JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 31 Августи 2020 05:41

Устод М.С.Осимӣ ва эксперименти “Помир”

Муаллиф: Ризои Баҳромзод ва Аъзам Муқумов
Ҷаласаи кории Эксперименти "Помир" дар Душанбе, соли 1974. Аз чап ба рост: И.Бобоҷонов, А.Адҳамов, Н.М.Махсумов, Н.А.Добротин, М.С.Осимӣ, Ю.Тамошевский, С.А.Славатинский [1]. Ҷаласаи кории Эксперименти "Помир" дар Душанбе, соли 1974. Аз чап ба рост: И.Бобоҷонов, А.Адҳамов, Н.М.Махсумов, Н.А.Добротин, М.С.Осимӣ, Ю.Тамошевский, С.А.Славатинский [1].

  Устод М.С.Осимӣ яке аз бузургтарин шахсияти асри 20 миллати тоҷик мебошанд, ки дар қатори С. Айнӣ, Б. Ғафуров, С. Умаров ва М. Турсунзода дар рушди Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯву эътибори он нақши назаррас доранд. Агар устод Айнӣ ба кори Академияи илмҳои кишвар оғоз бахшида, устод Султон Умаров пояҳои онро устувор карда бошанд, маҳз М.С.Осимӣ онро ба дараҷаи баланд расонида, фаъолияти устодони худро таҳким бахшиданд.

  Саҳми устод М.С.Осимӣ дар рушди илмҳои дақиқ хеле зиёд аст. Ташкил ва роҳбарӣ кардани Донишкадаи политехникӣ дар шароите, ки дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як номзади илмҳои техникӣ буду халос ин як қаҳрамонист.  Имрӯз ин донишкада яке аз муассисаҳои беҳтарини кишвар аст. Ҳамчунин дар замони роҳбари Академияи илмҳо будани академик М.С.Осимӣ муассисаҳои муҳими илмии Тоҷикистон сохта шудаанд. Аз ҷумла, бинои асосии Расадхонаи астрономии Ҳисор (1971), Расадхонаи Санглох (1980), Маҷмааи заминии астрономия офтобии “Помир” ("Солнечный  астрономический наземный комплекс "Памир"). Маҳз дар ҳамин марҳила дар Расадхонаи астрономии Ҳисор Дастгоҳи дақиқи астрономӣ (ВАУ) ва маҷмааи радиотехникии “Горизонт” (барои таҳқиқи физикаи ионосфера ва ҳодисаҳори метеорӣ) насб карда шуданд. Академик Пӯлод Бобоҷонов дар як баромадашон қайд карда буданд, ки устод М.С.Осимӣ қариб ҳар моҳ як бор аз рафти сохтмони Расадхонаи Ҳисор хабар мегирифтанд. Баъди ба фаъолият шуруъ карданаш меҳмонони хориҷиро ба онҷо бурда, аз дастовардҳои олимони тоҷикистонӣ нақл мекарданд.

