Салом, устоди арҷманд Қурбон Восеъ! Ҳар сол бо баҳонаи зодрӯзи Шумо дар матбуот ё Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бо иштироки аҳли адаб ва илм баргузор мешуд ва дар ин нишастҳо истилоҳи “ҷавонмардӣ” ҳамчун ҷараёни иҷтимоии халқи тоҷик мавриди баррасӣ ва гоҳо баҳсу мунозира қарор дода мешуд. Ёдам меояд, ки собиқ муовини Сарвазири кишвар шодравон Зокир Вазиров дар ҷашни 60-солагии Шумо бо гузориши хуби илмӣ суханронӣ намуда, ҷавонмардиро ҷавҳари асосии ахлоқи тоҷикон номид ва аҳли толор аз чунин баҳои воқеан, баланд аз ҷой баланд шуда, муддати зиёде кафкӯбӣ намуданд. Суоле ба миён меояд, ки чаро…