JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 17 Ноябри 2020 05:24

Як дастнависи навпайдои устод Мирзо Турсунзода

Муаллиф:

 Ба ифтихори 110-солагии устод Мирзо Турсунзода

   Бойгонии адибон ганҷинаест, ки корнома ва муҳимтарин лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти онҳоро вобаста ба шароити таърихӣ ба хонанда бозгӯ мекунад. Хусусан, ин ҳолат дар тақдири адибони барҷастаи замони Шӯравӣ бисёр мушоҳида мешавад. Ин гуна раванду рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳро омӯзишҳои бисёрсолаи адабиётшиносони маъруф И. С. Брагинский, Раҳим Ҳошим, Хуршеда Отахонова, Холида Айнӣ, Камол Айнӣ ва тадқиқоти ҷолиби ифшокунандаи масъала ва муаммоҳои адабиёти тоҷик дар замони Шӯравии донишманди барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, муҳаққиқи намоён Маъруфи Раҷабӣ равшан собит менамоянд. Омӯзиши маводи бойгониҳо равшан мекунад, ки довариҳои мунаққидону адабиётшиносони замони Шӯравӣ ба воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳам ба пиндору гуфторҳои адабию эстетикии солҳои 20-70-уми асри ХХ аз он баҳоҳое, ки то имрӯз ба онҳо сурат мегирифт, фарқ мекунанд. Айни замон дар ин самт дар адабиётшиносии тоҷик якчанд иқдоми муҳим ба назар мерасад, ки хеле пурсамар аст. Яке аз ин падидаҳо он аст, ки танқид ба моҳияти эстетикии адабиёт дар асоси маводи бойгониҳо бештар диққат ҷалб кардааст ва муаммоҳои адабиётро дар заминаи онҳо меомӯзад. Дар натиҷа арзиши илмӣ ва адабӣ доштани онҳо бештар маълум мегардад.

  Ҳолати дигар ва бисёр муҳим ин аст, ки мунаққидон дирӯз ва имрӯзи адабиётро дар мутафарриқию зиддият тадқиқ накарда, балки воқеаҳоро бо чашмандози таърихӣ ва диди тоза аз назар мегузаронанд. Бар асоси ин тамоюлот, ки аз муносибати объективии муҳаққиқ сарчашма мегирад, мо метавонем ба рӯйдодҳои адабӣ, фарҳангӣ ва илмии замони Шӯравӣ ва имрӯз назар намоем. Ин тарзи муносибат ба муҳаққиқ имкон медиҳад, ки ба воқеаю рӯйдодҳои гузашта баҳои одилонаю воқеӣ диҳад. Самараҳои ҷиддии ин тамоюлотро дар адабиётшиносии тоҷик дар тадқиқоти донишмандони маъруф Муҳаммадҷони Шакурӣ, С. Табаров, Х. Шарифзода, А. Сатторзода, Х. Асозода ва дигарон, инчунин дар ҷустуҷӯ, бозёфт, омӯзиш, баргардон ва чопи маводи нав аз тарафи адабиётшинос А. Маҳмадаминов ва дигарон дидан мумкин аст.

  Ҳоло мехоҳем барои ҷалби таваҷҷуҳи хонандагони осори Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маъруфи тоҷик, мунодии сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода як гуфтори устодро, ки матни қаламии он аз бойгонии Осорхонаи адабии ӯ пайдо шуд, манзури хонандагон намоем. Дар бойгонии осорхонаи М. Турсунзода, ки маводи зиёди адабию фарҳангӣ, шахсӣ, оилавӣ ва корӣ мавҷуданд, инчунин дастнависи асарҳо, дастнавис ва чопи мошиннависи нутқу гузоришҳо, қайдҳои сафар, мактуб ва барқияҳои гуногун нигаҳдорӣ мешаванд. Ин мавод метавонад барои омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода, коргоҳи эҷодии ӯ, масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии замони Шӯравӣ ва намояндагони дигари ин марҳалаи адабиёти тоҷик фактҳои ҷолибро фароҳам оварад. Бойгонии осорхонаи М. Турсунзода низ метавонад чунин нақшро иҷро намояд. М. Турсунзода, ки аз адибони машҳури замони Шӯравии мост ва аз ҳама бештар ба сиёсати замони худ гароиш дошт, дар ин миён корнамоии ӯ лоиқи диққати махсус аст. Манзури мо он аст, ки М. Турсунзода дар рӯйдоду ҳодисаҳои замон, бевосита иштирок дошта дар муборизаҳои сиёсӣ то ҳадди тавон аз манофеи миллӣ ҳимоят намуда, дар як марҳалаи барои миллати тоҷик муҳим барои рушди адабиёту фарҳанги он саҳми бузург гузоштааст. Зеро ҳар як иқдоми М. Турсунзода дар ҳаёти илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон мақоми шоистаи ситоиш доранд ва дар ин миён мақоми устод Мирзо Турсунзода мавриди зикри хоса мебошад.

