JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Июли 2021 08:11

Маҳфили мо равшан аст аз нури рӯи Нурзод (Бахшида ба зодрӯзи адабиётшинос, фарҳангшинос ва омӯзгори варзидаи тоҷик Нозим Нурзода)  

Муаллиф:

 Имрӯз, 29-уми июл донишманди фарҳехта, муҳаққиқи дақиқназар, фарҳангшиноси барҷаста ва омӯзгори донишманди тоҷик Нозим Нурзода зодрӯз дорад. Тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Устод ба мо муяссар гашт, ки бо ин шахсияти воқеан ҳам худогоҳу хештаншинос ва миллатдӯсту меҳанпараст аз наздик ошно шавем. Устод Нурзода бо доштани дониши васеъ ва ҷаҳонбинии фарохи илмӣ муносибати баланди инсониро доро мебошад. Ҳамчун пажӯҳишгар бениҳоят сахткӯш ва ҳамеша пӯёву ҷӯё буда, мутолиаи пайваставу фаровон низ дорад. Ҳамчун эҷодкор хеле пуркор ва дорои сабку усули хоси хеш аст.

  Ҳамчун раҳбар ҳеҷ гоҳ худро аз ҳамкорон боло намедонад ва бо ҳама муносибати самимонаи инсонӣ дорад. Ҳамчун шахсият дар ҳар мавзӯе дидгоҳу мавқеи худро дошта, намунаи барҷастаи шахсияти рӯшанфикру озодандеш мебошад. Дар масири миллатдӯстию меҳанпарастӣ ҳамеша аламбардор аст ва гомҳои устувор мегузорад. Ҳамчун дӯст бошад, дар ҳама гуна ҳолат барои дастгириву кумак омода ва садоқатпеша аст. Ин хислатҳои накӯи Устод омили обрӯи рӯзафзуни ӯ дар назди дӯстону ҳамкорон гардидааст. Аз ин рӯ, бидуни муболиға метавон гуфт, ки ҳузури Устод Нурзода бо дониши мукаммал, хиради расо, ҷаҳонбинии илмӣ, биниши амиқ ва хислатҳои ҳамидаву волои инсонӣ дар ҷомеаи мо як падидаи истисноӣ (феномен) аст.

  Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” Устод Нозим Нурзодаро бо зодрӯзашон аз самими қалб табрик намуда, ба ӯ комёбиву комгорӣ ва тандурустию сарбаландии ҳамешагиро орзумандем. Дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, омӯзгорӣ ва эҷодии Устод навгӯиву навкорӣ ва бурдборию комёбиҳоро беназирро таманно менамоем. Бигзор доимо хушбахту хушвақт бошанд ва дар фазои илмию фарҳангии меҳани маҳбубамон – Тоҷикистон парвозҳои аз ин ҳам баландтар дошта бошанд.

  Зодрӯз фархунда бод, Устоди арҷманду донишманди фарҳехта!!!

  Дар зимн мо - дӯстону ҳамкорон дигарбора арзи эҳтирому ихлосмандӣ ва орзуву таманниёти худро ба ин марди наҷиб бо ин ду ғазали Назрӣ Асадзода ва ду рубоии Исомиддин Шарифзода, ки махсус ба муносибати зодрӯзи Устод Нурзода эҷод кардаанд, баён дошта, ба ин шахсияти инсондӯсту меҳанпарвар тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорем.

Маҳфили мо равшан аст аз нури рӯи Нурзод,

Каъбаи равшанзамирон аст кӯи Нурзод.

 

Рӯзу шаб дар маҳфили ӯ Ҷоми Ҷам дар гардиш аст,

Бодаи дерина бошад дар сабӯи Нурзод.

 

Баски бошад муҳтавои суҳбати ӯ маънавӣ,

Гӯши ҷон лаззат барад аз гуфтугӯи Нурзод.

 

Ҷазбае дорад каломи ӯ, ки доим мекашад

Қудрати ин ҷозиба моро ба сӯи Нурзод.

 

Ҷилва хоҳад кард чун Аржанги Монӣ дар назар,

Гар ҷаҳонро бингарӣ дар тоблуи Нурзод.

 

Ман ба тӯли умри худ ҳаргиз надидам дар ҷаҳон

Хулқу хӯеро накӯ чун хулқу хӯи Нурзод.

 

Рӯи нуронӣ-ш  дорад ҳайбате чун Офтоб,

З-ин назар густох натвон кард сӯи Нурзод.

 

Баҳри Меҳан сахткӯш асту набитвонад гирифт

Ҳеҷ нерӯе дар ин ҷода ҷулӯи Нурзод.

 

Об  ӯ  дилро кунад пайваста дар роҳи Ватан,

З-ин сабаб доим физояд обрӯи Нурзод.

 -- 2 --

Хуш кунад бо хушзабонӣ ҳар дилеро Нурзод.

Офтобӣ мекунад ҳар маҳфилеро Нурзод.

 

Ҳар куҷое меравад, нуру зиё бо худ барад,

Нурборон то кунад ҳар манзилеро Нурзод.

 

Хушдилу хушкору хушрафтору хушчақчақ бувад,

Хоса гар бинад нигори хушгилеро Нурзод.

 

Кори худ, на балки худро ҳам фаромуш мекунад,

Гар биёбад суҳбати соҳибдилеро Нурзод.

 

Автоматосо кунад иҷро ба зеҳни чобукаш

Дарзамон ҳар гуна кори оҷилеро Нурзод.

 

Ҳарфи зиште чун намехоҳад задан дар ҳаққи кас,

З-ин сабаб хонад закӣ гаҳ ҷоҳилеро Нурзод.

 

Гавҳар аз баҳри сухан берун кашад ғаввосвор,

Чун биёбад суҳбати дарёдилеро Нурзод.

 

Баски азми ӯ матину панҷаи саъйаш қавист,

Мекушояд уқдаи ҳар мушкилеро Нурзод.

 -- 3 --

Ин марди Худо зи тухми Ҷам меояд,

Ба рағми ҳазор бешу кам меояд.

 

Саршор зи ҳикмату ба лаб шеъру сухан,

Аз пушти бузургони аҷам меояд.

-- 4 --

Соҳибхирад асту пурҳунар Нозими Нур,

Озодаманиш ва покивар Нозими Нур.

 

Саршор зи ҳикмат асту огоҳи ҷаҳон,

Дар маърифат аст соҳибназар Нозими Нур.

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили

илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 29. 07. 2021

Хондан 1260 маротиба