JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Сентябри 2020 09:16

Ду қутбнамои фалсафаи табиатшиносии тоҷик

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Халқи фарҳанпарвару соҳибтамаддуни тоҷик аз бомдоди таърих барои рушди илму фалсафа ва фарҳангу маърифат аламбардор буда, дар ин масир омӯзиши улуми дақиқу табиатшиносӣ ва пажӯҳиши табиату кайҳон ҷойгоҳ ва мақоми шоистае дорад. Раванди мазкур решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар саргаҳи он равияҳои илмӣ-фалсафии қаблазисломии тоҷик, ба монанди ҳикмати хусравонӣ ва зурвония, ки ҷавҳарии онҳоро ҷаҳонбиниҳои илмӣ ва фалсафӣ, арҷгузорӣ ба донишу маърифат, дарки олами моддӣ, ҳамчун ҳаюлои нахустин ва шинохти қонунҳои табиат ташкил медиҳад, қарор доранд. Пас аз истилои араб муборизаҳо бар зидди илму дониш ба авҷи аъло расид, маҳви фарҳангу тамаддуни Эрони бостон ба амал бароварда шуд ва ҳамин аст, ки ба таъбири Берунӣ «солҳост аз Ҷайҳун бӯйи китоби сӯхта меояд». Бо вуҷуд ин зиддияту муқовиматҳои шадид омӯзиши илм, махсусан улуми табиатшиносӣ аз меҳвари асосии фарҳангу маърифати тоҷик заррае берун нарафт ва таълимотҳои илмӣ-фалсафии пешазисломӣ дар шаклҳои асҳоби ҳаюло ва ҳикмати машшоия ҷадидан рустанд.

  Мусаллам аст, ки ситорагони дурахшони илми тоҷик аз давраи қурунивусто ба баъд, ки дар рушди ҳамаҷонибаи аксар соҳаҳои илми ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштанд, намояндагони ин равияҳои илмӣ-фалсафӣ (Ибни Ровандӣ, Эроншаҳрӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Умари Хайём, Насириддини Тӯсӣ, Қутбуддини Шерозӣ) ва ҳакимони табиатшинос (Муҳаммади Хоразмӣ, Абулаббоси Фарғонӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ) мебошанд. Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки агар асҳоби ҳаюло аз таълимотҳои илмӣ-фалсафии пешазисломии зурвонияву даҳрия маншаъ гирад, ҳикмати машшоия қабл аз ислом ҳам дар Эрон маълуму машҳур буд. Зеро дар Фарҳангистони Гунди Шопур, ки аз муҳимтарин маркази илмӣ-фалсафии давлати Сосониён буд, машшоия нуфузи амиқу ҳаводорони зиёд дошт ва аз бузургтарин пайравони фалсафаи Араст метавон Павлуси Форсро ном бурд.

  Аз ин ҷо ошкор аст, ки омӯзиши илму фалсафа ва фарҳангу ҳунар барои халқи тоҷик аз умқи таърих то ба имрӯз занҷираи хеле қавии дар баробари таъқиботҳои динӣ, муқовиматҳои сиёсӣ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ бознашударо мемонад. Албатта, дар мустаҳкам нигоҳ доштани ин занҷир ва пос доштани фарҳанги ниёгони худ фарзонагони миллати мо дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ бо дастовардҳои илмиашон онҳоро эҳё мекарданд ва инчунин, аз заволёбӣ наҷот медоданд. Дар ин масир олимони улуми табиатшиносӣ ҳамеша гомҳои аввалин мебардоштанд ва бад-ин васила дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва паст кардани сатҳи хурофот таъсири амиқ мегузоштанд. Маҳз ба ҳамин хотир, қисми зиёди олимони табиатшинос зери тозиёнаи танқиди рӯҳониён қарор гирифта, ба таъқиботи шадиди хурофотпарастону мутаассибон дучор мешуданд. Шояд дар бесарусомониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ваҳшиёна ба қатл расонидани абарустод Муҳаммад Осимӣ ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳиҷрат намудани устод Акбар Турсон низ маҳз ҳамин сабабҳоро дар пай дошта бошад.

