JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 05 Июли 2021 10:43

Хоҷуӣ Кирмонӣ – шоири миллӣ ва дунявӣ

Муаллиф: Ҷамолиддин САИДЗОДА

 Намонад касе зери чархи куҳан,

Зи арбоби дониш бимонад сухан.

                                                        Хоҷу

  Абулато ибни Алии Кирмонӣ, ки бо тахаллуси «Хоҷу» шеър мегӯяд ва машҳур аст, яке аз шоирони маъруфи тоҷику форс буда, соли 1290 дар шаҳри Кирмон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли ба дунё омаданашро дар хотимаи маснавии «Гул ва Наврӯз» ба таври зайл ба қалам додааст:

 Бар ин минуи минофоми заркор

Чу Одам гашта гандумро харидор.

Шабу рӯзи «алиф» аз моҳ шуда «коф»,

Фиганда оҳуи шаб нофа аз ноф.

Расида моҳи зулҳиа ба ишрин,

Ба бом оварда гардун хишти заррин.

Зи ҳират шашсаду ҳаштоду нуҳ сол,

Шуда паноҳ рӯз аз моҳи шаввол…

В-агар уқдат зи румӣ мекушояд,

Ду афзун бар ҳазору шашсад ояд.

В-агар худ яздиурдӣ медиҳад даст,

Якеро тарҳ кун аз шашсаду шаст…[1]     

 

  Айёми хурдӣ ва ҷавонии шоир дар зодгоҳаш Кирмон гузаштааст. Илмҳои рӯзгорашро дар ҳамон шаҳр омӯхтааст. Пас аз касби камол ва ошноӣ бо рамзу румузи шеър ва шуҳрат ёфтан дар олами шоирӣ Хоҷу ба фикри сафар ва саёҳат меафтад. Мехоҳад, ки аз маҳдудаи Кирмон худро берун бикашад ва бахташро дар сарзаминҳои дигар бисанҷад. Дар ин боб дар осораш ишораҳои зиёд мавҷуданд. Чунончи, ӯ дар ин ғазали машҳури худ гуфтааст:

 

Хуррам он рӯз, ки аз хиттаи Кирмон биравам,

Дилу он дода зи даст аз пайи онон биравам.[2]

 

  Хоҷу дар вақти мусофират ба мулоқоти яке аз бузургони сӯфияи он аср-Алоуддавлаи Симнонӣ шарафёб мешавад ва аз ӯ касби файз менамояд. Чанде дар Шероз мемонад ва аз бузургони ин шаҳр низ касби илму дониш мекунад. Пасон ба Козирун меравад ва ба хидмати Шайх Аминуддин Муҳаммади Козирунӣ мерасад ва ӯро ба масобаи пир мепазирад ва тавқи шогирдӣ ба гардан мениҳад. Аммо дили орзупарвар ва саёҳатхоҳи шоир лаҳзае ӯро ором намегузорад. Лиҳозо, вай боз ба роҳи худ идома медиҳад. Ба Табрезу Шому Байтулмуқаддасу Ҳиҷозу Ироқу Исфаҳону Ҳамадон ва ойиҳои дигар мерасад ва дар ин шаҳру мамлакатҳо умр ба сар мебарад. Дар ин бора ӯ дар маснавии «Равзат-ул-анвор» чунин менигорад:

 

Чун фалак аз роҳи Ҳиҷозам биронд,

Даври мухолиф ба Ироқам расонд…

Буд маро ҳамчу насими баҳор

Ҳарзаравӣ дар шабу шабгир кор.

Гаҳ зи Аҷам сӯи Араб тохта,

Гаҳ зи Араб сози Аҷам сохта.[3]

 

  Хулоса, Хоҷу нуздаҳ соли умрашро дар сайру сафар мегузаронад. Ӯ тахминан дар солҳои 1338-1339 ба зодгоҳаш бармегардад ва хотимаи умрашро дар Кирмону Шероз сипарӣ мекунад. Ниҳоят, вай соли 1354 дар Шероз падруди ҳаёт мегӯяд.

  Хоҷу яке аз шоирони пуркору пуросори адабиётамон маҳсуб мешавад. Хоҷу илова бар девони ашъораш, ки аз қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайра иборат аст, соҳиби маснавиҳои «Ҳумой ва Ҳумоюн», «Гулу Наврӯз», «Камолнома», «Равзат-ул-анвор», «Гавҳарнома», ки бо номи «Хамса»-и Хоҷу машҳуранд, низ мебошад. Ӯ маснавии дигаре бо номи «Сомнома» ҳам дорад, ки дар баҳри мутақориб ва дар пайравии Фирдавсӣ иншо кардааст. Вай дар поёни «Сомнома» хеле хоксорона ба ин маънӣ ишора менамояд:

 

Саранҷом кардам бад-ин нома хатм,

Ки Фирдавсияш ҳасту «Шоҳнома» хатм.

Ба наздики хуршеди ӯ зарр Аҷам,

Ба дарёи гуфтори ӯ қатр Аҷам.

