JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 23 Сентябри 2020 15:25

Устод Гулназар: рўҳи моро назанад зулмати шаб!

Муаллиф: Бузургмеҳри БАҲОДУР
   Гулназар. Бо ин ном мо – кўдакони рустоӣ дар соли 1999 шинос шудем. Пироҳани нав бар тан, гулдаста дар каф, ғунчаи табассум дар лаб, ҷузвдони пур аз дафтарҳо дар китф нахустинбор по ба остонаи дабистон ниҳодем. Як гурўҳ хонандагони синфҳои болоӣдар маҳфили «Занги аввалин», ки он солҳо расм буд, пеш аз он ки Суруди миллиро сароянд, бо як овоз гуфтанд: «Шеъри Гулназар Келдӣ, оҳанги Сулаймон Юдаков». Баъд оғоз ёфт он суруде, ки миллатро ваҳдат бахшида:
   Диёри арҷманди мо,
   Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод!..
   Мо пеш аз ин тавассути садову симо ин суруди ошноро шунида будем, аммо дар дабистон фаҳмидем, ки муаллифи ин сатрҳои оташин устод Гулназар ҳастанд.
   Дар рўзи дониш китоби Афлифборо байни мо тақсим карданд. Сафҳаи аввали ба муқова пайвандро дидам, ки боз ҳам матни Суруди миллӣ сабт аст. Ман, ки камобеш ҳарфро ба ҳарфҳо ҷанг андохта хонда метавонистам, бо ақли кўчак дарк кардам, ки ин шеър чӣсеҳре дорад, зеро ҳама кору гап бо он оғоз мешавад…
Ёздаҳ сол бо як овоз ҳамин суруди ба дил азизро сароида бузург шудем. На танҳо Алифбо, балки бештари китобҳои фаннӣбо ҳамин шеър шурўъ мешуданд. Бо ҳисси кунҷковӣ ҳар гоҳ ба худ савол медодам: ҳамин шеър чаро ба дил намезанад, дар ҳама маҳфилу чорабинӣ, садову симо, гузаштҳои ҳарбӣ, мусобиқоти варзишӣ, ҷашнҳои бузург садо медиҳад ва дар китобу китобчаҳо, журнали синф, рўзнома ва ҳатто дар гўшаи синфиву овезаҳои дигар сабт асту боз ҳам азиз аст?
Чун камобеш эҳсос ҷои худро ба ақлу фаросат дод, рўҳан ба ин савол посух пайдо шуд. Шеъре, ки он бўи таъриху тамаддун мекунад, шеъри оҳангноке, ки дар вожа-вожааш ормонҳои миллат, хостаҳои мардум ва фардонигариву орзуҳои кўчаку бузурги тоҷикону тоҷикистониён маҳфуз аст, бо вуҷуди такрори пай дар пай ҳамеша нав, ноб, ношунида ва рўҳнавоз аст. Наврас ҳам бошед, пири кордида ҳам бошед, бо шунидани Суруди миллӣ ба рагҳоятон ба ҷои хун ифтихори нозиш ва ғуруру барозандагӣ гардиш мекунад. Ин аллакай дар иродаи мо нест, худнохост мешавад ва аз ин сабаб ба дил намезанад.
***
  Толеъ мадад кардаву соли 2010 чун донишҷў муқими Душанбешаҳр шудем. Соли 2011 бо устод Гулназар дар курс-конфронси ҷумҳуриявии адибони ҷавон, ки он сол дар Душанбе ҷараён мегирифт, вохўрдем. Устод бо дўст ва ҳамқалами деринаи худ Саидалӣ Маъмур бо гурўҳи мо се рўз корҳои машваратӣ ва таҳлили ашъори хоми мо – навқаламонро пеш бурданд. Шодиву нишоти маро, ки 18 сол бо ин номи табаррук ошно будаму худашро бори аввал медидам, беҳадду бешумор буд. Ҳеч аз ёдам намеравад, бо назокат ва табассум мегуфтанд:
  «…Бачаҳо, гул шукуфт гўед ё нависед, ин ҳанўз гап аст, гапи одие, ки ҳама медонаду ба лаб меронад. Аммо гул хандид ё гул ба лаб табассум гирифт гўеду нависед, аллакай муколимаи шоирона оғоз мешавад. Ҳарчанд ин ҳанўз шеър нест, аммо таъйин ки алифбои шоирӣ аст. Шоирӣ, яъне ба табиат, ба атроф бо нигоҳи мушаххас, бо назари фардӣва ғайриодӣнигаристан аст…».
  Ҳамин минвол, зуд-зуд бо устод вомехўрдам, аз суҳбатҳои намакину боҳикматашон баҳра мебурдам. Корманди рўзномаи «Ҷумҳурият» гаштам. Дар чанд озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола ва шеър, ки роҳбарияти рўзнома ташкил кард, устод   Гулназар ё баранда буданд ё меҳмони олиқадр. Сафарамон ба ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Кўлоб, Хуҷанд, Панҷакент ҳаргиз аз ёдам фаромўш намешавад. Устод гули сари сабади анҷуману маҳфилҳои мо буданд. Бо шунидани номашон ҳама каф мезаданд, шод мешуданд, баъди чорабинӣ дар атрофашон пиру ҷавон ҳалқа зада, акс мегирифтанд, даст мефишурданд, баъзе аз одамони самимиву меҳрабон устод Гулназарро оғўш карда, дуову ниёиш мехостанд, як зумраи дигар набера ё фарзандашро бо эшон шиносонда, дуои шоиронаро ғанимат мешумурданд.
