JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 08 Декабри 2020 12:23

Шарқшиноси миллӣ дар муҳити илмӣ

Муаллиф:

(ба муносибати солрӯзи шарқшиноси шаҳири миллӣ, устод Тоҷиддин Мардонӣ)

  Гузаронидани семинар-машваратҳо бо ҳузури шахсиятҳои варзидаи илму адаби ҷумҳурӣ дар муҳитҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо он ки муддате ин навъ чорабиниҳои илмию эҷодӣ бар асари гирифториҳо ва мушкилоти корию идорӣ мутаваққиф шуда буд ва ё ин ки сатҳӣ ва рӯякӣ доир мешуданд, коргирӣ аз ин усули муассири илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ дар шароити феълӣ машрӯият пайдо мекунад. Чанд соли ахир таҷрибаи гузаронидани маҳфил ва семинар-машваратҳоро, ки бо ҳузури фаъоли донишмандони матраҳи ҷумҳурӣ ва аспирантону магистрону унвонҷӯёни бахшҳои гуногуни илм сурат мегиранд, дар сатҳи зарурӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳосил кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар-машварати навбатии худро 8 декабри соли ҷорӣ доир намуда, онро ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва иҷтимоию сиёсии шарқшиноси номдори тоҷик, доктори имлҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ ихтисос дод.

   Семинар-машваратро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ифтитоҳ намуда, доир ба шахсияти илмӣ, адабӣ, сиёсӣ, эҷодӣ ва мадании устод Тоҷиддин Мардонӣ иҷмолан иттилоъ дод. Баъдан мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Субҳиддин Зиёӣ гузориши илмӣ ироа дошта, зимни он аз ибтикороти илмӣ ва ихтисосии устод Т. Мардонӣ дар самти омӯзиш ва таҳқиқи адабиёти дузабона ва муаррифии шоистаи адабиёту фарҳанги миллӣ сухан ба миён овард. Ҳамчунин гузориши илмии доктори имлҳои фалсафа, файласуфи номӣ, устод Комил Бекзода ҷолиб ва шуниданбоб буд. Устод Бекзода, ки солҳои зиёд бо устод Тоҷиддин Мардонӣ ошноӣ ва ҳамкорӣ дорад, фаъолияти гуногунҷанбаи мавсуфро мавриди пажӯҳиш қарор дода, чеҳраи сиёсӣ (устод Мардонӣ солҳо дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар симатҳои гуногун ифои вазифа карда, ду давра вазифаи сафирии мухтор ва фавқулодаи Тоҷикистон дар Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва  Туркманистонро бар уҳда дошт), симои илмӣ, адабӣ, мутарҷимӣ, иҷтимоӣ, отифӣ ва фарҳангии Т. Мардониро аз зовияи таҳқиқи инфиродӣ ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ин навъ таҳқиқ ва муаррифӣ, қабл аз ҳама, барои ширкаткунандагони ҷавон – магистрон, аспирантон ва унвонҷӯён аҳамияти вежа дорад, чаро ки насли нави муҳаққиқон ва шарқшиносони тоҷик бояд шахсиятҳои шоиста ва арзандаи илмӣ ва ихтисосиро аз наздик бишносанд ва дар ин замина сатҳи ҳамкориҳои илмию эҷодиро таҳкиму тақвият бубахшанд.

   Сипас, чун анъана дӯстону ҳампешагон, ҳамсабақону шаркдарсон, донишмандону муҳаққиқон, шарқшиносону мутарҷимони маъруфи кишвар бо шумули доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Муллоаҳмадов, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов, доктори имлҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов, доктори имлҳои филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода, ироншиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, матншинос ва шоир Маҳмадёр Шарифов, арабшиносони варзида Аҳмадҷон Ҳоҷиев ва Кишвар Аскардаев, шарқшиноси машҳур Ғиёсиддин Қодиров ва дигарон перомуни шахсияти чандбуъдаи устод Тоҷиддин Мардонӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар илми шарқшиносии муосири тоҷик изҳори назар намуданд. Гузоришгарон дар баробари муаррифии вежагиҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ ва адабии мавсуф аз махсусиёти ихтисосӣ – дар сатҳи академӣ донистани забонҳои арабӣ, русӣ ва тоҷикӣ хеле хуб ёдовар шуданд. Воқеан, кам касонеро аз ҷумлаи шарқшиносони маъруфи ватанӣ метавон пайдо кард, ки забонҳои арабию русиро дар сатҳи академӣ дониста бошад. Ин аст, ки устод Тоҷиддин Мардонӣ на танҳо дар ҳавзаҳои фикрию илмии тоҷик, балки дар муҳитҳои шарқшиносии минтақавӣ ва русӣ низ ба унвони шахсияти матраҳи илмӣ эътибору эҳтиром дорад.  