  М. Турсунзода бо фармудаҳои хирадмандонаи устод Айнӣ барои мустаҳкамии пояи адабиёти нави тоҷик, тарбият кардани қувваҳои нави эҷодӣ ва ҳифзи сарвати маънавии миллат ва дастраси мардум намудани он, гузаронидани Даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва ва монанди инҳо кӯшиши зиёде намудааст. Дар ин ҷода аз устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ маслиҳат ҷуста, бо мукотиба, нишасту суҳбатҳо онҳо ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд ва ба ҳамдигар илҳом мебахшиданд. Ҳамин аст, ки ин соҳаи фаъолияти файёзи онҳо дар робитаи адабӣ ва эҷодии С. Айнӣ ва М. Турсунзода бо хатти заррин сабт шудааст. Дар солҳои баъд муҳаббати М. Турсунзода ба шахсият ва осори устод Айнӣ зиёдтар гардид. Қабл аз ҳама, доираи назар ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмиашро фарох намуд. Ин сифатҳо дар фаъолиятмандии онҳо дар баргузории Даҳаҳои санъат ва адабиёти тоҷик дар шаҳри Москва возеҳ мушоҳида мешавад. Албатта, хонандаи муҳтарам медонад, ки матн инъикосгари вазъи замон аст. Матни мазкур, низ як саҳифаи рӯзгори шоири сарояндаи машҳури сулҳу озодӣ Мирзо Турсунзодаро равшан менамояд. Устод Турсунзода бо истеъдоди беназири ташкилотчигӣ ва сарварие, ки дошт, ҷашнҳои фарҳангӣ, аз ҷумла даҳрӯзаҳои адабиёт ва санъати тоҷикро дар Москва ва дигар ҷумҳуриҳо дар ҷомеаи Шӯравии тоҷик барпо намуда, барои инкишофу навсозии адабу фарҳанги Тоҷикистон, тараққиёти адабиёт, илм ва ҳунари он ва дар ҳамин рӯҳия шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидан ба чеҳраҳои мондагори гузашта ва муосирони миллат ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани симпозиуму чорабиниҳои фарҳангӣ тамоми имкониятҳоро ба кор мебурд. Махсусан, дар замони Шӯравӣ бори аввал баргузории Симпозиуми ҷаҳонии шеъри форсӣ соли 1967 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар сари забонҳост.

  Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маъруф, балки ба сифати арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми мамолики мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол оқилона сарварӣ намуда, дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии ду қитъаи муборизи сайёра хидматҳои шоистаро анҷом дод. Маҳз қобилияти беназири роҳбарии ӯ будааст, ки сипозиуму чорабиниҳои фарҳангӣ бо корнамоии боризи ӯ саҳифаҳои таърихи Шӯравии тоҷикро мунаққаш намудааст. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор мекунад, ки чунин фарзанди фарзонаро ба дунё эҳдо намудааст, ки номи миллати тоҷикро шуҳрати ҷаҳонӣ додааст.