  Ин ҳама манзараи дилнавозро мушоҳида карда, ба худ мегуфтам: ба ҳар шоир муяссар намешавад, ки ҳам шеъраш азиз бошад, ҳам худаш. Устод дар шеърашон ҷараён доштанд, бо шеърашон зиндагӣмекарданд, шеър нусхаи рўҳашон ва рўҳашон, вуҷудашон нусхаи шеърашон буд. Дили поку беолоиш ва донишу хиради воло зевари ашъорашон буд. Бо як лаҳну шеваи вижа, хирадварзона сухан гуфтан, дар саҳна истодан, ботанину хушово шеър сурудан, зарофату самимияти суҳбатро донистан, ҳамсуҳбату ҳамсафару ҳамнишастонро шинохтан, мастона каф ба соғари май бурдан, нўшбод гуфтан, рақсидан, тамоми саҳнаро давр зада-давр зада рақисдан, вақти шунидани суруди шевою пурмазмун, махсусан суруди классикӣ «оҳо-о-ҳой-й-й…» гуфта нидо баровардан ва дигар фазоилу фитратҳои вижа хоси устод буданд ва бо нотакрор буданашон дар дилу дидаҳо нақш мебастанд.
«ШЕЪРРО ТАВАЛЛУД КАРДААМ!»
 Шоири озода Гулназар ошиқи модарзод буданд. Ошиқи зиндагӣ, ошиқи зану шеъру шароб ва ва ошиқи Тоҷикистони азиз. Дар барномаи «Омадем, бубинем…», ки солҳо дар шабакаи «Баҳористон» пахш мешуд, бо устод вохўрдем. Ман он ҷо ба устод савол додаву шеърҳои шогирдонаамро пешашон қироат карда будам. Муҳимтарин лаҳзаи суҳбат дар атрофи Суруди миллӣ ҷараён гирифт. Аз ҷавонон касе дар бораи таърихи ин шеър пурсид. Устод як дафтари калонҳаҷмеро ба мо нишон дода, гуфтанд: «Ана ин дафтари машқи шеърҳои ман аст. Аммо ин танҳо аз як шеър, шеъре, ки имрўз ҳама чун Суруди миллӣ медонанду месароянд, пур шудааст».
Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ тавр чунин дафтари бисёрварақа аз як шеъри хурд пур мешудааст. Шоир бо табассум инро шарҳ дод: «Шумо гумон накунед, ки ин шеър ба содагиву осонӣ иншо шудаву чун Суруди миллӣбургузида шудааст. Барои ба шакли ҳозира омадани он басе ранҷбурдаам. Шояд ҳар мисраашро то даҳ бор иваз кардаву таҳрир даровардаву такмил додаам. Барои он ки бо оҳанг ҷўр ояд, вожаҳо, ибораҳо, мисраъҳо мутантану гўшнавоз ва ҳамзамон, хотирмону саршор аз мазмунҳои баланд гарданд, маъниҳо ҳамдигарро такрор накунанд ва бо ҳам қарибу ҳамхун бошанд, як дафтарро пур намудаам. Хулоса, хоҳ бовар кунед, хоҳ не, шеърро таваллуд кардаам».
ГУЛ ПЕШУ ПУШТ НАДОРАД
  Соли 2016. Курс-конфронси ҷумҳуриявии адибони ҷавон ин бор дар шаҳри Хуҷанд мегузашт. Баъди маҷлиси тантанавии оғози ин чорабинӣ мувофиқи нақша раҳ ба сўи Қасри Арбоб гирифтем. Мо ҷавонони ташнаи шеъру сухан ва як гурўҳ адибону олимони бузургсол, аз ҷумла устод Гулназар, муаллимаҳо Матлубаи Мирзоюнус, Фарзона ва Раънои Зоирдухт дар як мусофирбар мерафтем. Муаллима Фарзона, ки дар қатори аввали нишастгоҳи мусофирбар менишастанд, дар муроҷиат ба устод Гулназар гуфтанд:
- Устодҷон, мебахшед, мо аз Шумои азиз пештар нишастаему пушт ба Шумо гардондаем…
Устод Гулназар бо зарофат посух доданд:
- Шумо гул, мо гул, медонем, ки гул пешу пушт надорад, парво накунед, гул дар ҳама маврид гул аст!
Каме сукут карда, гуфтанд:
- Барои дилатон ором гирифтан, биёед ҷой иваз кунем. Аммо қимати гулҳо тағйир намеёбанд.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аз назокату ҳозирҷавобӣ ҳама бо завқхандидем ва аз эҳтироме, ки устод нисбат ба бонувон доранд,фараҳманд шудем.
 
