JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 05 Майи 2021 10:37

Масъулияти миллӣ ва рисолати ҳувиятсозӣ

Муаллиф:

 (Паёми табрикии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва рӯшангари миллӣ, Устод Зафари Мирзоён)

         Исми муҳаққиқ, адабиётшинос, андешаманд ва рӯшангари муосири тоҷик устод Зафари Мирзоён солҳост, ки ба доираи васеи донишмандону фаъолони маданӣ ва қишри зиёиёни миллӣ ошност. Устод Мирзоён бидуни интизории подошу мукофоте умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи миллию ҳувиятӣ карда,  то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Заҳмату талошҳои бардавом ва ҷуръату ҷасорати фавқулодаи миллӣ устод Мирзоёнро дар байни табақоти гуногуни иҷтимоию мадании ҷумҳурӣ соҳибном кардааст. Махсусан, аз тариқи  арзёбии мушаххасоти аҷдодӣ, шинохти таърихи ватанӣ, муаррифии чеҳраҳои таъсиргузори бумӣ, баррасии арзишу мероси гаронмояи миллӣ, раванди миллатсозию ҳувиятпарастӣ ва таблиғи густардаи Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и безавол устод Мирзоён дар садри ҷадвали худогоҳию хештаншиносии миллӣ қарор дорад.

       Гузашта аз ин, мухтасоти омӯзишию таҳқиқие назири таҷдиди назар ба арзишҳои гузашта (дар мисоли осори тасаввуфӣ ва мероси адабию ахлоқии асримиёнагӣ) ва мунсифона матраҳ намудани масъалаҳои миллию фаромиллӣ устод Зафари Мирзоёнро минҳайси шахсияти худвежаи миллӣ дар миқёси доираҳои илмию фаннӣ ва адабию мадании ҷумҳурӣ муаррифӣ кардааст. Илова бар ин, устод Зафари Мирзоён, аз бозе ки худро шинохтааст, миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо ба унвони меъёри зиндагии адабӣ, фикрӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ пазируфта, сарнавишти хешро ба миллат ва меҳан тавъам медонад.

        Устод Зафари Мирзоён, бо он ки масъулияту масруфиёти зиёди корию идорӣ дошта ва доррад, ба таҳқиқу пажӯҳиш ва ташкили маҳфилу нишастҳои адабӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва эҷодӣ машғул шуда, ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳию маърифат ва ҳувияти миллӣ дар муҳити Кӯлоби бостонӣ саъю талоши фаровон варзидааст ва то имрӯз коргоҳи эҷодии устод ҳамчунон фаъол буда,  дар хидмати ихлосмандони шеъру адаб ва фалсафаву фарҳанги миллӣ қарор дорад.

          Дар зимн, устод Зафари Мирзоён он чи ки дар тӯли зиндагӣ, албатта, аз тариқи мутолеаи бардавоми мероси гаронмояи миллию башарӣ шинохта ва маърифат кардааст, ба шогирдону ихлосмандони адабиёту фарҳанги миллӣ бедареғ ҳадя намуда, бад-ин васила ҷаҳони фаҳмишу биниши насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикро сифатан тағйир медиҳад. Устод Зафари Мирзоён муаллифи рисолаву китоб ва гузоришу матолиби мутааддиди ҷолибу ҷиддии илмию оммавӣ мебошад, ки ҳамагӣ ба масоили умдаи миллӣ ихтисос ёфтаанд ва дар боло бурдани сатҳи бедории фикрии ҷомеаи тоҷик ҳамчун манобеи муътамад хидмат мекунанд. Устод Мирзоён як умри азиз бо рӯҳи хастагинопазири миллӣ ва бар мабнои устураву ривоятҳо, достону қиссаҳо, ашъору манзумаҳо ва китобу рисолаҳои арзишманди аҷдодӣ пайваста талош мекунад, ки миллати мо ҳофизаи таърихиашро, ки боиси ғуруру ифтихор будааст, барқарор намуда, бо такя ба мероси гаронмояи гузашта аз буҳронҳои амиқи ҳувиятӣ бадар ояд ва ба масири рушду шукуфоӣ ворид гардад. Ибтикороти устод Мирзоён дар заминаи муаррифии шоистаю боистаи миллат ва арзишҳои мондагори миллӣ аз сӯйи фаъолони маданӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамсадоӣ пайдо карда ва мекунад.  

          Воқеан, устод Зафари Мирзоён аз улгӯ, символ ва ифтихори миллати мо маҳсуб меёбад. Мо дар симои устод Зафари Мирзоён андешаманд ва рӯшангари матраҳи миллиеро мебинем, ки ба ҳассосиятҳои замонӣ ва буҳронҳои рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири миллатсозӣ, дунёмадорӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам мегузорад. Мањз аз тавонмандиҳои  фикрию эҷодии чунин  рӯшангарони миллӣ љомеаи тоҷик  ҳамеша истифода мебарад ва вуљуду ҳузури  ин гуна шахсиятњо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ мегардад.

         Зиҳӣ, шахсиятҳои матраҳи миллие назири устод Зафари Мирзоён, ки умрро сарфи хидмат ба меҳану миллат карда ва мекунанд! Зиҳӣ, модарони тоҷике, ки мисли устод Зафари Мирзоён фарзанд ба дунё меоваранд ва ба миллат ғурур ифтихор мебахшанд!

        Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, устод Зафари Мирзоён!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 5 майи соли 2021

Хондан 1010 маротиба