JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 12 Марти 2021 07:58

Шинохти ҳикмати Носири Хусрав аз назари устод  Мӯсо Диноршоев

Муаллиф: Илҳом ҚУРБОНШОЕВ

  Фаъолияти густурдаю доманадори устод Мӯсо Диноршоев ба таълифу таҳқиқи мақолаҳои бикру ноб, ҳамчунин,  тарҷумаи осори мутафаккирони асримиёнагии тоҷик-форсро фаро гирифтааст. Баробари омӯзиш ва таҳқиқи афкору осори фалсафии мутафаккирон, ки  аз аҳди қадим то замони муосир диққати Мӯсо Диноршоевро ба худ ҷалб намуда, ӯ дар эҳё ва муаррифӣ намудани онҳо мақоми бориз дорад. Махсусан, эҳёи ҷаҳонбинии динӣ-фалсафии осори файласуфону мутакаллимони равияву ҷараёнҳои гуногуни асримиёнагӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, дар муаррифӣ сохтани осори нуҳуфтаи онҳо саҳми бузург гузоштааст. Барои мисол метавон осору афкори намояндагони макатабҳои моддигароӣ, машшоия, калом, исмилия, тасаввуф, ишроқия, ирфон ва ғайраро номбар кард.

   Осору афкори Носири Хусрав низ аз зумраи он таҳқиқотҳое мебошанд, ки аввалин маротиба аз ҷониби устод Мӯсо Диноршоев анҷом дода шудааст. Китоби «Зод - ул- мусофирин»-и Насири Хусрав аз ҷумлаи он шоҳкориҳои М. Диноршоев мебошад, ки соли 2005 ба забони русӣ тарҷума гардид. Устод М. Диноршоев ба тарҷумаи русии ин китоб сарсухане, таҳти унвони «Насири Хусрав и его Зад-ал-мусафирин” дар ҳаҷми панҷоҳ саҳифа навиштаанд. Устод М. Диноршоев дар сарсухани китоб нахуст замони зиндагонии Носири Хусравро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зимни пешгуфтори мукаммалу пурмуҳтавояш роҷеъ ба мубрамият ва зарурати омӯзишу баррасӣ ва таҳқиқи мавзӯъ баррасишаванда: сатҳ ва дараҷаи омӯзиши мавзӯъ, мақсаду вазифаҳои таҳқиқоти анҷомшудааш дақиқан мулоҳиза ронда аст. Ӯ нахустин саҳм ва рисолати таърихию фарҳангии Носири Хусравро дар куҳантарин сарчашмаҳо ва китобҳои  муътабару нодири таърихӣ-фарҳангӣ ва далелу бурҳонҳои қавии илмӣ-мантиқӣ ба таври амиқу ҳамаҷониба ошкор сохтааст. Тавре худи муаллиф ёдовар мешавад, замони зиндагӣ ва фаъолияти Носири Хусрав - асри XI ба яке аз давраҳои ниҳоят ноорому мураккаб, пурмоҷарою саршори кашмакашиҳои сиёсӣ ва дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ҳукмрон гардидани сулолаҳои аҷнабии туркнажод, аз қабили Ғазнавиён, Қарохониён ва Салҷуқиён рост меояд.  Устод Мӯсо Диноршоев бар он назар аст, ки «Замони зиндагии Носири Хусрав ба яке аз давраҳои ноороми мардуми тоҷик рост меояд. Дар муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии  ин давра парокандагӣ ва таназзули давлати Сомониён ба миён омад»[1].  Аз ин ҷост, ки Носири Хусрав дар осораш аз вазъи ноороми давр, ки байни мутаассибони дину равияҳои тундгаро анҷом дода мешуд, сабаби аз байн рафтани ҳокимияти сулолаи асилзодаи Сомониён ва ба сари қудрат омадани бодиянишинони аз фарҳангу тамаддун дурбуда, изҳори таассуф намуда, мегӯяд:

Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,

Ҳама дигар шудаст аҳволу сомон.

