JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 05 Майи 2021 09:15

Умре дар масири инсоншиносии миллӣ

Муаллиф:

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, инсоншинос ва зиёии миллӣ, Устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)

          Имрӯз (5 май) файласуфи озода ва инсоншиноси мумтози миллӣ  устод  Муҳаммадалӣ Музаффарӣ зодрӯз доранд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи фалсафӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва инсоншиносӣ карда,  то имрӯз дар  масири таҳқиқи инсоншиносӣ(антропология)-и муосир ва ниҳоятан, ҷаҳоншиносии фалсафию илмӣ гомҳои устувор бармедоранд. Ҳанӯз аз овони мактабӣ дар муҳити музофотӣ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ аз тариқи мутолеаи осори адабию фалсафӣ, мушоҳидаи ҳаводис ва андӯхтани таҷрибаи рӯзгор пурсишгарӣ ва озодандеширо ба сифати мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ меъёри фаъолият ќарор дода, дар ин самти мушкилписанд то имрўз заҳмат мекашад.

        Устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ парвардаи мактаби фалсафию илмии Русия ва Тоҷикистон буда, дар бузургтарин марказҳои илмиии ҷаҳонӣ – Русияву ИМА такмили донишу таҷриба кардааст. Устод тавассути ҷаҳду талошҳои бардавоми илмию таҳқиқӣ то ба дараҷаю унвонҳои баланди доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расида, миёни ҷомеаи илмию мадании миллию фаромиллӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Ҳосили маърифат, таҷриба, мушоҳида ва андӯхтаҳои фалсафию инсоншиносии устод дар маҷмӯа ва рисолаҳои алоҳидаи илмию ихтисосӣ нашр гардидаанд. Нашру пахши дониши илмию фалсафӣ ва таблиғу ташвиқи густардаи ҷаҳонбинии фалсафиро устод Музаффарӣ вазифа ва рисолати асосии олиму муҳаққиқи фалсафа медонад ва дар ин росто аз тамоми имконот истифода мебарад. Ин аст, ки устод Музаффарӣ солҳои тӯлонӣ аз тариқи суханрониҳои пайвастаи телерадиоӣ ва интишори матолиби илмию оммавӣ донишу биниши илмиро тарғиб мекунад ва дар таҳкиму тақвият ёфтани раванди озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ саҳми муносиб мегузорад. Муҳимтар аз ҳама, устод Музаффарӣ аз зумраи файласуфони озодаест, ки новобаста аз тааллуқоти иҷтимоию сиёсӣ ва мансабию миллӣ ҳамеша омодаи хидмат ба муҳассилину донишҷӯён ва умуман, мардум мебошад. Ба сухани дигар, устод Музаффарӣ ҳар нафарро, қатъи назар аз сатҳи донишу биниш эҳтиром мекунад ва шароиту имкони баҳсу мунозараро фароҳам меоварад. Устод, воқеан, шахсияти матраҳи фалсафӣ ва илмӣ бо хоксорию тавозӯи мунҳасир ба фард аст.

       Гузашта аз ин, устод Музаффарӣ солҳост, ки  дар самти тарбияи мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯйи соҳаҳои фалсафаву тандурустии ҷумҳурӣ заҳмат мекашад ва ба таври мутавозин дар ростои баррасии масоили фалсафӣ, инсоншиносию гиёҳдармонӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳад. Натиҷаи пажӯҳишу бозрасиҳои илмию ихтисосии устод дар маҷмӯаҳои илмию фаннии дохилию хориҷӣ ба табъ расидаанд. Бо ташаббусоту ибтикороти мудавоми илмию ихтисосӣ устод Музаффарӣ фалсафаро бо илм ва илмро бо фалсафа мепайвандад.

        Аз фурсат истифода карда, зодрӯзи файласуфи озода ва фарзонаи миллӣ устод Муҳаммадалӣ Музаффариро шодбош гуфта, барояш дарозию саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудрати ҷисмонию эҷодиро таманно мекунем.

       Зодрӯз муборак ва хуҷаста бод, устоди гиромӣ!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 5 майи 2021

Хондан 1312 маротиба