JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 12 Ноябри 2020 10:06

Марде фарҳангӣ дар хидмати илмӣ ватанӣ (Бахшида ба 75- солагии академик Улмас Мирсаидов)

Муаллиф: Бахшулло Ҷумъаев, Юлдошбой Ҳоҷибоев, Ҳамза Боқиев

 "Хирад омӯхтани илм асту хирадмандӣ кор бастани он» 

                     Ғаззолӣ

   Зиндагӣ майдони набард аст. Дар ин майдон бештар ба ноадаолативу бераҳмӣ рӯ ба рӯ меойӣ.  Ва онҳое дар ин майдон пирӯз мегарданду ҳақиқатро соҳиб мешаванд, ки дорои иродаи  матин буда, дар сангарҳои зиндагӣ  чун шахсият обутоб ёфтаву  ба камол расидаанд.  Корзори илм, ки  дар тобеияти майдони зиндагӣ қарор гирифтааст,  шабеҳ  ба варзишгоҳи  чавгонбозист.

   Дар ин майдон навозиш дидану силли хӯрданҳо, афтодану хестанҳо,  талхию  ширинҳо  тавъаманд.  Борҳо шунидаему хондаему шоҳид  гаштаем, ки  соликони ин роҳ ба манзили мурод нарасидаанд ва тундбоди зиндагӣ онҳоро  аз  сабзишу гуволиш бозмондааст. Аммо ҳамон солике ба манзили мурод мерасад, ки  бо ҳама ноҷӯриҳову нобасомониҳои зиндагӣ  бо диди хираду  ақли солим ва фаросати комил  кор гирад.   Ҳамин аст, ки  дар ҳамаи давру замонҳо илми оламфарогир қуллаи мурод буда, роҳ то  ба он ҷо  пурпечутоб ва душворгузар аст. Фақат  пирӯзӣ  ва фатҳи ин қуллаи мурод  насиби  ашхосе  мешавад,  ки аз душвориҳо наҳаросида ва бо донишу хиради азалӣ  ва  илму ҳикматҳои  ғании омӯхтааш  ба умқи  дарёи бекарони  илму дониш чун ғаввоси моҳир ғӯта хӯраду,  ба қадри тавонаш аз он  дурдонаҳои  мақсудро дар дохили садафи имкон  медарёбаду бо дастранҷҳояш  зиндагии ҳамнавъонро  зиннат мебахшад. Дар ҳама давру замон  миёни миллату халқиятҳои мухталиф шахсиятҳое ба дунё омадаву ба камол  мерасанд, ки   зиндагиро аз гандидан наҷот дода, роҳи наслҳоро  нурборон сохтаву онҳоро ба  ояндаи нек   роҳнамо мешаванд.  Ин тоифа ахтарони пурҷилои давру замони худанд ва дурахшҳои нури маърифаташон асрҳои аср  бегазанд боқӣ мемонад.

  Яке аз чунин шахсиятҳо, олими шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, инсони фозил, акдамики  АМИТ, доктори илми химия, профессор, собиқ директори институти Химия ба номи В.И.Никитини АМИТ, собиқ президенти  АМИТ,  собиқ директори агенти амнияти ядроӣ ва радатсионии АМИТ, Сарходими илмии агенти амнияти ядроӣ ва радатсионии АМИТ олими пурмаҳсул, устоди варзидаю шинохта –Мирсаидов Улмас Мирсаидович мебошанд, ки дар тӯли 75 соли умри пурфайзу бобаракаташон зиёда аз 50 соли онро дар соҳаи ташкилии барномаҳо илмӣ, муассисаҳои илмӣ, тайёр ва омада намудани мутахассисони соҳаи илм, корҳои таълиму тарбияи кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриамон ҷоннисорона сарфи хизмати халқи азиз  кардаистодаанд. Устод дар тамоми  фаъолияти кориашон  гуфтаҳои зеринро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор дода, бо покизагию илмомӯзӣ сазовори эътирофи атрофиён гардидаанд:

 Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо ки равӣ азизу  маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи сари наберагони одам бошӣ.

