JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Майи 2021 06:17

Нақши олима

Муаллиф: Сайфуддинова Робия Зайниддиновна

Илм агар андак бувад, хораш мадор,

З-он, ки дорад илм кадри бешумор.

Фаридаддини Аттор

  Салима Юнусова 15 августи соли 1947 дар шаҳри бостонии Панҷакент таваллуд шудаанд. Соли 1954 ба мактаби таҳсилоти умумии №1 ш. Панҷакент қабул шуда, соли 1965 онро хатм намудааст. Худи ҳамон сол баъди хатми мактаби миёна, роҳи Душанберо пеш гирифта, ҳуҷҷатҳояшонро ба факултаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистон, ба номи В.И. Ленин, ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон месупорад, имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои аъло месупорад ва донишҷӯ мешавад.

  Гузаштани дарсҳои шавқовар аз тарафи устодони факулта ба дили донишҷӯи ҷавон Салима Юнусова, меҳру муҳаббати илмии физикаю математикаро зиёда гардонида дар дил меҳри илмомӯзӣ ва олим шуданро мепарварад.

  Соли 1970 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, ҳамчун ассистенти кафедраи физикаи назариявии Интитути педагогии ба номи Т.Г.Шевченко ҳозира Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории ба номи устод С.Айнӣ ба кор фиристонида мешавад. Соли 1971 барои омӯзиши илм ба Институти педагогии шаҳри Маскав фиристонида мешавад. Ӯ соли 1972 имтиҳонҳои аспирантураро бо муваффақият супорида, унвонҷӯи (аспиранткаи) шуъбаи рӯзонаи университети Дӯстии халқҳои шаҳри Маскав мегардад. Дар мавзӯи илмии соҳаи физикаи статистика (назарияи оптималии ҳолатҳои моддаҳо) фаъолияти илмӣ намуда, якчанд мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои илмӣ ва конфронсҳои илмӣ ба табъ мерасонад. Салима Юнусова соли 1978 рисолаи илмиашро бо унвони номзади илмҳои физикаю математика ҳимоя менамояд. Аз соли 1978 олимаи ҷавон то соли 1982 дар Университети давлатии Тоҷикистон, (ҳозира ДМТ) дар кафедраи физикаи ядро, чун ходими хурди илмӣ кор ва фаъолият кардааст. Соли1982 ӯро ба кафедраи астрофизика ба сифати муаллимаи калон ба кор қабул мекунанд ва соли 1988 ба кафедраи методикаи дарсдиҳии физика мегузарад.

  Аз соли 1992 то соли 1996 дар кафедраи физикаи умумӣ ҳамчун муаллимаи калон шуда кор мекунад. Аз соли 1996 дар донишгоҳи шаҳри Панҷакент буда, то соли 2000 кор кардааст.

  Салима Юнусова аз соли 2000 то соли 2015 дар кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо дар Руссия кор ва фаъолият намудааст. Беш аз 80 мақолаҳои илмии он кас дастрас шудаанд. Аз ҷумла дар маҷаллаҳои илмии Руссия, хориҷа ва Ватанӣ аз чоп баромадаанд.Корҳои илмӣ оиди физикаи назариявӣ, хусусан дар соҳаи физикаи статистикӣ навишта шудаанд. Ин соҳа оиди гузариши фазавии ҷисмҳои сахт, моеъ ва газро дар бар мегирад.

  Солҳои охир Салима Юнусова бо олимони Армения, Сирия ва Руссия оиди назарияи статистикӣ ва потенсиалии ҷисмҳои кристаллӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ҳоло бошад, Салима Юнусова бо олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон корҳои илмӣ оиди хосиятҳои физикавии матоъҳои абрешимӣ, пахтагин (адрас, атлас) ҳамкорӣ дорад. Инчунин ӯ маводҳои илмии худро дар конфросҳои илмии Ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ пешниҳод ва иштирок намудааст. Салима Юнусова олима, омузгори хоксор, як умр ба хизмати халқ кӯшидааст. Дар соҳаи физикаи назариявӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба донишҷӯён дониш меомӯзад. Дар Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо дар шаҳри Маскав аз физикаи назариявӣ дарс мегузашт. Аз соли 2015 устод Салима Юнусова дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси Ходими пешбари илмӣ кор ва фаъолият дорад.

  Моҳи апрели соли 2020 муаллима Салима Юнусова сазовори ҷоизаи аълочии  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.

Роҳату ранҷ чун бувад гузарон,

Ранҷ каш барои роҳати дигарон.

  Муаллима Салима Юнусова мувофиқ ба гуфтаи байти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои пешрафти илми физика ва ҳамкорӣ бо магистрон, аспирантон ва ҷавонони илмдӯст вақти ғанимати хешро дареғ намедоранд, дар ҳама душвориҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

  Дар корҳои ҷамъиятии Институт фаъолона иштирок менамоянд, инчунин роҳбарии раиси занони институтро ба ӯҳда доранд.

  Кормандони Институт Салима Юнусоваро ҳамчун зани фаъол, донишманд, олимаи соҳаи физика мешиносанд ва ҳурматаш менамоянд.

 

Сайфуддинова Робия Зайниддиновна

муҳандиси пешбари лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ 

Хондан 995 маротиба