  Мавриди зикр аст, ки дар солҳои 1936-1960 мунтазам дар шаҳри Москва рӯзҳо ва ҳафтаҳои адабиёту санъати халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барпо мешуданд. Даҳрӯзаҳои адабиёту санъат то солҳои 50-ум дар алоҳидагӣ ва аз ин ба баъд дар якҷоягӣ-Даҳрӯзаи адабиёт ва санъат гузорида мешуд. Аз ҷумла, аввалин Даҳаи санъати тоҷик дар Москва аз 12 то 20 апрели соли 1941 гузаронида шудааст, ки дар он адибони тоҷик, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ иштирок намуда, бо роҳбари Шӯравӣ И. В. Сталин вохӯрӣ намудааст. Сипас, дар ин миён бо оғоз шудани Ҷанги Ҷаҳони Дувум (1941-1945) ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида намешуд. Бори дувум аз 21-уми сентябр то 5-уми октябри соли 1949 Даҳаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Москва баргузор шуд. Соли 1957 аз 9 то 20 апрел Даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва баргузор гардид. Албатта, барои гузаронидани ин чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ба ҷаҳонбинии иштирокчиён, аз ҷумла нависандагон таъсири зиёд бахшидааст, ташаббусҳои Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - устод М. Турсунзода бағоят бузург буданд. Ҳамин масъулиятшиносист, ки устод Турсунзода қабл аз баргузории он дар назди нависандагони тоҷик маърӯза карда, дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани Даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва бо рӯҳияи баланд пешвоз гирифтан ва масъулиятшиносии бузург ҳис намудани худро баён менамояд ва масъулияти нависандагонро, ки роҳбарии онҳоро ба дӯш дошт, махсус таъкид мекунад.

  Маҳз устод М. Турсунзода дар рӯзҳои баргузории ҷашнҳои бошукӯҳ бо нутқҳои пурмазмуни оташбор баромад намуда, ба масъалаҳои муҳими адабиётшиносӣ, аз қабили нависанда ва замон, муносибати нависанда ба мавзӯъ, истифодаи дурусти воқеаҳои зиндагӣ, анъана ва навоварӣ, маҳорати эҷодии нависандагон, дастраси хонандагон намудани асарҳои нав, тарҷумаи онҳо бо забонҳои дигар ва амсоли ин масъалаҳо рӯй овардааст, ки аксаран барои нависандагону шоирон омӯзанда ва аз ҳар ҷиҳат бағоят ҷолиб ва пурқиматанд. Ҷиҳати ҷолибияти ин нутқҳо, ба назари мо, барои насли имрӯз дар он зоҳир мегардад, ки устод Турсунзода дар баробари бо назари амиқ таҳлил намудани падидаҳои адабию фарҳангии замон, инчунин бо қобилияти беназири роҳбарӣ чопи асарҳои нависандагони тоҷикро бо забони русӣ ва дастраси хонандагони дигар миллатҳо намудани осори арзишманди муосирон ва табодули таҷрибаи нависандагони тоҷикро бо дигар миллатҳо пеш мегузорад. Аз ҷумла, мулоҳизаҳои М. Турсунзодаро аз матни қаламии мазкур, ки ҳамагӣ шаш саҳифаи дастнавис аст, метавон дар бораи намоиши адабиёту санъат, ки бо номи даҳрӯза (декада)-ҳои адабиёт ва санъат дар замони Шӯравӣ маъруфият дошт, муайян намуд. Нутқи мазкури М. Турсунзода пеш аз рӯзҳои баргузории Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва (тахминан охирҳои соли 1956) дар маҷлиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ироа шудааст. Матни қаламии мазкур бори аввал аз рӯйи дастнависи муаллиф омода шудааст. Аз матн маълум мегардад, ки муаллиф ба зудӣ қарори ҳокимияти вақтро ба нависандагон расонида, барои дарки масъулият онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Бояд қайд кард, ки матн пурра набуда, мавзӯи гуфтор натиҷагирӣ нашудааст. Танҳо дар охир дар варақи алоҳида ҳашт байт дар шакли маснавӣ оварда шудааст, ки ба матни маърӯза пайванди мантиқӣ дорад. Муаллифи абёт устод Турсунзода буда, шояд байтҳои мазкур бори аввал чоп мешаванд. Байтҳои мазкурро метавон як навъ ҷамъбасти маърӯза шинохт.

