JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 11 Ноябри 2020 04:13

Парвардаи мактаби рӯшангарии миллӣ

Муаллиф:

(паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин  Шарифзода)

  Мо, аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳамасола байни худ таърихи 11 ноябрро  ба унвони  “Рӯзи рӯшангарии навини миллӣ” таҷлил мекунем. Ин навъ санасазӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд,  довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ  исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.

   Исомиддин  Шарифзода дар баробари таълиму тадриси насли ҷавон (ӯ солҳост ба сифати мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар самти омӯзгорӣ умрфарсоӣ мекунад), ба фаъолияти илмию эҷодӣ машғул шуда, тавассути ибтикороту ташаббусоти шахсӣ ва инфиродӣ бо таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангӣ ва илмию ихтисосӣ ҳамқадам аст. Мавсуф рисолати фикрӣ, ихтисосӣ ва мадании худро дар раҳонидани мардум аз қайдубандҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фикрию идеологӣ дида, дар ин масир ҳадафмандона гом бармедорад.

   Исомиддин ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ саъю талоши фаровон меварзад. Исомиддин Шарифзода бо таълифи монографияи муфассали илмии “Антропологияи фалсафии Азизуддини Насафӣ” (ниг.: Шарифов И. Философская антропология Азизуддина Насафи. –Душанбе: Ирфон, 2017. -165 стр.) дар бозкушоии паҳлуҳои фалсафии мероси сӯфия (дар мисоли осори Азизуддини Насафӣ) ва бархӯрди илмӣ бо масоили тасаввуфи исломӣ саҳми муносиб гузоштааст. Чанд соли ахир таълифот, мутолибот, мусоҳибот ва гузоришоти ҷолиби илмӣ, ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Исомиддин Шарифзода дар ВАО-и ватанӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардаанд. Бавежа, барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” (ҳар ҳафта саҳари рӯзи шанбе ва такроран зуҳри сешанбе аз тариқи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” пахш мешавад), ки И. Шарифзода масъул ва муҷрии он маҳсуб меёбад, минҳайси минбари баҳсу мунозироти илмию фалсафӣ ва муколимоти адабию фарҳангӣ миёни бинандагони ватанӣ маҳбубият пайдо кардааст. Масъул ва муҷрӣ И. Шарифзода дар доираи барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” бо ҳузури донишмандону пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ масоили муҳимми фалсафӣ, илмӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва фарҳангиро матраҳ мекунад ва ҷиҳати ҷалби ҷомеаи маданӣ ва фаъолони фарҳангӣ ба ин пружаи телевизионӣ  аз тамоми имконот истифода мебарад.

   Кӯшишу иқдомоти шахсиятҳое назири Исомиддин Шарифзода аст, ки илму фалсафа ва фарҳанги миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  нуфузи чашмгире доранд ва ҳанӯз дар банди таассубу хурофоти мазҳабӣ вогир нашудаанд.

Воқеан, маҳфили  “Ҷаҳони андеша” аз ҳузур ва нуфузи чунин шахсияти ҳавзаи рӯшанфикрии миллӣ ифтихор мекунад. 

       Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, парвардаи мактаби рӯшангарии миллӣ Исомиддин Шарифзода!

 

          Ин ҷаҳон майдони разми неку бад – хайру шарист,

          Ҳарбу зарби нуру зулмат аз азал сартосарист,

          Илмро аз ҷаҳл дар асри нав охир бартарист,

          Ин ҳама ҷаҳду ҷадал парвардаи рӯшангарист!

 

   Бо эҳтиром ва самимият,

   маҳфили  “Ҷаҳони андеша”

  11 ноябри соли 2020  

        

              Ин ҳама ҷаҳду ҷадал парвардаи рӯшангарист!

