JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 23 Сентябри 2020 09:39

Устод Гулназар – пайвандгари ҳамзабонон

Муаллиф: Равшан Раҳмонӣ

  Ҳазорон дареғ, ки дӯсти меҳрубон, устоди гиромӣ, шоири халқии Тоҷикистон, муаллиф суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоир, носир, драматург, филмноманавис, адабиётшинос, рӯзноманигор, сардабири чандин рӯзномаву маҷаллаҳо Гулназар Келдӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Оқибат ҳамин аст, ки тамоми мавҷудоти ҷондори олам ба дунё меояд ва аз дунё меравад. Аз ин омаду рафт гурез нест. Рӯҳи устод Гулназари гиромӣ, шоири маҳбуби тоҷикон, шод бошад.

  Устоди бузургвор бо мероси арзишманди худ номи неки хешро ба таърихи тамаддуни тоҷикон сабт намуд; ӯ хушбахт аст, ки ҳар рӯзу шаб бо суруди миллии Тоҷикистон, ки муаллифи он аст, мардуми шарифи кишвар бедор мешаванд ва ҳар шаб бо ин оҳанги пайвандагари ишқи Тоҷикистон ба хоби ширин мераванд.

  Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунёд омада, мактабро бо медали тилло ба поён расонид. Соли 1961 ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1966 бо дипломи сурх хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1966 то 1973 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), аз 1973 то 1975 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият дошт. Дар солҳои 1975-1977 ҳамчун тарҷумон дар Афғонистон кор кард. Аз Афғонистон баргашта, аз соли 1977 то 1991 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳамчун мудири шӯъбаи назм ифои вазифа намуд. Дар солҳои 1991-1999 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дар солҳои 1999-2005 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ваҳдат» буд. Ҳангоми сармуҳаррири «Ваҳдат» будан, ҳамзамон аз соли 2002 сардабрири маҷаллаи «Пайванд» (2002-2005) интихоб шуд. Солҳои 2005-2010 вакили мардумии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то охири умр муовини раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ буд.

  Ин ошиқи адабиёт аз даврони таҳсил дар мактаб ба шеър гуфтан оғоз намудааст. Нахустин шеъри ӯ соли 1963 чоп шуд. Пас аз он ки аввалин маҷмӯаи шоир соли 1969 таҳти унвони «Расми сарбозӣ» ба нашр расид, дигар то охири умр чун сарбози ҷонфидои миллат ва кишвар яке аз мавзӯъҳои меҳаврии устод ситоиши тоҷику Тоҷикистон буд.

  Аз устод Гулназар осори зиёди арзишманди адабӣ ба мерос мондааст. Эшон муаллифи қариб 50 маҷмӯаи шеърҳо аст. Аз ҷумла «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Аз барои Гулизор» (1983), «Лангар» (1984), «Пайи дарё» (1986), «Чашми нигин» (1988), «Табхола» (1992), «Фариштаи бомдод» (2000), «Девори сабз» (2002), «Шӯълаи барқади сӯзони малоҳат» (2002), «Борони бесаранҷом» (2004), «Фасли оғоз» (2005), «Оинаи ташна» (2005), «Гунҷишки наққош» (2007), «Тулӯъи бедорӣ» (2009), «Дарёи кӯча» (2010), «Туву хубиву раъноӣ» (2010), «Оғӯши саршор» (2011), «Модари ман мураббӣ» (2013), «Дар чодари сафеди маҳтоб» (Гулчини ашъор, 2015) ва ғайра. Як бахши асосии ашъори эшон дар ситоиши худшиносии миллӣ ва ишқи Ватан – Тоҷикистон, пайванди тоҷикон ва ҳамзабонону ҳамватанони бурнмарзӣ аст. Устод барои хурдсолон низ ҳикояҳо навишта, ки бархе аз онҳо дар маҷмӯаҳои «Заррофа чӣ мегӯяд?» (2003), «Калоба» (2012) ба нашр расидааст.

 Агарчи дар фаъолияти эҷодии устод Гулназар шеър ҷойгоҳи вижаеро дорад, вале эшон осори насрӣ, мақолаҳои илмӣ, филмномаҳо низ таълиф намудааст. Ҳамчунин ҳикояҳои ҷолибе дорад, ки то ҳол дар шакли китоб ба забони тоҷикӣ нашр нашудааст, вале намунаҳои онҳо ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидааст.