  Бо вуҷуд ин, илм пайваста рушд мекард ва «дарахти илм» рӯз аз рӯз месабзиду шоху барги зиёде мебаровард, ки ҳар як шоху барги он ҳамон самтҳои нави илми ба комёбиҳои ҷадид расидаистода мебошад. Ба андешаи файласуфи табиатшинос Муҳаммад Осимӣ, «вазъияти илми муосир дарахти сершоху баргу пурмеваи сари роҳро медонад, ки аввалинҳо меваҳои дастраси намоёни онро ба осонӣ чидаанд ва баъдиҳо аз байни шоху навдаю баргҳо мева мечинанд». Бидуни муболиға, дар сабзиши дарахти бузурги фалсафаи тоҷик ва рушди давраи навини он, махсусан фалсафаи табиатшиносӣ саҳми беназиру нақши мондагорро абардустодон Муҳаммад Осимӣ ва Акбар Турсон гузоштанд ва агар онҳоро қутбнамоёни фалсафаи табиатшиносии тоҷик номем ҳам, ҳеҷ ҷойи муҳобот ва муболиға нахоҳад буд. Чунки маҳз Осимӣ ва Турсон машъалаи тобони фалсафаи табиатшиносии афрӯхтаи бузургони илм ва фалсафаи тоҷикро дигарбора фурӯзон карданд.

  Бинобар ин, ҳеч ҷои муболиға ва зиёдагӯӣ нест, ки номи ин олимони ҷаҳоншумул дар қатори аз пурэътибортарин фарзонафарзандони миллат ва поягузорони бахшҳои алоҳидаи илм дар меҳан, чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров, Акобир Адҳамов, Сороҷон Юсуфова, Ғулом Алиев, Эшонхон Нуъмонов, Алоуддин Баҳоуддинов, Ибодулло Нарзиқулов, Муҳаммадқул Нарзиқулов, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, Пӯлод Бобоҷонов, Баҳодур Искандаров, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Акбар Махсумов, Қандил Ҷӯраев ва дигар номоварони илми тоҷик қарор дорад. Оре номи ин абармардони илму маонӣ ва фарҳангу маърифат ифтихори ҳама роҳравони илм буд, ҳаст ва хоҳад монд.

  Исми шарифи устоди гиромӣ Муҳаммад Осимӣ, ҳамчун олими пуркор, омӯзгори соҳибмактаб, ходими ҷамъиятию давлатӣ на танҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Сурия ва дигар мамолики олам маъруфу машҳур аст. Ӯ тӯли 50 сол дар бахши илм, маориф ва фарҳанги тоҷик хизматҳои шоиста ва арзишманде сомон дода, ки ин аз тарафи қишрҳои мухталифи ҷомеа эътироф шудаанд ва чунин шараф на ба ҳар кас муяссар мешавад. Яъне, устод Осимӣ дар мақоми баланди илмиву фарҳанги бо матонату садоқат ба халқу Ватан ва фарҳанги беш ҳазорсолаи миллат гомҳои устувори хешро гузошт. Ин аллома, ки мактаби бузурги илмии шинохтатарин файласуф ва методологи илм, академики АИ ИҶШС Б.М. Кедровро гузашта буд, дар бароҳандозии илмҳои гуманитарию табиатшиносӣ саҳми назарраси хешро гузошт.

  Ахлоқи ҳамида, тамкину ирода ва донишу фаҳмиши баланди аллома Осимӣ дар Академияи илмҳои собиқ ИҶШС намунаи барҷастаи афкор ва андешаи илмии шарқиёна буда, маҳз аз ин рӯ бузургтарин чеҳраҳои илмии Шӯравӣ, махсусан президенти АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, академик Келдиш М.В. нисбат ба ӯ иззату эҳтироми хосса доштааст. Эътибори илмӣ, инсонӣ ва роҳбарии Осимӣ дар баландтарин қуллаи ватанхоҳиву ватандорӣ қарор дошта, маҳз бо ҷаҳду талошҳои ӯ 550 ва 575-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 650-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 700-солагии Хусрави Деҳлавӣ, 150-солагии Аҳмади Дониш, 100-солагии Муҳаммад Иқбол, 1200-солагии Муҳаммад Хоразмӣ, 1400-солагии Борбади Марвазӣ, 1000-солагии Ибни Сино ва Берунӣ, 100-солагии Айнӣ ва Лоҳутӣ, 75-солагии Турсунзода ва дигар чорабиниҳои бузурги илмӣ баргузор гардиданд, ки дар роҳи худшиносию худогоҳии миллии тоҷикон нақши бағоят бузург гузоштанд.

