JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 20 Ноябри 2020 06:18

Туӣ маънои шеъри ноби тоҷик! (паёми шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи устоди зиндаёд Бозор Собир)

Муаллиф:

  Шеър, қабл аз ҳама, ба ангезиш додани зеҳн, эҳсосу авотиф, такон додани ҷомеа ва бад-ин васила бедор кардани равони хоболуди инсонӣ сари кор мегирад. Шоир ҳама умр талош мекунад, ки ба воситаи шеър ҷомеаро бедору ҳушёр намояд ва ба роҳи худҷӯшӣ ва худсозӣ ҳидоят кунад. Дар ин масири мушкилписанд шоир чашми худро мебандад, то чашми дигарон боз шавад. Ба ин маънӣ аллома Иқбол фармудааст:

                        Ай басо, шоир, ки баъд аз марг зод,

                        Чашми худ барбасту чашми мо кушод.

  Ҳамин рисолатро дар адабиёти муосири тоҷикӣ устод Бозор анҷом дод. Аз замони марги шоир ва мутафаккири миллӣ устод Бозор Собир зиёда аз ду сол сипарӣ мешавад, вале ҳеҷ боварамон намеояд, ки ин ойинаи тамомнамои шеър ва адаби муосири тоҷикӣ абадан ҷаҳонро тарк намудааст. Ин шоири бедор ҳамеша зангулаи ҳушёрӣ дар даст барои бедор кардани зеҳну ҳуши ҷомеа саъю талош кардааст ва то охири умр аз тариқи сухан ва забон дар майдони шеъру фарҳанги миллӣ ҷавлон намудааст.

 Устод Бозор аз зумраи шоирону адибонест, ки аз нимаи дуюми солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, ба мавзӯоти ҳассоси замон – худогоҳию худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ватандорӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, гиромидошти мероси бузурги гузашта, мубориза алайҳи истеъмор таваҷҷуҳ намуда, ба масоили иҷтимоӣ ва сиёсии давр бо диди нав бархӯрд намуд. Муҳимтар аз ҳама, устод Бозор Собир барои шуҳрат, ҷалолат, савлат, ҳашмат ва сарват накӯшидааст ва аз иштибоҳоти худ, ки бар асари бетаҷрибагӣ ва камогоҳии сиёсӣ ва геополитикӣ дар ибтидои садаи бистум рӯйи кор омада буданд, ошкоро гаштаю баргашта интиқод кард. Ҳеҷ гоҳ ба хотири шуҳрат, нуфуз ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба касе ё гурӯҳе муросо накардааст ва андешаҳои интиқодиашро барои «радди маърака» нашудан пинҳон надоштааст. Дар мавриди баҳогузорӣ ба воқеият ҳатто ба худ созиш накардааст. Гузашта аз ин, дар ҳеҷ маврид ва ҳеҷ шароит назари худро мутлақ ва меҳварӣ унвон накардааст.   

  Муҳимтарин вижагии шахсияти устод Бозор, ки ӯро ба сифати як қаламкаш ва мутафаккири миллӣ дар арсаи фарҳангу тамаддуни ватанию минтақавӣ муаррифӣ мекунад, таҷдиди назар ба арзишҳо ва интиқоди мунсифонаи бовардоштҳои миллию фаромиллӣ мебошад, ки бар мабнои ҷаҳолату хурофот рӯйи кор омада, ҷомеаро дар ҳоли карахтии фикрию равонӣ нигоҳ доштаанд. Аз таърих медонем, ки на ҳар адиб, шоир, нависанда, муҳаққиқ ва донишманд ҷуръати рӯйирост фош кардани қолабҳои шахшуда ё ба истилоҳ, стереотипҳои иҷтимоиро дорад ва дар баробари сели хурофоту таассуби динию дунявӣ ҷасоратмандона қад алам мекунад. Устод Бозор дидаву дониста ба ин маҷро ворид гардид ва бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле муборизаи беамон бурд. Бо қудрату тавони эҷодӣ, фикрӣ, илмӣ, маданӣ, маънавӣ ва завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ дар баробари қувва ва неруи аҳриманӣ, ки дар артиши бузурги хурофотиёну мутаассибони динӣ-мазҳабӣ ва дунявӣ инсиҷом ёфтаанд, муқовимат ва мубориза кард. Аз биниши фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ дифоъ кард. Ин аст ирода, тавонмандӣ ва ҷасорати як шоир, адиб ва мутафаккири миллӣ, ки фаротар аз давру замон қадам ниҳода, бидуни худситоию риёкорӣ мардона зиндагӣ кардааст. Ҷасорату матонат чунин бояд!

  Воқеан, устод Бозор маънои адабиёт ва шеъри тоҷикӣ дар асри бисту як аст. Инро, бемуҳобо, метавон изҳор дошт. Ҷойи устод дар арсаи адабиёту фарҳанги миллӣ ҳамеша холӣ хоҳад монд. Ба наздикону пайвандон, алоқамандону ихлосмандон ва аҳли шеъру адабу фарҳанги миллӣ зодрӯзи шоири тавоно ва андешаманди миллӣ устод Бозор Собирро шодбош мегӯем ва ба умеди рӯйидани Бозорҳою Лоиқҳои дигар паёми шодбоширо бо байти зайл, ки муносиби шахсияти адабию эҷодии шоир аст, хотима мебахшем:

Ту он дарёи бас шодоби тоҷик,

Туӣ маънои шеъри ноби тоҷик!

 

      Бо эҳтиром,

    аъзои маҳфили «Ҷаҳони андеша»

     20 ноябри соли 2020

Хондан 1485 маротиба