   Яке аз омилҳое, ки боиси аз байн рафтани ҳокимияти бумӣ ва сари қудрат омадани бадавиёни бодиянишин гардид, ин вусъат ёфтани мухолифатҳои ақидавӣ миёни мазҳабҳои исломӣ буд. М. Диноршоев дар сарсухани ин китоб аз таърихи зиддиятҳои мазҳабии байни сунниву шиа, дувоздаҳимома ва таъқибу куштори исмоилиён аз ҷониби онҳо дар замони  ба сари қудрат омаданашон сухан меронад: «Дар таъқиби исмоилиён на камтар аз Салҷуқиҳо низ ҷидду ҷаҳд карданд. Ин зуҳурот ба чанд сабаб ба вуқӯъ пайвааст. Аввалан исмолиёни даъвати ҷаддид аз саодату хушбахтӣ, адолат ва баробарҳуқуқӣ ҳукм карда, бо ҳамин таваҷҷуҳ табақаҳои мухталифи ҷомеаро ба худ ҷалб мекарданд. Сониян, аз байни ҳамаи ҷараёнҳо, фирқаҳо ва мактабҳои динӣ танҳо исмоилия ба муқобилият нисбат ба ҳокимияти  салҷуқиёни истилоҳгар даъват мекарданд. Ин даъвати ватанпарваронаи исмоилиён аз тарафи оммаи аҳолии бумӣ, ашрофи ватанпарвар мусбат пазируфта, аз тарафи чунин ватанпарварони ҳақиқӣ чун Носири Хусрав сапарастӣ шуд. Аз ин ҷост, ки бо боварии комил чунин хулоса бояд кард, ки таҳқиру ситам нисбати Носири Хусрав дар баробари сабабҳои сиёсӣ низ дошт». [2]

  Ин хулосабарории М. Диноршоев  аз вазъи сиёсӣ, фарҳангӣ-иҷтимоии  асрҳои Х-ХI-ро ба таври муфассал ин муносибати манфи (душманонаи)-и сиёсатмадорони мутассиб ва баъзан шиаёни дувоздаҳимомаю исмоилия ва муборизаи онҳо бо амирони аҷнабии туркнажод ва ҳамватаноне, ки дар хидмати онҳо буданд ошно мегарданд.

  Инчунин, дар сарсухани китоби «Зод-ул-мусофирин» М. Диноршоев гароиши Носири Хусравро ба мазҳаби исмоилиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба андешаи  М. Диноршоев Носири Хусрав давраи ҷавонӣ баъзе марҳалаҳову мартабаҳои тариқаи исмоилияро аз сар гузаронида буд»[3]

  Боиси таассуф аст, ки иддае аз муҳаққиқон «хоби чиҳилсола», ки як навъ васила ва ё усули баёни воқеа (тамсила) мебошад, чун ҳақиқати воқеӣ пазируфта, дар заминаи он хулосаҳои содалавҳона баровардаанд.  Яке аз далелҳои муътамади М. Диноршоев ин аст, ки «хоби ҷиҳилсола»-и Носири Хусравро ба ҷиддият қабул  нанамуда, онро дар асл як рамзи равоншиносии бадеӣ медонад, ки он инъикосгари ваъзи равонии Носир Хусрав буда, – ӯ чун ҷавони хушзавқу донишманди дин-фалсафа ва дӯстодори илм хеле пештар аз ин дар дил шавқу ишқи ин низоми фикри исмоилияро мепарваридааст». Носири Хусрав аслан пайрави мазҳаби исмоилия буда, ҳанӯз дар даврони ҷавониаш ба марказҳои исмоилии Ҳинд - Лоҳуру Мултон сафар карда, дар Балх таҳсил дидааст ва бо ақида ва тарзи  зиндагию ибодати пайравони исмолия ошноии бештар пайдо намудааст. Устод М. Диноршоев дар муттако бо манбаъҳои муътамади бонуфуз собит менамояд, ки Носири Хусрав ҳанӯз дар овони донишандзиаш дар Балх ба фирқаи исмоилия дил бохта, баъдан ҳангоми дабири дарбори Ғазнавиён буданаш, ба ин тариқат мегаравад. Тибқи таъкидҳои устод Мӯсо Диноршоев яке аз сабабҳои аз Балх ба Марв кӯчидани хонаводаи ӯ ҳам шояд торафт дар зери фишор ва таъсири сиёсати пешгирифтаи аббосиҳо ва шиддат гирфтани назари бидъатии Султон Маҳмуд ба исмоилиҳо мебошад, зеро Балх дар ин давра  яке аз марказҳои шинохтаи кеш ва фарҳангии исмолӣ ба шумор мерафтааст». [4] “Зод-ул-мусофирин”-и Носири Хусрав – асарест, ки ҳамчун доиратулмаорифи таҳлили масоили фалсафӣ, илоҳиётшиносӣ, кайҳоншиносӣ, кайҳонигорӣ  ва  табиатшиносиро дар бар дорад.

