JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 08 Ноябри 2020 08:18

Номи ту бо меҳри меҳан тавъам аст

Муаллиф:

(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириён)

  Имрӯз (8.11.2020) дӯсти донишманду фархеҳта ва фарҳангиву меҳанпарасти мо Меҳр Собириён зодрӯз дорад. Тайи солҳои шиносоӣ ва ҳамкорӣ дар маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар симои Меҳр як нафар меҳанпарасти воқеӣ ва рӯшанфикри асилро дарёфтем, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ бардамона гом бармедораду устуворона қадам мегзорад. Ҳарчанд ки Меҳр ба лиҳози ихтисосӣ иқтисоддон аст, ҳеҷ гоҳ вобасти улуми иқтисодӣ ва молиявӣ набуда ва аз масъулияти баррасӣ ва бозбинии масоили фикрию фарҳангӣ ва рӯшангарии миллӣ сар боз назадааст.

  Ҳамчунин, ин дӯсти донишманд таҷрибаи илмию фаннии кишварҳои пешрафта ва мутамаддини ҷаҳониро дар риштаи иқтисод ва омори миллию фаромиллӣ андӯхта, дар заминаи мушкилот ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ пажӯҳишҳои хуби илмӣ ва ихтисосӣ анҷом медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, масъулиятписандӣ, меҳанпарастӣ ва миллиандешӣ минҳайси вежагӣ ва махсусиятҳои мунҳасир ба фарди Меҳр Собириён хамирмояи шахсиятӣ ва ҳувиятии ӯро ташкил медиҳанд. Аз ин ҷост, ки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони рӯзномаю маҷаллаҳо матолиб ва мабоҳиси ҷолиби ӯро ба таври мудавом, ки ғолибан ба масоили ҳувиятӣ иртибот мегиранд, зиёд мурур мекунанд ва дар робита бо масъалаҳои мавриди ниёз иттилоот ва мадорики зарурӣ касб менамоянд.

   Ростӣ, ҳузури чунин шахсияте дар фазои маҷозӣ ва муҳити фикрию мадании тоҷик боиси ифтихори мост. Аз ин фурсати мусоид истифода намуда, рӯзи мавлуди дӯсти донишманду хушахлоқ ва равшанфикру бедордиламон Меҳр Собириёнро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор, фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори Шумо ва хонаводаатон бошад.

Зодрӯз муборак, Меҳр Собириёни гиромӣ!

Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

8 ноябри соли 2020

Хондан 1034 маротиба