  Илова бар ин, матни қаламии устод Турсунзода аҳамияти адабӣ ва фарҳангӣ дошта, аз ҳар сатри он назари амиқи таҳлилии муаллиф ба хубӣ эҳсос мешавад ва бо ошкор гуфтани нуқсонҳо ва муаррифии арзандаи осори нав ба майдон омадаю сафарбар намудани нависандагон ба иқдоми тозаи адабӣ шоистаи таваҷҷуҳи махсус аст. Инак, матни гуфтору навиштори устод Турсунзодаро бахшида ба Даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик, ки бо хатти арабиасоси тоҷикӣ иншо шуда ва аз шаш саҳифаи дастнавис иборат мебошад, манзури хонандагони азиз менамоем.

 Даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик

  Мувофиқи қарори партия ва ҳукумат дар моҳи апрели соли 1957 дар пойтахти мамлакати советӣ, дар шаҳри Масква Даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик барпо мегардад. Дар Масква гузаронидани Даҳрӯзаи адабиёт ва санъат анъанаи хуби маданияти миллишаклу сусиёлистимазмуни халқҳои мамлакати советӣ гардидааст. Дар давоми ин даҳрӯза ходимони маданияти миллатҳои сусиёлистӣ муваффақиятҳои адабиёт ва санъати худро на танҳо дар назди бошандагони пойтахт, балки дар назди ҳамаи халқҳои дунё  намоиш медиҳанд.

  Бояд дар назар дошт, ки рӯз то рӯз, дар натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёнаи Давлати Советӣ, робитаи мадании халқи мо бо ҳамаи халқҳои дунё  инкишоф ёфта истодааст. Ба маданияти пешқадами советӣ милиюнҳо одамони покдили ҷаҳон завқу ҳаваси бузург пайдо мекунанд.

  Дар давоми даҳрӯза ходимони санъат ва адабиёт на танҳо аз пешравиҳои санъати худ ҳисоботи эҷодӣ медиҳанд, балки онҳо такмилёбии маҳорати бадеии худро бо чашми масквагиҳо, ба воситаи ҳаяҷону таҳсини онҳо ба хубӣ дарк карда ва ба воситаи танқиду маслиҳати дӯстонаи онҳо роҳи минбаъдаи инкишофи маданияти республикаи худро муайян мекунанд. Даҳрӯзаи адабиёт ва санъат дар Масква танҳо намоиш додани қувваҳои эҷодӣ не, балки аз тамошобинони баландзавқ ва санъатдӯстони пешқадам таълим гирифтан ва сабақ омӯхтан мебошад.

  Аз ҳамин ҷиҳат, арбобҳои санъат ва адабиёти тоҷик қарори Кумитети Марказии Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани Даҳрӯзаи адабиёт ва санъат дар Масква бо рӯҳбаландии бепоён пешвоз гирифтанд ва  масъулияти бузурги худро ҳис менамоянд.

  Санъаткорону адибони тоҷик дар Масква дафъаи якум баромад намекунанд, онҳо дар ин кор таҷрибаҳои пурқиматеро соҳиб гардидаанд. Дар соли 1941, яъне понздаҳ сол пеш аз ин Даҳрӯзаи санъат ва адабиёти тоҷик дар Масква барпо гардида буд. Дар соли 1949 нависандагони тоҷик муваффақиятҳои адабиёти худро дар пойтахт намоиш доданд. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки агар ходимони санъат пас аз гузаштани 15 сол дар Масква ҳисоботи эҷодӣ диҳанд, ходимони адабиёти тоҷик аз муваффақиятҳои ҳафтсолаи худ ҳисобот медиҳанд. Пас, масъулияти мо, нависандагон боз ҳам зиёдтару мушкилтар аст. Адои ин вазифа меҳнати пуршуҳраи нависандагонро талаб мекунад.

  Дар солҳои баъд аз ҷанг Республикаи Советии Тоҷикистон дар оилаи бародарии халқҳои ватанамон бо роҳбарии партияи тавонои коммунистӣ чи аз ҷиҳати экономика ва чи аз ҷиҳати  афзудани сарватҳои маънавӣ гул-гул шукуфт, пахтакорони тоҷик сол то сол навовариҳои шоён нишон дода, дар мамлакат шуҳрат бароварданд. Дар ин пешравии республика нависандагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштанд.