  Таълифоти пажӯҳишии устод дар адабиётшиносии тоҷик арзишманд аст, ки хонанда ва пажӯҳандаи адабиётро ба андеша водор месозад. Эшон дар китобҳои пажӯҳишии хеш «Лоиқе чун Лоиқе» (2000), «Қутбии Қутби сухан» (2007), мақолаҳояш оид ба осори адибони классик, муосир вижагиҳои рӯзгори адибон ва сабки баёни онҳоро таҳқик намудааст. Дар мақолаҳои публитсистии худ низ аз зиндагии адибон сухан гуфта, ҳамчунин мушоҳидаҳои хешро оид ба забон, адабиёт, фарҳанг, ҳунар ва дигар масъалаҳо бо баёни зебои шоирона ба қалам додааст. Бархе аз ин навиштаҳо соли 2015 дар китоби «Растохези сухан» аз тариқи нашриёти «Адиб» ба нашр расидааст, ки дар он чанде аз мақолаҳо, хотирот, гуфтугӯҳо, тақризҳо, гузоришҳои устод ба нашр расидаанд. Ҳар кадоме аз ин навиштаҳо лаҳзаҳои ҷолиби адабӣ, одамгарӣ, таҳқиқ, андешаҳои гуногун дар бораи адабиёт ва рӯзгори имрӯзи аҳли адаб аст.

  Устод Гулназар тамоми умри худро баҳри кори эҷодӣ сарф намуд. Ҳар кори адабию фарҳангие, ки барои мардум муфид аст, анҷом дод. Ӯ бо навиштаҳояш ҳамдами кӯдакону наврасон буд. Устод аз як тараф барои хурдсолон шеъру ҳикояҳо таълиф мекард ва аз тараиф дигар бо забони содаи равон ҳикоятҳо, ривоятҳо, қиссаҳои дилнавози манзуми бархе аз адибони классикро ба наср бозгӯӣ менамуд. Аз ҷумла аз Мавлоно, Саноӣ, Аттор, Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Бедил ва дигрон матнҳои зиёдеро, дар шакли қариб 60 китобчаи ранга ба нашр расонида тақозои ошиқони китобро қонеъ намудаст.

  Устод муаллифи намоишномаҳои «Муҳкокима дар шаҳри ҳазору як шаб», «Муҳаммад Ғазолӣ», ҳамчунин филмономаҳои «Нишони зиндагӣ», «Дар орзуи падар» (қисматҳои охир), «Сездаҳ солу се моҳ», «Баҳори як кӯча», «Марги бегуноҳ» ва «Бачаҳои таҳхонагӣ» аст, ки аксари онҳо аз тариқи телевизион барои бинандагон пешкаш шудаанд.

  Намунаҳои ашъори устод ба воситаи рӯзнома, маҷалла дар кишварҳои ҳамзабони мо Эрон ва Афғонистон низ ба нашр расидааст. Соли 1999 маҷмӯаи шеърҳои эшон таҳти унвони «Забони ошиқӣ» дар Теҳрон, аз ҷониби интишороти «Суруш» ба нашр расидааст.

  Ашъори зиёди устод ба забонҳои хориҷӣ – русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Аз ҷумла бархе аз онҳо аз тариқи нашриёти «Советский писатель» дар китоби «Звезда Улугбека» ва «Безымянный родник» чоп шудааст. Устод намунаҳои ашъори шоирони рус, араб, франсузро тарҷума кардааст. Ӯ тарҷумони яке аз повестҳои машҳури адиби франсуз С.А.Экзюпери «Парвози шабона» аст.

  Гулназар Келдӣ сазовори унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизаҳои Комсомоли ленинии Тоҷикистон, ба номи Мирзо Турсунзода буда, соли 1995 маҷмӯаи шеърҳои бачагонааш «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шудааст.

 Хидматҳои устод бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният қадр шудааст. Устод аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданд.

 ***

Устод Гулназар пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон.

  Дар ҳамоишҳо, гуфтугӯҳо, суҳбатҳо бо ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ чунин андешае ба вуҷуд омад, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд суруд ва нашрия худро дошта бошад. Шоири халқии Тоҷикистон, шахси миллатдӯсту ватанпараст, устод Гулназар ошиқона, ба зудтарин фурсат, соли 1996 матни «Суруди Анҷумани тоҷикони ҷаҳон»-ро эҷод карда, бо оҳанги Дамир Дӯстмуҳаммадов пешниҳод намуд.

