JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 23 Октябри 2020 12:26

Файласуфи миллӣ ва муҳити фарҳангӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(чанд андеша дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон)

 Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, он чи ки имрӯз дар миёни насли ҷавон ва умуман, миёнсолону солмандон ҷиддӣ эҳсос мешавад, буҳрони ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ ва илмӣ аст. Аз ҷониби дигар, дар рафъи мушкилот ва буҳронҳои фикрию маданӣ нақши маҳофили илмию фалсафӣ, ки бо ҳузури фаъоли файласуфону муҳаққиқони миллию ватанӣ  доир мегарданд, калидӣ аст.

 Бо таваҷҷуҳ ба ин, 23-юми октябри соли ҷорӣ, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо семинар-машварати илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Файласуф ва муҳити фарҳангӣ” (ба муносибати фаъолияти илмию эҷодӣ ва мадании файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ, доктори илми фалсафа, устод Комил Бекзода) бо ҳузури доираи васеи донишмандону муҳаққиқон баргузор гардид. Дар семинар-машварат, ҳамчунин ҳамкорон, ёру дӯстон, ҳамсабақони устод Комил Бекзода ва магистрони шуъбаҳои гуногуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. Семинар-машваратро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ ифтитоҳ карда, ҷойгоҳи  устод  Комил Бекзодаро дар муҳити фикрӣ, ҳавзаҳои илмию фалсафӣ ва фазои адабию мадании тоҷик назаррас арзёбӣ намуд. Баъдан файласуф ва равшанфикри миллӣ, устод Комил Бекзода дар мавриди нақши файласуф ва равшанфикр дар ҷомеа ва таъсири шеъру андеша (адабиёт ва фалсафа) дар муҳитҳои иҷтимоӣ гузориши иҷмолии ихтисосӣ дод.

 Баъдан донишмандону муҳаққиқони муосири миллӣ, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Маҳмадалӣ Музаффарӣ, доктор Нуриддин Шаҳобуддинов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, номзади илмҳои филологӣ, ховаршиноси маъруф Ғиёсиддин Қодиров, ҳуқуқшиноси варзида Файзи Олӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибуллоҳ Раҷабов, равшанфикр ва адабиётшиноси варзида Ҷамолиддин Саидзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Муллоаҳмадов ва дӯст ва ҳамхизмати устод Бекзода Сайфуллоҳ Солеҳов суханронӣ карда, шахсият ва симои воқеии файласуф ва равшанфикри миллӣ, устод Комил Бекзодаро барои  аҳли нишаст, бахусус насли ҷавон бозгӯ намуданд. Дар ҷараёни суҳбату суханрониҳо, ки ба таври табиӣ ва самимӣ сурат гирифт, мушаххасоти ҳувиятӣ, ахлоқӣ, илмӣ, фалсафӣ, маданӣ ва эҷодии устод Комил Бекзода аз забони дӯстону ҳамкорон ва шарикдарсону донишмандон ироа гардид. Дар доираи суханрониҳо, лаҳазоти ширини зиндагии устод аз диди гузоришгарон матраҳ гардид, ки аз манфиат орӣ набуд. Бахусус, ёддошту хотироти гузоришгарон дар заминаи шахсият ва вежагиҳои ахлоқию ҳувиятӣ ва илмию эҷодии устод Комил Бекзода ба семинар-машварати илмию фарҳангӣ ҳусни тоза зам намуд. Мо ҳам, ки хушбахтона, ифтихори шогирдӣ ва ҳамкории  устод  Бекзодаро дорем, таъкиди чанд нуктаро зарурӣ медонем.