Кашидам яке ҷӯи обаш тароз,

Лаби ӯ бад-он баҳр пайваста боз.[4]

 

  Бахши аъзами девони Хоҷуро қасида ташкил медиҳад. Қасидаҳои шоир фарогири мадҳ, мавзӯи тавҳид, ваъз, васфи табиат, муфохара, масоили фалсафию илмию адабию итимоию ахлоқӣ мебошад. Шоир онҳоро ба ҳокимон, соҳибмансабон ва дигар аҳли замони хеш бахшидааст. Дар бархе аз мадҳияҳои шоир абёти ҷолиб ба чашм мерасанд. Ташбибҳои устодона ва хуб низ дар қасидаҳояш мавҷуданд. Пораҳо ва лаҳзаҳои шикоятгуна ва фарогири баёни ҳолро низ метавон дар онҳо пайдо кард. Мисли ин қасида, ки дар он аз нооромию беадолатии рӯзгор сухан дар миён оварда шудааст:

 

То чӣ деванд, ки хотам зи Сулаймон талабанд,

Ё чӣ габранд, ки озори мусулмон талабанд?

Халқ девонаю аз заҳмати девон дар банд

В-ин абтар, ки зи девон зари девон талабанд…

Хуни руҳбон, ки шавад кушта, зи раҳбон хоҳанд,

Роҳи раҳбон, ки бувад мурда, зи руҳбон талабанд.

Ба синон аз сари майдон сари мардон ҷӯянд,

Ба хаданг аз буни пайкон сари некон талабанд…

Хукшакланду ҳадис аз хари Исо ронанд,

Девтабъанду ҳама мулки Сулаймон талабанд.

То дар офоқ зананд оташи бедод ба теғ,

Оташ аз чашми хуршеди дурахшон талабанд…[5]

 

Хоҷу, ки дар ғазалсароӣ ном баровардааст, сабки вижа дорад. Агарчи ғазалҳои ӯ якдаст нестанд, аммо аксар софу беғашу равон ва дорои вожагону таркиботу истилоҳоти тозаанд. Ғазалҳои ӯ бештар ба тарзи Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ ва алалхусус Саъдӣ суруда шудаанд. «Хоҷу суханро аз Саъдӣ мегирад ва бо он сухан ба баёни машраби фикрию ҷаҳонбинии худ мепардозад ва ин машраби фикрӣ ҳамон аст, ки такомулёфтаи онро дар Ҳофиз мебинем».[6] Ба ин маънӣ худи Ҳофиз низ дар ғазале ишора менамояд:

 

Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо

Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.[7]

 

  Рубоиёти Хоҷу асосан ба васфи ишқу ошиқӣ, шаробу май, сухану суханварӣ, муфохара ва масъалаҳои дигари ҳаёти инсонӣ бахшида шудаанд. Онҳо низ мисли соири осораш содаву равон мебошанд. Чунончи:

Боз ой, ки мавсими ҷавонӣ бигзашт,

Айёми нишоту комронӣ бигзашт.

Бигзаштию ҷони дардмандам мегуфт:

Ғофил манишин, ки зиндагонӣ бигзашт.[8]

 

  Хоҷу шоири инсондӯст, ситамситез ва марди ахлоқу орифу вораста мебошад. Ҳамнавъонро дӯст медорад. Тарафдори сулҳу ваҳдату дӯстию одамият аст. Лиҳозо, ин мавзӯъотро дар осораш матраҳ мекунад. Бархе аз гуфтори ӯ дар ин заминаҳо ба сурати абёти ҳикматомез аз қаламаш таровидаанд ва хусусияти мондагорӣ касб кардаанд. Ин намунаҳо андаке аз бисёранд, ки мо аз ашъори шоир ба орият мегирем:

 

Ҳар он кас, ки чоҳе канад бар гузор,

Нахуст ӯ дар он чоҳ гирад қарор.[9]

                               ***

Ту ин моя охир напиндоштӣ,

Ки аз ҷанг авлотар аст оштӣ![10]

 

  Хоҷу дар осораш беш аз сурат ба сират сару кор дорад, яъне шоире ботингарой аст, на зоҳиргарой. Бинобар ин, мефармояд:

Пой мабин, пояи товус бин,

Ҷифа мабин, каркаси ковус бин.[11]

 

  Хоҷу зидди ҷангу ҷидол аст. Авфро аз интиқом авлотар медонад. Чунончи, дар маснавии «Равзат-ул-анвор» мегӯяд:

Назди хирад афв беҳ аз интиқом,

Як назари меҳр беҳ аз мулки Шом.[12]

  Хоҷу дар осори худ аз шаробу маю зебоӣ, нозу карашма ва соири маъшуқа, бевафоии рӯзгор, одамони оҳилу нодон, зоҳидони риёӣ, хурофотпарастону мутаассибони динӣ, рӯзгори ноҳамвор, фитнаи намояндагони мазоҳиб, аҳли сарвату зулму ситам, сайру сафар, ғурбат, дурӣ аз ёру диёр ва ғайра сухан мегӯяд. Ӯ дар бисёре аз ашъораш ба ҷоҳилони хурофотпараст, мазҳабгароёни мутаассиб, ҷоҳилу бесавод метозад, сурату сирати эшонро фош менамояд:

 

Пире дидам ҷумла вирдаш «ё Ҳу»

Гуфтем: «Бигӯ, ки кистӣ?» Гуфто: «Ҳу».

Гуфтем, ки «Ло илоҳ»-ро маъно чист?»

Гуфто: «Нашунидам зи кас, илло Ҳу». [13]

***

То кай чу Масеҳ дам зи тоот занед,

Ё ҳамчу Калим лофи миқот занед.

Хезеду ба май хоки маро гил созед

В-он гаҳ зи гилам хоки харобот занед. [14]

***

Ҳангоми гулу иди сиём аст имрӯз,

Бе бодаи пухта кор хом аст имрӯз.

