Яке аз чунин табибоне, ки беҳтарин солҳои умри худро дар ин соҳа сарф намуда, дар иҷроиши ин соҳа ҷони худро аз даст додааст, Раҷабов Ватаншо мебошад.
Раҷабов Ватаншо зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон буда, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дониши хуби соҳавӣ ва маҳорати баланди касбии ӯ сабаб шуд, ки ба Беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба кор қабул гардад. Раҷабов Ватаншо фаъолияти ибтидоии худро аз духтури уролог шурӯъ намудааст. Номбурда пайваста барои миллат ва ватани маҳбуби худ самимона хидмат мекард.
Роҳбарияти беморхона қобилияти баланди кордонӣ, донишу маҳорат ва муомилаи хуб бо ҳамкорон ва беморон доштаи ӯро ба инобат гирифта, Раҷабов Ватаншоро ба вазифаи мудири яке аз бахшҳои Беморхонаи ёрии таъҷилӣ таъйин мекунанд. Бо вуҷуди он ки иҷрои вазифаи мудирӣ ба дӯши табиб корҳои иловагиро зам намуда буд, аммо Раҷабов Ватаншо хастанопазирона вазифаи ба дӯш гирифтаашро иҷро мекард. Масъулиятшиносиву вазифашиносии вай боис гашт, ки байни ҳамкорон ва беморону дармондагон ҳамчун табиби ҳозиқу меҳрубон, ватандӯсту ростқавл ва хоксору самимӣ маъруфият пайдо кунад.
Раҷабов Ватаншо тӯли 25-сол содиқона ва поквиҷдонона барои мардуми тоҷик хидмат кард ва ҳеҷ гоҳ ба савганди ёдкардаи худ хиёнат накард. Ифтихор аз он дошт, ки ба беморону корафтодагон кӯмак мекунад. Ҳамкоронро низ ташвиқ мекард, ки дар иҷрои амали хайр саҳлангорӣ накунанд ва кори аз дасташон меомадаро анҷом диҳанд.
Рӯҳияи созандаву солими ӯ боис гашт, ки ба ояндаи нек эътимод кунад. Шодиву нишоташро дар хидмати Ватану миллат ва табобати беморон ёта буд. Аз ин рӯ, ҳар вақте ки фурсат меёфт, ҳатман ба зодгоҳаш мерафт ва аз ҳоли хешу табор, ёру дӯстон ва рафиқонаш хабар мегирифт. Пайваста ҳамқадами мардум ва дар паҳлуи мардум буд. Аз чизе ҳарос надошт ва бо мушкилот рӯ ба рӯ мешуд.
Далериву ҷасурии ӯ боис гашт, ки дар шароити мушкили паҳншавии бемории сироятии коронавирус чандин нафаронро аз вартаи марг наҷот диҳад. Бо чунин иқдоми наҷиби худ тавонист, ки ба дигар табибон ҳам ҷасорат бахшад ва ҳам намунаи ибрат бошад.
Ин буд, ки табибони ҳозиқу кордон тамоми дониш ва маҳорату малакаи худро сарфи табобати беморон карданд ва муваффақият ба даст оварданд. Маҳз ҷоннисориҳои чунин табибони мушфиқу меҳрубон буд, ки аксарияти гирифторони бемории COVID-19 дар кишварамон комилан шифо ёфтанд.
Хислати наҷиби дигари Раҷабов Ватаншо дар он зоҳир мегашт, ки ҳангоми сафарҳои хидматии худ дар доираи симпозиуму конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ ба дигар кишварҳо, махсусан ба Русия бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ мекард ва онҳоро насиҳату маслиҳат медод, ки пайваста ба саломатии худ эътибор диҳед.
Яъне ӯ беҳуда умри худро сипарӣ накардааст, балки кӯшиш мекард, ки ҳам савияи дониши худро такмил диҳад ва ҳам манфиаташ ба дигарон расад. Ҳамин тавр, Раҷабов Ватаншо, ки пайваста дар хидмати мардум қарор дошт, зимни мубориза барои наҷоти ҳамватанонаш қаҳрамонона ҷони худро аз даст дод.
Имрӯз яке аз абармардони соҳаи тиб, табиби ҳозиқу шафиқ ва меҳрубон Раҷабов Ватаншо, ки тамоми ҳастиву зиндагиашро сарфи хизмат ба ватан ва мардум намудааст, дар байни мо нест. Зиндагиномаи чунин шахсиятҳои маъруфу нотакрор барои ҳар яки мо, бахусус барои насли ҷавон намунаи олии ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ин ватан ба шумор меравад.
Чунин шахсиятҳо намиранда ҳастанд. Онҳо бо гуфтору кирдори нек ва бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ, садоқат ба ватан, далериву мардонагӣ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Агарчи марг ҷисми чунин абармардонро аз байни мо рабуда бошад ҳам, аммо хотираи онҳо ҳамеша бо мост. Ба қавли устод Саъдии Шерозӣ:
Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Насриддин Искандарзода