JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Устод Назрӣ Асадзода! Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.
(Ончӣ дар базми вуҷуд овардаам донӣ ки чист? Як чаман гул, як найистон нола, як хумхона май.) Вазифаи виҷдони бедори инсонӣ ва рӯшангарии мо он аст, ки хидматҳои арзанда ва мондагори анҷомдодаи ҳар нафарро, бахусус агар ӯ аз наздикон ва ошноёни мост, дар мавридҳои муносиб бидуни ифрот ва тафрит эътироф ва хотирнишон намуд. Дар ҷомеаҳое, ки ҳалқаҳои фаъоли илмӣ ва фалсафӣ вуҷуд дорад, ба тариқи бевосита ин эътирофҳо сурат мегиранд, аммо дар ҷомеаҳои носолим ва бенизом бисёр мешавад, ки шахсиятҳои асили илмӣ, фалсафӣ ва ё сиёсӣ ношинохта, эътирофнашуда ва қадрношуда боқӣ мемонанд. Ин нуқсро метавонанд…
 Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – мутафаккир ва шоири барҷаста дар таърихи афкори дунёи Шарқ як шахсияти нотакрор буда, дар илму фарҳанги мардуми форсу тоҷик, махсусан, фалсафаву ахлоқ, иҷтимоъ ва ирфон саҳми арзанда гузоштааст. Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ, мутахаллис ба Мавлавӣ дар соли 604 ҳ.қ. дар шаҳри Балх, ки яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанги он замон буд, дар хонаводаи аҳли илму адаб ба дунё омадааст.[1] Ӯ баъдан ба Мавлонои Румӣ ва Мавлонои Балхӣ шуҳрат пайдо мекунад, ки ӯро Мавлоно ва Мавлавӣ низ ном бурдаанд.
 Устод Нуриддин Шаҳобиддин, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеаи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.