Эй муҳтасиб, аз бода макун манъ маро,

Ҳушёр дар ин вақт кадом аст имрӯз? [15]

 

  Хоҷу чун соири адибони озодандеш байни куфру дин тафовут намебинад. Лиҳозо, ӯ дар осораш ваҳдати инсонҳоро мутаранним мешавад ва бад-ин тартиб аз ҷаҳонбинии пешқадам бархӯрдор будани хешро ба намоиш мегузорад:

 

Эй дил, талаби дард куну дармон бин,

Дар олами он неҳ қадаму онон бин.

Бигзар зи ҳиобу куфру имон, он гоҳ

Дар сурати куфр маънии имон бин.[16]

                                    ***

Ҳар дам биравад зи бода ҳуши дили ман,

Хуноб шавад қадаҳ зи ҷӯши дили ман.

Дар дайри муғон чу дарди дил гӯям боз,

Ноқус бинолад зи хурӯши дили ман.[17]

 

  Хоҷу дар осораш танзҳои газанда ва интиқодоти сахт аз зоҳиргарон, аҳли ришу саллаву суф ва амсоли ин менамояд:

 

Риши худ бигрифту бартезиду бихрӯшиду гуфт,

К-ин замон чун навкаре бо ман намебинӣ, чӣ буд?

Гуфтамаш: Даст аз чӣ рӯ ҳар лаҳза бар риш оварӣ?

Дунби хар чандон ки паймоӣ, ҳамон бошад, ки буд.[18]

 

  Мо дар бисёре аз абёту ашъори Хоҷу оҳангҳои ҳаётдӯстона, аз зиндагӣ лаззат гирифтан, ба қадри неъматҳои ҷаҳон даррасидан, хушгузаронӣ, бархӯрдорӣ аз ҳаётро мушоҳида менамоем. Ба қавли ӯ:

 

Замоне биё, то даме хуш барорем,

Ки бе мо замона замоне наярзад.[19]

 

  Хоҷу мисли бисёре аз шоирони мунавварфикр дар пардаи рамзу киноёт ва истилоҳоту мафҳумҳои сӯфиёна орову софкори мутараққии сиёсиву иҷтимоӣ ва инсонию фалсафӣ ва гоҳе миллии худро ба намоиш мегузорад. Масалан, ӯ дар муқобили таълимоти тасаввуфию ирфонӣ ва хаёлгариҳои сӯфиёну орифон ба мақоми волои ақлу хирад, илму дониш дар ташаккули шахсии инсон ва такомули ҷомеа дар мениҳад ва дар осораш аз ин ду неруи раҳнамо, созанда тамҷид менамояд. Ба ҳарфи дигар, Хоҷу дар баробари мақоми ишқу шуру ваду ҳол дар роҳи маърифат, нақши ақлу хирад ва илму донишро ҳам эътироф менамояд, зеро инсон бидуни доштани ақл ва фаро гирифтани дониш наметавонад худ, зиндагӣ, коинотро бишиносад ва ба такомулу тараққӣ даст ёбад. Мо ин маъниро аз дастовардҳои баланд дар замони муосир бармало дида метавонем. Аз ин рӯ, ашъори дар ин замина офаридаи Хоҷу барои мо имрӯз низ муфиданд, мо онҳоро меомӯзем ва бад-ин васила аз моҳияти ақлу хирад ва илму дониш дар низоми зиндагӣ ва ҳаёти башар огоҳ мешавем. Ин намунаҳо, ки дар гиромидошти ақлу хирад, илму дониш гуфта шудаанд, ҳанӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва то ҷовидон гум нахоҳанд кард, ки зеро маҳз ақлу хирад ва илму дониш инсонро аз ҳайвон мутамоиз мекунад ва ба сӯи бунёдкорӣ, пешрафт ҳидоят менамояд. Чунончи, ӯ дар мақолати дувоздаҳуми «Равзат-ул-анвор», ки «Дар ақлу ҳаё ва пайдоишоти он» ном дорад, аз ақлу ҳаё чунин ситоиш мекунад:

 

Ақлу ҳаё ону дили оламанд,

Машъалафрӯзи раҳи одаманд.

Ҳоиби човуши сипоҳи туанд,

Чашму сару пушту паноҳи туанд.[20]

 

  Хоҷу барои тасдиқи мақоми ақлу ҳаё дар «ҳикояти Арасту ва сифати ақлу ҳаё» чунин мегӯяд:

 

Кард бузурге зи Арасту суол,

К-«эй хирад аз шарҳи камоли ту лол.

Даври расул чун ба ниҳоят расид,

Даъвии даъват ба ҳикоят расид.

Маҳв шавад шарҳ зи лавҳи баён

Омиру ноҳӣ кӣ бувад дар ҷаҳон?

Дод ҳаким аз сари ҳикмат ҷавоб,

К-эй зи суоли ту равон гашта об.

Мубдеи ашё, ки он офарид,

Ақлу ҳаё кард дар инсон падид…

Муршиду ҳодӣ ба уз аз ақл кист?!

Монеу дофеъ ба уз аз шарм чист?!

Ҳаст хирад раҳбари роҳи савоб,

Ҳаст ҳаё деви хаторо шиҳоб.

Он ба хирад дарки масолеҳ кунад,

Дил ба ҳаё тарки мақобеҳ кунад.

Он ки аз ин ҳар ду сифат отил аст,

Ҳеҷ шаке нест, ки бар ботил аст.

Оби рухи ақл бидон, к-аз ҳаёст,

Оқили бешарму маҳи безиёст…

Кори хирад хурд набояд шумурд,

Софи ҳаё дурд набояд шумурд.

