JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Сентябри 2020 04:08

Устод Рӯдакӣ - файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ (ба истиқболи Рӯзи Рӯдакӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Ба таври ҳамагонӣ таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёфтааст. Ин аст, ки дар доираи таҷлили рӯзҳои ҳаводиси муҳимми таърихӣ ва шахсиятҳои нотакрори миллӣ табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои донишгоҳӣ ҷамъ меоянд ва рӯзҳои марбутаро арҷ гузошта, бузургони меҳану миллатро ба некӣ ёд мекунанд.

  Дар силсилаи таҷлилоти ҷашнӣ ва арҷгузории шахсиятҳои матраҳи миллӣ Рӯзи қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ 22 сентябр таҷлил мегардад ва ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Қаблан Рӯзи Рӯдакиро барои ҳаммеҳанони гиромӣ ва ихлосмандони шеъру адаби миллӣ табрик мегӯям ва чун дар арафаи Рӯзи устод Рӯдакӣ қарор дорем, чанд нуктаро дар доираи мавзӯи “Устод Рӯдакӣ файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ” хидмати шумо, хонандагони арҷманд арз медорем.

   Асри Х, ки давраи салтанати бузургтарин сулолаи миллӣ- Сомониён буд, асри пирӯзии хирад ва сиёсати фарҳангӣ бар ҷаҳолату нодонӣ маҳсуб мешуд. Маҳз дар ҳамин аср тавассути амирони хирадпарвари Сомонӣ фазои муътадили сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва маданӣ созмон дода шуд ва аҳли илму фарҳанг аз гӯшаю канори ҷуғрофиёи паҳновари салтанатӣ ба пойтахт ва маркази илму тамаддуни миллӣ -- Бухоро таваҷҷуҳ пайдо карданд. Фазои солими фикрию фарҳангие, ки муассисаш амирони фарҳанггустари Сомонӣ буданд, ба дунёи маърифати башарӣ чеҳраҳои бузурги илму адабро эҳдо намуданд. Ин чеҳраҳои мондагор Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Ибни Сино, Абӯбакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва амсоли онҳо буданд, ки  дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ  мақоми баланд доранд.

   Дар асоси мадорики таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ, ки дар заминаи пажӯҳиш, шинохт ва бозбинии андешаву мероси бузургони илму фарҳанги форсу тоҷик рӯйи кор омадаанд, метавон  ба устод Рӯдакӣ  унвони “файласуфи шеър”, ба Ҳаким Фирдавсӣ титули “файласуфи таърих” ва ба Абӯрайҳони Берунӣ мақоми “файласуфи фарҳанг”-ро ихтисос дод. Ин аст, ки тахсиси унвони “файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ” ба устод Рӯдакӣ бемаврид нест. Дар зимн, шоири файласуф касест, ки ба инсон, ҷомеа, табиат, ҷаҳон ва кайҳон бо дидаи вежа, ки саршори ангезаи отифату самимият ва балоғату нафосат аст, бархӯрд мекунад ва бо нигоҳи жарфу тозааш паёме ба мардум ироа медорад. Ба қавли донишманди фақиди эронӣ Аҳмади Касравӣ: “Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест, ки ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста ва он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад” (ниг.: Касравӣ Аҳмад. Дар перомуни адабиёт.- Теҳрон, чопи Рушдия (бидуни соли нашр). С.31).

    Барои он ки мавзӯи мавриди назар “Устод Рӯдакӣ- файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ”-ро дуруст пайгирӣ кунем, нахуст бояд сари мафҳуми “шеър” таваққуф намоем. Шеър вожаи арабӣ буда, дар маҷмӯъ, маънии сухани манзум, каломи манзум, сухани дорои вазну қофияро далолат мекунад (ниг.: Фарҳанги Амид. Таълифи Ҳасан Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1375. С.1555). Вожаи “шеър” дар навбати худ бо “шуур” ҳамреша буда, калимаи “шуур” маънои донистан, дарёфтан, ҳис кардан, фаҳму идрокро ифода мекунад (ниг.: Фарҳанги Амид. Таълифи Ҳасан Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1375. С.1556). Мунтаҳо, шеър бо доноӣ, ҳушёрӣ ва огоҳӣ сари кор мегирад. Дар доираи мафҳуми шеър андеша, эҳсосот ва авотифи инсонӣ ғунҷонда шудаанд, ки  ҳамагӣ ҷараёни донишу биниши фалсафӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандии  инсонро ҳамчун мавҷуди зиндаю огоҳ таъйин ва танзим мекунанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки фалсафаи шеър фалсафаи хунар аст ва шеър ҳам мисли ҳунар гаризаи офаридгории инсон дар идомаи вуҷуд ва ҳар камбудеро, ки инсон дар олами вуҷуд эҳсос мекунад, бо фаҳму андешаи худ ҷуброн менамояд. Шоир, пеш аз ҳама, ҳунармандест, ки одаму оламро ба тарзи худ меофаринад, бо андешаи зебояш рангоранг месозад, ҷомаҳои мунаққаш медӯзонад ва саранҷом маънои тоза мебахшад.

