JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Феврали 2021 09:07

Номи ту садри маҳфили номоварони мост! (паёми шодбошӣ)

Муаллиф:

 Дӯст ва донишманди ҷавон, Номвари Қурбон!

   Шумо аз ҷумлаи ҷавонони пӯёву ҷӯёву тавонои тоҷикед, ки дар ростои манофеи давлатӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ ибтикороти ҷиддие рӯй даст гирифтаед ва дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед.

  Серҳаракатӣ ва тавонмандии Номварро мушоҳида карда, гоҳу ногоҳ мутааҷҷибона худ ба худ суол мегузорем, ки Номвари Қурбон ин ҳама энержиро дар ин синни ҷавонӣ аз куҷо дармеёбад, ки дар ҳама кор дастболост ва ба ҳама умур сари вақт расидагӣ мекунад? Розу сирри ҳама ташаббусоту ибтикороти Номвар дар шахсият ва ҳайсияти худи ӯ ниҳон аст: ҳамеша сари кор аст; ҳангоми қадамзанӣ ҳам дар ҳоли  тамрини фикрию эҷодӣ қарор мегирад; тамрини ҷисмонию равониро дар рӯзгори шахсӣ ва ихтисосӣ тавъам кардааст; аз мушкилоти рӯзафзуни рӯзгор сари мӯйе тарс надорад; дар таълифи мақолаву матолиби илмию ихтисосӣ ва фарҳангию маданӣ маҳорати фавқулода дорад; дилхоҳ матолибро равшану зебо менависад ва фасеҳу равон баён медорад; дар донистани илмҳои табиию риёзӣ ва мундариҷоти илмҳои фалсафӣ моҳир аст; бар мабнои ҷаҳонбинии фалсафӣ ва мавқеияти илмӣ сухан мегӯяд ва мақола менависад; мавқеъгириҳои илмии ӯ боиси ҷойгоҳ ва мақоми шоиста пайдо карданаш миёни олимони ҷавони минтақа гардидааст; новобаста ба синни ҷавонӣ ва таҷрибаи илмӣ то имрӯз дар садҳо конфронсу ҳамоишҳои илмии хориҷӣ ширкат варзида, тавассути гузоришоти илмӣ аз илми ватанӣ намояндагӣ кардааст; узви чандин маҳфил ва нишастҳои илмию фарҳангии минтақавӣ мебошад ва ба василаи ширкат ва суханрониҳо сатҳи дониш ва биниши худро боло мебардорад; барои пойдории низоми дунявӣ ва дифоъ аз ҷомеаи секулорӣ ҳамеша талош меварзад; дар роҳи мубориза бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле устувор аст; бо мавқеъгирию изҳориназарҳои ҷолиби матбуотию телерадио ва расонаӣ миёни ҷомеаи расонаии ватанӣ соҳибобрӯ мебошад; масъулияти тартибу танзим, чопу нашр ва фароҳамсозии маводи чандин маҷаллаи ихтисосиро бар уҳда дорад; ҷавони зиндадил ва оянданигар аст... Хулоса, Номвар як ҷавони бо донишҳои муосири фалсафию  илмӣ мусаллаҳи тоҷик аст ва ҷомеаи илмию мадании миллӣ аз ин навъ шахсиятҳо умедвориҳои зиёде дорад.

   Номвари азиз, аз фурсати муносиб истифода намуда, зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, маданӣ, ташкилӣ ва илмию эҷодиатон муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем ва ин мувашшаҳи мухтасарро чун ҳадяи кучак тақдиматон медорем:

Номи ту садри маҳфили номоварони мост,

  Ойинаи муҳаббати меҳрофарони мост.           

Марзи Ватан, салобати дарёву сахраҳо

Вобастаи шаҳомати ҳадду карони мост.

Асрори коиноту Раҳи Каҳкашони даҳр

Рози давоми зиндагии ҷовидони мост!

           

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

5 феврали соли 2021

Хондан 1123 маротиба