JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 09 Декабри 2020 09:53

Биохимияи растанӣ: имрӯзу фардои он

Муаллиф: Б. Ҷумъаев, Қ..Алиев, Қ. Партоев, Б.Нуъмонов Б.Бобозода, З.Б. Давлатназарова, М.Гулов

  Биохимия ягона илмест, ки ба ҷараёни мубодилаи химиявии моддаҳо дар ҳуҷайраи организмҳои зинда, аз он ҷумла дар растаниҳо сару кор дошта, моҳияти вобастагии бевоситаи ҳаётро аз ба амал омадани реаксияҳои гуногуни химиявӣ дар организми зинда маънидод менамояд. Дар рушду нумӯи илми биологияи муосир нақши биохимия хело афзалятнок дониста мешавад ва аз комёбиҳои ин бахши илм дар оянда рушди  тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ алоқамандии зич дорад. 

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқотҳои илмӣ дар бахши биохимияи растаниҳо асосан дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИБФГР–и АМИТ) ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриамон, ки дар онҳо факултаҳои самти биологӣ мавҷуд мебошад, ба ҷо оварда мешаванд. Дар Тоҷикистон аввалин озмоишгоҳи илмие, ки ба омӯзиши биохимияи фотосинтези растаниҳо тадқиқотҳоро оғоз намудааст ин Озмоишгоҳи биохимияи растаниҳо дар назди ИБФГР-и АМИТ ба шумор меравад, ки он фаъолияти илмиашро ҳанӯз аз соли 1980 оғоз намудааст.  Аз лаҳзаҳои аввалини ба кор  шурӯъ намудани  озмоишгоҳи биохимия фотосинтез дар ИБФГР-и АМИТ дар он солҳо олими ҷавон, ки ба таҳқиқотҳои илмии  биохимияи фотосинтез камари ҳиммат баста буданд, доктори илми биология, профессор Абдуманон Абдуллоев мебошанд.

 Бояд зикр намуд, ки профессор Абдуллоев А. ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ дар дил ишқи муллиму олим шуданро парастиш менамуд. Аз ин ҷост, ки вай баъди хатми мактаби миёна дар соли 1968 дар шаҳри  Конибодом ба факултаи химияи Университети Давлатии Тоҷикистони ба номи В.И. Ленин (айни замон ДМТ) дохил шуда, онро дар соли 1973 бомувафаққият хатм намуд. Уро ҳамон сол ҳамчун муаллими ҷавон ба ноҳияи Лахш (собиқ ноҳияи Ҷиргатол) ба кор рохат доданд. Ӯ дар он ноҳияи дурдасти кишвар ду сол ба толибилмон аз фанни химия ва биология дарс омӯхтанд. Баъди андӯхтани таҷрибаи дусолаи педагогӣ вай ба шоҳроҳи илм роҳсипор гашта, дар соли 1975 ба аспирантура, аз рӯи ихтисоси биохимия қабул гардид. Ҳамин тавр тавассути кушишу ғайрати ҷавонӣ баҳри амалӣ гаштани орзӯи солҳои мактабхониаш, яъне олим шуданро пеша намуд. Аз ин ҷост, ки вай дар Институти физиология ва биофизикаи растании (ҳамонвақта) –и АИ  ҶСС Тоҷикистон дар муддати солҳои 1975 - 1978 - аспирант, дар солҳои 1978-1980гг.- лаборанти калон, дар солҳои 1980-1984 – ходими хурд ва калони илмӣ ва аз соли 1985 то ин ҷониб мудири озмоишгоҳи  биохимияи фотосинтезро ба ӯҳда дорад. Вай дар соли  1980 таҳти роҳбарии олими варзидаи бахши биология шодравон академики АМИТ, доктори илми биология Носиров Ю.С. рисолаи илмии номзадиашро дар мавзӯи бо мувафаққият ҳимоя намуда, унвони номзади илми биологияро сазовор  гардид. Дар соли 1980 дастовардҳои илмию амалии А.Абдуллаевро ба назар гирифта, уро сазовори Ҷоизаи комсомоли Ленинии Тоҷикистон гардониданд. Вай дар он солҳо бо кушишу ғайрати ду чанд корҳои илмию ҷамъиятиро бомувафаққият пеш мебурд. Алалхусус, вай дар гузаронидани таҷрибаҳои илмиаш хело пурмаҳсул буд ва аз ин ҷост, ки дар соли 1994 вай рисолаи докториашро дар синни 44 солагиаш дифоъ намуда, дар қатори яке аз докторони ҷавони кишварамон ҷой гирифт. Бояд қайд намуд, ки профессор А.Абдуллоев дар натиҷаи тақвият бахшидани корҳои илмиаш дар самти нави илм, яъне омӯзиши ҷараёни фотосинтез ва метаболизми фотосинтези ангиштобаҳо ва танзими ин ҷараён дар раванди мутобиқшавии растаниҳои С3 ба омилҳои экологӣ ва баланд бардотштани маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ равона намуд. Ҳамин тавр вай дар муддати тӯлонӣ тавассути омӯзиши реаксиҳои мураккаби физикиву химиявии растаниҳои С3 ва С4 нақши ферментҳои фотосинтетикии растаниҳо ва тағйирёбии онҳоро дар зери омилҳои муҳити беруна ҳаматарафа омӯхта, маънидод намуд. Дар асоси ин назарияи илмиаш вай ҳоло усулҳои баланд бардоштани устувории навъҳои гуногуни ғаладонагиҳо, лубиёгиҳо ва дигарҳоро дар зери таъсири тағйирёбии иқлим таҳти омӯзиш қарор додааст. Баҳри ҳаматарафа омӯхтани чунин омилҳое, ки ба тағйирёбии иқлим вобастагӣ доранд, ба монанди хушкӣ ва шӯрии хок, ҳарорати баланди ҳаво, баланд гаштани миқдори озон ва СО2 дар ҳаво ва ғайраҳоро профессор А. Абдуллоев бо ҳамроҳии шогирдонаш дар ИБФГР-и АМИТ гузаронида истодааст, ки ин тадқиқотҳо моҳияти калони илмию амалӣ доранд. Аз тарафи дигар гурӯҳи олимони ҷавони институт зери роҳбарии олими варзидаи тоҷик А. Абдуллоев ба омӯзиши тағйирёбии нашъу намои навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, ҷараёнҳои мураккаби фотосинтез, миқдори хлорофилҳои барги растаниҳо, ивазшавии об дар ҳуҷайраҳои растаниҳо дар ҷараёни фотосинтез, миқдори оҳар дар дони ғалладонагиҳо, ташаккулёбии маҳсулнокӣ ва ҳосилнокии навъҳо ва ба касалиҳо тобоварии онҳо дар зери таъсири эҳтимолиятҳои (сценарияҳо) гуногуни тағйиёбии иқлим ҳаматрафа санҷида ва таҳлил мегарданд, ки онҳо аҳамияти калони назариявӣ ва амалиро доро мебошанд. Махсусан, дар натиҷаи ҳамкориҳои илмии ин олими бахши биохимияи тоҷик бо олимони Федератсия Россия, Покистон, Чин, Олмон,Узбекистон, Қазоқистон ва ғайраҳо дар Озмоишгоҳи биохимия фотосинтез коллексияи намунаю генотипҳои нодири зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо гирд оварда шуданд, ки онҳо дар оянда дар ба даст овардани навъҳои нав метавонанд истифода гарданд.        

