JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мо, аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” имсол -- таърихи 11 ноябрро ба унвони “Рӯзи навоварӣ” таҷлил мекунем. Ин навъ санасазӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.
10 ноябр зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Ҳафиз Холиқзода мебошад. Ин чеҳраи илму фарҳанги миллӣ дар ҳавзаҳои фикрӣ ва мадании дохилию хориҷӣ ошно буда, солҳост бо мутолеоту ковиш ва пажӯҳишу гузоришоти жарф дар ростои фарҳанги миллӣ заҳмат мекашад. Муқовимат ва мубориза бо ҳар шакли бурузу ҳузури хурофоту ҷахолат, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давондааст, ҳамчунин ҷуръати фошгӯйӣ ва ҷасорати фалсафӣ абъоди муҳимми шахсиятӣ ва ҳувиятии ин рӯшангари миллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафии ҷомеашинос ва файласуфи муосири миллӣ Ҳафиз Холиқзода дар садҳо мақолоти илмӣ ва бавежа, монографияҳои илмии муфассал “Наврӯз: дирӯз, имрӯз…
Имрӯз – 8 ноябри соли 2021 аст ва дӯсту ҳамепешаи ҳувиятшиносу донишманди мо Меҳр Собириён зодрӯз доранд. Ҳамагӣ чанд сол аст, ки бо ин донишманд ва меҳанпарасти воқеӣ ифтихори ошноӣ дорем, вале мисли ин ки як умр ӯро мешиносем. Меҳр фардест, ки қабл аз ҳама, бо дидгоҳи миллӣ, ҷиҳатгирии фалсафӣ, пофишории ихтисосӣ ва мавқеияти илмӣ аз соири дӯстону ҳампешагони мо тафовут дорад ва дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохӯриҳо, нишасту маҳфилҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо ин вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии ӯ, ки самараи заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти мудавоманд, бармало мегарданд.
Таҳаввулоти инсон дар ҷомеа нисбат ба эволютсияи ӯ дар табиат хеле босуръаттар ба амал меояд. Ба он хотир, ки дар таҳаввулоти иҷтимоии худ инсон на танҳо ба узвҳои бадани органикиаш такя мекунад, балки аз кулли олоту воситаҳои ба таври сунъӣ сохтаи худ, аз воситаҳои техникиву технологияҳои гуногун истифода мебарад. Агар возеҳтар таҳқиқ кунем худи ин воситаҳои сунъии сохташуда давоми мантиқии бадани органикии инсон буда, суръати инкишофи онро дар таҳаввулоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ метезонанд, ҳамзамон неруи ҷисмонӣ ва маънавии ӯро чанд маротиба афзун ва сермаҳсул мегардонанд.