  Ҳамзамон, боиси таъкид ва ифтихор аст, ки устод Осимӣ бо малакаи баланди муаллимию муҳаққиқӣ дар бисёре аз марказҳои бонуфузи илмӣ-тадқиқотии мамолики гуногуни олам дар мавзӯоти мухталифе, аз қабили таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ, таърихи фалсафаи тоҷик, тоҷикон дар масири таърих, фалсафаи табиатшиносӣ ва таъриху методологияи илм дар кунгураҳои байналмилалӣ (шаҳрҳои Токио, Деҳлӣ, Бомбай, Қоҳира, Париж, Бухарест, Вена ва ғайра) маърӯзаҳо карда, инчунин дар донишгоҳҳои Ҷавоҳирлол Неҳру, Алигарх (Ҳиндустон), Исломобод, Пешовар, Панҷоб, Академияи Иқбол (Покистон), Вашингтон, Сиэттл, Колумбия, Ню-Йорк (ИМА), Сорбон (Фаронса) ва Ҳалаб (Сурия) суханрониҳои пурмуҳтавои илмӣ намудааст. Воқеан ҳам ин маърӯзаҳо ва суханрониҳо тадқиқотҳои комили илмӣ дар мавзӯъҳои ҷудогона буда, дар маҷмӯъ, ҳамчун китоби дарсӣ, дар риштаи таърихи фалсафаи Шарқ барои донишҷӯёну муҳаққиқони афкори фалсафӣ дастури хеле гаронанд.

  Ҳамин эътибори баланди илмии Осимӣ дар арсаи байналмилалӣ аст, ки ӯ солҳои зиёд раиси Кумитаи омӯзишии тамаддуни Осиёи Марказӣ – комиссияи UNESCO-и ИҶШС, президенти ассотсиатсияи байналхалқии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ (аз соли 1977), сарвари Кумитаи илмии шашҷилдаи «Тамаддуни Осиёи Марказӣ», мушовири барномаи UNESCO оид ба омӯзиши «Роҳи абрешим» ва инчунин, узви хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Осиёи Марказӣ» (Покистон), «Таърихи илм» (Ҳиндустон), «Таърихи илми араб» (Донишгоҳи Ҳалаби Сурия) буд. Бар замми ин, дар ташкили Академияи улуми Афғонистон фаъолона ширкат варзид ва узви фахрии он низ буд.

  Устод Осимӣ яке аз ташкилотчиёни фаъол дар роҳи рушди илм буда, маҳз бо талошҳои пайгирона ва заҳматҳои зиёди ӯ Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик (1969) таъсис дода шуд ва таҳти роҳбарии бевоситаи ин олим ба истиқболи 60-солагии ҶШС Тоҷикистон нахустин ҷилди он рӯи чоп омад. Барои нашри комили «Энсиклопедияи советии тоҷик» устод Осимӣ даҳҳо олимони шинохтаи кишварро бо роҳбарии мушҳуртарин файласуфи табиатшинос Акбар Турсон ҷалб намуд ва қомуси мазкур дар ҳашт ҷилд интишор ёфт.

  Дар баробари роҳбарӣ дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатию ҳизбӣ, илмию ҷамъиятӣ ва узвият дар фарҳангистону донишгоҳҳои мухталифи хориҷӣ, устод Осимӣ пайваста пайи омӯзишу пажӯҳиш буда, роҷеъ ба масъалаҳои фалсафаи табиатшиносӣ, фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, таърихи илм, адабиёт ва фарҳанги тоҷик як қатор тадқиқотҳои арзишманд анҷом додааст. Осимӣ дар таълифоти худ дар баробари таҳқиқи қонунҳои инкишофи таърихии фалсафа, инчунин, раванди ташаккулу такомули афкори илмию фалсафии халқҳои Шарқро таҳлилу таҳқиқ намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Аз ҷумла, Осимӣ дар Шарқ вуҷуд доштани мактаби атомизми материалистиро собит карда, ҷиҳатҳои нави равобити деринаи фарҳанги Шарқу Ғарбро ошкор сохтааст.

 Дар бахши фалсафаи табиатшиносӣ яке аз шоҳкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фалсафии устод Осимӣ асари «Материя ва тасвири физики олам» мебошад, ки он диққати шинохтатарин олимони фалсафа ва илмҳои дақиқро ба худ ҷалб намуда, даҳҳо тақризу мақолаҳои илмӣ дар перомуни муҳтавои ин асар рӯи чоп омаданд. Асари мазкур муҳимтарин масъалаҳои фалсафии физикаи нимаи аввали асри XX-ро фаро гирифта, заминаҳои асосии инқилоби илмҳои табиатшиносӣ, таҳлили фалсафии назарияи нисбии Эйнштейн, сохти атому таъбироти гуногуни фалсафии онро ба таври мусаффал инъикос менамояд. Асари дигари устод Осимӣ «Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ» (1970, 1984) буда, дар он хусусиятҳои пайдоишу инкишофи афкори фалсафӣ дар аҳди бостон, асрҳои миёна, давраҳои навину навтарин таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Ҳамчунин, дар асари фақузикр ба лаҳзаҳои асосии такомули таърихи фалсафа, рушди равияву мактабҳои фалсафӣ, билхоса ба таҳлили ақидаҳои саромадони фалсафаи Шарқ диққати махсус дода шудааст.

 Ҳамин тавр, аз ин гузори иҷмолию кӯчаке аз ҳаёти роҳбарию илмии аллома Муҳаммад Осимӣ бармало мегардад, ки саҳми ин абармарди таърихи навини илми тоҷик, дар рушду нумуи илму ирфони миллат хеле бузург буда, номи поки ӯ дар равоқи пурэътибори кохи илму маърифати миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидааст. Ҳамчунин, устод Осимӣ дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ва омода намудани мутахассисони оянда низ саҳми назар дошт ва аз ҳар як роҳрави ҷавони роҳи илм ғанимат донистани вақт ва бештар андӯхтани донишро талаб мекард. Ӯ бо эҳёи илму фарҳанги ниёгон ният дошт ҷавонон рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намуда, ба онон фаҳмонад, ки гумшудаи хешро дар фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ҷустуҷӯ кунанд. Ҳамин аст, ки роҳи илмии устод Осимиро дар ҷодаи фалсафа ва методологияи илмҳои табиатшиносӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ, яке аз файласуфон ва кайҳоншиносони номвар, устод Акбар Турсон на танҳо идома, балки ба шоҳроҳи бузург ва маҷрои пуртуғёни илмӣ табдил дод.

 Устод Акбар Турсон низ чун устод Муҳаммад Осимӣ донишгоҳро бо ихтисоси физика ба поён расонида, барои аз нигоҳи фалсафӣ омӯхтан ва таҳлил кардани ҳаводису равандҳои табиату кайҳон ба фалсафа рӯй овардааст. Устод Акбар соли 1961 факултаи физикаю риёзии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намуда, чанд муддат (1961-63) ба ҳайси корманди хурди илмии шуъбаи физикаю риёзии АМИ Тоҷикистон фаъолият ва давоми як сол (1963-64) дар аспирантураи ҳамин шуъбат таҳсил мекунад. Баъд аз он таҳсилро дар аспирантураи Институти фалсафаи АИ ИҶШС (1964-67) идома дода, дар мавзӯи «Проблемаи методи таҳқиқ дар космологияи муосир» (1968) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Пас аз баргашт ба меҳан дар шуъбаи фалсафаи АМИ Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ (1967-69) ва ходими калони илмӣ (1969-79) пайи таҳқиқи масоили мухталифи фалсафа ва методологияи улуми табиатшиносӣ ва таърихи илм буд. Дониши фавқулода бузург ва ҷаҳонбинии илмии фарохи ӯро ба инобат гирифта, муовинии сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷикро (1979-82) бар зиммаи устод Турсон вогузор карданд ва ӯ дар ин муддат, дар мавзӯи «Бунёди кайҳоншиносии илмӣ» (1982) рисолаи докторӣ дифоъ менамояд. Сипас, ба ҳайси директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносӣ (1986-92), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (1993-94) ва директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИ Тоҷикистон (2011-15) фаъолият мекунад. Давоми солҳои 1994-2011 дар ИМА умр ба сар бурда, дар он ҷо низ ба ҳайси муҳаққиқи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилван (Филаделфия, 1994-1998) ва ходими калони илмии Маркази зистшиносии Осиёи Марказии ин донишгоҳ (1998-2010) пайи омӯзиш ва пажӯҳиш буд.

  Соҳаву равияҳои таҳқиқи файласуф ва кайҳоншиноси шуҳратёр Акбар Турсон хеле фарох ва гуногунранг буда, масъалаҳои назариявии таърих, фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, глобалистика, методологияи табиатшиносӣ, таърихи илму фарҳанги Шарқ (махсусан, таърихи илм ва фалсафаи тоҷик) ва мақоми инсон дар кайҳон мебошанд. Устоди гиромӣ муаллифи беш аз 500 мақола ва 20 рисолаву китобҳоест, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ иншо шудаанд. Қариб дар ҳамаи маҷаллаҳои бонуфузи марказии илмӣ-академии Шӯравӣ, чун «Вестник АН СССР», «Вопросы философии», «Философские науки», «Вопросы литературы», «Свободная мысль», «Природа», «Земля и вселенная» ва «Наука и религия» мақолоти пуразриш таълиф намудааст. Ҳамчунин, дар таълифи китобҳои бунёдие, ки бонуфузтарин пажӯҳишгоҳҳои АИ Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1973-1988 тариқи нашриёти марказии академӣ - «Наука» интишор додааст, ба унвони муаллифи бобу фаслҳои алоҳида ширкат варзидааст.

  Консепсия ва назароти фалсафӣ, кайҳоншиносӣ ва методологию табиатшиносии устод Турсон дар асарҳои «Инсон, атом, кайҳон» (1967), «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ» (1974), «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера» (1975), «Кайҳоншиносӣ ва эътиқоди динӣ» (1975), «Банди фалак» (1976), «Бунёди фалсафии фанҳои табиатшиносӣ» (1976), «Проблемаи фалсафии астрономияи асри XX» (1976), «Принсипи симметрия» (1978), «Астрономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гнесиологӣ ва аксиологии илм» (1980), «Фалсафа, табиатшиносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиатшиносӣ ва инсоншиносӣ» (1983), «Эҳёи Аҷам» (1984), «Турфа кайҳоне» (1984), «Қирони саъд» (1986) ва «Тоҷикон дар чорраҳаи Ховару Бохтар» (2015), ки муҳимтарин осори устоданд, инъикос ёфтаанд.

  Дар ин асарҳо устод Акбар Турсон муҳимтарин масоили фалсафа ва методологияи илмҳои табиташиносиро аз зарраҳои суббунёдию бунёдӣ то низомҳои галлактикию коинот дар маҷмӯъ, аз дидгоҳи назариёту кашфиёти муосири улуми табиатшиносӣ, махсусан физикаю астрономия таҳлили фалсафӣ карда, муҳимияти хираду дониши инсон ва мақоми ӯро чӣ дар аҳди бостон ва чӣ дар замони муосир махсусан таъкид менамояд. Ба андешаи ӯ ҳарчанд «дар байни осори ғоявии гузашта ва афкори ҳозира алоқаи канданашаванда вуҷуд дошта» бошад, маҳз ба туфайли равобити наслҳову замонҳо «дарахти дониши инсон ҳеҷ гоҳ хушк намешавад ва ҳамеша нашъунамо меёбад». Бо назардошти ҳамин андеша устод Акбар Турсон андешаи космологӣ ва донишҳои илмии табиатшиносии инсонро аз аҳди бостон то ба имрӯз, вобаста ба марҳилаҳои муайяни таърихӣ таҳлилу баррасӣ намуда, дуруст таъкид менамояд, ки «барои инсони ибтидоӣ масъалаи пайдоиши табиати ғайризинда бо масъалаи пайдоиши худи одамон як аст ва ба ин маънӣ асотири космогонӣ ва асотири этнографӣ мазмунан якхелаанд». Аммо «космологияи илмӣ бошад, чун марҳилаи ҳозираи таҳқиқоти табиат, аз оғози давраи Эҳё ин ҷониб вуҷуд дорад, ки он бо низоми гелиосентрии олам по ба арсаи таърихи башар ниҳод. Баъди эҷоди назарияи ҷозибаи умумиҷаҳонии Нютон ва сонитар кашфи асосҳои илми термодинамика ва физикаи статистӣ барои гузариш ва таҳлили физикии сохти геометрии фазо ва қонуниятҳои таҳаввули (эволютсияи) Коиноти том шароити мусоид фароҳам омад. Аммо ҳамчун соҳаи мустақили дониши физикӣ космология фақат пас аз ихтирои назарияи умумии нисбияти Эйнштенн сурат гирифт: Эйнштейн бори нахуст назариян худро барои ҳалли масъалаи кайҳоншиносӣ кор фармуд ва аввалин модели физикию геометрии Коиноти томро мураттаб сохт».

  Дар ин навиштаҳо устод Турсон на танҳо нахушкидани дарахти дониши инсон, балки сол аз сол рустану инкишоф ёфтан сершох, сернавда ва сербарг шудани онро дар мисол рушди донишҳои космологӣ ба таври возеҳ нишон медиҳанд. Маҳз дар ҳамин ҷо яке аз нутаҳои асосӣ ва мушобеҳии афкори фалсафии арбарустодон Муҳаммад Осимӣ ва Акбар Турсон бармалост: агар устод Осимӣ аз байни шоху навдаҳо ва баргҳо ҷустан ва чидани меваҳои «дарахти илм»-ро натиҷаи фаъолияти пай дар пайи олимон донад, устод Турсон нашъунамои ин дарахтро дар мароҳили мухталифи таърихӣ равшан менамояд.

  Ҳамчунин, агар устод Осимӣ дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқотҳои хеш мавҷудияти мактаби атомизми материалистии Шарқро кашф карда бошад, устод Турсон дар асоси далелҳои мушаххаси илмии таърихӣ собит менамояд, ки «афкори илмию фалсафии асрҳои миёнаи Шарқ умуман дар давраи Эҳёи Аҷам махсусан ҳамчун зинаи қонунӣ ва зарурии таърихи фарҳангии одамизод барои ривоҷу равнақи ояндаи тамаддун заминаи мустаҳкамро фароҳам овардааст». Ба андешаи устод Турсон дар таърихи миёнаи тамаддуни ҷаҳонӣ давраи Ренессанси эронӣ, ки бештар аз шаш аср тӯл кашидаасту ба дунёи мутамаддин на фақат як зумра устодони забардасти каломи бадеъ (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, ва дигарон), балки як қатор олимони бузургро (Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Ибни Сино, Абӯнаср Форобӣ, Абӯрайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Насириддини Тӯсӣ, Ибни Ҳайсам ва дигарон)-ро додааст, нақши равшан гузоштааст.

  Ҳамин тавр, абарустодон Муҳаммад Осимӣ ва Акбар Турсон ду қуллаи бузурги фалсафа ва методологияи улуми табиатшиносии тоҷик буда, бо ҳисси баланди миллатдӯстӣ ва ифтихори волои меҳанпарастӣ дар пажӯҳиши осори ҳакимони табиатшиноси миллати куҳанбунёди мо ва ба ҷаҳониён муррафӣ намудани дастовардҳои классикони илми тоҷик таҳқиқотҳои пурарзише анҷом додаанд ва саҳми бузург гузоштаанд. Аз ин рӯ, чун сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бораи гиромидошти фарзонагону аламбардорони миллатамон – «…бояд силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем» ва бояд дар муаррифии ин ситорагони тобноки фалсафаи табиатшиносӣ ба насли имрӯзаю оянда ва идома додани шоҳроҳи бузургии илмии эшон гомҳо бигзорему аламҳо бардорем. Зеро сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, ашхоси тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушоянд.

 

Номвар ҚУРБОН,

раиси Шӯрои олимони ҷавони

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз маҷаллаи "Маърифати омӯзгор", №8, 2020. - С.39-43 

Хондан 1507 маротиба