JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Башар ҳамеша ба инсонҳои бузург, ки бо худсозию худафрӯзиҳо, худкифоягию тавонмандиҳо, талошу такопӯҳо, азхудгузаштану хештандориҳо, ҷасорату хирадмадориҳо, меҳру муҳаббатпарвариҳо, ватанпарастию мардумсолориҳо ва ҷонфидоию фидокориҳо сарнавишти ҷомеаҳоро рақам задаанд, ниёз дошта ва дорад. Муҳимтар аз ҳама, инсонҳои бузург раҳнамо ва ҳидоятгари башаранд ва ба ин далел файласуфи маъруфи олмонӣ Фридрих Нитше дар садаи нуздаҳум пурсиши “Бузургӣ чист?”-ро матраҳ карда, ба ин мазмун --- “Бузургӣ раҳнамоӣ кардан ва роҳ нишон додан аст” посухи хуби фалсафӣ ҳам дода буд. Ин аст, ки бузургон дар ҳар давру замоне бори масъулият ва рисолати ҳидоятгарӣ ва раҳнамоии башарро ҳадафмандонаю содиқона бардоштаанд…
Исми Суҳроб Шарифов солҳост, ки дар муҳитҳои илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ ошност ва бо он ки аз марги ӯ зиёда аз шаш сол сипарӣ мешавад (устод 19 январи соли 2015 бар асари бемории шадид аз ҷаҳон чашм пӯшид), ҳанӯз ҳам дар хотираи соҳибдилон зинда аст. Ҳанӯз ҳам ҷомеаи мадании мо баҳсу талошҳои ӯро дар ростои шинохти манофеи миллию давлатӣ, интиқоди мунсифонаи мушкилоти иҷтимоӣ, баррасии фазои сиёсию мафкуравии ҷумҳурӣ дар ёд доранд. Муҳимтар аз ҳама, устод Суҳроб Шарифов минҳайси сиёсатшинос, донишманд ва фаъоли маданӣ мушкилоти иҷтимоӣ ва масоили миллию давлатиро дуруст дарк мекард ва…
Ҳузур ва нуфузи ҳаракат ва ҷунбишҳои рӯшангарӣ дар ҳавза ва муҳитҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании қаламрави аморати Бухоро боиси тағйиру таҳаввулоти маънавӣ гардид ва бар мабнои мавқеъгириҳои ҷасурона ва дидгоҳҳои тозаю ҷадид раванди озодандешӣ дар минтақа тадриҷан таҳкиму тақвият ёфт. Албатта, зуҳури ҳаракати рӯшангарӣ дар аморати Бухоро, ки бо ҷунбиши маорифпарварӣ тавъам будааст, қабл аз ҳама, ба додуситадҳои мудавоми тиҷорӣ, муколимоти эҷодӣ, мубодилоти фикрӣ ва равобити сиёсию фарҳангӣ бастагӣ дорад ва маҳз дар натиҷаи тиҷорати молу табодули коло ва иртибототи маданӣ фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ тағйир карданд. Аз ин ҷост, ки ҳангоми баррасии масоили маорифпарварӣ…
К 70-летию Национальной академии наук Таджикистана Жить – это не значит дышать, это значит действовать. Не тот человек больше всего жил, который может насчитать больше лет, а тот, кто больше всего чувствовал жизнь. Жан- Жак Руссо Наряду со словами великого французского мыслителя и педагога Жан Жак Руссо весьма уместны мысли, высказанные русским ученым – минералогом А.Е.Ферсманом, что «В мире научных идей, как и всюду в жизни, не сразу побеждают прогресс и истина: нужна борьба за них, мобилизация всех сил, энергия, большая уверенность в правоте и вера в победу».