ДАР РАҚСИ МАВЛАВӢ
 
  Соли 2019. Шаҳри Кўлоб. Дар ҷашни 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ашўр Сафар ширкат доштем. Шаб барои як гурўҳ адибону олимон дар ҳавлии овозадори Ашўр Сафар, ки ҳазорон меҳмононро пазироиву гусел кардааст, писарони шоиру оқили устод Ашўр Сафар ба хотираи қиблагоҳашон дастархони маънавӣ оростанд. Устод Гулназар хотираҳои неку хуши худро арза дошта, рўҳи шоирро дар баробари дигарон гиромӣ доштанд. Базмро навозишу сароиши Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳошимов бо писараш Фирдавс шукўҳ мебахшид. Онҳо вақте яке аз ғазалҳои машҳури Соиби Табрезиро бо оҳанги Одина Ҳошим суруданд, устод Гулназар аз ҷо бархостанд ва баробари ҳар мисраи ғазал «оҳо-о-ҳой-й-й…» гўён нидои омехта бо ғаму андўҳ ва шодиву сурур сар медоданд. Он суруд чунин дар ёдам мондааст:
  Сухане к-аз дили бедард бурун меояд,
  Теғе аз панҷаи номард меояд. - «оҳо-о-ҳой-й-й…»
  Устод дар баробари «оҳо-о-ҳой-й-й…» гуфтан, чарх мезаданду мерақсиданд, чарх мезаданду мерақсиданд. Дар сароиши ин байт наъраи мастонаи шоир дару девори ҳавлиро ларзонд:
  Ғами дунё на ҳарифест, ки мағлуб шавад,
  Мард аз ин маърака номард бурун меояд… - «оҳо-о-ҳой-й-й-й…»
  Вай рақс набуд, як навъ робитаи рўҳонӣбо шеър, бо мусиқӣ, бо замину осмон ва бо худу Худо буд гўё. Оҳиста аз дил гузарондам: агар рақси мавлавиёна бошад, бешакк ҳамин аст, бо шўру шавқ ва ҳиссу ҳаяҷони махсус.
 
