JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 05 Ноябри 2020 10:34

Илму шеър, оре, вуҷуду ҳасти туст

Муаллиф: Нозим Нурзода

(чанд сухан андар муаррифии китоби тозанашри ҷашнии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Пайванди илму адаб”. –Душанбе: Эр-граф, 2020. -348 с.)

 Рӯзи чаҳоруми ноябри соли ҷорӣ, соати 10:00 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китобҳои тозанашри устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Шоирони Мовароуннаҳр” ва “Пайванди илму адаб” баргузор гардид. Маҳфил бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ташаббуси мудирияти Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуд. Дар маҳфил намояндаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саркотиби илмии АМИТ доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшоҳ Искандаров, кормандони Маркази мероси хаттӣ, донишмандону муҳаққиқон, рӯзноманигорону адибон ва зиёиёну фарҳангиёни ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

  Ҳамин тариқ, дар маҳфили рӯнамоии китобҳои тозанашри устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Шоирони Мовароуннаҳр” ва “Пайванди илму адаб” суханрониҳои ифтитоҳии намояндаи Раёсати АМИТ, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшоҳ Искандаров, директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳматкарим Давлатов, ду гузориши илмӣ (гузориши директори Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода “Китоби “Шоирони Мовароуннаҳр” дар ҳукми тазкира” ва маърӯзаи Нозим Нурзода таҳти унвони “Илму шеър, оре, вуҷуду ҳасти туст” (андешаҳо дар атрофи китоби тозанашри ҷашнии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Пайванди илму адаб”),  табрикоти ҳамкорони шоир ва муҳаққиқ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ (Асрори Сомонӣ ва Беҳрузи Забеҳулло) ва мулоҳизоти дӯстону ҳампешагон (аз ҷумла, суханрониҳои доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, академик Кароматулло Олимзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Боймурод Шарифзода, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ, нависанда, адиб ва рӯзноманигори варзида Султонмуроди Одина ва мусиқидону навозанда Сангинбой Қурбонзода) мавриди истимоъ қарор гирифт. Дар зимн, маҳфили рӯнамоӣ ба 50-солагии фаъолияти илмию адабӣ ва 70-солагии адабиётшинос, матншинос, адиб ва шоири миллӣ устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ бахшида шуд.

 Қаблан, адабиётшинос, матншинос, адиб ва шоири миллӣ устод Алии Муҳаммадии Хуросониро ба муносибати 50-солагии фаъолияти илмию адабӣ, 70-умин солгарди умр ва рӯнамоии китобҳои “Шоирони Мовароуннаҳр” ва “Пайванди илму адаб” табрик мегӯям ва хулосаи гузориши  худро таҳти унвони “Илму шеър, оре, вуҷуду ҳасти туст”, ки як навъ муаррифии китоби тозанашри ҷашнии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Пайванди илму адаб” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. -348 с.) мебошад, дар чанд нукта ироа медорам:

  1. Китоби “Пайванди илму адаб” (–Душанбе: Эр-граф, 2020. -348 с.), усулан ҷашнист ва ба ифтихори 50-солагии фаъолияти илмию адабӣ ва 70-солагии адабиётшинос, матншинос, адиб ва шоири миллӣ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ тадвин гардида, аз назари мазмуну муҳтаво, фарогирии иттилоот, зарурати мутолибот, ороишоти техникӣ, сатҳи эстетикӣ, тарҳу муқовабандӣ ва мушаххасоти илмию эҷодӣ ҷолиб ва хонданбоб аст.
  2. Матолиби ин китоби ҷашнӣ дар шаш бахш ё фасл мунсаҷим шудаанд, ки аз қарори зайланд: фасли якум – “Андеша ва меҳрномаҳо” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.5-92); фасли дувум – “Феҳристи осори илмӣ” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.95-154); фасли севум – “Феҳристи осори адабӣ” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.157-166); фасли чаҳорум – “Ҳафт мақола ва ҳафтод ғазал” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.169-302); фасли панҷум – “Нишондиҳандаи алифбоии асарҳо” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.305-318) ва фасли шашум –“Расмҳо ҳикоят мекунанд” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.319-340).
  3. Кори сангини муаллифӣ, мураттибӣ, мусаннифӣ ва фароҳамсозии китобро худи устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба зимма гирифтааст. Устод Хуросонӣ талош кардааст, ки матолиби китобро тавре фароҳам созад, ки барои хонанда на танҳо хастакунанда набошад, балки ҳавсалабарангез иттифоқ афтода, идомати мутолиаро мусоидат намояд. Гузашта аз ин, мураттиб бо ҷо додани нукоти “Нишондиҳандаи алифбоии асарҳо” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.305-318) ва “Нишондиҳандаи ашхос” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.337-340) сатҳи илмӣ ва ихтисосии китобро боло бурдааст. Манзури мо ин аст, ки дар аксари китобу рисолаҳои мунташиршудаи илмию таҳқиқӣ, адабӣ ва публитсистӣ бандҳои “Нишондиҳандаи алифбоии асарҳо” ва “Нишондиҳандаи ашхос” вуҷуд надоранд. Аммо Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ин қоидаи маъмули илмию ихтисосиро, ки дар муҳитҳои таълифию таҳқиқӣ ва интишоротии мо ҳанӯз ҷойгоҳ пайдо накардааст, риоят намудааст.
  4. Дар фасли “Андеша ва меҳрномаҳо” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.5-92) хотира, ёддошт, тақриз ва мақолоту манзумоти донишмандону адибон ва зиёиёни саршиноси миллӣ (аз ҷумла: академик Фарҳод Раҳимӣ, устодон Расул Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Ҷӯрабек Назрӣ, Кароматулло Олимзода, Олимҷон Хоҷамуродов, Зоҳир Аҳрорӣ, Шамсиддини Солеҳ, Фотеҳи Абдулло, Ҳабибулло Раҷабов, Султонмуроди Одина, Пирмуҳаммади Нур) ва соири дӯстону ҳамкорони Алии Муҳаммадии Хуросонӣ гирдоварӣ шудаанд. Аксари ёддошту хотирот, тақризу таманниёт ва дидгоҳу назароти муаллифони ин фасл дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои гуногуни илмию адабӣ ва ҷашнӣ ба табъ расидаанд. Ба ин тартиб, дар фасли “Андеша ва меҳрномаҳо” дастикам 20 нафар донишманд, муҳаққиқ, мунаққид, муқарриз, шоир, нависанда, публитсист, маорифчӣ ва ҳунарманд доир ба шахсияти адабӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва мадании устод Хуросонӣ хомафарсоӣ карда, аз тариқи хотираву ёддошт ва шеъру тақриз дар доираи мушаххасоти ҳувиятӣ, пажӯҳишӣ, таҳқиқӣ, эҷодӣ ва ҳунарии мавсуф изҳори назар намудаанд. Махсусан, овардани тавсифоти адабиётшиноси фақид, академик Расул Ҳодизода, ки дар пешгуфтори маҷмӯаи шеърии “Чашмаи нӯш”(1997)-и Хуросонӣ ба чашм мехӯранд, ба мақсад мувофиқ аст: “...Алии Муҳаммадии Хуросонӣ на танҳо олими варзида, балки шоири хубе ҳам ҳаст. Ва хеле ҷолиб аст, ки ӯ илмро бо шеър ва шеърро бо илм ба ҳам мепайвандад” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.14). Ё ин ки ба дастнависи адабиётшинос ва шарқшиноси маъруф, устоди шодравон Аълохон Афсаҳзод таваҷҷуҳ мекунем, ки ба 25 ноябри соли 1995 рост меояд: “...Асарҳои ӯ (Алии Муҳаммадии Хуросонӣ – Н.Н.)-ро дар Афғонистон, Эрон ва Покистон нашр кардаанд ва соли 1995 дар Нишопур (Эрон), дар маҳфили байналмилалии Шайх Аттори Валӣ, ки уламову удабо ва мусташриқини зиёди ҷаҳон он ҷо ҳузур доштанд, шеърҳои ӯро шунида, ба ӯ Хуросонӣ лақаб гузоштаанд. Алии Муҳаммадӣ шахси кордон, донандаи хуби адабиёт ва шоири хушбаён аст” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.21). Аз ин ҷост, ки илму шеър хамирмоя ва ба истилоҳ, ҳасту буди шахсияти устод Алии Муҳаммадии Хуросониро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ:

    Ин ки шеър андар хирад вобасти туст,

Илму шеър, оре, вуҷуду ҳасти туст.