  Худи ҳамон сол Пешвои миллат, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии ин созмони байналмилалӣ гуфтанд, ки: «Самти муҳими кори Анҷуман фаъолияти иттилоотию тарғиботии Шӯрои он дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон ва маҳали зисти тоҷикон ва ҳамзабонон дар мамолики дигари ҷаҳон буд. Вале бояд зикр кард, ки самарабахшии ин фаъолият, мутассифона, ҷавобгӯйи талаботу дархостҳои мавҷуд нест. Иллати асосӣ ин набудани эътибори лозима ба фаъолияти иттилооти Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва надоштани як нашрияест, ки барои ҳамватанон ба тамоми ҷаҳон фиристода шавад».

  Дар ҳамон ҳамоиш (1996) зимни суҳбати озод Пешвои миллат нисбати мазмун ва муҳтавои нашрияи оянда гуфта буданд, ки дар он метавон суханони дӯстон, шоирон, олимон ва ё назарҳои таърихшиносонро дар бораи таърих, фарҳанг, маданият ва забони мардуми тоҷик ва форсизабонон таҳқиқ мекунанд, чоп шавад. Бо супориши Пешвои миллат маҷаллаи «Пайванд» номаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таъсис ёфт ва масъулияти чопи он бар уҳдаи узви Шӯрои Анҷумани Пайванд, доктор Алиасғари Шеърдӯст гузошта шуд. Соли 1997 аввалин шумораи маҷаллаи «Пайванд» ба забони тоҷикӣ, англисӣ ва алифбои форсӣ нашр шуд. Дар он суханрониҳои Пешвои миллат дар ҳамоиши сеюми Анҷумани тоҷикон (1996), ба ифтихори ҷашни Қамол Хуҷандӣ (1996), дар Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), Оинномаи Анҷумани Пайванд, мақола ва гузоришҳои гуногун нашр шуда буд.

  Дар ҳамин шумораи аввали маҷаллаи «Пайванд» матни «Суруди Анҷумани тоҷикони ҷаҳон», ки муаллифи он устоди зиндаёд Гулназар ҳастанд, ба забони англисӣ (саҳ. 21) ба идома бо оҳанги Д.Дӯстмуҳаммадов нотаи матн (саҳ. 22-23) ба забони тоҷикӣ (саҳ. 65), сипас дар охири Оинномаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонни ҷаҳон – Пайванд такроран (саҳ.77-78) ва дар бахши форсии маҷалла бо нота (саҳ.25-27) ба нашр расидааст. Матн равон, хушнаво, пайвандгар, ваҳдатсози тоҷикони ҷаҳон буда, аз аввал то охир дар он меҳри тоҷику Тоҷикистон садо медиҳад:

 

Эй дӯст, биё, ки мо зи як анҷуманем,

Парвардаи меҳрубонии як чаманем.

Ҷони ману ту Ватан бувад, медонӣ,

Донӣ, ки ману ту низ як ҷону танем.

 

Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,

Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

 

Эй дӯст, биё, ки раҳбари мо Ватан аст,

Парвози баланду шаҳпари мо Ватан аст.

Ғамхораи мо нест ба ҷуз ишқи Ватан,

Болида биё, ки модари мо Ватан аст.

 

Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,

Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

 

Эй дӯст, биё, ки ҳамватан ҳамватани мост,

Зӯри дилу нури дидаи рӯшани мост.

Меҳре, ки шукуфта аст дар чеҳраи мо,

Худ шоҳиди бехазонии гулшани мост.

 

Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,

Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

 

  Ҳамин тавр маҷаллаи «Пайванд» ҳамчун органи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд бо пешниҳоди Пешвои миллат таъсис ёфт ва бо кӯшиши доктор А.Шеърдӯст соли 1997 ва 1998 ду шумора чоп шуд. Дар ин ду шумора номи сардабир ва ё масъули чоп оварда нашудааст. Чунки дар ин вазифа касе интихоб нашуда буд. Соли 1999 маҷалла интишор нагашт. Баъдан, солҳои 2001-2002 нашрияи «Пайванд» шаш шумора чоп шуд, ки мудири масъули он доктор А.Шеърдӯст буд. Дар ин шумораҳо низ касе ҳамчун сардабири расмии маҷалла таин нашуда буд.

