JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 23 Январи 2021 19:11

Худмадорӣ, ҳувиятсозӣ туро умре ҳадаф! (Паёми табрикӣ)

Муаллиф:

Устод Назрӣ Асадзода!

  Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.

  Дӯсти гиромӣ, аз бозе ки ба марҳилаи огоҳӣ ва шинохт аз тариқи мутолеоту мушоҳидоту таҷрибот расидед, дар самти бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муъзалоти равонию ҳувиятии ҷомеа ва бозсозии тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзида, то имрӯз дар ин пайроҳаи мушкилписанди зиндагӣ бардамона гом бармедоред. Шахсияти миллӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи фарҳангу хиради аҷдодӣ ва илму дониши аврупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеоти бардавом, мушоҳидоту таҷриботи фаровон ва дидору мулоқот бо чеҳраҳои миллии хушном Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсӣ минҳайси як шахсияти матраҳи миллӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

  Фаъолият ва шуғли ҳамешагии Шумо мутолеот, ковиш ва ҷустор дар заминаи равон ва ҳувияти миллист ва бар мабнои донишу биниши илмӣ ба кашфу дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ мепардозед. Ҳар фарде, ки дидгоҳи миллӣ ва биниши фалсафӣ дорад, новобаста аз ҷойгоҳ ва мақоми иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ мавриди эҳтиром ва писанди Шумо қарор мегирад. Ин аст, ки:

 Баргирифта шишаи номуси миллатро ба каф,

Худмадорӣ, ҳувиятсозӣ туро умре ҳадаф!

  Ташаббусот ва ибтикороти Шумо дар самти таҳкиму тақвият бахшидани раванди ҳувиятсозии миллӣ ҳадафмандона давом доранд. Ин аст, ки Шумо дар феҳристи шахсиятҳои нодири миллӣ қарор доред ва вуҷуду ҳузуратон дар фазою муҳити илмӣ ва фарҳангии тоҷикӣ боиси ифтихор аст.

   Воқеан, Шумо ифтихори мо -- ёру дӯстон ва ифтихори миллату меҳан ҳастед. Бо истифода аз фурсати муносиб зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар мувашшаҳи зайл ҳамагӣ таманниёти худро изҳор медорем:

 

Аз шуҳрату шаҳомати Миллат садо кунӣ,

Сар бар раҳи саодати Меҳан фидо кунӣ.

Асрори заъфу зиллати ин миллати азиз

Дониста, растахезу қиёмат ба по кунӣ.

Зоидаи фазилату табъи садоқатӣ,

Ойинаи хирад бикушоӣ, сафо кунӣ.

Дар арсаи мубоҳиса, ай Назрии азиз 

Аз номи миллат ин ҳама хуб иддао кунӣ!

            Бо эҳтиром,

           аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

           ш. Душанбе, 24 январи соли 2021

Хондан 1104 маротиба