JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Комил Бекзода) Файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ устод Комил Бекзода имрӯз (9 январ) зодрӯз доранд. Устод умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ устод Комил Бекзода дар коргоҳи фикрию эҷодӣ ҳувиятшиносии миллӣ ва озодандеширо ба сифати меъёрҳои илмию фалсафӣ ва фарҳангӣ пазируфта, бар ин мабно то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф фаъолият мекунад.
Инсоният аз замони пайдоиш то имрӯз ба ду ихтисос, яке тиб ва дигаре ҳуқуқ бештар ниёз дорад. Ин ду соҳаи муҳим аз азал то ба ҳол шароити зист ва саломатии мардумро ба танзим дароварда, боэътидол нигоҳ медорад. Дар байни ин ду соҳа низ бештар ба соҳаи тиб афзалият дода мешавад. Чунки агар саломатӣ набошад, дигар самтҳо қадру қимати худро дар назди шахси бемор аз даст медиҳад. Беҳуда нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кормандони тиб, яъне табибонро “Фариштаи наҷот” меноманд.
Мусиқӣ як навъ ҳунар аст, ки тавассути сарояндагӣ, навозандагӣ, овозхонӣ ва ромишгарӣ таҳаққуқ меёбад. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳунар ғаризаи офаридгории инсон дар олами вуҷуд аст ва ҳар камбудеро, ки ў (инсон) дар ҷаҳон эҳсос мекунад, ба василаи ҳунар ҷуброн менамояд. Ба ин маъно, ҳунарманд касест, ки пеш аз дигарон камбуду навоқиси оламро эҳсос мекунад, ҷаҳонро ба тарзи худ меофаринад, бо диди бадеию эстетикӣ рангоранг месозад ва саранҷом маънои наву тоза мебахшад. Ин аст, ки ҳунарманд шахсият аст, шахсияти бинанда, шунаванда ва офаранда. Ба ин маъно, ҳунармандӣ самарабахшӣ ба ҳаёту зиндагӣ аст. Ба қавли…
Биохимия ягона илмест, ки ба ҷараёни мубодилаи химиявии моддаҳо дар ҳуҷайраи организмҳои зинда, аз он ҷумла дар растаниҳо сару кор дошта, моҳияти вобастагии бевоситаи ҳаётро аз ба амал омадани реаксияҳои гуногуни химиявӣ дар организми зинда маънидод менамояд. Дар рушду нумӯи илми биологияи муосир нақши биохимия хело афзалятнок дониста мешавад ва аз комёбиҳои ин бахши илм дар оянда рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ алоқамандии зич дорад.