илмӣ ва 2 монография ба нашр расонидааст.

 Бо назардошти хизматҳои арзанда дар рушди илм, дастовардҳои илмӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибунвон устод Акобир Адҳамовро соли 1957 узви вобаста ва соли 1968 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб менамоянд. Ҳамчунин, барои хизматҳои сермаҳсул академик А.А. Адҳамов бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳои «Ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И. Ленин», «Барои хизматҳои шоиста», «Ветерани меҳнат» ва дигар ифтихорномаҳои давлатию соҳавӣ мукофото-нида шудааст.

 Агар академик Акобир Адҳамов дар рушду пешрафти физикаи назариявӣ дар Тоҷикистон нақши мондагор дошта бошад, пас рушду инкишофи физикаи таҷрибавӣ ё амалии тоҷикро бе фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва роҳбарию омӯзгории Ходими хизматнишондодаи илм (Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон), профессор Баҳрулло Нарзуллоев тасаввур кардан ғайри имкон аст. Ҳарчанд дар доираҳои берун аз физикаю физикадонҳо Баҳрулло Нарзуллоев чун Акобир Адҳамов шахсияти матраҳ нест, вале ҳар як нафари аз физика огоҳ хуб медонад, ки ин омӯзгор ва олими бузург бо умри кӯтоҳи хеш дар рушду пешрафти физикаи амалӣ дар Тоҷикистон хизматҳои зиёде кардааст. Ӯ тадқиқоти илмиро бо фаъолияти омӯзгорӣ пайваста, физика ва курсҳо мухталифи онро таълим додааст ва ба кори илмии донишҷӯёну аспирантони зиёде роҳбарӣ кардааст.

  Баҳрулло Нарзуллоев 2 майи соли 1927 дар шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1948 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расонидааст. Фаъолияти меҳантиро дар ҳамин донишгоҳ оғоз карда, ибтидои солҳои 50-ум озими шаҳри Душанбе мегардад. Солҳои аввал дар Пажӯҳишгоҳи сейсмология ва сохтмони зилзилабардори АМ ҶТ ба ҳайси ходими илмӣ ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ пардохта, сипас барои кор ба ДМТ даъват мешавад. Ба ДМТ чун мудири кафедраи амалӣ даъват гардида, то соли 1956 роҳбарии кафедраро бар ӯҳда мегирад. Баъд аз муовини ректор оид ба корҳои илмӣ тайин шудани А.Адҳамов устод Баҳрулло Нарзуллоев декани факултаи физикаю математика интихоб гардида, дар ин вазифа давоми солҳои 1956-1958 фаъолият менамояд. Боз мудири кафедраи физикаи таҷрибавӣ тайин шуда, кори онро то соли 1965 пеш мебарад. Фаъолияти хуби корӣ ва таҷрибаи роҳбарии ӯро ба эътибор гирифта, Баҳрулло Нарзуллоевро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ (1965-1968) интихоб менамоянд. Баъдан, аз соли 1968 то соли 1971 ба ҳайси мудири Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо (ҳоло Шуъбаи илмию тадқиқотии физикаи муҳитҳои конденсӣ (ШИТФМК)-и ИИТ ДМТ) фаъолият карда, аз соли 1972 то поёни умр (1982) мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти ДМТ буд.

  Маҳз дар давраи декании профессор Баҳрулло Нарзуллоев робитаи факулта бо донишгоҳҳову пажӯҳишгоҳҳои марказӣ дар самти пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, сафарбарнамоии донишҷӯёни курсҳои болоӣ барои иҷрои корҳои дипломӣ ва инчунин, дохилшавӣ ба аспирантураю интихоби роҳбари илмӣ аз ин муассисаҳо барқарор мешавад ва густариш меёбад. Аз ин ҷост, ки аз соли 1959 ин ҷониб, ҳамасола донишҷӯёни фаъоли курсҳои болоӣ барои иҷрои корҳои дипломӣ ва идомаи таҳсил дар зинаи аспирантура донишгоҳҳои мухталифи кишварҳои хориҷӣ (он замон ҷумҳуриҳои иттифоқӣ) фиристонида мешаванд.

  Устод Баҳрулло Нарзуллоев аз рӯзҳои аввали фаъолият дар ДМТ, як гурӯҳ ҷавонони соҳибистеъдодро аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯён дар атрофи худ гирд оварда, онҳоро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти физикаи ҷисмҳои сахт раҳнамун сохт ва барояшон шароитҳои муосид фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳ доираи фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедраеро, ки роҳбараш буд, ба таври назаррас афзуд ва заминаҳои моддию техникии онро мустаҳкам намуд. Акнун олимони кафедра бо тадқиқи самтҳои гуногуни масъалаи ягонаи «Физикаи мустаҳкамӣ» машғул буданд.

  Аз ҳисоби олимони ҷавони дар атрофи худ сарҷамънамуда устод Б.Н. Нарзуллаев барои ҳалли муҳимтарин масоили илмӣ гурӯҳҳои илмӣ, аз қабили таҳлили рентгеносохторӣ, спектроскопияи инфрасурх, резонанси электронӣ-парамагнитӣ, масспектрометрия, маводшиносии радиатсионӣ, фотомеханика, электрофизика ва реология таъсис дод, ки онҳо ба кашфиёту дастовардҳои назаррас даст ёфтанд. Мисол, олимони гурӯҳи илмии маводшиносии радиатсионӣ консепсияи фасурдашавии радиатсионии полимерҳоро таҳия карданд, ки на танҳо аҳамияти илмӣ, балки арзиши баланди амалӣ низ дошт. Гурӯҳи мазкур нахустин бор зимни омӯзиши таъсири омили миқёсӣ ба раванди вайроншавӣ мавҷудияти спектри савияҳои мустаҳкамии полимерҳоро кашф намуд. Гурӯҳи таҳлили рентгеносохторӣ бошад, зимни тадқиқи рафтори элементҳои сохторӣ зери таъсири омилҳои беруна муайян кард, ки хосиятҳои физикии полимерҳо на танҳо ба сохтори химиявии молекулаҳо, балки ба сохтори боломолекулии онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, бо тағйир додани сохтори боломолекулӣ хосияти мустаҳкамии онро ба ин ё он самт тағйир додан мумкин аст. Яке аз масъалаҳои асосии гурӯҳи фотомеханика тадқиқи қонунияти вайроншавии полимерҳо ҳангоми таъсири яквақтаи шиддати механикӣ ва афканишоти ултрабунафш мебошад. Дар натиҷаи омӯзиши муфассали масъалаи мазкур, на танҳо механизмҳои вайроншавии фотомеханикии як қатор маводҳои полимерӣ, балки усулҳои амалии ба рӯшноӣ тасбит шудани онҳо дар ин шароит пешниҳод гардиданд. Бояд қайд кард, ки натоиҷи бадастовардаи ин гурӯҳи илмӣ дар соҳаҳои тайёрасозӣ, маводшиносии кайҳонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бомуваффақият татбиқ шуданд. Ва ҳамин тавр, натиҷаҳои илмии дар алоҳидагӣ ва якҷоя бо шогирдон бадастовардаи профессор Б.Н. Нарзуллоев дар беш аз 200 мақола, фишурдаи мақола ва монографияву китоб инъикос ёфтаанд.

  Бунёди мактаби илмии Б.Н. Нарзуллоев аз солҳои таҳсили олим дар аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС, пас аз нашри аввалин мақолаи илмии ӯ бо номи «Вобастагии вақтии мустаҳкамии ҷисмҳои сахт» (1953) дар маҷаллаи «Физикаи техникӣ»-и АИ ИҶШС оғоз мегардад. Ин аввалин заминаи илмие буд, ки баъдан ба эҷоди консепсияи мустаҳкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахт бунёд гузошт ва ҳарчанд, дар ибтидо байни олимони соҳаи физика ва механикаи ҷисмҳои сахт, махсусан полимершиносон ихтилофро ба вуҷуд овард, вале каме дертар, аз ҷониби доираи васеи мутахассисон дар сатҳи баланд эътироф гардид. Барои ин дастовард олими ҷавон Б.Н. Нарзуллоев бо ҷоизаи махсус ва шаҳодатномаи фахрии АИ ИҶШС сарфароз гардонида шуд. Баъдан мактаби илмии Б.Н. Нарзуллоев ба яке аз мактабҳои бузурги физикаи мустаҳкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахту полимерҳои ИҶШС табдил ёфт. Маҳз бо шарофати эътибори баланди олимию шахсияти устод Баҳрулло Нарзуллоев дар доираҳои илмии ИҶШС чор конфронси бузурги умумииттифоқӣ оид ба масоили физикаи мустаҳкамӣ ва вайроншавии полимерҳо бо иштироки олимони барҷаста, академикҳо С.Н. Журков, Г.М. Франк, профессорон С.Я. Френкел, Г.М. Бартенев, В.Р. Регел ва бисёр олимони дигар дар ДМТ баргузор карда шуд.

  Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбияи мутахассисони ояндаи физика, профессор Баҳрулло Нарзуллоев дар самти омоданамоии кадрҳои соҳибунвони соҳаи физика то ҳанӯз ягона ва беназир аст, зеро дар мактаби илмие, ки олим бунёд гузошт беш аз 14 нафар рисолаи докторӣ ва зиёда аз 65 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Ин хидматҳои беназиру мондагори устод Б.Нарзуллоев бо унвони «Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон» (1977) ва дигар ифтихорномаю ҷоизаҳои қадрдонӣ карда шудаанд.

  Ҳайҳот, ки умр ба ин ду физикадони номвари тоҷик бақо накард ва ҳарду ҳам дар айни авҷи камолоту фаъолияти илмӣ ба таври ногаҳонӣ аз олам чашм пушиданд. Устод Баҳрулло Нарзуллоев хеле ҷавон, дар синни 55-солагӣ (17 июни соли 1982), бар асари беморӣ ин ҷаҳонро падрӯд гуфт ва пас аз даҳ соли фавти ин олими пуркор, устод Акобир Адҳамов дар синни 64-солагӣ (2 октябри соли 1992), дар шаҳри Теҳрони Эрон ба абад пайваст:

Дастагулҳо, даста-даста мераванд аз ёдҳо,

Гиря кун эй осмон дар марги тӯфонзодҳо.

Мисли дарё нола сар кун, дар шаби тӯфону мавҷ.

Ҳеҷ чиз аз мо намемонад, магар фарёдҳо.

 

Номвар ҚУРБОН,

раиси Шӯрои олимони ҷавони

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

номзади илмҳои техникӣ

Бознашр аз маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», №4 соли 2021, саҳ.25-29..

Хондан 1259 маротиба