  Нуктаи ҷолиб дар ҷараёни семинар-машварат ин буд, ки гузоришгарон аз баъзе лаҳзаҳои муассири зиндагӣ ва рӯзгори устод Тоҷиддин Мардонӣ ёдовар шуда, хотироти ширини даврони донишҷӯйии шарқшиносро нақл намуданд. Ёддошту хотироти гузоришгарону музокиракунандагони семинар-машварат, ки бештар ба самимият ва отифати шахсияти устод Мардонӣ иртибот доштанд, барои ширкаткунандагон ва ҳозирини маҳфил омӯзанда буд. Дар муҳитҳои фикрию адабии мо солҳост, ки хотиранависӣ ва ёддоштнигорӣ суннат шудааст ва адибону донишмандони муосир бар мабнои ёддоштҳои устодон Айнӣ (манзур “Ёддоштҳо”), Ҷалол Икромӣ (манзур асари ёддоштии “Он чи аз сар гузашт”), Убайд Раҷаб (манзур асари хотиравии “Дӯш будам ҳамнишин”), Муҳаммадҷон Шакурӣ (бахши “Саргузашти худнавишт”-и китоби “Меҳрнома”, ки ба муносибати 80-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ омода гардида буд), профессор Худойназар Асозода (манзур китоби ёддоштии панҷҷилдаи “Достони зиндагӣ”-и профессори марҳум Х. Асозода), Абдусаттор Мухторов (манзур китоби хотироти “Саргузашти марди роҳ”) ва дигарон хотираву ёддошт менигоранд ва манзури хонандагон мекунанд. Табиист, ки мардум имрӯз ба мутолеаи хотироту ёддошт мароқи зиёд зоҳир мекунад ва дар ин замина ёддоштҳое, ки дар семинар-машваратҳо ва маҳфилу нишастҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ ироа мегарданд, барои таълифи хотирот ва китобҳои ёддоштӣ минҳайси манбаъ ва маводи зарурӣ хидмат мекунанд.   

  Бояд тазаккур дод, ки устод Тоҷиддин Мардонӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи илми шарқшиносии минтақа маҳсуб меёбад ва аз нахустин муҳаққиқон ва шарқшиносони муосири тоҷик аст, ки дар муаррифии илмию ихтисосии равияи адабиёти дузабона муваффақ шудааст. Китоб ва рисолаҳои илмии устод Мардонӣ “Дузабонии арабию тоҷикӣ давр шеъри асрҳои 1Х-Х” (-Душанбе: Маориф, 1993. -165 с.), “Носири Хусрав ва адабиёти арабзабон” (-Душанбе, 2005), “Шеъри Ибни Сино ба забони арабӣ” (-Душанбе: Ирфон, 2006. -126 с.), “Равобити адабии халқҳои арабу тоҷик” (-Душанбе: Ирфон, 2006. -400 с.), “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -233 с.), “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -128 с.), “Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони тоҷик” (-Душанбе, 2020) дар омӯзиш ва таҳқиқи адабиёти дузабона ва равобити адабии арабу тоҷик барои доираи васеи хонандагону муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ ва таҳқиқӣ хидмат мекунанд.

   Устод Тоҷиддин Мардонӣ сабки вежаи навишторӣ ва таҳқиқии худро дорад. Ҳарчанд ки забони академии тоҷикӣ ва русиро медонад,  ҳангоми ироаи матлаб, чи дар шакли навишторӣ ва чи дар шакли гуфторӣ аз тариқаи шевою ширини баён истифода мекунад, ки ин тарзи навишту гӯйиш мунҳасир ба фард аст. Агар ба сабки навишт ва тариқаи эҷоди устод Мардонӣ огоҳ набошем, гумон мекунем, ки матолиби дар Энсиклопедияи Советии Тоҷик ва Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик дарҷгардидаи шарқшинос коркард ё энсиклопедӣ кунонида шудаанд. Воқеан, мақолаҳои энсиклопедие, ки устод Тоҷиддин  Мардонӣ барои Энсиклопедияи Советии Тоҷик ва Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик дар мавриди шоирону адибони араб ва умуман, адабиёти дузабона таълиф кардааст, аз нигоҳи сабку услуб хеле ҷолибанд. Ин аст, ки мақола ва матолиби энсиклопедии устод Мардонӣ ба сабку тариқаи навишти рӯзмарраи муҳаққиқ шабеҳанд. Ба ин маънӣ, устод Тоҷиддин Мардонӣ равиш ва шеваи махсуси навишторӣ, гӯйишӣ илмӣ, ихтисосӣ ва таҳқиқӣ дорад ва шеваи таҳқиқии устодро бояд пайгирӣ кард ва мушаххасоти сабку услуби ӯро ҷиддӣ омӯхт.

  Устод Мардонӣ дар синни камолоти фикрию эҷодӣ қарор доранд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, устод Тоҷиддин Мардониро ба муносибати расидан ба синни камолоти илмию эҷодӣ (74-солагӣ) самимона табрик мегӯем ва барояш тандурустӣ, болидахотирӣ, тавонмандӣ, умрдарозӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно намуда, навиштаро бо ин рӯбоӣ хотима мебахшем:

Гар дӯст туйӣ, ки дӯсти ҷонӣ бош,

   Ҳамвора алайҳи ҷаҳлу нодонӣ бош.

Хоҳӣ, ки бувӣ ба сангари пуркорӣ

        Ҳамсангари Тоҷиддини Мардонӣ бош!

    Бо эҳтиром,

    Нозим Нурзода

Хондан 1384 маротиба