JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 19 Сентябри 2020 08:14

Устуворӣ месазад чун ту ба дунёи хирад! (паёми шодбошӣ)

Муаллиф:

  Талошу заҳматҳои бедареғи Шумо дар ҷодаи такомул ва рушди илми ватанӣ сазовори таҳсину офарин аст. Ҳадафмандона интихоб ва паймудани масири илму хирад, агарчи саҳлу осон нест, Шумо бо итминон ин ҷодаро пушти сар намуда, ба қуллаи баланди ин гавҳари зиндагии башарӣ расидаед.

  Дар ҷараёни мудирияти илми ватанӣ аз тамоми имконоти фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, маданӣ, фаннӣ истифода намуда, ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор додани дониши илмӣ саъю талоши фаровон меварзед. Илова бар ин, сатҳи баланди муносибат ва муошират бо ҳайати кормандон ва персонали илмӣ-таҳқиқӣ мақом ва нуфузи Шуморо ҳамчун аввалраҳбар-менеҷери самти илми ҷумҳурӣ боло бардоштааст. Ин аст, ки ҳар корафтодае, новобаста аз сатҳу дараҷаи илмию мансабӣ ва иҷтимоӣ роҳат бо Шумо дар мавзӯоти мавриди назар суҳбат мекунад ва қаноатмандона изҳори сипос менамояд.               

  Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон шодбош гуфта, ба Шумо, пеш аз ҳама, сиҳатмандию тандурустӣ, рӯҳи тамомнопазири илмию эҷодӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоем.

Бахт бодо ҳамсафар, эй роҳпаймойӣ хирад,

Устуворӣ месазад чун ту ба дунёи хирад!

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили

илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 19. 09. 2020

 

Хондан 1121 маротиба