Ин ду гуҳар мардуми як дидаанд,

Мардуми ҳушёр чунин дидаанд.[21]

 

  Хоҷу агарчи афкорашро дар ҷӯйбори тасаввуфу ирфон мерезад, баръакси назарияи сӯфиёну орифон, ки ба ин ҷаҳон пойбанд нестанд, арз намениҳанд ва ба он ба чашми ҳақорату камбинӣ менигаранд, ба аҳон эҳтиром мегузорад. Бинобар ин, ба эшон чунин ҳушдори омӯзанда медиҳад:

 

Чашми ҳақорат зи ҷаҳон бозгир,

То нашавӣ пеши ҷаҳоне ҳақир.[22]

 

  Хоҷу чун дигар адибони мутараққӣ ҳамеша ба мутаассибони мазҳабӣ, бартариҷӯёни арабӣ дастбагиребон будааст, зеро ӯ, агарчи мусулмон аст, аммо фарзанди озодагон будани хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва аз аҳли Аҷам, ки худ аз онҳо намояндагӣ менамояд, ҳар оина ҳимоят мекунад. Ӯ бад-ин тартиб, аз як сӯ, аҳли Аҷам, нияту дили поки онҳоро ба намоиш мегузорад, аз сӯи дигар, бартаршумории аъробро, ки боиси ҳаракати шуубия гардида буд, маҳкум мекунад ва ниҳоят рӯҳи миллии озодагон, аҳли Аҷам-тоҷикону форсҳоро ба намоиш мегузорад. Ӯ ин қазияро дар «Ҳикояти Ҳасани Басрӣ ва Ҳабиби Аҷамӣ, Қуддиса Руҳаҳумо, дар он маънӣ, ки сиҳҳати ният матлуб аст, на ҳусни иборат» чунин баён менамояд:

 

Буд Ҳабиби Аҷамӣ дар намоз,

Шуд Ҳасани Басриш аз дар фароз.

Дид, ки ал-ҳамд ба ал-ҳамд хонд,

Рахши қироат ба иборат наронд.[23]

Гуфт: «Намоз аз паси ин чун тавон,

К-ин ҷАҷамӣ ҳаст, шикастазабон.

Дур шуду кард ба танҳо намоз,

З-он ки кунад хос зи ом эҳтироз.

Дид ҳамон шаб чу фурӯ шуд ба хоб,

К-омадӣ азу ҳазрати Иззат хитоб.

К-«эй Ҳасан, ар ҳусни иборат турост,

Сиҳҳати ният зи иборат ҷудост.

Тири фазилат шудат акнун зи шаст,

Ёфта будиву бидодӣ зи даст.

Ғарра чӣ бошӣ ба ибороти хеш,

Ношуда кашшофи ишороти хеш.

Гар ту удогона накардӣ намоз,

Пардаи тооти ту будӣ ба соз.

Дил чу дуруст аст, забонро биҳил,

Номи забон аз чӣ барӣ пеши дил?

Ростии дил зи равиш хостаст,

Гар ту ба дил ка наравӣ, рост аст.

Тӯтии хушхон, ки забон номи ӯст,

Шаккари ширини баён коми ӯст.

Айб макун, гар шиканад дар сухан,

Бад набувад тӯтии шаккаршикан.

Гани равон шуд дилу афъӣ забон,

Фарқ басе бошад аз ин то ба он.[24]

 

  Агарчи дар замони Хоҷу, ки аз барандохта шудани давлати миллии тоҷикон-(форсҳо)-Сомониён чорсад сол мегузашт, зимоми давлатдорӣ дар дасти атрок буд, дигар аз шоҳону паҳлавонони Аҷам ному нишоне набуд, рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд, подшоҳону ҳокимони мулки Аҷам бегонагон буданд ва рӯҳи диниву мазҳабию қавмии атрок дар ҷомеа ҳукмфармоӣ мекард, аммо адибони миллӣ, афроди банангу номус ва ватандӯст аз ифтихороти миллии худ даст намекашиданд. Эшон гузаштаи боифтихори қавми худро фаромӯш намекарданд, бо ҳар васила рӯҳи миллии худро ба намоиш мегузоштанд ва аз ақвоми ҳокиму истилогар, ки кишвари Аҷамро дар қабзаи худ қарор дода буданд ва ба аҳли Аҷам-тоҷикону форсҳо зулму ситам мекарданд, интиқод мекарданд ва бад-ин тартиб рӯҳи милливу шуубии худро нишон медоданд. Яке аз роҳҳои бурузи рӯҳи милливу шуубии хеш ин насиҳат маҳсуб мешуд. Мо инро дар мақолоти сездаҳуми «Равзат-ул-анвор», ки «Дар насоҳеҳу мавоизи мулук ва таҳйи дар адолату мулкпарварӣ ва таҳриз бар насафату додгустарӣ» унвон дорад, мушоҳида менамоем, ки шоир дар зимни панд ин мулуки ситамгорро, ки худро бартар аз шоҳони Аҷам тасаввур мекарданд, ба онҳо таъна мезаданд, шоҳону паҳлавонони Эрони бостонро ночиз медонистанд ва аз ҷоҳу ҷалоли муфт гирифтаи худ ғурур меварзиданд, мавриди мазаммат қарор медиҳад ва ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки даст аз зулму ситам кӯтоҳ намоянд, роҳи адлу инсофро, ки шоҳону паҳлавонони пешин доштанд, пеш гиранд в-агарна рӯзе кайфари аъмоли худро хоҳанд дид:

 

Эй шуда мағрур ба иқболу ҷоҳ,

Чанд кунӣ такя бар айвону гоҳ.