  Дар ташкили Пойгоҳи омӯзиши нурҳои кайҳонии “Помир” низ саҳми устод М.С.Осимӣ кам нест, зеро маҳз он кас ҳамчун президенти Академияи илмҳо масъули қабули қарор дар бораи гузаронидани экспериментҳо буданд. Ин чиз махсусан аз мукотибаи байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи АИ ИҶШС (ФИАН) баръало намоён мегардад. Доир ба гузаронидани таҷрибаҳои якҷоя дар Помир аз тарафи роҳбарияти ФИАН ба номи М.С.Осимӣ мактуб меояд (мактуби №112-445 кл-408 аз 15 январи соли 1971), ки дар он вобаста ба таҳқиқоти якҷояи олимони Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров ва ФИАН дархост фиристода мешавад. Устод М.С.Осимӣ дар мактуби ҷавобӣ (№1/515 аз 18 марти 1971) дархости олимони Маскавро қабул карда, барои муайян сохтани барнома ва нақшаҳои таҳқиқот пешниҳод намуданд, ки мудири лабораторияи физикаи ҳастаии Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров (ИФТ ба номи С.У.Умаров) Ином Бобоҷонов ба Маскав сафар намоянд. Ҳамин тариқ, худи ҳамон сол макети камераи рентгениву эмулсионӣ дар масоҳати 20 м2 сохта шуда, таҳқиқот оғоз гардид. Фаъолияти ин дастгоҳ нишон дод, ки дар он метавон таҳқиқоти муҳими илмӣ анҷом дода, дар натиҷа ба хулоса омада шуд, ки масоҳати онро зиёд намоянд. Дар ин бора директори ФИАН академик Д.В.Скобелтсин ба номи устод М.С.Осимӣ мактуб менависад (№112-634-6772 аз 21 октябри 1971), ки аз он ҷумла чунин омадааст: “Қайд кардан бамаврид аст, ки дар марҳилаи аввали кор лабораторияи физикаи ҳастаи Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Бе иштироки ин лаборатория насби камераи эмулсионӣ дар Помир ғайриимкон мебуд. Умедворам, ки ҳамкории бомуваффақият оғозгардида байни ФИАН ва ИФТ ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон тавсеа ёфта, дар солҳои наздик дар Помир дар баландии зиёдтарини дастрас дастгоҳҳои рентгениву эмулсионии масоҳаташон калон насб карда мешаванд, ки барои таҳқиқи таъсири мутақобилаи зарраҳои баландэнергия имкон медиҳанд.”

  Дар мактуби ҷавобӣ бошад (аз 12 ноябри 1971), устод М.С.Осимӣ аз ҷумла менависанд: “Раёсати Академия илмҳои Тоҷикистон умед мекунад, ки ҳамкории байни Институти Шумо ва ИФТ ба номи С.У.Умаров оғоз гардида, барои лабораторияи ҷавони физикаи ҳастаӣ мактаби хубе гардида, онро бо гурӯҳҳои бонуфузи илмӣ дар як радиф қарор медиҳад.”

  Дар ҳақиқат ин умеди устод М.С.Осимӣ амалӣ гардид ва Лабораторияи физикаи ҳастаи ИФТ ба номи С.У.Умаров ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Махсусан, ин лаборатория дар амалишавии эксперименти мазкур нақши калидӣ дорад. Гуфтан бамаврид аст, ки дар доираи Эксперименти “Помир” дар минтақаи Ак-Архари ноҳияи Мурғоб камераи рентгениву эмулсионии калонтарин насб карда шуд, ки масоҳати 1000 м2-ро дар бар мегирифт.

 

Ҷаласаи кории Эксперименти "Помир" дар Душанбе, соли 1974. Аз чап ба рост: И.Бобоҷонов, А.Адҳамов, Н.М.Махсумов, Н.А.Добротин, М.С.Осимӣ, Ю.Тамошевский, С.А.Славатинский [1].

 

  Яке аз поягузорони физикаи ҳастаӣ дар Тоҷикистон ва яке аз роҳбарони Эксперименти “Помир” Ином Бобоҷонов нақл карда буданд, ки вақте дар Помир ба таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ шурӯъ намуданд, устод М.С.Осимӣ он касро наздашон даъват карда мегӯянд: “Ин таҳқиқот барои обрӯи Тоҷикистон нақши муҳим дорад, бинобар ин агар дар раванди он ягон мушкилӣ пеш ояд, метавонед аз соати 8-и субҳ то 12-и шаб бемалол занг занед.”

  Ин нишонаи он аст, ки устод М.С.Осимӣ барои ҳалли масъалаҳои илмӣ ва ташкилии Академияи илмҳо ҳамеша омода буданд. Боиси тазаккур аст, ки оянданигарии устод доир ба обрӯи Тоҷикистон амалӣ гардид ва зарраи аз ҳама баландэнергияе, ки дар чунин таҷрибаҳо ба қайд гирифта шудааст, номи “Тоҷикистон”-ро гирифт.

 

Ризои Баҳромзод ва Аъзам Муқумов

Ходимони пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

[1] И. Бобоҷонов “Взаимодействия адронов и ядер космических лучей сверхвысоких энергий”. Душанбе, Эр-граф, 2017. –124 с.

Хондан 1016 маротиба