 Дар маҷмӯъ, ин фасли китоб дар шинохти шахсият ва ҷойгоҳи устод Хуросонӣ дар муҳитҳои адабию илмии миллию минтақавӣ муфид аст.

  1. Дар фасли дувум -- “Феҳристи осори илмӣ” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.95-154) 8 номгӯйи рисолаю монография (С.95), 8 маҷмӯаи шеърӣ (ин маҷмӯаҳои шеърӣ дар имтидоди солҳои 1997-2017 ба табъ расидаанд), ҳамчунин садҳо мақолаву таълифот ва таҳияву тадвиноти устод Хуросонӣ ҷо гирифтаанд. Ин маънои онро дорад, ки устод Хуросонӣ аз ҷумлаи пуркортарин шахсиятҳои илмӣ ва адабии минтақа ба шумор меравад (таваҷҷуҳ шавад ба саҳифаҳои 95-159).
  2. Дар фасли чаҳорум – “Ҳафт мақола ва ҳафтод ғазал” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.268-302), ки аз фаслҳои калидии китоб маҳсуб меёбад, Хуросонӣ шумораҳои миқдории “ҳафт” ва “ҳафтод”-ро ҳадафмандона интихоб намудааст. Албатта, устод дар ин фасл ба суннат ва анъанаҳои гузаштаю муосири нашри китобу расоил, ки бевосита бо ишора ба теъдоди мақолоту таълифот иртибот доштааст, пайравӣ карда (барои намуна, ба ин маҷмӯаи илмӣ таваҷҷуҳ мекунем: Шарифзода, Худоӣ. Сездаҳ мақола. –Душанбе, 2013. -271 с.), дар доираи ин тарзи тартиббандӣ ва бо равише дигаргуна фасли вежае таҳти унвони “Ҳафт мақола ва ҳафтод ғазал” навсозӣ кардааст. Ин аст, ки устод Хуросонӣ аз хилоли мақолоти мутааддид танҳо 7 мақолаи мавриди писанд ва таваҷҷуҳашро, ки дар миёни солҳои гуногун таълиф гардидаанд, ҷудо ва шомили ин фасл кардааст. Дар ин шумор мақолаҳои “Имом Абӯҳанифа бо андешаҳои ҷомеасоз” (С.169-179), “Рӯдакии суханвар ва шеъри ҳидоятгари ӯ” (С.180-192), “Одоб ва ҳунари номанигорӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (С.193-217), “Гаршоспнома” пайравӣ аз “Шоҳнома” ва андешаҳои волои он” (С.218-234), “Зан ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа аз диди Фаридуддини Аттор” (С.235-243), “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва тафаккури ахлоқӣ” (С.244-252) ва “Матншиносии тоҷик ва таҳаввули он дар 50 соли ахир” (С.253-267) аз нигоҳи сабку салиқаи илмӣ ва ҳунарӣ ҷолибанд. Аз ҷумла, устод Хуросонӣ дар мақолаи “Одоб ва ҳунари номанигорӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” ба таври куллӣ, доир ба мазмуну мундариҷоти 120 номаи “Шоҳнома” (С.196) маълумот дода, мушаххасот ва вежагиҳои номаҳоро дар бастагӣ бо замон ва шароити хосси номанигорӣ бозгӯ мекунад (С.193-217). Зимнан, муҳаққиқ дар ҳаммуаллифӣ бо устод Ҷӯрабек Назрӣ дар заминаи мазмуну мухтасоти номаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ монографияи муфассале таҳти унвони “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома” ба хатти форсӣ таълиф ва чоп кардааст (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ ва Назрӣ, Ҷӯрабек. Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома”. –Теҳрон: Орван, 2020. -200 с.).
  3. Ҳафтод ғазали фасли чаҳорум – “Ҳафт мақола ва ҳафтод ғазал” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Пайванди илму адаб. –Душанбе: Эр-граф, 2020. С.268-302) мавзӯоти гуногунро фаро мегиранд ва тавассути мутолиаи ин навъ ғазалҳо диққати хаёл, вусъати андеша, ҷанбаҳои ҳунарӣ ва отифии шеъри шоир ошкор мегардад. Хуросонӣ ҳаргиз накӯшидааст, ки шеърашро бо малобиси хосси ҳунарӣ ва рамзу истиороту маҷоз мураккабу мубҳаму печида созад. Баръакс, дар кулли ашъор, минҷумла ғазалиёташ аз мавзӯот, тасвирот ва тавсифоти ба зеҳни хонандаи имрӯзӣ наздик кор мегирад. Ин аст, ки устод ҳамчун шоири иҷтимоӣ дар ҷомеаи мадании мо мақом ва ҷойгоҳ пайдо кардааст. Аз тарафи дигар, ғазалиёти шоир мазмунҳои баланди иҷтимоӣ доранд ва ҳолати равонии шоирро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ ифода менамоянд. Масалан, ғазали нахустини ин бахш (бахши ҳафтод ғазал – С.268-302), ки баҳори соли 1993 навишта шудааст, баёнгари зиндагипарастӣ ва муҳаббатсолории шоир аст:

Бо мутрибу май биншин дар базми каломи мо,

   Бо меҳру муҳаббат о, ойӣ ба саломи мо...(С.268)

  Ва дар баробари ғазалиёте, ки аз сатҳи баланди диққат ва эҳсосоту отифати шоир гувоҳӣ дода, хушҳолию болидахотириро тараннум мекунанд, ғазалҳое дучор меоянд, ки авзои фалокатбори замони ҷанги ҳамватаниро, ки бар асари ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофапарастии як идда аз ҳаммиллатони қудратталабу фурсатшиноси мо иттифоқ афтода буд, инъикос менамоянд. Табиист, ки шоир аз он вазъи ноҷур (замони даргириҳои ибтидои солҳои навадуми асри бист дар назар аст) ба танг омада, ба ин шева садои эътирозу интиқод дардодааст:

 Ғуруру исмату покӣ надорам ҷустуҷӯ ин ҷо,

Ки ҳар ду рафта андар чоҳи нокомӣ фурӯ ин ҷо.

Худовандо, ба ноаҳлии ин мардум чӣ мегӯям,

Зи як қавманд, аммо душманони рӯ ба рӯ ин ҷо... (С.269)

  Ҳамчунин ғазали “Ҳамқалам”, ки баҳори соли 1993 иншо шуда, ба мавзӯи ҷанги дохилӣ, кашмакашу даргириҳои бемаънӣ ва иштибоҳоти табақоти иҷтимоӣ рабт дорад, аз ҷумлаи ғазалҳои ҷиддӣ ва муассири устод Хуросонӣ маҳсуб меёбад:

          Ай ҳамқалам, бо сад алам аз дарди ҳиҷрон қисса кун,

       Аз мардуми гумкардараҳ, хотирпарешон қисса кун.

 Аз зиндаи дур аз Ватан, аз мурдаи гулгункафан,

                     Аз душмании ман ба ман бар насли инсон қисса кун...(С.293)

    Бад-ин минвол, устод Хуросонӣ минҳайси муҳаққиқ ва шоир тавассути ин навъ тартиббандиҳои илмию адабӣ (манзур тартиббандии ҳафт мақола ва ҳафтод ғазал аст) мароҳили ташаккулу таҳаввули илмию адабию ҳунарии шахсияти худро ба намоиш мегузорад ва довталабона доварӣ ба сатҳу сифати таълифот ва завқу салиқаи соҳиби китобро бар уҳдаи доираи васеи хонандагон вомегузорад.