Карда дар ин панараи шашдарӣ,

Нисбати Гуштосб ба оҳангарӣ.

Аз сари нахват ба гаҳи интиқом,

Зол ниҳӣ кунияти Дастони Сом…

Гоҳ занӣ лоф, ки Бежан кӣ буд

В-он ҳама номуси Таҳамтан чӣ буд?..

Гоҳ занӣ таъна, ки Баҳром кист?

Пури Наримон киву Руҳҳом кист?..

Мулки ту гар милкати ҷамшедӣ аст,

Охири кораш ҳама навмедӣ аст…

Неку бади худ ҳама дар пеш дор

В-оинаро дар назари хеш дор…

Дасти риоят зи раият мадор,

Кори раият ба риоят барор…

Хотири меҳнатзадагон шод кун

В-аз шаби меҳнатзадагон ёд кун…

Адл бувад оинаи рӯзгор,

К-иона ҷуз адл наёяд ба кор.

Сӯхтагонро ба карам даст гир,

Бӯ, ки дар он сар шавадат дастгир. [25]

 

      Ва шоир дар идомаи суханаш мегӯяд:

Тоҷи Каён бин, ки киён мениҳанд,

Тоҷи Каёнро ба киён медиҳанд.

Мулки ҷаҳонро ба ситам мехваранд,

Номи шаҳонро ба забон мебаранд.

Дев нигар ҳокими девон шуда,

Хотами ҷам рӯзии  девон шуда.[26]

 

  Аз ин чанд намуна маълум мешавад, ки адибони мо дар замони бедавлатӣ, ҳокимияти рӯҳи динӣ, мазҳабӣ ва қавмии атрок дар ҷомеа, имконияти маҳдуди бурузи рӯҳи миллӣ, худшиносӣ, ифтихор, озодандешӣ низ бо роҳҳои мухталиф (дар ҷомаи дин, ирфон, тасаввуф, бо тарсондан аз уқбо, ҷоҳ, дуо, насиҳат, ҳикмат, тарғиби хирад, илму дониш) тавонистанд рӯҳияи шуубии худ ва худогоҳии миллии хешро ҳифз намоянд, ба намоиш бигузоранд ва ҳувияти миллии худро аз даст надиҳанд. Ба қавли Хоҷу:

 

Муғони зиндадилро хон, ки дар дайр,

Муроди зандхонӣ зиндахонист.[27]

 

  Хоҷу шоири озодандеш аст, мазҳабаш ишқ аст. Лиҳозо, ӯ Каъбаро бутхона муаррифӣ мекунад, зоҳирро ҷуз суратпарастӣ чизи дигаре намедонад, балки ботинро асос медонад. Чунончи, ӯ мегӯяд:

 

Каъба, ки шуд хонаи суратгарӣ,

Буткада бошад, чу накӯ бингарӣ…

Маст мадон ринди қадаҳнӯшро,

Тифл махон пири қабопӯшро…

Ҷома бар оташ неҳу пеш ор ҷом,

Дар даҳани шер шав аз баҳри ком.[28]

 

  Хоҷу, агарчи чун соири шоирони асри миёна дар қаламрави шеъри шаръӣ ҳаракат мекунад, афкору забону баёнаш сӯфиёнаву орифона аст, ба сӯфиёни покбоз эътиқод дорад, аммо ҳар оина аз азрақпӯшон, яъне сӯфиёни зоҳиргаро, маккор, солус, риёӣ гурезон аст. Бинобар ин, ӯ дар ашъораш ба эшон метозад ва сурату сирати нопокашонро фош месозад. Хусусан, онҳоеро, ки худро дар сурати сӯфӣ ва либоси сӯфиёна пинҳон карда, аммо дар муқобили талаботи тасаввуф ва ирфон, ки покиву амали неку парҳез аз бадиро талаб мекунад, қарор мегиранд, зуҳду тақворо шиори хеш қарор дода, мардумфиребӣ менамоянд, ба боди интиқод мегирад. Ба ин абёт нигоҳ кунед:

 

Эй ту ниёзиву ниёзи ту ҳеҷ,

Ҷома намозиву намози ту ҳеҷ.

Дурдкаши базми ҳавову амал,

Ҷуръакаши оми дағову дағал.

Устуракирдор тарошида сар

В-аз ту тарошида ҳама хушку тар…

Дар таярон ҳамчу кабӯтар ба риш

В-омада сармаст чу кабк аз ҳашиш.

Риш маёрову маҳосин нигар,

Риш дигар дону маҳосин дигар…

Чанд занӣ лофи тасаввуф ба суф,

Вақф чӣ гирӣ, чу надорӣ вуқуф?

Ранги тасаввуф на ба суф асту бас,

Сӯфӣ аз ин ранг надидаст кас.

Соф барой, ин ҳама суф аз куҷост?

Кор нагардад ба сафу суф рост.