  Дар баробари ин профессор А. Абдуллоев таи солҳои охир инчунин роҳбарии барномаҳои муштараки илмиро, аз қабили ҳамкориҳоро бо Академияи илмҳои Булғория, дар муддати солҳои 1981-1990; «Таъсири радиатсияи УФ ва сатҳи СО2 ба фаъолияти ҳаётии растаниҳо», (солҳои 1996-1998), инчунин «Таъсири антропогенӣ ба ҷамоаи наботот» (солҳои 2003-2005) бо мувафақият пеш бурдааст.

  Ба ғайр аз ин озмоишгоҳи биохимияи фотосинтез дар соли 2008 гранти ташкилоти байналмилалии МНТЦ-ро дар мавзӯи: «Омӯзиши таъсири тағйиёбии иқлим ба нашъу намо ва ҳосилнокии гандум дар Тоҷикистон» (Т-1635) иҷро намуд, ки тавассути он 21 нафар ходимони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маош таъмин гаштанд ва миқдори зиёди лавозимоту аспобҳои илмӣ ба даст оварда шуданд. Бағайр аз ин профессор А. Абдуллоев роҳбарии лоиҳаи минтақавии - «Истифодабарии заминҳои обиёришавандаи Осиёи Марказӣ, ки зери таъсири хушкӣ ва шӯрӣ дар шароити тағйирёбии иқлим қарор доранд», ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми давлати Олмон иҷро мегардад, ба дӯш доранд.

  Натиҷаҳои ба даст овардаи илмии профессор А.Абдуллоев дар  конгрессҳо, съездҳо ва конференсияҳои байналмиллалӣ, ки дар солҳои гуногун дар шаҳру кишварҳои олам, аз қабили: Санкт- Петербург, Киев, Москва, Минск, Қазон, Ашқобод, Тошкант, Боку, София, Италия, Туркия, Покистон, ИМА, Бельгия, Чин, Япония, Швейцария, Малайзия, Испания, Олмон ва ғайраҳо гузаронида шудаанд, шунида шуда, сазовори баҳои баланд гардидаанд. Зери роҳбарии профессор А. Абдуллоев 11 нафар номзадони илм ва як нафар рисолаи илмии докториашро дифоъ намудаанд. Ӯ дар муддати фаъолияти пурмаҳсули илмиаш қариб 300 китобу, мақолаву тавсияномаҳои илмиро дар нашрияҳои баналмиллалӣ ба табъ расонидааст, ки онҳо аз қобилияти баланди эҷодии устод дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳанд. А. Абдуллоев дар муддати солҳои 2005-2006 дар Донишгоҳи байналмилалии Малаканди давлати Покистон ба донишҷӯён аз фанҳои физиологияи растаниҳо ва энзималогия дарс гуфтааст ва дар он ҷо шогирдони бисёр низ дорад.   

  Ҳоло агарчанде, ки профессор Абдуллоев А. ба синни мубораки 70 солагӣ қадам монда бошанд, ҳам, вай имрӯзҳо ба ҳамроҳии шогирдонаш хело серкору серташвишанд. Омӯзиши равандҳои мураккаби биохимияи фотосинтез, ки дар оянда баҳри ба даст овардани навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ ва бо ин васила баҳри беҳтар намудани амнияти озӯқавории кишварамон аз тарафи устод А. Абдуллоев ва шогирдонаш имрӯзҳо бо маром идома доранд. Махсусан, натиҷаҳои илмии мактаби эҷодии профессор А. Абдуллоев дар мутобиқсозии навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ба таъсири тағйиёбии иқлим хело ҷолиби диққат мебошанд. Мо ҳамкорон ба профессор А. Абдуллоев ва шогирдонаш тани сиҳату барори корҳои илмии ояндаи эшонро таманно менамоем.

 

Б. Ҷумъаев, Қ..Алиев,

Қ. Партоев, Б.Нуъмонов

Б.Бобозода, З.Б. Давлатназарова,

М.Гулов –ҳамкорон аз ИБФГР-и АМИТ 

Хондан 999 маротиба