  Якум. Марҳилаи аввали ошноии ғоибонаи мо бо устод Комил Бекзода ба соли 1990  иртибот мегирад. Ба ин маънӣ, бо исми файласуф ва донишманди муосири миллӣ, устод Комил Бекзода соли 1990 тавассути муаллими мактаби миёнаамон, устоди зиндаёд Аҳтамшоҳ Авезов (шодравон фориғуттаҳсили Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин  (ҳозира ДМТ) буда, ҳанӯз дар овони донишҷӯйӣ бо тахаллуси “Бӯрӣ” дар рӯзномаи “Ба қуллаҳои дониш”-и Донишгоҳ шеърҳо интишор медод. Устод Аҳтамшоҳ Авазӣ, ки 25 августи соли 2006 аз дунё даргузаштанд, яке аз омӯзгорон, донишмандон, равшанфикрон ва чеҳраҳои саршиноси музофотӣ ба шумор рафта, шарикдарси устод Бозор Собир буданд. Ёдашон гиромӣ бод!) ошно шудам. Устод Авазӣ зимни суҳбатҳои беруназдарсӣ, гоҳо барои мо-муҳассилини вақти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи мақолоти Комил Бекзода, ки дар Маҷаллаи бонуфузи замон “Илм ва ҳаёт” мунташир мешуданд, маълумот медод. Ҳатто баъд аз он ки донишҷӯ шудем ва ҳангоми таътилоти зимистонаю тобистона ба деҳот мерафтем, устод Авазӣ аз авзои илмию фарҳангии пойтахт пурсон шуда, номи  Бекзодаро ба забон меовард ва исрор меварзид, ки таълифоти файласуфро дар матбуоти даврӣ пайгирӣ кунем.

  Дувум. Марҳилаи дуюми ошноии аланӣ бо шахсияти воқеӣ ва навиштаҳои ин файласуфи овозадор ба давраи донишҷӯйии мо рост омад. Дар самти ошноӣ бо шахсияти устод Бекзода саҳми шарикдарсони банда, аз ҷумла файласуф Нуриддин Шаҳобуддин, ки имрӯз шахсияти матраҳи илмӣ ва фалсафӣ мебошад, бузург аст. Ҳамин тариқ, охири моҳи декабри соли 1994 шарикдарсам Нуриддин Шаҳобуддинов маро ба маҳфил даъват намуд (шарикдарсони ҳувиятшиноси мо – Нуриддин, Ҳафиз, Усмон ва Абдуссабур соли 1994 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) маҳфили “Зиндарӯд” таъсис дода, дар доираи он масоили муҳимми адабӣ-бадеӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва фалсафиро матраҳ менамуданд) ва қабл аз шурӯи маҳфил бо устод Комил Бекзода шиносам кард. Ман, ки баҳона пеш меовардам, то аз маҳфил рад шавам, бо як дидани устод Бекзода ва суҳбати муқаддамотӣ маҷзуби муоширати самимӣ ва илтифоти инсонии ӯ гардидам. Ҳамсабақам Нуриддин низ, қаблан ишора карда буд, ки танҳо як маротиба бо устод суҳбат кун, дигар ихтиёран ба маҳфил ҷалб мешавӣ. Баъди суҳбати кӯтоҳи муқаддамотӣ гуфтаи Нуриддин комилан тасдиқ шуд ва мисли ин ки устодро як умр мешинохта бошам, бо ӯ самимона (монанди одами худӣ) гуфтугӯ кардам. Исрори Нуриддин барои ҷалби ман ба маҳфил ва шиносоӣ бо устод Бекзода