Такя бар ин зуҳди музаввар макун,

Чашми тасаввур ба вараъ бар макун.[29]

 

  Мусаллам аст, ки Хоҷу дар кеши ишқ аст ва куфрро дин медонад. Лиҳозо, аз куфру дин барист:

 

Куфр дар кеши ошиқон дин аст,

Меҳр дар пеши муҳаққиқон кин аст.[30]

 

  Бостонгароӣ ва бостонситоӣ, ки аз вуҷуди рӯҳи миллӣ дарак медиҳад, дар осори адибони мо ба ин ё он навъ, ба ин ё он ҳам (дар яке зиёд, дигаре кам) ба чашм мерасад. Ба вижа ёдоварӣ аз паҳлавонону подшоҳони Аҷам, риҷоли бузурги асотириву таърихӣ қариб дар тамоми осори адибони мо мушоҳида мешавад. Хоҷу низ дар осораш ҳамвора аз гузаштагон ёд мекунад ва бад-ин роҳ хонандаро ба худогоҳӣ, бедорӣ, масъулият, ибрат гирифтан, андеша кардан аз ҳоли ҷаҳон фаро мехонад. Ба ин пурсишу руҷӯи ӯ бингаред:

 

Аз Фаридуну Ҷам чӣ дорӣ ёд,

К-он  яке шуд ба хоку ин барбод?!

Дори Доро, нигар, барӣ аз тахт,

Қасри Қайсар, бубин, тиҳӣ аз рахт.

Бигзар аз оташу Сиёваш ҷӯй,    

Тир биндозу ҳоли Ораш гӯй.

Сару сомони Оли Сомон бин,

Тоҷу тахти мулки Эрон бин…

Ҳар кӣ ӯ мулкати Каён бикушуд,

Кай шунидӣ, ки то қиёмат буд.

Ҳама дар бистари лаҳад хуфтанд,

Рӯй дар хоки тира бинҳуфтанд…

Кас надонист дар нишемани ғайб,

Ки бувад ҳосилаш ҳунар ё айб...[31]

 

  Хоҷу дар осораш мукаррар аз сӯфиёни риёкор, ки худро дар либоси тасаввуф пинҳон кардаанд, фиребгарон, маккорон, худситоён, лофзанон интиқод менамояд ва дурӣ аз ононро талаб мекунад:

 

Ҳазар аз сафдорони сӯфином,

Бо сафу суфашон сафой тамом…

Нотарошидагони мӯйтарош,

Пурхурӯшандагони синахарош…

Шаҳриёрони кишвари талбис,

Шаҳсаворони лашкари иблис…

Карда таҳсилу ҳеҷ ҳосил не,

Ҷуста тафзилу ҳеҷ фозил не…

Далқи шамъи чу шамъ пӯшида,

оми нӯшин чу дамъ нӯшида.

Хирқа-шон тар зи чашми гавҳарбор,

Лек дар зери хирқа-шон зуннор…

Охир, эй каркаси нишеманоз,

То кай оӣ ба риш дар парвоз?..[32]

 

   Ӯ дар ҷои дигар ба ҳамин мазмун мегӯяд:

 

Ба сафу суф дил нагардад соф,

Саф маёрою даргузар зи масоф.

Адҳами ҷуб то ба кай тозӣ,

Рух бигардон зи Адҳаму тозӣ.

Ҳамчу Мансур сар мапеч аз дор,

К-аз «Аналҳақ» ба сар наёяд кор…

Ҳама дорӣ ба дасту ҳеҷат нест,

Ҳама гӯӣ, ки ҳасту ҳеҷат нест.[33]

 

  Хоҷу дар ашъораш аз мақоми ақлу илм дар зиндагии инсон суханони зиёди пураҳамият ироа кардааст. Ошноӣ бо ин гуна афкори шоир дар рӯзгори мо, ки башар меваи онҳоро чидааст ва доманаш пур аз шаҳду шакари пешрафту тараққӣ аст, аз ҳар лиҳоз судманданд. Ин гуна осор, аз як сӯ, рӯҳи донишгароӣ доштани адибонамонро барои мардум, ба вижа ҷавонон, ошкор месозад, аз сӯи дигар, эшонро ба илму дониш андӯхтан, рӯ ба китоб овардан, аз рӯи ақлу хирад амал кардан шавқманд мекунад, дар қалбашон нисбат ба илму дониш меҳру муҳаббат пайдо мешавад, аз ғафлату хурофоту зоҳиргароӣ ба дур қарор мегиранд… Мо барои исботи ин андешаҳоямон ба насиҳатномаи Хоҷу, ки ба фарзандаш Муҷир кардааст, рӯ меорем, ки гуфта:

 

Нури чашми ман, эй гузидаписар,

Дури дури ман, эй сутудагуҳар.

Гули боғи дилу чароғи замир,

Шамъи хилватсарои дида Муҷир…

Чашми мардум ба мардумӣ боз аст,

Кори олам ба илм бар соз аст.

Мардумӣ кун, зи илм рӯй матоб,

То шавӣ қиблаи улулалбоб.

Пайрави ақл бошу илм омӯз,

Роҳати халқ хоҳу рӯҳ афрӯз.

Хирад андӯз, то касе бошӣ

В-ар надорӣ хирад, хасе бошӣ.

Дониш омӯзу сарфарозӣ кун,

Хотир афрӯзу дилнавозӣ кун…

Панди ман кор банду коре кун,

Давлати нав талаб зи чархи куҳун.[34]

 

  Хоҷу дар насиҳатномаи хеш роеъ ба вақт аҳамияти он, ба қадри умру ҷавонӣ расидан низ изҳори назар менамояд ва дастуроти арзишманд медиҳад:

 

Вақт дарёбу умр фурсат дон,

Машав эмин зи авр дар замон.

Бигзар аз шаҳрбанди табъу ҳавос,

Қадри аҳди шабобро бишнос.

