JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Октябри 2020 07:03

Ҳамқисмати илму эҷод

Муаллиф:

(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, матншинос, шоир ва зиёии миллӣ устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ)   

 Устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ,

   Солҳост, ки Шумо дар баробари таҳқиқу тадвин ба эҷоди шеър низ иштиѓол меварзед ва маъниофариниро дар қолаби каломи мавзун аз мушаххасоти зиндагии худ медонед. Аз ҷониби дигар, чанд вежагии инфиродии шахсӣ: мутолиаи пайвастаи адабиёти фаровони бадеӣ ва  илмӣ-таҳқиқӣ, аз бар кардани ашъори ноби шуарои классику муосир, фаъолияти таҳқиқию таълимӣ, мушоҳидоти тадриҷии ҳаводиси зиндагӣ, бархўрд бо мушкилоти рўзмарра ва билохира баҳрабардорӣ аз таҷрибаи рўзгор Шуморо ба сатҳи як шахсияти вораста ва варзида расонида, ҷойгоҳи воқеии иҷтимоӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ бахшидаанд.

  Таҳқиқ ва шеъргўйӣ дар рўзгори Шумо ба унвони имтиёзи зиндагӣ шинохта мешавад ва вуҷуду ҳузури худро бидуни ин ду ҷавҳари маънавӣ ва эстетикӣ тасаввур карда наметавонед. Воқеан, зиндагиро ин ду ҷавҳар маънои тоза мебахшанд ва рангорангиро ато мефармоянд. Ба ин маъно, Шумо, бегумон, бо шеъру таҳқиқ ва илму эҷод ҳамқисмат ҳастед. Хонандагони тоҷик тавассути мутолиаи таълифоти илмию таҳқиқии Шумо, минҷумла рисолаи “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (дар ҳаммуалифӣ бо Ҷӯрабек Назрӣ), маҷмӯаҳои мақолоти “Меҳру Муштарӣ” ва “Ҷозибаи калом” доир ба масъалаҳои муҳимми адабу фарҳанги миллӣ иттилооти нофеъ ба даст меоваранд.

  Нуктаи дигар ин аст, ки Шумо калидвожаи “Хуросонӣ”-ро ба сифати тахаллуси шоирӣ бидуни ҳадаф интихоб накардаед. Интихоби ҳадафмандонаи ин тахаллуси адабӣ ба маънои он аст, ки Шумо, воқеан, аз соҳат ва ҳавзаи шеъру адаби Хуросон намояндагӣ мекунед. Маҷмӯаҳои ашъори Шумо, ки таҳти унвони “Чашмаи нӯш” (1997), “Майи гулгун” (2002), “Насими тавҳид” (2004), “Вусъати ишқ” (2009), “Шукуфаҳои сабзи баҳор” (2010) ва “Садои вақт” (2017) чоп шудаанд, аз табъи баланди шоирӣ ва ҳунари отифиатон дарак медиҳанд.

  Афзун бар ин, хизматҳои  илмӣ-таҳқиқии Шумо  дар самти таҳия ва ба чоп омода намудани матнҳои илмӣ-интиқодии осори адибони классикии форсу тоҷик  сазовори таҳсину офаринанд. Маҳз бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Шумо мероси бузурги адабию эҷодӣ, аз ҷумла  “Девони ашъор”-и Рӯдакӣ, “Шоирони Мовароуннаҳр”, “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Илоҳиннома” ва “Девон”-и Шайх Аттори Нишопурӣ, “Рубоиёт”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Куллиёти форсӣ”-и Муҳаммад Иқбол, “Девони Кабир”-и Ҷалолуддини Балхӣ, Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ, “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва амсоли инҳо ба табъ расида, ба дӯстдорону ихлосмандони илму адаби миллӣ пешкаш гардиданд, ки ин хидмати андак нест.

  Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо, ки ба синни мубораки 70 расидаед, дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ ва тавону қудратмандии илмию эҷодӣ таманно мекунем.

  Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод!

Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 29 октябри соли 2020

Хондан 1120 маротиба