   Дар таърихи илму фарҳанги гузаштаи мо суханпарварӣ, андешамандӣ ва нуктапардозӣ ҳунари асил ҳисобида мешуд (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Бахши аввал. Тарҷумаи Аҳмади Ором- Теҳрон, 1343. С.554) ва адабу фарҳанг барои иронитаборони қадим шукӯҳу таҷаммули хос ато мекардааст. Ин аст, ки шеър  (адабиёт)  ва андешамандию нуктапардозӣ (фалсафа)  аз бомдоди  таърихи фарҳанг ҳамқадами иронинажодон буда, онон тавассути ин ду илми бунёдӣ ба зиндагии худ рангу маъно мебахшиданд. Ин суннати фикрӣ ба василаи таҳоҷуми аҷнабиёни юнонӣ, румӣ, арабӣ, туркӣ-муғулӣ аз байн бурда шуд. Вале амирони хирадпварвари Сомонӣ дар замони салтанати худ он суннати фавтидаро аз нав эҳё карда, барои эҷоди шеъру андешаи миллӣ ва тафаккури фалсафӣ  шароити мусоид фароҳам оварданд, ки ин имкон дод тухмаю нерӯҳои зеҳнӣ ба сабзиш дароянд ва ба гирду атроф мунташир гарданд. Яке аз ин гуна тухмаҳои фарҳангзо устоди шуарои форсу тоҷик  устод Абуадуллоҳи Рӯдакӣ буд.

   Дар радифи унвонҳои расмиву ифтихорие, ки ба устод Рӯдакӣ  мутақаддимин ва мутааххирин  додаанд, унвони шарафманди “ҳаким” низ ҷой дорад. Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест, ки инсон ва ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста, он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад (ниг.: Касравӣ Аҳмад. Дар перомуни адабиёт.- Теҳрон, чопи Рушдия (бидуни соли нашр). С.31).  Ва Рӯдакӣ, ки ба унвони “ҳаким” низ мушарраф гардида буд, ба инсон ва ҷаҳон аз равзанаи хирад ва андешаи созанда дида дӯхта, бад-ин тартиб шеър офаридааст.

    Дар замони зиндагии устод Рӯдакӣ   шоироне, ки ба унвони “ҳаким”  ёд мешуданд,  кам  набуданд. Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мантиқии Розӣ аз зумраи шоироне буданд, ки ба унвони “ҳаким” ёд мешуданд. Муҳаққиқи варзидаи  зиндагӣ ва осори Рӯдакӣ Саид Нафисӣ таъкид мекунад, ки дар замони зиндагии шоир 350 нафар шоирону донишмандони муқтадир зиндагӣ ва эҷод мекарданд (ниг.: Нафисӣ Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ.- Теҳрон, 1382.

С.249-253). Мусаллам аст, ки аз миёни анбӯҳи шоирону донишмандони забардаст, ки муосири Рӯдакӣ буданд, шуҳрати тамом касб кардани устод Рӯдакӣ осон набуд. Муҳаммад Авфӣ  аз  ақлу заковати Рӯдакӣ сухан ба миён оварда, аз чумла навиштааст: “Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон ба тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат гашт” (ниг.: Авфӣ Муҳаммад. Лубоб-ул-албоб. Бо саъй ва эҳтимоми Э. Броун. Теҳрон, 1361. С.493). Дар байни шоирону донишмандони замони худ сохибэҳтиром гардидани устод  Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки ӯ, воқеан, шоири тавоно ва  ҳакими бузург будааст. Шоир ва ҳакими бузург Шаҳиди Балхӣ, ки аз муосирони шоир буд, сухан ва шеъри Рӯдакиро ба Қуръон монанд карда фармудааст:

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш тилви нубост. 

     Ҳаким Кисоии Марвазӣ Рӯдакиро “устоди шоирони ҷаҳон” номида, худро ҳатто хоки кафи пойи ӯ намеҳисобад:

Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд,

Сад як аз ӯ туӣ Кисоӣ баргаст.

