JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Во время моей учебы (1981-1986 гг.) на физическом факультете Таджикского государственного университета (ТГУ) им. В.И.Ленина мне посчастливилось узнать Шамсидина Шокировича Шокирова не только как талантливого преподавателя и руководителя, но и как очень интеллигентного, доброго и отзывчивого человека. Впервые я познакомился с Ш.Ш.Шокиров ещё на втором курсе (1982 г.). В то время я был в составе республиканской команды, принимавшей участие во Всесоюзной студенческой олимпиаде по физике в Москве. Ш.Ш.Шокиров был руководителем нашей команды. Уже тогда он произвел на меня впечатление очень яркой, сильной личности. Ш.Ш.Шокиров каждому из нас, участников олимпиады, оказывал невероятную поддержку, учил нас сосредоточиться,…
Фаъолияти густурдаю доманадори устод Мӯсо Диноршоев ба таълифу таҳқиқи мақолаҳои бикру ноб, ҳамчунин, тарҷумаи осори мутафаккирони асримиёнагии тоҷик-форсро фаро гирифтааст. Баробари омӯзиш ва таҳқиқи афкору осори фалсафии мутафаккирон, ки аз аҳди қадим то замони муосир диққати Мӯсо Диноршоевро ба худ ҷалб намуда, ӯ дар эҳё ва муаррифӣ намудани онҳо мақоми бориз дорад. Махсусан, эҳёи ҷаҳонбинии динӣ-фалсафии осори файласуфону мутакаллимони равияву ҷараёнҳои гуногуни асримиёнагӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, дар муаррифӣ сохтани осори нуҳуфтаи онҳо саҳми бузург гузоштааст. Барои мисол метавон осору афкори намояндагони макатабҳои моддигароӣ, машшоия, калом, исмилия, тасаввуф, ишроқия, ирфон ва ғайраро номбар кард.
 Ҳуринисо Ализодаи гиромӣ, Воқеан, дар симои Шумо рӯзноманигори варзида ва бонуи ҷасури миллӣ, фидоии миллат, ватан ва фарҳанги бумӣ таҷассум ёфтааст. Корномае, ки бонувони ҷуръатманди ҷаҳонӣ, амсоли Клара Сеткина, Роза Люксембург ва дигарон дар сатҳи иҷтимои башарӣ анҷом додаанд, Шумо дар муҳити миллии охири асри бист ва садаи 21 анҷом дода, имрӯз ҳам дар ин пайроҳаи мушкилписанд ҷуръатмандона гом бармедоред, ки бешубҳа, аз бузургии шахсиятатон дарак медиҳад. Фаъолияти рӯзноманигории Шуморо, бемуҳобо, метавон бо корномаи рӯзноманигори рӯшанфикр Буринисо Бердиева аз ҳар ҷиҳат монанд ва қиёс кард.
 Дӯст ва донишманди ҷавон, Номвари Қурбон! Шумо аз ҷумлаи ҷавонони пӯёву ҷӯёву тавонои тоҷикед, ки дар ростои манофеи давлатӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ ибтикороти ҷиддие рӯй даст гирифтаед ва дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед.