JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ солҳост, ки дар баробари таҳқиқу тадвин ба эҷоди шеър низ иштиғол меварзад ва маъниофариниро дар қолаби каломи мавзун аз мушаххасоти зиндагии худ медонад. Аз ҷониби дигар, чанд вежагии инфиродии шахсӣ: мутолиаи пайвастаи адабиёти фаровони бадеӣ ва илмӣ-таҳқиқӣ, аз бар кардани ашъори ноби шуарои классику муосир, фаъолияти таҳқиқию таълимӣ, мушоҳидоти тадриҷии ҳаводиси зиндагӣ, бархӯрд бо мушкилоти рӯзмарра ва билохира баҳрабардорӣ аз таҷрибаи рӯзгор устодро ба сатҳи як шахсияти вораста ва варзида расонида, ҷойгоҳи воқеии иҷтимоӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ бахшидаанд.
Ҳамасола баъзе доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ 29 октябрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Куруши Кабир таҷлил мекунанд ва дар ин рӯз, ки ҳамакнун марсум шудааст, чорабиниҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ- фароғатӣ доир мегарданд. Мусаллам аст, ки Куруши Кабир дар таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании форсу тоҷик мақом ва ҷойгоҳи арҷманде дорад ва ба сифати қофиласолори сиёсат ва давлатдории миллӣ муаррифӣ шудаст. Муҳимтар аз ҳама, хонадони Ҳахоманишӣ дар таърихи сиёсӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ақвоми ориёӣ ҷойгоҳи вежа дорад. Ин сулола бо номи Куруши Кабир пайванди зотӣ, мазмунӣ ва мундариҷавӣ дорад. Бо таваҷҷуҳ…
Бо он ки илму фалсафа ва техникаву технология ба таври бесобиқаву суръати кайҳонӣ пеш меравад ва инсон ба авҷи осмон ва қаъри замин даст меёбад, ҷаҳону олами ҳастӣ беш аз пеш ба инсонҳои покизаву самимӣ, ки воқеан, виҷдони ҷомеа маҳсуб мешаванд, эҳтиёҷ пайдо мекунад. Ҳанӯз нимаи дуюми садаи бист бузургтарин равонкови ғарбӣ Эрих Фромм вазъи карахтии фикрӣ, камбуди отифӣ, бетаваҷҷуҳию бетафовутӣ ва беэътиноӣ ба сарнавишти инсониро эҳсос намуда, ба башар муроҷиаткунон гуфта буд, ки дар асри бист башарият ба авҷи кайҳон ва умқи замин даст ёфт, акнун замоне фаро расидааст, то инсон шаваду бас (қавли…
10 октябр ба зодрӯзи файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, шодравон Иброн Шарипов 90 сол пур мешавад. Бо ибтикори Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 8 октябри соли 2021 семинари илмӣ- методиро дар мавзӯи “Саҳми профессор Шарипов Иброн Шарипович дар ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон” бахшида ба 90 - солагии шодравон Иброн Шарипов баргузор гардид.