то имрӯз бароям чун “туҳфаи арзишманди зиндагӣ” боқӣ мондааст ва дар ин бобат аз шарикдарси донишмандам якумрӣ миннатдор ва сипосгузорам. Идомаи қисса ин аст, ки гузориши устод Бекзодаро дар мавзӯи “Мақоми инсон дар тасаввуф” бо таваҷҷуҳ ва ихлоси тамом шунидем. Устод як байтро бад-ин шакл: «Мо намегӯем, ки чизе нест ѓайри ошиқӣ, Ҳаст чизи дигаре, аммо намедонем мо» дар тахтаи дарсхона навишта, бар мабнои он дар мавзӯи тасаввуф, ки то имрӯз дар ҳавзаи илмию адабии мо матолиби калидии баҳсҳои адабӣ, фалсафӣ ва фарҳангии даврро дар худ таҷассум месозад, хеле табиӣ ва роҳат, бидуни такаллуфу таоруфи зиёдатӣ, ҳудуди зиёдтар аз ду соат суҳбат кард. Суҳбат ва гуфтугӯи озод ва табиии устод моро шигифтзада намуд, чаро ки то ин замон мо суҳбату баромадҳои расмиро медидем, ки дар онҳо, беш аз пеш ҷиддияти гузоришгар намоён мешуд ва матолиби илмӣ дар доираи таоруфоти расмӣ сурат мегирифт. Аммо бар хилофи ин гуна таоруф ва расмиёти илмӣ-идорӣ, мо шахсиятеро дидем, ки дар доираи мабоҳиси илмӣ-фалсафӣ суҳбати ҷолиби ихтисосӣ, гуфтугӯйи самимона, илтифотомез ва ҳувиятбарангези фалсафӣ анҷом медод. Ман, ки ин гуна суҳбатро аввалин бор мешунидам, бегумон, шефтаю мафтуни гуфтори ширин ва ишороти зарифи устод гардидам. Дар ҷараёни суҳбат матолиби дигари динӣ, ирфонӣ ва фалсафӣ, ки мо, аслан аз онҳо воқиф набудем, ба доираи баҳс кашида шуд ва аз ин тариқ иттилооти бештар сари масоили илмӣ-фалсафӣ касб намуда, сатҳи огоҳию бедории фикриамон боло рафт. Тайи зиёда аз ду соати суҳбат ман, барои нахустин маротиба “инсони комил”-ро, ки дар тасаввуф  сатҳӣ омӯхта будам ва дар доираи осори ирфонӣ ва осмони илоҳӣ тасаввураш менамудам, дар пеши худ, бо чашми сар бидидам. Баъди анҷом ёфтани маҳфил бо устод чанд калимае бо ҳам радду бадал кардем ва дар зеҳну тафаккурам, ки хеле сода ва примитив буд, як таѓйироти куллии фикрӣ эҳсос намудам, ки онро ба истилоҳ, “бедории ибтидоии фикрӣ” меноманд. Чун дар ҳолати равонию фикриам ноаён таҷаддуд ва таҳаввул эҳсос кардам, рамузи ишораи файласуфонаи қаблан ёддошткардаам “Философия изменяет человека незаметно” (Фалсафа инсонро номаълум таѓйир медиҳад)-ро пай бурдам. Он дидори нахустин ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам намеравад ва борҳо, чи дар суҳбатҳои алоҳида ва чи дар гуфтугӯҳои маҳофил ва ҷараёни тадрис таъкид кардаам, ки ҳамон суҳбати дусоатии устод Бекзодаро, агар мунсифона дар мизон бо панҷ-шаш соли таҳсилам дар донишгоҳ баркашем, гаронарзиштар аст ва имрӯз ҳам бар ин назар устуворам.