  Азбаски оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва илмию омӯзгории устод У.М.Мирсаидов дар китобу маҷаллаҳо ва рӯзномаю ҳафтаномаҳои алоҳидаи дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ба нашр мерасида ва  ҳатто дар  шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути  интернет ба тамоми донишмандон ва  мухлисонашон  дастрас маълумоти зиёде интишор гардидааст, мо  низ ин ҷо  такрори он ҳамаро ҷоиз намедонем.  Танҳо ҳаминро ба хотир овардан, кифоя мебошад, ки Устод дар муассисаҳои АМИТ, донишгоҳ ва донишкадаҳои бонуфузи ҷумҳуриамон кор ва фаъолият намуда, ҳамеша дар байни кормандон ва ҳайати профессорону устодон намунаи ибрат буданд ва ҳастанд. Инчунин ба маврид аст, ишора намоем, ки таи солҳои фаъолияти илмӣ ва роҳбариашон академик У. Мирсаидов дар аксарияти марказҳои илмии шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи дуру наздик дар ҷамъомадҳои илмӣ, омодасозӣ ва бастани шартномаҳои илмӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Президенти АМИТ буданашон иштирок карда, баҳри пешрафти илм, робитаҳои илмӣ соядасти хешро гузоштаанд, инчунин  дар  конфронс ва симпозиумҳои бонуфузи илмии  байналмилалӣ иштирок ва баромад  намуда, илмӣ тоҷикро муаррифӣ намудаанд. Дар ин айём академик Улмас Мирсаидов баҳри беҳбудии  зиндагӣ ва маишати олимон, махсусан узви  вобаста ва пайвастаи Академия  бо ба назаргирии вазъи  иқтисодии кишвар ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои узви  вобаста ва пайвастагон  ҳар  моҳ  ҳаққи қалам  дода шавад. Хушбахтона, ин пешниҳод дастгирӣ  ёфту то ба имрӯз  самараи нек ба бор овард. Чизи дигар  ва муҳим он буд, ки маҳз бо ташаббус ва  ғамхориҳои устод Улмас Мирсаидов ҳадди ақали синну соли  касоне, ки ба узвияти вобастаи академия пазируфта мешаванд, ба 50  қарор гирифт.

   Дар замони ба ҳайси президени Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданашон,  устод Улмас Мирсаидов тавонистанд, ки баргузории  чорабиниҳи  муҳими умумиҷаҳониро дар кишварамон амалӣ намоянд. Дар ин давра  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  робита ва ҳамкориҳои  илмии  худро бо зиёда аз 50 марказҳои илмии ҷаҳон барқарор намуд.  Бо иқдоми бевоситаи Улмас Мирсаидов Академия илмҳо  аъзои комили  ташкилотҳои ҷаҳонии зерин гардид: ААSA- Ассоситатсия  Академияи илмҳои  мамолики Осиё; МААН-  Ассосиатсияи байналхалқии Академияи илмҳо, ки дар он устод Улмас Мирсаидов ба ҳайси ноиби президенти ин  ташкилот  интихоб гардида буд; TWAS-  Академияи  илмҳои  кишварҳои сеюм; IAP-    Шӯрои байналмилалии  байни академияҳо; ICSU- Шӯрои  байналмилалии марказҳои илм.

  Бо қалами  академик  У.М.Мирсаидов  шумораи зиёди асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ бо теъдоди зиёд таҳия ва нашр шудаанд. Мо танҳо мехостем андешаи худро оид ба  таҳия ва дастраси хонандагони гиромӣ гардонидани яке аз асарҳои илмӣ-оммавии устод, ки «Онҳо шуҳратёри Ҷумҳурии Тоҷикистон»  унвон дошта, тавассути нашриёти «Дониш» соли 2020  ба нашр расидааст, каме  маълумот  диҳем. Дар китоби мазкур мақолаҳои устод, ки дар солҳои гуногун оид ба ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон ба монанди Садриддин Айнӣ- нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академикҳо: Муҳаммад Осимӣ, Раҷаб Амонов,  А.Н.Махсумов, Э.У Нуъмонов, Ғ.Алиев, Ҳ.М.Сафаров, П.Бобоҷонов, Т.Н.Назаров, К.Ҳ.Ҳайдаров, М.И.Илолов, узви вобастаи АИ ҶТ Р.Ю.Юсуфбеков, професорон- Ш.Нуридддинов, Ҷ.Ҷумъаев, С.Г.Бандаев, Л.Солиев, Ю.Ҳоҷбоев, Ф.Муҳиддинов, М.Б.Баротов, Ғ.Муҳиддинов, Н.Носиров, Қ.Нарзуллоев ва дигарон  таълиф шудаанд, маълумоти муҳим ироа шудааст, ки дар рушди худогоҳию  худшиносии  ҷомеъа нақши муайянро бозидаанд, дар айни замон ва оянда баҳри тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми муҳимро  иҷро мекунад.