Ёри ӯ шав, ки ҳеҷ ёраш нест,

Ғами ӯ хӯр, ки ғамгусораш нест.[35]

 

  Албатта, мо агар ашъори Хоҷуро аз лиҳози дар бар гирифтани ашъори мутараққӣ, дунявӣ мавриди пажӯҳиш қарор бидиҳем, як рисолаи бузург хоҳад шуд. Лиҳозо, мо дар ин мавқеъ бо овардани як ғазали Хоҷу, ки дар маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн» овардааст, басанда менамоем. Худи ин ғазал баёнгари тафаккуру ҷаҳонбинии мутараққӣ ва дунявию ҳаётдӯстонаи Хоҷу метавонад буда бошад:

 

Маро гар марҳами озор ҷӯед,

Аз он пурзӯр бас бозор ҷӯед.

Чу Хусрав орзуи они Ширин,

Аз он ёқути шаккар бор ҷӯед.

В-агар хоҳед устан хуни Фарҳод,

Бурун оеду аз куҳсор ҷӯед.

Давои дарди бедармони моро,

Аз он чашми хуши бемор ҷӯед.

Нишонам аз дари масид чӣ пурсед?!

Маро аз хонаи хаммор ҷӯед.

Ба қасри гул агар ёрӣ кунад бахт,

Шароби лаълу рӯи ёр ҷӯед.

Майи гулранг чун дар ом резед,

Канори чашмаву гулзор ҷӯед.

Зи тори зулфи он турки тоторӣ,

Насими нофаи тотор ҷӯед.

Баёни мантиқи ширини Хоҷу

Зи тӯтии шакаргуфтор ҷӯед.[36]

 

  Хоҷу дар соқиномасароӣ низ машҳур аст. Аз ин рӯ, овардани абёте чанд аз «Соқинома»-и Хоҷу, ки дар пайравии «Соқинома»-и Низомӣ иншод кардааст, дар ин маврид бесуд нахоҳад буд:

 

Бидеҳ, соқӣ, он айни оби ҳаёт,

Ки даврони гетӣ надорад субот…

Як имрӯз бо якдигар май хӯрем,

Чу фурсат набошад, дигар кай хӯрем?

Дареғо авонӣ, ки барбод шуд,

Хунук он ки аз олам озод шуд.

Бидеҳ, соқӣ, он ҷоми Ҷамшедро,

Шаби тира рахшандахуршедро.

Сабук бошу ратле гаронам бидеҳ

В-агар фош натвон, ниҳонам бидеҳ…

Бидеҳ, соқӣ, он оби оташнишон,

Аз ин пеш, к-аз мо наёбӣ нишон,

Ки дар оташ аст, ин дили равшанам,

Ҳамоно, ки обе бар оташ занам…

Бидеҳ, соқӣ, он талхи ширингувор,

Ки ширин бувад бода аз дасти ёр.

Биё, то нишинему соғар кашем,

Дам аз дил барорему дам даркашем.[37]

  Албатта, афкори мутараққӣ, инсондӯстона, интиқодӣ, иҷтимоӣ дар осори Хоҷу бисёранд. Шоир дар бисёре аз маворид ба аҳли аҳлу зоҳир метозад, қонуниятҳои мавҳуму иртиҷоии динро маҳкум мекунад. Ҳар оина аз онҳо фосила мегирад, гоҳе дар муқобили фармоишоти диниву мазҳабӣ ҳаракат менамояд. Гуфтори ӯ дар ин заминаҳо, ки танқидиву омӯзандаву инсондӯстона мебошанд, барои тамоми замонҳову маконҳову дину диёнату миллату ақвом баробар хидмат мекунанд. Ба гунаи мисол мо байти зерро мегирем, ки тарафдори як дилбар, як завҷа будани Хоҷу аз он мусаллам мешавад:

Магӯ, к-аз ту дил бар нашояд гирифт,

Ба як дил ду дилбар нашояд гирифт.[38]

 

  Ва дар ниҳоят, «агарчи Хоҷуро солики тариқат донистаанд ва пиру муридашро шайх Аминиддини Козуронӣ гуфтаанд ва гуфтаанд, ки дар сулук ба мақомоти олӣ расида ва бештар роҳҳои вусул ба мақсудро паймудааст ва худ низ гуфта:

 

Бигзар аз хеш, ки бе қатъи масолик Хоҷу

Ҳеҷ солик нашунидам, ки восил мешуд.

 

  Бо ин ҳама мушкил метавон ӯро ба маънии истилоҳӣ ва дақиқи калима ориф ва сӯфӣ донист, аммо, ба ҳар ҳол, биниши ирфонӣ дорад. Ҷаҳонро чунон мебинад, ки урафо тарсим мекунанд ва робитаи инсонро бо Худованд чунон бовар дорад, ки ирфон тавзеҳ медиҳад. Дар дунёи шеър пиру муршиди ӯ пири муғон аст. Ҷойгоҳи ӯро дар майкада қарор медиҳад ва худ низ дар кӯи харобот ба эътикоф менишинад:

 

Дар куни савомеъ маталаб манзили Хоҷу,

К-ӯ мӯътакифи кӯи хароботи муғон аст.

  Гоҳе поро фаротар мениҳад ва пири муғонро на дар майкада, балки буткада менишонад:

 

То рахти тасаввуф ба харобот наёрӣ,

Дар буткада кай роҳ диҳад пири муғонат?

 

  Зуҳди хушкро тақбеҳ мекунад ва кофириро аз зуҳди риёӣ бартар медонад, зоҳирбинонро тақбеҳ мекунад ва риёкорон бо танзи газанда метозад:

 

Куфру дин яксон шумар, Хоҷу, ки дар лавҳи баён

Кофириро бартар аз зуҳди риёӣ ёфтам.