  1. Устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ донишманд, матншинос ва шоири заҳматкаш, масъулиятшинос, пуркор ва сермаҳсул аст ва маҳз махсусиёти корӣ, идорӣ, ташкилӣ, илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва мадании ӯро ба назар гирифта, мақомоти давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, фарҳангсароҳои дохилию хориҷӣ бо ҷоизаю мукофотҳои зиёде қадрдонӣ кардаанд, ки номгӯйи мукофоту ҷоизаҳои устод дар ин китоби ҷашнӣ (манзур китоби “Пайванди илму адаб” аст) феҳриствор оварда шудаанд (С.91-92). Пуркорӣ, сермаҳсулӣ ва заҳматталабии худро устод Хуросонӣ дар ин шоҳбайташ “Нону оби нахӯрда кам мондаст, Корҳои накардаам бисёр” хеле зебо ва нишонрас баён кардааст. Мунтаҳо, устод “садои вақт”-ро дар тӯли умри бобаракати худ пайваста шунида, бар ин мабно тасмимоти ҷиддии иҷтимоӣ, илмӣ, адабӣ ва эҷодӣ мегирад. “Вақт” ба унвони довари зиндагӣ ҳамеша устодро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷодаи татбиқи аҳдофу барномаҳои ҷиддии илмию эҷодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гомҳои устувор бардорад ва умрро ба беҳуда сипарӣ накунад. Ба ин далел устод Хуросонӣ се сол муқаддам маҷмӯаи шеърии навбатиаш (маҷмӯаи ҳаштуми шеърӣ)-ро бо номи “Садои вақт” (ниг.: Хуросонӣ, Алии Муҳамадӣ. Садои вақт (Мунтахаби ашъор. –Душанбе: Адиб, 2017. -228 с.) мунташир кард.
  2. Насли Хуросонӣ, махсусан ҳамсабақони донишгоҳии устод, бо шумули доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Восеъ, ҷамоатчӣ, шоир, адиб ва рӯзноманигори варзидаи сермаҳсул устод Султонмуроди Одина, доктори илмҳои филологӣ, профессор Давлатбеки Ҳоҷӣ, авестошиноси шинохта устод Бобоназари Ғаффор, матншинос Маҳмадёри Шариф, адабиётшинос Шамсиддин Нуриддин, ношир ва матбуотчӣ Одина Ҳомид, шодравон Ҷумъахон Икромов, ровии машҳури радиоӣ ва телевизиони миллӣ Абдурашид Хуҷамқулов, собиқ сармуҳаррири маъруфи нашриёти “Ирфон” равоншод Абдураҳмон Олимов, шодравон Қурбоналӣ Ҷаббор, Боймирзо Шокир, шодравон Фахриддин Неъмат, Асаддуло Шомат, Пирмуҳаммади Нур ва Саъдулло Шариф (ин ду нафари ахирӣ ҷамоатчӣ, маорифпарвар ва зиёӣ дар ноҳияи Панҷ кору фаъолият мекунанд) ва дигарон ҳамеша дар хидмати халқу ватан буда, баҳри рушду нумуи кишвар саъю талош карда ва мекунанд. Чи дар шаҳру марказҳо ва чи дар музофоту деҳот ин насли сазовор баҳри амалӣ намудани барномаҳои сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ заҳмату талош мекунад ва дар тарғиби сиёсати миллию мадании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузорад. Дар ҳақиқат, ин насл, ки умри азизи хешро сарфи хидмат ба илму маориф, сиёсату давлатдорӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт карда, ҳанӯз ҳам дар хидмати миллату меҳан қарор доранд, сазовори ифтихор, пайравӣ ва эҳтироманд. Порашеъри зайлро ба насли Хуросонӣ ва ҳамсабақони донишгоҳии ӯ мебахшам:

Насле, ки бори хидмати миллат кашад мудом,

Насле, ки дар талошу такопӯст бардавом,

Насле, ки бо тавону хирад ёфта мақом,

Насле, ки ҳаст дар пайи номусу нангу ном,

Насле, ки аз барои хирад мекунад қиём,

Насле, ки баҳри ҳифзи Ватан теғ аз ниём

 Бармекашад, зи аҳли адӯ гирад интиқом,

Эй насли интизом,

Бозовари паём,

Дар байни хосу ом,

Мобайни издиҳом,

Соҳиби эҳтиром,

Боистаи киром,

Шоистаи мақом!

       

Нозим Нурзода,

        пажӯҳишгар

Хондан 992 маротиба