  Самти таҳқиқоти илмии Улмас Мирсаидов химияи моддаҳои нерӯяшон бузург, технологияи масолеҳҳои ғайриузвӣ, бехатарии радиатсионӣ, Инчунин экология радиатсионӣ мебошад, Академик Улмас Мирсаидов  муаллифи 600  мақола, 35 монография, 90 ҳуқуқи муаллифӣ ва патентҳо мебошанд. Дар зери роҳбарии ӯ 15 нафар  рисолаи докторӣ ва бештар 50 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Устод тавонистанд, ки мактаби хуби кимиёшиносиро дар кишварамон таъсис диҳанд, ки имрӯз дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад.  Бисёре аз  шогирдони ин мактаб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҳалқ  фаъолият доранд  ва дар баробари ин  роҳбарии шуъбаҳои илмиро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба дӯш доранд.  Ҳамзамон устод Улмас Мирсаидов дар тайёр намудани мутахассисони соҳибдараҷаи илмӣ барои кишварҳои  Нигерия ва Сурия  саҳми арзанда гузоштаанд.

  Академик Улмас Мирсаидов аъзои як қатор ташкилотҳои байналмиллалӣ ва академияҳо мебошанд. Ному шуҳрати академик Улмас Мирсаидов барои мо тоҷикон мояи ифтихор аст. Зеро  эшон имрӯз дар ҷаҳон шуҳратёранд.   Устод  дар конфронсу симпозиумҳои илмии сатҳи ҷаҳонии зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон, аз қабили  ИМА, Олмон, Фаронса, Шветсия, Финляндия, Австрия, Чин, Ҳиндустон, Эквадор, Марокко, Норвегия, Англия, Испания, Лаҳистон, Италия, Юнон, Москва, Санкт-Петербург, Киев, Тошкент, Самарқанд, Боку, Ереван ва монанди инҳо  иштирок намудаву  суханронӣ намудаанд. 

  Академик  У.Мирсаидов дорои мукофотҳои Комсомоли ленинӣ (1980), мукофоти байналмиллалии Академияи байналмиллалии  ICESCO (2010), мукофоти байналмиллалиии ҷаҳони сеюм – TWAS (2017), Мукофоти байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораи Иттиҳод» (2020) мебошанд.

  Устод Улмас Мирсаидов  31-уми августи соли 2009 барои талошҳои  пурсамараш дар бахши улуми табиъатшиносӣ ва риёзиёт, химия, заминшиносӣ ва фан  бо ҷоизаи  давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино тақдир гардиданд. Бояд гуфт, ки ин  ҷоиза  ба фаъолияти ин олими саршинос ба пажӯҳишҳое дар арсаи гидридҳои об ва олуминиюм, ки ҷузъҳои муҳимми сӯзишвории сахти ракетӣ ва манбаъҳои гидроген мебошанд, марбут аст. Зеро пайвастагиҳои гидридҳои бор ва олуминиюм ба сифати манбаъҳои гидроген, катализаторҳо, барқарорсозандаҳои селективӣ ва ҳамчун маводди самарадиҳанда дар техникаи мудофеъа истифода мешаванд. Таъкид ба маврид аст, ки натиҷаи фаъолияти илмӣ ва истеҳсолии Улмас Мирсаидов дар Корхонаи гидрометаллургияи Исфара ва Иттиҳодияи тавлидотии “Навоиазот” санҷида ва мавриди иҷро қарор гирифта ва аз тарафи Кумисиюни Академияи илмҳои собиқ Шӯравӣ дар соли 1980, Кумисиюни байниидоравӣ, солҳои 1976, 1981 ва 1986 баҳои мусбат гирифтааст.

  Дар "Зафарнома"-и Бузургмеҳри Ҳаким  омадааст: Гуфтам:-Дунё ба чӣ тавон ёфт? Гуфт:-Ба фарҳангсипосдорӣ-эҳтироми дониш. Гуфтам:-Агар илм омӯзам, чӣ ёбам? Гуфт:-Агар хурд бошӣ, бузургу номдор гардӣ,  агар муфлису нодор бошӣ, тавонгар гардӣ ва агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.

  Ин фармудаи Бузургмеҳри Ҳаким бидуни тардид бозгӯи зиндагӣ ва фаъолитяти пурсамари академик Улмас Мирсаидов  мебошад.

  Дар фарҷом бояд гӯем, ки  имрӯз, яъне 10-уми ноябр академик Улмас Мирсаидов-устоди  устодон, маҳбубу азизи ҳазорон ташнагони ҷодаи илм ҷашн доранд, ҷашни камолот. Мо устодро ба 75-умин баҳори  сарсабзи умрашон  самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз ва дар кашфи  қуллаҳои  илм комёбиҳоро орзӯ  намуда, дуо мекунем, ки:

Ҷаҳонат ба ному фалак ёр бод!

Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод!

 Бахшулло Ҷумъаев- узви вобастаи АМИТ,

доктори илмҳои биология, профессор

Юлдошбой Ҳоҷибоев-доктори илмҳои химия, профессор

Ҳамза Боқиев- номзади илмҳои филология, дотсент

Хондан 1456 маротиба