(эҳдо ба дӯсти гиромӣ Исомиддин Шарифзода)

 

          Ин ҷаҳон майдони разми неку бад – хайру шарист,

          Ҳарбу зарби нуру зулмат аз азал сартосарист,

          Илмро аз ҷаҳл дар асри нав охир бартарист,

          Ин ҳама ҷаҳду ҷадал парвардаи рӯшангарист!

 

        11.11.2019, душанбе, соати 11:10

 

 Ин заминро нозанин як қудрати афкор кард

(ба муносибати зодрӯзи марди шариф, файласуфи варзида Исои Шарифзода)

 

Илму доноӣ бубин, чашми башар бедор кард,

Сарнавишти ҷаҳлу нодонӣ ҳама бекор кард.

Осмон лофу газофи нилгунӣ мезанад,

Ин заминро нозанин як қудрати афкор кард.

 

Шавқ андар дил, шукӯҳи ҷуръати ишқи абад,

Алғараз Мансурро маҷзуби чӯби дор кард.

Рози ҳасту будро з-афсонаҳо ҷустан хатост,

Ибтикори илм кашфи сад ҳазор асрор кард.

Фикри рӯшанбин амалро раҳнамоӣ мекунад,

Зиндагиро ҷаҳли торикбин мусибатбор кард.

Ошноӣ, ҳамнишинӣ бо чунин марди шариф,

Даври умри мо ширин айём нотакрор кард.

 

Бо эҳтиром ва ихлоси бепоён,

Нозим Нурзода

11.11.2016, ҷумъа, соати 16:00

 

Табрикоти манзум

Исои дигар, Ибни Масеҳои нав омад!

(ба ифтихори зодрӯзи дӯсти азизам, инсони шариф ва фарзонаи замон Исомиддин Шарифзода)

Аз батни вуҷуд одами дунёи нав омад,

Бар рағми адам маҳшари даъвои нав омад.

Бар куҳнасарои ғаразу зулму ҷаҳолат,

Ин марди накӯ бо хирад аз ҷойи нав омад.

Озурдадило, ғам махӯр ин бор, ки акнун

Бар кӯйи висол ошиқи шайдои нав омад.

Дар маҳфили дидор, бубин, марди сазовор

Бо ҳарфу сухан, лутфу таманнои нав омад.

Аз куҳнатақозои замон хаставу ранҷур,

Эй муддаиён, вақти тақозои нав омад.

То чанд занӣ лофи тавонмандию зӯрӣ,

В-ин мард ба нерую тавонои нав омад.

Аз баҳри наҷоти башар аз фитнаи Даҷҷол

Исои дигар, Ибни Масеҳои нав омад.

11 ноябри соли 2018, соати 13:05, якшанбе, ш. Душанбе.

 

  

В-аз хишти эътибори Ватан хона мезадам

(бардошт аз руъёи Исо Шарифзода)

 

Дидам ба хоб пой ба кошона мезадам,

В-аз хишти эътибори Ватан хона мезадам.

Дар базми нойю нӯш барои шукӯҳи бахт,

Бо ҷамъи дӯст бодаи шукрона мезадам.

Бар рағми ҷаҳл аз тариқи минбари хирад,

Бо ҳукми ақл хутбаи риндона мезадам.

Инсонпарастӣ шеваи хобу хаёли мо,

Бо ин хаёл сар бад-он афсона мезадам.

Оре, фурӯғи шамъи хирад аз мадори шавқ,

Парвоз даври шамъ чу парвона мезадам.

Баҳри наҷоти аҳли Ватан аз қуюди ҷаҳл,

Озодабонгу наъра далерона мезадам.

Фарзонапешагист мақоми вуҷуд агар,

Худро миёни мардуми фарзона мезадам.

Бо хеш васл ҷуставу аввалтар аз ҳама,

Қуръа ба номи хеш, на бегона мезадам.

Дар орзуи умри Хуросони Ориё,

Бар каф пиёла, соғари паймона мезадам.

 

2 марти соли 2019, шанбе, соати 21:37

Хондан 1051 маротиба