  Форуми (ҳамоиши) навбатии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд 7 сентябри Соли 2002 баргузор гардид. Дар ин форум Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд интихоб шуданд. Бо пешниҳоди Раиси Анҷумани Пайванд муовини аввал, ҳайати нави Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсзабонони ҷаҳон – Пайванд, комиссияи назорат интихоб шуданд. Дар ҳамин форум бо пешниҳоди Пешвои миллат Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар сардабири маҷаллаи «Пайванд» интхоб ва тасдиқ гардиданд.

  Ҳамин тавр ба таври расмӣ, устоди гиромии хушзабону меҳрубон Гулназар Келдӣ нахустин сардабри маҷаллаи «Пайванд» буданд. Бо сардабирии эшон шумораҳои 7, 8, 9 ва 10-и маҷаллаи «Пайванд» ба нашр расид. Баъдан устод Гулназар аз охири соли 2005 вакили мардумӣ дар маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб шуда бошанд ҳам, аз соли 2006 то охири умр узви Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонон ҷаҳон – Пайванд буданд.

  Устод Гулназар ҳамеша бо Анҷумани Пайванд дар иртибот буданд, машварат медоданд, роҳнамоӣ менамуданд. Байни мардум, на фақат бо шеър, ҳикоя, филмнома, мақолахои илмӣ ва дигар осори арзишманди худ шуҳарт доштанд, балки бо суханҳои меҳрпарвари худ пайванди ҳамешаи аҳли адаб, маҳфилу маъракаҳои мардум буданд.

  Устод бо табассуми ширин, симои хушнамою либосҳои рангин гули сари сабади равшафикрон буда, бо лутфу гуфтор ва рафтори некаш ба дидаҳо ҷо аст. Бо ҳама, хурду бузург, зану мард  бо меҳр сухан мегуфтнд. Дар ҳар ҷое, ки медидам ҳамдигарро бо самимият ба оғӯш мегирифтем ва зуд аз кору бори маҷаллаи «Пайванд» пурсон мешуданду роҳнамоӣ мекарданд.

  Ҳамин соли равони 2020 бо устод чанд маротиба дида ба дидор расид. Бори охир, баъди Наврӯз, тахминан аввалҳои моҳи апрел, устод Гулназарро дар даромади Китбхонаи миллӣ дидам. Баробари маро дидан гуфтанд, ки «Равшанзамир (ҳамеша маро чунин мегуфтанд), саломатӣ чӣ хел?» Хеле суҳбат кардем. Аз кори маҷаллаи «Пайванд» пурсон шуданд. Машваратҳо доданд. Зимнан аз он ёдовар шуданд, ки Китобхонаи миллӣ осорномаи эшонро ба нашр омода мекунад. Ман ҳам баъзе андешаҳои худро гуфтам. Ин охирини дидори мо буд. Ҳаво хира, боронӣ буд…

  Афсӯс, ки имрӯз ин адиби номбардори миллат ва кишвар дар канори мо нест. Аз гӯшаву канори дунё дӯстон, аз тариқи почати электоронӣ, ба ман номаҳо навиштанд, зангзаданд. Ҳама бо ҳасрат мегуфтанд, ки афсӯс чунин марди шарифи нозанини миллат дунёро падруд гуфт. Яке аз дӯстони ман доктор Мустафо Бобохонӣ, ки солҳо дар Тоҷикиситон буд ва бо роҳбарии академик А.Раҳмонзода рисолаи илмӣ навишта дифоъ кард бароям навиштааст:

  «Мутассифона ин шоири бузургро аз даст додем. Ман аз сойтҳо шунидам. Устод Гулназарро ман борҳо дида будам ва суханҳояшро шунида будам. Аммо бароям бисёр хотирангез аст, ки як бор ҳамроҳ шуморо (устод Гулназар ва Раҳмониро) дар сохтмони Иттифоқи нависандагон дар роҳрав дида будем, ки мо бо устод Гулназар вохӯрдем ва шумо бо эшон чанд қадар самимона бо ҳам суҳбат кардед ва ман ҳам аз ин дидор ва суҳбатҳо лаззат мебурдам. Худояш биёмурзад ва биҳишти баринаш бувад ҷойгоҳ… Ин рӯзҳо доси марг дар ҳама ҷо уфтода ва машғули даравидан аст. Худо худаш раҳм кунад ва сабр диҳад ва ин балоро бартараф кунад…».

  Дар таърихи адабиёти муосири мо номи устод Гулназар мондагор аст. То дар ин дунё тоҷикону форсизабонон ҳастанд, осори Гулназар вирди забонҳост…

 

Равшан Раҳмонӣ

Профессори ДМТ

Хондан 1021 маротиба