  «Зод-ул-мусофирин» чуноне, ки худи муаллиф  шаҳодат медиҳад, дар соли  453 ҳ. қ.(1061.м) навишта шудааст ва дар  ин ҳангом ӯ дар Юмгон иқомат дошта, умри ӯ 59 сол сипарӣ мешуд. Ин  аз он шаҳодат медиҳад, ки асари мазкур дар он марҳилаи ҳаёти муаллиф таълиф шудааст, ки мазҳаби исмоилиро ба куллӣ пазируфта буд ва вазифаи Ҳуҷҷати ҷазираи Хуросонро ба дӯш дошт. Ҳамин  амр, мазмун ва муҳтавои фалсафӣ ва ақидатии «Зод-ул-мусофирин»-ро муқаддар  сохтааст.   Носири Хусрав  моҳияти ин асарро чунин муаррифӣ кардааст:

Зи таснифоти ман “Зод-ул-мусофир”

Ки маъқулотро асл асту қонун.

Агар бар хоки Афлотун бихонанд,

Сано хонад маро хоки Фалотун.

  Маврид ба зикр аст, ки моҳияти ин асар дар афкори Носири Хусрав чунин зикр гардидааст: «Мардум ҳамедонад, агар хирадманд аст, ки вай бар мисоли мусофир аст, ки андар ҳамаи замони  хеш маро ӯро ба чашмзахмӣ диранг мумкин нест кардан, то аз ин хат, замон ӯст, даргузарад ва ба нуқта-нуқтаи ин акнунҳо мар ин хатро напаймояд. Пас, бар ин мусофири хирадманд воҷиб аст, ки бозҷӯяд то аз куҷо омадааст ва ба куҷо ҳамеравад».[5]  Ин назари мутафаккирро Устод М. Диноршоев чунин тавзеҳ додааст. Аз муҳтавои «Зод-ул-мусофирин» бармеояд, ки муаллиф ин асари худро ба се манзур таълиф кардааст. Якум, чун мардум дар ин дунё мусофиранд, роҳи дуруст мусофират ва андухтани зод (тӯша)- и ин роҳро бояд ба онон нишон дод. Дуюм гумроҳиҳои уламо ва фуқаҳои зоҳириро ошкор бояд кард. Сеюм аслҳо ва нуқтаҳои асосии мазҳаб ва фалсафаи исмоилияро возеҳ ва равшан менамояд. Сипас, устод Мӯсо Диноршоев ба таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷонибаӣ  низоми фалсафии Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» пардохта, таъкид менамояд, ки  дар миёни осори мутафаккир асаре ба ҳисоб меравад, ки муҳтавои он ба  доиратулмаориф баробар аст. Масоилҳои фалсафӣ, илоҳиётшиносӣ, кайҳоншиносӣ, ва табиатшиносиро матраҳ намудааст. Носири Хусрав дар ин асар оид ба масоили нақши маърифатшиноси лафз ва китобат, ҳавоси зоҳир ва ботин, назарияи ҷисм, ҳаракат ва замон, таълимот дар бораи нафс, назарияи қидам ва қудуси оламро баррасӣ кардааст. Ҳангоми таҳлили ин масоилҳо зимнан, баёни назарияи худ, ақоиди ҳарфонаш табоиён, даҳриён, асҳоби ҳаюло, муътазилия ва каломи аҳли суннат аз дидгоҳи исмоилия нақд намудааст. Носири Хусрав дар назарияи қудамои хамсаи Абубакри Розиро  як фалсафаи илҳод медонад, зеро аз назари ӯ «Мағзи сухани писари Розӣ дар ҳаюлост». Мувофиқи тавзеҳи устод Мӯсо Диноршоев «Мағзи сухани ӯ, чунонки  аз манобеи таърихӣ ва фалсафӣ ва осори худи Абубакри Розӣ бармеояд, аз эътирофи панҷ ҷавҳари мутаодил иборат аст».[6]  Дар ҳамин асно, мехоҳем,  мулоҳизоти ҷолиби устод Мӯсо Диноршоевро доир ба  назарияи қудамои хамсаи мутафаккир баён намоем. Ӯ усули масълагузории Носири Хусравро дар мавриди тартиботи овардани қадимияти панҷ ҷавҳар назарияи ар-Розӣ, ба монанди (1) ҳаюло; (2) макон; (3) замон; (4) Худованд ва (5) нафс напазируфта, таъкид кардааст. Аз рӯйи мантиқ тартиботи ҷобаҷогузории назарияи қудамои хамсаи Абӯбакри ар-Розиро ба тариқи зайл бошад: 1) Худованд, 2) нафс, 3) ҳаюло, 4) макон ва 5) замон».[7]  Албатта, чунин   натиҷагирии устод беасос набуда, тавре ки худи устод таъкид мекунад, чунин  усули масъалагузориро қариб тамоми сарчашмаҳо ва ақоиди бисёр мутафаккирони асримиёнагӣ ҳамаҷиҳата тасдиқ менамоянд.  Баъди баёни ин масъала устод Мӯсо Диноршоев дар пешгуфтори китоби  «Зод-ул-мусофирин» таъкид менамояд, ки Носири Хусрав ба таври пардапӯшонаю ноаён нақди фалсафаи машшоияи шарқиро, хусусан нақди таълимоти он дар хусуси қидаму абадии  ҳаюло, ҳаракат, макон, замон ва ҳудуси нафс вуҷуд дорад.  Устод Мӯсо Диноршоев қайд мекунад, ки «Зод-ул-мусофирин» на танҳо доиратулмаорифи донишҳои динӣ-фалсафии қарни V- и ҳ.қ – ХI м-ӣ, балки доиратулмаорифи таърихӣ –фалсафӣ имкон медиҳад, то таълимот ва назароти мактабҳои фалсафӣ, ки осори намояндагонашон  дар  даст нест, бозсозӣ шавад, аз ҷумала назарияҳои фалсафии табоия, даҳрия ва асҳоби ҳайюло.   Чун аз тафсири умуми "Зод-ул-мусофирин" фориғ  шудем, мувофиқи ҳадафи ин навишта зарур аст, ки ба таҳлили назарияи маърифатшиносии Носири Хусрав, ки дар ин аср аст, бипардозем.

