JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ахлоқ яке аз шаклҳои қадимаи фаъолияти маънавии инсон буда, эҳтиёҷ ба мавриди андеша қарор додани муносибати инсон ба инсон ҳанӯз хеле барвақт дар оғози тамаддун пайдо шудааст. Баҳсу мунозираҳои ахлоқӣ ҳанӯз дар аввалин мероси хаттии инсоният ба қайд гирифта шуда, баъзеи онҳо ҳатто хаттӣ сабт низ гардидаанд. Таълимоти ахлоқии Суқрот. Суқрот (469 – 399 то м.) чунин мешуморид, ки инсон аз дигар махлуқот бо рӯҳи худ фарқ карда, дорои қобилияти муҳокимаронӣ буда, дар рафтори худ меъёрҳои одобро риоя менамояд. Ӯ инсонро даъват менамуд, ки нафси худро шиносад ва онро тобеи ақл намояд. Ақидаи Суқрот ба…
Файласуфи миллӣ дар қаламрави фалсафаи озодандешӣ (Номаи шодбошӣ) Устод Нуриддин Шаҳобиддин, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.
Панҷшанбе, 09 Январи 2020 07:56

Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ

Муаллиф:
Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Комил Бекзода) Файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ устод Комил Бекзода имрӯз (9 январ) ба синни 75 мерасанд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бардошта истодааст. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни фосилаю…
Сарварӣ корест мушкил ва агар он дар соҳаи илм бошад, бениҳоят заҳматталаб ва сахт аст. Нафаре аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул мебарояд, ки таҷриба ва рӯҳияи солим дораду ҳамеша дар хизмати софдилонаи халқу Ватани хеш камар бастааст. Қодиров Анвар Саидқулович яке аз чунин ҷавонони пурдон ва ватанпарасти тоҷик аст, ки ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ва навигарӣ мебошад. Ӯ кӯшиш бар он мекунад, ки давлату миллати тоҷикро, чи дар дохил ва чи дар хориҷ бо заҳамоти сирф илмӣ муаррифӣ намояд. Дар бештар аз 20 кишвари ҷаҳон тадқиқот ва таҷрибаҳои гуногун анҷом дода, дар кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон,…
Саҳифа аз 49 то 49