  Севум. Бояд тазаккур дод, ки устод Бекзода аз бомдоди бедории фикрӣ то ба имрӯз дар масири адабӣ-бадеӣ (офаридани шеър), фалсафӣ (омӯзиш ва таҳқиқи илмии масоили умдаи фалсафӣ), таълимӣ (тадриси фанҳои фалсафӣ дар макотиби олӣ), тарҷумонӣ (аз арабӣ тарҷумаи мутуни фалсафии мутафаккирону файласуфони ғарбию шарқӣ), таҳиягарӣ (таҳияи осори фалсафӣ дар матбуоти даврӣ) довталабона ва муваффақона гом бармедорад. Аз ҳама муҳим, устодро дар доираҳои илмӣ, ихтисосӣ, фалсафӣ, адабӣ ва иҷтимоӣ ба унвони “файласуф ва равшангари миллӣ” мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Аз замони наврасӣ то инҷониб бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ дошта, доир ба мавзӯоти гуногуни фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва маданӣ матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор медиҳад.

  ЧаҳорумУстод Бекзода шахси ташаббускор ва фидоии роҳи илму фалсафа аст. Ҳанӯз соли 1993 авзои буҳрони фикрӣ ва фалсафиро пай бурда, устод Комил Бекзода бо ташаббус ва ибтикори инфиродӣ дар назди Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (имрӯза Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-ро таъсис дод. Устод ба хотири коҳиш додани халои фарҳангӣ ва эҷодӣ, ки ҷомеаи тоҷикӣ дар ибтидои солҳои навадум ба он мувоҷеҳ гардида буд, ин иқдомро роҳандозӣ намуд. Минбаъд дар кори маҳфили устод, ки ҳафтае як маротиба дар Институти фалсафа (рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта) доир мешуд, ширкат меварзидем ва дар имтидоди бисту шаш  соли шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо ин шахсияти вораста, муҳаққиқу донишманди варзида, файласуф ва равшанфикри миллӣ донишу тасаввурот ва бинишу андешаи мо тадриҷан таҳкиму тақвият ёфт. Устод, мувофиқи савқу салиқа ҷиҳати ташаккул, такмил ва тақвият ёфтани донишу биниши мо китобу сарчашмаҳои адабӣ-бадеӣ, таърихӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бароямон медод ва мутолиаи маводи мазкур, ки дар шароити онрӯза, аксаран нодир ва камёфт буданд, дар таҳаввули андеша ва биниши мо нақши калидӣ доштанд. То имрӯз устод ин корро иҷро менамояд ва бедареѓ ба китобдӯстону алоқамандони илму фарҳанг хидмат мекунад. Қатъи назар аз он ки шумори иштирокчиёни маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод ҳеҷ гоҳ зиёд набуд, он дар муддати бисту шаш сол тавонист, дар рангоранг гардидани фазои илмӣ, фалсафӣ, иттилоотӣ, эҷодӣ ва билохира фарҳангии ҷумҳурӣ саҳм бигирад. Як муддат (солҳои 1998-1999) маҳфил таҳти мудирияти устод Бекзода ҳар ҳафта рӯзи сешанбе, соати 14:00 дар Шабакаи радиоии “Садои Душанбе” мустақиман пахш мешуд. Аъзои фаъоли маҳфил дар тӯли ин солҳо, ҳам аз тариқи расонаҳои хабарию матбуоти даврӣ ва ҳам аз тариқи телевизиону радио доир ба мушкилот ва масоили фикрӣ, ақидатӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва раванди ҳувиятсозиву бедории фикрӣ баромад намуда, рисолати илмию эҷодии худро ҳамчун равшанфикр дар ҷомеа адо карданд ва имрӯз низ дар ин пайроҳаи мушкилписанд гомҳои сазовор бардошта истодаанд. Ҳамаи ин самараи кори як файласуфи рӯшангари миллӣ аст, ки бо исми Комил Бекзода дар муҳити фарҳангии мо шинохта шудааст.

  Панҷум.  Аз соли 1971 шурӯъ намуда, озодандешӣ ва ҳувиятшиносӣ ба сифати мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ дар давра ва мароҳили минбаъдаи зиндагии инфиродии устод Комил Бекзода меъёри кору фаъолият қарор гирифта, ин иқдом то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома дорад. Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонӣ ва паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ-таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст ва бо тамоми масъулият метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст. Хатти марказии осори таҳқиқӣ ва фалсафии устод Комил Бекзода (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба: Саҳифаҳо аз таърихи озодандешӣ (дар ҳаммуаллифӣ бо Мирбобо Мирраҳимов). - Душанбе: Дониш, 1987. - 36 с.; Паёмбарони фарҳанги мо. Ҷилди аввал. - Душанбе: Нодир, 2000. - 124 с.; Гурез аз Хайём. - Душанбе: Нодир, 2002. - 136 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи марг бо зиндагӣ. // Шоҳроҳи Ваҳдат. - Душанбе, 2001 (дар шаш шумора); Аз таърихи худшиносии тоҷикон. - Душанбе: Дониш, 2006. - 149 с.; Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. - Душанбе: Дониш, 2012. - 433 с.; Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ. Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”, 2015. 651 с.; Шуубия: диссиденты средневекового ислама. Душанбе: “Издательство Дониш”, 2017. 395 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон). –Душанбе:  МН «Дониш», 2019. -199 с). рӯйи меҳвари озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ чарх мезанад. Ҳамчунин мақолоти зиёди устод, ки дар рӯзномаву маҷаллоти замони Шӯравӣ ва матбуоти даврии давлатӣ ва мустақили замони истиқлол интишор ёфтаанд, ба муҳимтарин масоили фалсафӣ, ки марбути озодию истиқлоли фикрию равонии миллианд, ихтисос ёфтаанд.   

  Шашум ва охирон.  Бешубҳа, мо дар симои устод Комил Бекзода файласуфи воқеӣ, инсони шариф, наҷиб, рӯшангар, инсонсолор, хирадпараст, на материалист ва на идеалист, балки реалистро дидем. Маҳз бо чунин файласуфону равшанфикрон ҷомеаи моро дар муҳитҳои миллӣ ва фаромиллӣ мешиносанд ва вуҷуди ин гуна шахсиятҳо бурди миллати тоҷик аст. Аз фурсат истифода бурда, ба устод Комил Бекзода дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, осоишу устуворӣ, шӯхтабъиву болидарӯҳӣ, ҷуръату ҷасорати наву тозаи илмию эҷодӣ таманно менамоем.

Нозим Нурзода

Хондан 1193 маротиба