  Ин хулоса муттако бар он аст, ки чаҳор боби аввали асари мазкур ба баррасӣ ва баёни масоили шинохтшиносии масоили моҳияти шинохт (маърифат), шинохтпазирии олам, нақши шинохтшиносии қавл ва китобат, ҳавоси ботинӣ, нафс ва ақл бахшида шудаанд.  Устод Мӯсо Диноршоев роҷеъ ба машокили маърифатшиносии Носири Хусрав чунин қайд менамояд: «Аз мутолиаи ин асар бармеояд, ки маърифатшиносиро мадхали тамоми низоми динӣ-фалсафӣ Носири Хусрав аст. Ба назар мерасад, ки – ӯ дар таърихи фалсафаи мо аввалин мутафаккирест, ки мадхалияти маърифатшиносиро барои тамоми фалсафа ба маънии антиқӣ ва қуруни вустоии он муқаррар кардааст».[8]  Дар воқеъ аз мутолиаи «Зод-ул-мусофирин» бар меояд, ки Носири Хусрав ҷонибдоронаю пайгирона  ва бо мутуни назарияи шинохтпазирии олам, ин масъаларо чунин шарҳ додааст. “Мардум ба ҳамаи фавоид ва манофеъ, ки андар уммаҳот ва маволиди олам аст мутталлеъ шудааст ва чизе аз он бар ӯ пушида мондааст».[9]  Устод Мӯсо Диноршоев бар он мӯътақид  аст, ки Носири Хусрав дар назар доштааст, ки «Донистану шинохтани олам мудҳас ба ин ё он қавм нест, балки он ба ҳама мардуми ақолими қобилияти дарк, донистан ва шинохтани олам аст». Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» ин масъаларо ба таври зайл шарҳу матраҳ намудааст: «Баъзе аз чиҳзо, ки бар баъзе мардуми баъзе ақолим зоҳир шудааст, он нест, ки  баъзе марудми ақоили дигар онро надонистаанд, балки бар онҳо  зоҳири ниҳояташ бар мардуми ақолими дигар  баъд аз муддате расидааст ва он чизе набуда, ки бар мардум зоҳир нашудааст.”[10]  Устод Мӯсо Диноршоев андешаи Носири Хусравро дар бораи шинохпазирии олам аз ҳар ҷиҳат шоистаи тақдир меҳисобад. Устод ба таври объективона ин масъаларо таҳлил намуда, таъкид менамояд, ки Носири Хусрав дар айни ҳол бар он ѓарқ ҳам шудааст, зеро ӯ мӯътақид аст, ки инсон ҳама чизҳои оламро донистааст ва ӯ аз чизе пинҳон намондааст. Ӯ мӯътақид аст, ки ҳатто инсони саддаи бистум ва ибтидои садаи бисту якуми мелодӣ, ки даврони комёбиҳои бузурги илмӣ ва технологӣ аст, аз он дур шуда наметавонад. Агар инсон ба шинохтпазирии олам муътақид намебуд ва дар ин роҳ пайваста иқдом намекард, ҳаргиз аз ҳолати бадавӣ берун намеомад ва ба марҳилаи кунунии фарҳангӣ намерасид».[11]  Пас  эътирофи шинохтапазирии бечунучарои олам аз ҷониби Носири Хусрав зимни заминаҳои илмию фалсфаӣ, заминаи динӣ низ дорад.  Дар ин хусус, худи Носири Хусрав низ мӯътақид аст: «Ҳар ки мар офаридагонро надонад, мар офаридгорро наметавонад донист».[12]

  Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» масоили анвои шинохт ва абзори онро ба таври мабсут баррасӣ кардааст.  Устод Мӯсо Диноршоев дар раванди таҳлилу таҳқиқи ин масъала шинохтшиносии қавлро (лафз) аз дидгоҳи Носири Хусрав мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид менамояд, ки андешарони намудааст. Устод Мӯсо Диноршоев таъкид мекунад, ки қавл ва китобат ба ин маънӣ абзори шинохтшиносӣ мебошад, ки нафси идрок тавассути онон донишро ба дигар нафсҳо, яъне дигар инсонҳо интиқол медиҳад. Онҳо ин вазифаро аз роҳи инъикос ва интибои маънӣ ва ҳақиқати ашёи олам адо менамоянд. Тафовуташон фақат аз он иборат аст, ки қавли маънии мудракро бевосита тавассути қавли навишта ва ҳуруф инъкос менамояд. Аз ин сабаб, Носири Хусрав мӯътақид аст, ки нақши қавл дар шинохти олам нисбат ба нақши китобат афзалтар аст. Ақидаи маърифатпазири (шинохтпазирӣ) – и олам на танҳо дар «Зод-ул-мусофирин», балки дар тамоми осори фалсафии Носири Хусрав мундариҷ аст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки мутафаккир ҷонибдори собитқадами ин ақида будааст. Устод Мӯсо Диноршоев барои исботи ин фикр аз «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» чунин иқтибос меорад: «Олами ҷисмонӣ ба ҷумлагӣ, аз афлок мудавварот ва кавокиби мухталиф-ул-мақодир вал-афъол вал- авлон вал-ҳаракот ҳама мукайяфот аст. Ва чизҳои замин ва ашкол ва суратҳо ва маззаҳо ва рангҳо ва феълиятҳои мухталиф – ҳама мукайяф ва донистанӣ аст мардумро». [13] Устод Мӯсо Диноршоев бо боварии том таъкид менамояд, ки ақидаи мазкур аввалин маротиба аз ҷониби Носири Хусрав баён шуда, аҳмияти муҳими шинохтаншиносӣ ва равоншиносиро дар худ доро мебошад. Андешаи Носири Хусрав дар бораи шинохтпазирии олам аз ҳар ҷиҳат шоистаи тақдир аст. Вале, дар айни, ҳол бояд низ гуфт, ки ӯ дар баёни ин масъала ба иғроқ ҳам додааст, зеро ӯ боварӣ дорад, ки инсон ҳама чизҳои оламро донистааст ва аз ӯ чизе пинҳон намондааст  ва инсони садаи бистум ва ибтидои садаи бисту якуми мелодӣ, ки даврони комёбиҳои бузурги илмӣ ва технолоҷӣ аст, ҳама чизҳоро надонистааст ва аз ӯ чизҳои бешуморе пинҳон мондааст. Пас, чӣ расад ба инсони қарнӣ ёздаҳум? Устод Мӯсо Диноршоев бартарияти  ақидаи   Носири Хусрав дар бораи маърифатпазирии олам нисбат ба ақоиди софистон, шаккокон ва  атомистҳои антиқӣ ва замони худаш, нишон дода, бар он назар аст, ки  маърифатпазири оламро ё нафй мекарданд ё зери шубҳа қарор медоданд, ва инчунин равишиносӣ солими фалсафие буд, ки мардумро умуман ва уламоро хусусан ба таҳқиқу дарёфти олам роҳнамун мекард».  Мувофиқи нишондоди устод Мӯсо Диноршоев эътироф бояд кард, ки агар инсон ба шинохтпазирии олам мӯътақид намебуд ва дар ин роҳ пайваста иқдом намекард, ҳаргиз аз ҳолати бадавӣ берун намеомад ва ба марҳалаи кунунии фарҳанг ва тамаддун намерасид.