 

  Чунин аст, ки хонақоҳ ва масҷиду савмаъа ва хирқаву далқ ва хулоса, одоби зоҳирии сӯфиён ва мутазоҳирон ва ниҳодҳои расмии ононро ба боди интиқод мегирад ва аз онон бо сахрия ва танз ёд мекунад ва ному ифтихорро дар тарки некномӣ медонад ва аз интисоб ба майхона ва пири муғон касби ном мекунад. Худро ринду озода меномад ва раҳидан аз хешро дар ҳалқаи риндони харобот ҷустуҷӯ мекунад ва худошиносиро на аз тариқи масид ва савмаъа, балки аз тариқи худшиносӣ металабад ва нуктаи тавҳидро аз муғбачагон мешунавад:

 

Сӯфӣ агараш бодаи софӣ начашонанд,

Соҳибназарон сӯфии софиш нахонанд.

Бингар, ки муқимони саропардаи ваҳдат

Дар дайри муғон ҳамсабақи муғбачагонанд.

Рав, гӯш кун аз замзамаи нолаи ноқус

Он нукта, ки арбоби хирад вола аз онанд.

Дар ҳалқаи риндони хароботи муғон ой,

То як нафас аз хештанат бозраҳонанд.

Аз Каъба чӣ пурсӣ хабари аҳли ҳақиқат,

К-ин тоифа дар кӯи хароботи муғонанд.

Аз муғбачагон мешунавам нуктаи тавҳид,

В-арбоби хирад маънии ин нукта надонанд.

Сарҳалқаи риндони харобот чу Хоҷуст,

З-он ҳамчу нигинаш ҳама дар ҳалқа нишонанд».[39]

Ҷамолиддин САИДЗОДА

адабиётшинос

 

 

 

[1] Хоҷуи Кирмонӣ. Хамса. –Хуҷанд: Хуросон, 2017. –С.847-848.

[2] Девони комили Хоҷуи Кирмонӣ. Ба кӯшиши Саъиди Қонеъӣ. –Теҳрон, 1374. –С.305.

[3] Хоҷуи Кирмонӣ. Хамса. –С.124.

[4] Хоҷуи Кирмонӣ. Баргузидаи «Сомнома». Ба интихоби Мансур Растагори Фасоӣ. –Теҳрон, 1370. –С.128.

[5] Девони комили Хоҷуи Кирмонӣ. –С.45.

[6] Ҳамон ҷо. –С. 3-4.

[7] Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. Мураттиби китоб ва муаллифи сарсухан Ҷамшед Шанбезода. –Душанбе: Ирфон, 1983. –С.135.

[8] Хоҷуи Кирмонӣ. Гулшани адаб. –Ҷ.2. –Душанбе: Ирфон, 1975. –С.356.

[9] Муллоҷон Фозилов. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ. –Ҷ.3. –Душанбе: Нашри Камол, 2014. –С.535.

[10] Фарҳанги забони тоҷикӣ. –Ҷ.1. –Москва, 1969. –С.411.

[11] Хоҷуи Кирмонӣ. Хамса. –С.98.

[12]  Ҳамон ҷо, –С.150.

[13] Хоҷуи Кирмонӣ, Туғрои Машҳадӣ. Мунтахаби ашъор. –Душанбе, 2019. –С.130.

[14] Ҳамон ҷо. –С.206.

[15] Ҳамон ҷо. –С.208.

[16] Ҳамон ҷо. –С.211.

[17] Ҳамон ҷо. –С.211.

[18] Муллоҷон Фозилов. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ. –Ҷ.2. –Душанбе: Ирфон, 1977. –С.41.

[19] Хоҷуи Кирмонӣ, Туғрои Машҳадӣ. Мунтахаби ашъор. –С.38.

[20] Хоҷуи Кирмонӣ. Хамса. –С. 102-103.

[21] Ҳамон ҷо. –С.105-106.

[22] Ҳамон ҷо. –С.106.

[23] Яъне дуруст қироат накард, зеро сипос (бо «ҳо»-и ҳуттӣ) оғози «Қуръони карим», саршавии ояти аввали тартили «Қуръони карим» аст. Алҳамд бо «ҳо»-и ҳаввас хондан ғалат мешавад ва он мутобиқи таҷвиди тартили «Қуръони карим» нест. Тавзеҳ: тоҷик-форс як «ҳ» дорад, на ду «ҳ», ки арабҳо доранду талаффуз мекунанд.

[24] Ҳамон ҷо. –С.68-69.

[25] Ҳамон ҷо. –С.107-110.

[26] Ҳамон ҷо. –С. 111.

[27] Ҳамон ҷо. –С.69.

[28] Ҳамон ҷо. –С.123-124.

[29] Ҳамон ҷо. –С.131-133.

[30] Ҳамон ҷо. –С.190.

[31]Ҳамон ҷо. –С. 220-222.

[32] Ҳамон ҷо.–С. 236-237.

[33] Ҳамон ҷо.–С. 242.

[34] Ҳамон ҷо. –С.258-260.

[35] Ҳамон ҷо.–С. 260.

[36] Ҳамон ҷо. –С.291-292.

[37] Ҳамон ҷо. –С.348-352.

[38] Ҳамон ҷо. –С.151.

[39] Девони комили Хоҷуи Кирмонӣ. –С.7.

Хондан 2354 маротиба