Хоки кафи пойи Рӯдакӣ нашавӣ ту,

Ҳам бишавӣ гову ҳам бихоӣ барғаст.

      Чи  хеле ки аз гуфтаи ин ду шахсияти бузурги илму адаби замон мушоҳида мешавад, устод Рӯдакӣ дар  мартабаи шоир ва  суханвари дараҷаи аввал  қарор доштааст. Аз манобеи адабӣ бармеояд, ки  Рӯдакӣ аз улуми  ақлӣ ва нақлии замонаш ба хубӣ огаҳӣ дошта, дар баъзе аз улум  ба дараҷаи устодӣ расида будааст (ниг.: Шафақ Ризозода. Таърихи адабиёти Ирон.-Теҳрон, 1369. С. 28-29).

     Рӯдакӣ ба сифати файласуфи шеъри форсӣ-тоҷикӣ ба  тарҳи муҳимтарин масоили фалсафие даст задааст, ки муосиронаш онҳоро сарфи назар кардаанд ва ё дар баррасии онҳо заифу нотавонтар будаанд. Дар матраҳ сохтани мавзӯоти фалсафӣ устод Рӯдакӣ аз шеър мадад ҷуста, онро бо ҳикмат даромехтааст. Муҳимтарин нукот ва масоили фалсафие, ки  устод Рӯдакӣ бо биниши ҳакимона ва сабки шоирона ба шарҳу баёни  онхо  пардохтааст, аз қарори зайланд:

        Якум.  Рӯдакӣ шоири зиндагист, яъне дар ашъораш, пеш аз ҳама, ба зиндагӣ арҷ гузоштааст. Шоир зиндагиро устод ва раҳнамои ҷаҳони инсонӣ арзёбӣ карда, таҷрибаи  рӯзгорро ба унвони роҳҳалли калидӣ аз тамоми мушкилоти башарӣ, аз ҷумла раҳоӣ ва дафъи балоҳо матраҳ намудааст:

 Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

        Дуюм.  Рӯдакӣ шоири хирадварз аст, пайваста аз фарҳанг - аз ин гавҳари шариф, ки инсонро  одамият, ҳувият ва шахсият мебахшад, тавсифу тамҷид намуда, мардумро ба ҷустуҷӯи ин ганҷи саодатбахш ҳидоят сохтааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

    Шоир инсони хирадмандро ба дарё шабоҳат додааст:

Танат якеву ҷон якеву чандин дониш,

Эй аҷаб! Мардумӣ ту ё дарёӣ. 

      Бо чашми хирад нигаристани ҷаҳон ва бо некию накӯкорӣ обод кардани он ҳадафи аслии инсони хирадварз аст. Шоир ба ҷаҳон бо бинише   фалсафӣ назар меафканад ва ин тарзи бинишро ба дигарон низ тавсия медиҳад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

       Ба назари устод Рӯдакӣ, ҳангоми рӯ задани мушкилоту балоё дониш ва фазилати инсонӣ ба сифати муҳофизони тану ҷони ӯ ҳузур пайдо мекунанд ва ба ифодаи шоир, инсонро аз “балои сахт” наҷот мебахшанд. Ба ин маънӣ:

 Андар балои сахт падид оранд,

 Фазли бузург мардию солорӣ.

 

       Сеюм. Муҳимтарин масъалаи фалсафие, ки дар асотири қадимаи ориёӣ ва таъолими зардуштӣ ҷойгоҳи  устувор дошта, бо омадани адён ва сиёсатҳои аҷнабӣ аз байн рафта буд, масъалаи дуализми фалсафии инсон ва ҷаҳон (табиат) мебошад. Рӯдакӣ ҳамчун шоири  миллӣ ва меросбардори фарҳанги гузашта ин мавзӯи муҳимми фалсафиро аз нав эҳё кард ва бо биниши шоирона ва ҳакимона густариш дод:

Ин ҷаҳон пок хобу кирдор аст,

Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии  ӯ ба ҷойи темор аст.

 Куниши  ӯ на хубу чеҳраш хуб,

                Зишткирдору хубдидор аст.

         Рӯдакӣ бо овардани ин абёт нишон медиҳад,  ки инсон дар баробари ҷаҳони бенизом қарор дорад ва шоир  ба ӯ ( ба инсон) ҳушдор медиҳад, ки ба сеҳру ҷодуи он гирифтор нашуда, бо донишу хирад аз зиёну осебаш худро эмин дорад.

