Агар Буринисо Бердиева дар замони худ, дар баробари кӯрзавқони замон ва меросбарони мафкураи бегона бо ҷасорати фавкулода аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дифоъ карда бошад, дар замон ва шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ ин рисолат бар уҳдаи Шумо, Ҳуринисо Ализода вогузор гардида, ин масъулияти миллӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом пазируфта истодааст. Зимнан, мақолоту гузоришоте, ки Шумо тайи солҳои охир дар матбуоти даврӣ интишор медиҳад, фарогири масоили мубрам ва муҳими рӯзанд ва рӯзноманигороне аз ҷинси зану мард бо салиқаи Ҳуринисо Ализода дар муҳитҳои иҷтимоиву фархангии мо ангуштшуморанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо, бонуи миллиро ба муносибати зодрӯзатон ва дар айни замон Рӯзи занону модарон шодбош мегӯем ва дар матраҳ намудани мушкилоти рӯз ва боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва маданӣ, пеш аз ҳама, сиҳҳатии комил, хушрӯзӣ, саодати хонаводагӣ, қалами бурро, сухани гиро, табъи оташбор ва рӯҳу равони қавӣ таманно мекунем.
Зиҳӣ, қалами ҷуръат ва ҷасорате, ки рӯйи огоҳию огоҳмандӣ тамаркуз мекунад!
Зиҳӣ ҷуръат бад-ин маъно, қалам андар садо омад,
Қалам не, балки гӯӣ он Суруше аз само омад,
Қалам дар дасти бонуе, ки з-авҷи кибриё омад,
Аҷабро бин, Ҳуре дар мақоми Занхудо омад!
Бо эҳтиром,
аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”
ш. Душанбе, 4 марти 2021