JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Инсоният аз замони пайдоиш то имрӯз ба ду ихтисос, яке тиб ва дигаре ҳуқуқ бештар ниёз дорад. Ин ду соҳаи муҳим аз азал то ба ҳол шароити зист ва саломатии мардумро ба танзим дароварда, боэътидол нигоҳ медорад. Дар байни ин ду соҳа низ бештар ба соҳаи тиб афзалият дода мешавад. Чунки агар саломатӣ набошад, дигар самтҳо қадру қимати худро дар назди шахси бемор аз даст медиҳад. Беҳуда нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кормандони тиб, яъне табибонро “Фариштаи наҷот” меноманд.
Мусиқӣ як навъ ҳунар аст, ки тавассути сарояндагӣ, навозандагӣ, овозхонӣ ва ромишгарӣ таҳаққуқ меёбад. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳунар ғаризаи офаридгории инсон дар олами вуҷуд аст ва ҳар камбудеро, ки ў (инсон) дар ҷаҳон эҳсос мекунад, ба василаи ҳунар ҷуброн менамояд. Ба ин маъно, ҳунарманд касест, ки пеш аз дигарон камбуду навоқиси оламро эҳсос мекунад, ҷаҳонро ба тарзи худ меофаринад, бо диди бадеию эстетикӣ рангоранг месозад ва саранҷом маънои наву тоза мебахшад. Ин аст, ки ҳунарманд шахсият аст, шахсияти бинанда, шунаванда ва офаранда. Ба ин маъно, ҳунармандӣ самарабахшӣ ба ҳаёту зиндагӣ аст. Ба қавли…
Биохимия ягона илмест, ки ба ҷараёни мубодилаи химиявии моддаҳо дар ҳуҷайраи организмҳои зинда, аз он ҷумла дар растаниҳо сару кор дошта, моҳияти вобастагии бевоситаи ҳаётро аз ба амал омадани реаксияҳои гуногуни химиявӣ дар организми зинда маънидод менамояд. Дар рушду нумӯи илми биологияи муосир нақши биохимия хело афзалятнок дониста мешавад ва аз комёбиҳои ин бахши илм дар оянда рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ алоқамандии зич дорад.
Сешанбе, 08 Декабри 2020 12:23

Шарқшиноси миллӣ дар муҳити илмӣ

Муаллиф:
(ба муносибати солрӯзи шарқшиноси шаҳири миллӣ, устод Тоҷиддин Мардонӣ) Гузаронидани семинар-машваратҳо бо ҳузури шахсиятҳои варзидаи илму адаби ҷумҳурӣ дар муҳитҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо он ки муддате ин навъ чорабиниҳои илмию эҷодӣ бар асари гирифториҳо ва мушкилоти корию идорӣ мутаваққиф шуда буд ва ё ин ки сатҳӣ ва рӯякӣ доир мешуданд, коргирӣ аз ин усули муассири илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ дар шароити феълӣ машрӯият пайдо мекунад. Чанд соли ахир таҷрибаи гузаронидани маҳфил ва семинар-машваратҳоро, ки бо ҳузури фаъоли донишмандони матраҳи ҷумҳурӣ ва аспирантону магистрону унвонҷӯёни бахшҳои гуногуни илм сурат мегиранд, дар…