      Чаҳорум. Мавзӯи дигари фалсафие, ки устод Рӯдакӣ ба он амиқ таваҷҷуҳ кардааст, маргу зиндагии инсонист. Масъалаи марг ва зиндагӣ (нестӣ ва ҳастӣ), ки дар фарҳанги гузаштаи мо собиқа дорад, дар шакли дуализми фалсафӣ баррасӣ мешавад. Зиндагӣ ҳамвора дар муқобили марг қарор дорад. Ин мавзӯъ низ дар ашъори Рӯдакӣ ҷойгоҳ дорад ва ин нукта шоири маргандеш будани ӯро таъйину тасдиқ мекунад. Ба қавли шоир инсон мисли саъва аст ва марг ҳамчун заған ӯро пайваста таҳдид мекунад ва ба доми нестӣ мекашонад:

 

                                 Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй  писар,

                                 Мо чу саъва марг бар сони заған.

                                 Ҳар гуле пажмурда гардад, з-ӯ на дер,

                                 Марг бифшорад ҳама дар зери ған.

         Рӯдакӣ ба зиндагӣ эҳтиром қоил буд ва огоҳона аз маргу мурдан ранҷ мебурд. Ӯ маргро мусибати инсонӣ дониста, бо сиёҳ кардани мӯйи худ ҳолати ранҷурии хешро ба намоиш мегузорад ва як навъ файласуфона маргандешӣ мекунад:

   

                                 Ман  мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,

                                 То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.

                                 Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,

                                 Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.       

         Панҷум. Дар маркази таваҷҷуҳи Рӯдакӣ  инсони огаҳ, покдоман, наҷибу  шариф ва вораста аз қайду бандҳо қарор дорад ва ҳамаи ин сифоти инсониро шоир дар калидвожаи “озода” мунсаҷим месозад. Озодагон афродеанд,  ки бо фазилат, ҷасорат, адолат, наҷобат ва шарофати худ аз дигарон фарқ мекунанд ва дар ҷомеа намунаи ибратанд. Озода фардест, ки ҷаҳону зиндагиро дар мизони  ақлу дониш андозагирӣ мекунад. Шоири ҳаким чаҳор чиз (ҷисми солим, кирдори нек, номи нек ва хирад)-ро барои афроди озода таманно мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ин чор ҷавҳар марди озодаро аз ғаму балоҳо раҳо месозанд:  

                             Чаҳор чиз мар  озодаро зи ғам бихарад:

                             Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад,

                             Ҳар он  кӣ эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

                             Сазад,  ки шод зияд шодмону ғам нахӯрад.

       Ин чаҳор чизе, ки устод Рӯдакӣ ба инсони озода таманно мекунад, ҷисму рӯҳи инсонро неру мебахшад ва дар баробари хатару таҳдидҳои рӯзмарра муқовим месозад.

       Шашум.  Масъалаи шинохти арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва қадр намудани онҳо дар фалсафаи шеъри Рӯдакӣ амиқ дарҷ ёфтааст. Шоир бо рағбати тамом аз адабиёту фарҳанги пешазисломӣ ва қадимаи миллӣ бо ифтихор ёд мекунад.  Ӯ ба “Авасто” ва “Занд” барин кутуби фарҳангии миллӣ, ки аз арзиши баланди динӣ ва фалсафӣ бархӯрдор буданд, эътиқоди самимӣ дошт ва аз онҳо ба унвони ҷавоҳири ҳувиятӣ ёд мекард. Аз ҷумла, дар ҳошияи мадҳи мамдуҳон аз аносири ҳувиятие мисли Авастою Занд корбаст мекунад:

                              Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

                              Ҳамчу Абастост фазлу сирати ӯ Занд. 

       Ҳафтум. Ба ин тариқ, файласуфи шеър касест, ки аз дигарон болотар, рӯшантар ва амиқтар ҷомеаи инсонӣ ва мушкилоти ҷаҳониро дарк ва аз тариқи каломи мавзуну мухайялу муқаффо буруз мекунад. Ба ин маъно нахустфайласуфи шеъри форсии тоҷикӣ устод Рӯдакист, ки дар паҳнои андешаи инсонӣ бо тарозуи хирад сарнавишти инсон, ҷаҳон ва зиндагиро андозагирӣ намуда, тариқи шеъри марғубу дилписанд ба мардум расонидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки ҳикмати ин марди бузург зиндагии моро шодоб мегардонад, чунки  ҷавҳари  онро хирад ва дониши зиндаи инсонӣ ташкил мекунад. Ба қавли шоир:

 

                               Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

                               Май бирезад, нарезад аз май бӯй. 

 

               Нозим Нурзода

               пажӯҳишгар

Хондан 1455 маротиба