JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Дӯст ва донишманди ҷавон, Номвари Қурбон! Шумо аз ҷумлаи ҷавонони пӯёву ҷӯёву тавонои тоҷикед, ки дар ростои манофеи давлатӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ ибтикороти ҷиддие рӯй даст гирифтаед ва дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед.
Устод Назрӣ Асадзода! Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.
(Ончӣ дар базми вуҷуд овардаам донӣ ки чист? Як чаман гул, як найистон нола, як хумхона май.) Вазифаи виҷдони бедори инсонӣ ва рӯшангарии мо он аст, ки хидматҳои арзанда ва мондагори анҷомдодаи ҳар нафарро, бахусус агар ӯ аз наздикон ва ошноёни мост, дар мавридҳои муносиб бидуни ифрот ва тафрит эътироф ва хотирнишон намуд. Дар ҷомеаҳое, ки ҳалқаҳои фаъоли илмӣ ва фалсафӣ вуҷуд дорад, ба тариқи бевосита ин эътирофҳо сурат мегиранд, аммо дар ҷомеаҳои носолим ва бенизом бисёр мешавад, ки шахсиятҳои асили илмӣ, фалсафӣ ва ё сиёсӣ ношинохта, эътирофнашуда ва қадрношуда боқӣ мемонанд. Ин нуқсро метавонанд…
 Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – мутафаккир ва шоири барҷаста дар таърихи афкори дунёи Шарқ як шахсияти нотакрор буда, дар илму фарҳанги мардуми форсу тоҷик, махсусан, фалсафаву ахлоқ, иҷтимоъ ва ирфон саҳми арзанда гузоштааст. Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ, мутахаллис ба Мавлавӣ дар соли 604 ҳ.қ. дар шаҳри Балх, ки яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанги он замон буд, дар хонаводаи аҳли илму адаб ба дунё омадааст.[1] Ӯ баъдан ба Мавлонои Румӣ ва Мавлонои Балхӣ шуҳрат пайдо мекунад, ки ӯро Мавлоно ва Мавлавӣ низ ном бурдаанд.