JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 10 Ноябри 2020 05:31

Шахсияти фалсафӣ дар минбари хирадгаройӣ (номаи шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи Ҳафиз Холиқзода)

Муаллиф:

  10 ноябр зодрӯзи марди фалсафа ва рӯшангари миллӣ Ҳафиз Холиқзода мебошад. Ин чеҳраи илму фарҳанги миллӣ дар ҳавзаҳои фикрӣ ва мадании дохилию хориҷӣ ошно буда, солҳост бо мутолеоту ковиш ва пажӯҳишу гузоришоти жарф дар ростои фарҳанги миллӣ заҳмат мекашад. Муқовимат ва мубориза бо ҳар шакли бурузу ҳузури хурофоту ҷахолат, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давондааст, ҳамчунин ҷуръати фошгӯйӣ ва ҷасорати фалсафӣ абъоди муҳимми шахсиятӣ ва ҳувиятии ин рӯшангари миллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафии ҷомеашинос ва файласуфи муосири миллӣ Ҳафиз Холиқзода дар садҳо мақолоти илмӣ ва бавежа, монографияҳои илмии муфассал “Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (маҷмӯаи илмӣ). – Душанбе: Дониш. 2013); “Ҳувияти ҷамъӣ ва шабакаҳои дифоъӣ дар ҷануби Тоҷикистон” (ниг.: Boboyorov Hafiz, Collective Identities and Patronage Networks in Southern Tajikistan. – Berlin: Lit Verlag, 2013. – 296 с.); “Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи  нестӣ дар фалсафи Ғарб” (ниг.: Бобоёров Ҳ. Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи нестӣ дар фалсафи Ғарб. –Душанбе: “Дониш”, 2015. -355 с.)  дарҷ гардидаанд. Доираи  биниш, шеваи ковиш, тариқаи гузориш ва тарзи нигориши Ҳафиз хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.

  Ҳафиз Холиқзода аз овони донишҷӯйӣ сари мавзӯъ ва масоили миллӣ ва фалсафӣ таваҷҷуҳ карда, бо такя ба манобеи дасти аввали илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ раванди рушду инкишофи биниши фалсафӣ ва ҳувияти миллиро дар давра ва мароҳили гуногуни таърихӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода, дар ин замина матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии  ватанӣ  ва хориҷӣ, ҳамчунин дар фазои маҷозӣ пахшу нашр кардааст. Дар сатҳи илмӣ донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва олмонӣ) ва ба ин забонҳо дар муколимоту мубоҳисоти доимӣ будан, ҳамчунин таълиф кардани мақолоту гузоришот ва мутолиботи илмӣ Ҳафизро ба унвони шахсияти матраҳи фалсафӣ дар ҷомеаи урупоӣ муаррифӣ кардааст. Мавсуф то имрӯз дар масири бозҷӯйӣ ва бозшиносии мерос ва арзишҳои гузаштаи миллӣ ва башарӣ ҳадафмандона ва муваффақона гом бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, пайваста дар майдон ва минбари мубоҳисоти фалсафӣ ва илмӣ қарор доштан ба шева ва тариқаи рӯзмарраи зиндагии Ҳафиз Холиқзода табдил ёфтаст ва ӯ хирадгаройиро на ба лиҳози касбу ихтисос, балки минҳайси миссия-рисолат(призвание)-и ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ дониста, дар пайи иҷрои ин рисолат аст.

 Аҳли маҳфили  “Ҷаҳони андеша”, ки Ҳафиз Холиқзода аз нахустин рӯзҳои таъсисёбӣ (соли 1993) узви фаъоли он будааст, зодрӯзи ин ҷомеашинос ва файласуфи варзидаи миллиро шодбош гуфта, барояш тандурустӣ, табъи болида, рӯҳияи созанда, умри дароз ва муваффақияту комёбиҳои илмию эҷодӣ таманно мекунад.

          Бубин, муъҷизаи рӯшангарию илму доноӣ,

          Ниҳода ҷаҳлу нодонию зулмат рӯ ба расвоӣ,

          Куҷо зиштӣ? Замини мост марзу буми зебоӣ,

          Хушо, ин шеваи андешаю ин хомафарсоӣ!

 

   Бо эхтиром ва самимият,

   маҳфили  “Ҷаҳони андеша”

  10 ноябри соли 2020 

Хондан 1071 маротиба