МАРГИ ЧУНИН ХОҶА НА КОРЕСТ ХУРД…
  Боре сафири вақти Фаронса дар Тоҷикистон бону Ҷасмин ба ифтихори гиромидошти Хайём бо адибони тоҷик вохўрд. Гули сари сабади маҳфил устод Гулназар буданд. Нахуст сухан ба эшон дода шуд. Устод мухтасар аз сафарашон ба Париж нақл карда, бо чанд рубоии Хайём хамаро шодоб карданд, бо чанд ҷумлаи зебои фаронсавӣ бо бону Ҷасмин хушгўӣ карда, дили ҳамаро лабрези фараҳ намуданд. Ман ва чанд тан аз ҷавонони навкор аз чунин донишмандиву суҳбатороӣва забондонии устод як ҷаҳон маъниву мазмун бардоштем. Баъдтар тарҷумон Тўйчӣ, ки дар сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон фаъолият мебарад, аз тарҷумонии шоир Гулназар гуфт ва маълумот дод, ки баёзи шоирони муосири Фаронсаро ба тоҷикӣмаҳз устод баргардон кардаанд.
  Ба китобхона сар зада, ба худ маълум кардам, ки устод дар тарҷимаи ашъори шоирони рус, украин, қазоқ, араб, ҳинд, чин, фаронса ва… саҳм доранд. Баёзи шоирони ҳинд ва чин, ки ба дастам расид, шоҳиди гўёи ибтикори шоир дар ин арса аст.
Ҳамчун як хонандаи адабиёт огоҳам, ки устод Гулназар аз рўшантарин чеҳраҳои фарҳанги мо ва инчунин, аз пуркортарин адибони тоҷиканд. Барои ин, корҳои мондагорашон дар нав кардани шеър, адабиёти кўдак, тарҷима, наср, нақд, рўзноманигорӣ, таронанависӣ, драма, филмофаринӣ мисоли барҷастаанд. Агар оянда куллиёти шоир фароҳам ояд, бешубҳа миқдорашон аз даҳҳо ҷилди чопӣ мегузарад. Аз ин ҳама метавон қазоват кард, ки адабиёти дерпойи тоҷик талафоти бузург дод ва бешубҳа «Марги чунин хоҷа на корест хурд».
 
ИН ВАТАН ҲАЙКАЛИ МО ХОҲАД БУД!
  Охирон суҳбати муфассали мо бо устод дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд гузашт. Як шеъри навиншову ноби шоирро дар як чорабинӣшунида будам, хостам бо ҳамон шукўҳ ва ширинӣ қироат кунанд, то сабт шавад. Мехостам онро тавассути радио шунавонем ва сипос аз ровии хушсадо Фирўзаи Шариф, ки ин нияти хайрро ҷомаи амал пўшонданд. Ин шеър ба қавли муаллиф дар ҳеч куҷо ҳанўз нашр нашудааст, дар дил ормону ифтихор падид меорад ва гумон мекунед, ки ҳамин ҳоло агар мемиред, танҳо Ватан ёдгори шумо хоҳад буд:
Ин Ватан ҳайкали мо хоҳад буд,
Зиндатар аз дили мо хоҳад буд.
Ҳадди охир, ки ба номаш бирасем,
Боз ҳам аввали мо хоҳад буд.
Қуллаҳояш ба ҳама авҷи ғурур,
Рўҳи Исмоили мо хоҳад буд.
Рўдҳояш, ки зи Рўдак ҷорист,
Ғазали маҳфили мо хоҳад буд.
Мушкиле нест, ки ҳар пора гилаш,
Бўалии ҳали мо хоҳад буд.
Даҳр моро накунад овора,
Ёди ў манзили мо хоҳад буд.
То вафои дили мо махмалин аст,
Санги раҳмахмали мо хоҳад буд.
Барги афшони чанорони баланд,
Бебаҳо медали мо хоҳад буд.
Рўҳи моро назанад зулмати шаб,
Меҳри мо машъали мо хоҳад буд.
Дар сафои дили субҳе, ки дамад,
Бахти мо маътали мо хоҳад буд.
Ин Ватан ҳайкали мо хоҳад буд!
 
  Ростӣ, шеърро бо дидаи гирён аз ганҷинаи роёна ёфта, ба коғаз мекўчонам ва ба худ мепечам: наход, ки чунин шоиру инсони озода дигар набошад, шоире, ки Меҳанаш чун ҳайкалаш барои мо боқӣмонда, шоире, ки рўҳашро зулмати шаб намезанад ва ў инро медонад…
 
Бознаш аз саҳифаи Фейсбуки: Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
Хондан 1333 маротиба