  Эътирофи шинохтпазирии бечунучарои олам аз ҷониби Носири Хусрав зимни тасаввуротҳои илмӣ-фалсафӣ, заминаи динӣ дорад. Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» масоили анвои шинохт ва абзори онро ба таври мабсут баррасӣ кардааст. Машокили назарияи маърифати ҳиссӣ ва ақлонии масоилҳои марказии фалсафа буда, аз қаруни вусто то имрӯз мавзӯи баҳси онҳо дар тамоми осори фалсафӣ ба назар мерасад. Носири Хусрав  масъалаи маърифати ҳиссӣ ва ақлиро дар китоби "Зоду-л-мусофирин" муфассал баён намудааст. Моҳияти назарияи маърифати ҳиссии Носири Хусрав ҳамоҳанг ба корбурди машшоиёни юнонӣ ва шарқӣ, инчунин, ба навафлотуниён қаробати наздик дорад.  Носири Хусрав дар  назарияи маърифати ҳиссӣ нафси инсониро барои шинохт ва маърифати чизҳои маҳсус ба панҷ қисм: 1) биноӣ, 2) шунавоӣ, 3) буёӣ, 4) басовоӣ ва 5) зикр ҷудо намудааст. Ҳавоси ботинии мардумро ба миёнҷии ҳавоси зоҳирӣ ҳосил мешавад ва бидуни онҳо вуҷуд дошта наметавонад».[14]

  Ҳавоси зоҳирии  инсон танҳо чизҳои ҳозир ва хосиятҳои ҷудогонаи онҳоро дарк мекунад, вале ҳавоси ботинӣ метавонад ҳам ҳозир ҳам чизҳои ғоиб ва ҳам маъонии  онҳоро бишносад. Устод Мӯсо Диноршоев мӯътақид бар он аст, ки  Носири Хусрав моҳияти маърифати ҳиссиро, ки тавассути ҳавоси ботинӣ сурат мегирад ва он иборат аст аз он ки дар фароянди  он тахайюл сувари ашёи маҳсусро аз модда таҷрид мекунад ва инро ба қувваи ҳофиза интиқол медиҳад.

  Аз таҳлилу баррасии андеша ва назариёти М. Диноршоев ба натиҷае матавон расид, ки дар воқеъ устоди зиндаёд дидгоҳи Н. Хусравро дар ин ва дигар осораш ба таври васеву объективона мавриди баррасӣ қарор дода, нигоҳи ин мутафаккири асримиёнагиро дар раванди маърифатпазирӣ аз дигарон хело хуб таҳлил намудааст. Махсусан, Мӯсо Диноршоев дар интиҳои  сарсухани китоби “Зод-ул-мусофирин” қайд менамояд, ки ақоиди Носири Хусрав дар бораи шинохтпазирии олам, тавассути шаклҳои маърифати ҳиссӣ, бахусус идрок, ки он сарчашмаи инъикоси олами ботинию зоҳирӣ дониста мешавад ва он тавассути эҳсос ва қабл аз тасаввур дар раванди маърифати ақлӣ ҳамчун абзори асосии маърифати ақлонӣ хизмат мекунад, робитаи мутақобилаи дигар шаклҳои маърифати оламро ва ашёро таъмин месозад.  

Илҳом ҚУРБОНШОЕВ

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (23), 2021

Руйхати адабиёт

1. М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. Носири Хусрав. "Заду-л- мусафирин".- Душанбе, 2003.

2. Носири Хусрав. Заду-л- мусофирин. -Душанбе , 2005.

3. Носири Хусрав. Джомеъ- ал- хикматайн.- Душанбе, -2014.

 

[1] М. Диноршоев . Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. Носири Хусрав. Зад ул мусафирин, Душанбе 2003.С. 3

[2] М. Диноршоев .НосириХусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[3] М. Диноршоев .НосириХусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[4] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[5] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[6] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[7] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[8] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[9] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[10] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[11] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[12] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[13] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 12

[14] М. Диноршоев. Носири Хусрав и его наследие. Вступительная статья для кн. НосириХусрав. Задулмусафирин, Душанбе 2003.С. 18

Хондан 2190 маротиба