  Адабиёти тоҷик дар ин солҳо ҳамроҳи республика, ҳамроҳи одамони он ҳамеша дар ҳолати тараққиёбӣ ва инкишоф буд. Мо ҳеҷ вақт наметавонем пайравӣ кунем ба он касоне, ки мегуфтанд, адабиёт дар ҳолати шахшуда мондан буда, гӯё рӯ ба таназзул ниҳода бошад. Ё ин ки нависандагон дар ивази муҳаббати нисбат ба онҳо доштаи халқ ҷавоб дода наметавонанд ва ғайра. Ин даъвоҳо пуч ва беасос мебошанд.

  Агар мо ба асарҳои баъд аз соли 1949 нашршуда ва ё ба ‍‍‍‍‍‍‍‍‍асарҳои ҳоло дар муҳокима будаи нависандагон ва шоирони республика бодиққат назар андозем, ҳолати пешравӣ ва баландравии маҳорати бадеии нависандагонро ба хубӣ мушоҳида хоҳем кард.

  Нависандагони тоҷик, махсусан баъд аз даҳрӯзаи адабиёт дар Масква ва сиезди II нависандагони Иттифоқ, ки онҳоро бо маслиҳатҳои гаронбаҳо ва мактуби Кумитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ мусаллаҳ гардонида буданд, ба навиштани асарҳои худ бештар масъулиятро ҳис намуданд.

  Дар солҳои охир як қатор асарҳои нави насрӣ, назмӣ, драматургӣ ва дар адабиёти бачагон ба амал омаданд, ки онҳо адабиёти моро боз ҳам бой гардониданд. Дар наср чунин асарҳо аллакай дастраси хонандагон шуданд: ҷилдҳои III ва IV «Ёддоштҳо» – повести тарҷумаиҳолии устод Айнӣ. Ғайр аз ин, Садриддин Айнӣ баъд аз даҳрӯзаи адабиёт повести «Марги судхӯр»-ро аз сари нав кор карда ба он, шаш боби нав ҳамроҳ намуд. Дар натиҷа ин шоҳасари устод боз ҳам пурратар ва пурмазмунтар гардид. Дар ин ҷо бояд ман қайд кунам, [ки] ин асарҳоро ҳанӯз мо дастраси хонандагони рус накардаем. Нависанда Сотим Улуғзода дар солҳои охир, солҳои сермаҳсулии эҷодиро аз сар гузаронд. Ӯ якбора ду асари калони насрӣ «Диёри Навобод» ва «Субҳи ҷавонӣ»-ро ба итмом расонида, ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ пешкаши хонандагон намуд. Ғайр аз ин, нависанда ҳамроҳи драматург Виткович[1] дар бораи олими ҷаҳоншумули тоҷик Абӯалӣ ибни Сино киноповести хеле хуб навишт, ки ин асар ба ду забон чандин маротиба нашр шуда ва ҳоло киностудияи Тошкант бо ҳамроҳии студияи Тоҷикистон филми онро тайёр карда истодааст.

Хушам меояд аз парвозат эй боз,

Ки ҳар ҷо дорӣ озодона парвоз.

Намедонӣ дили сахти амирон,

Тани пурдарду маҷрӯҳи фақирон.

Надидӣ кундаю зиндони ҳоким,

Дами шамшери хунафшони ҳоким.

Ҳамин озодии худро нигаҳ дор,

Гурез аз қасди сайёдони хунхор!

Чӣ мешуд, ки ба монанди ту мо ҳам,

Намедидем ҷабру кулфату ғам?

Бас аст акнун ба деҳқон зулму бедод!

Наметарсем аз таҳдиди ҷаллод.

Ба олам то даме, ки зинда ҳастам,

Ман ин шамшер нагзорам зи дастам.

Қасососамро зи душман меситонам,

Фақиронро зи ҷабраш мераҳонам!

 

   

 

Таҳияи Лутфуллоҳи Шарифзода

 

[1]. Виктор Станиславович Виткович (1908-1983) – нависанда ва драматурги ИҶШС. Муаллифи матни русии киноповести «Авитцена» бо ҳамроҳии Сотим Улуғзода  –  Л . Ш.

Хондан 2097 маротиба