JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Декабри 2020 07:27

Ёде аз устод Хуршед Каримов - парчамбардори илми биологияи тоҷик

Муаллиф: Ҳ.А.Абдуллоев, Б.Б.Ҷумъаев

(ба муносибати 85-солагии рӯзи таваллуди Х.Ҳ.Каримов)

  Соҳибҷашни мо, Хуршед Ҳилолович Каримов, 10-ӯми декабри соли 1935 дар Самарқанд, дар оилаи ду зиёии тоҷик педагоги маъруфу маълум Ҳилол Каримов, муаллифи аввалин алифбои тоҷикӣ (1932), забоншинос, эроншинос, аз қишлоқи Пӯлодони ноҳияи Конибодом, сарвари сулолаи оилаи олимон Каримовҳо ва ҳамсарашон педагог, директори мактаб, кормандони нашриёт,Мунаввара Абдукадыровна Каримова аз Бухоро чашм ба дунёи ҳасти кушуданд. Чи тавре ки мегӯянд:

«Самарқанд сайқали рӯи замин аст,

Бухоро маркази илму дин аст».

  Давраи бачагӣ ва овони ҷавонии  Х.Ҳ.Каримов дар ш.Душанбе мегузарад. Соли 1943 ӯ ба яке аз мактабҳои маъруф ва номии ш. Душанбе, мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақам 1 рафта, соли 1953 онро бомуваффақият бо медали тилло хатм менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин боргоҳи илму маърифат соли 2022 90 сола мешавад. Ин мактаб  олимони номӣ, академик, генетик Пулод Ҷураевич Усмонов ва риёзидони машҳур академик Зафар Ҷураевич Усмонов; Ҷамшед Каримов, иқтисодон, доктори илмҳои иқтисодӣ; Вячеслав Стеценко, доктори илмҳои физикаю математика, проректори ДМТ; Проценко Олег Дмитриевия, доктори фанҳои иқтисодӣ, доктори фахрии Университети Барселона, доктори фанҳои техникӣ; профессор Наим Ёқубов; актёр ва режиссёри номӣ Марат Орипов; нависанда, шоир, киносенарист Тимур Зулфиқоров шоир ва дигарон, хатм карда буданд.

  Соли 1953 мактабро хатм намуда, ба Донишгоҳи Давлатии ш. Москва ба номи М.В.Ломоносов ба факультети биология ва хокшиносӣ дохил мешавад ва онро соли 1958 бо  ихтисоси «биохимияи растаниҳо» дар кафедраи ҳамном хатм менамояд. Дар ин донишгоҳ ҳамдарс ва рафиқи наздики ӯ Шумный Владимир Константинович буд, собиқ директори Институти ситология ва генетикаи Шуъбаи дар Сибирбудаи АФ Россия, академик (расми Х.Каримов бо В.К.Шумный). Худи ҳамон сол ба аспирантура АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди Институти ботаника аз рӯи  ихтисоси «физиологияи растаниҳо» дохил мешавад. Ҳангоми таҳсил дар аспирантура роҳбарии илмии ӯ фитофизиологӣ машҳури рус, профессор Александр Аркадьевич Прокофьев буд. 

  Х.Ҳ.Каримов дар аспирантура таҳти роҳбарии ин олими номӣ ба омӯзиши асосҳои  физиологию экологӣ ва механизмҳои биохимиявии таѓйиротҳои раванди рушду нумӯъи растаниҳо-эфемероидҳои дар давраи зимистону аввали баҳор навшакунанда машѓул шуд. Ин растаниҳо вегетатсияшои фаъол буда, вале дар фасли тобистн дар ҳолати оромӣ мебошанд. Ин тадқиқотҳо ба ӯ имконият доданд, ки консепсияро (нуқтаи назареро) дар бораи табиати оромии тобистонаи растаниҳо пешниҳод намояд ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии соҳаи растанипарвариро дар Тоҷикистон муайян созад, тавассути кишти зироатҳои дар зимистоннашвкунанда. Дар асоси ин натиҷаҳо   Х.Ҳ.Каримов соли 1962 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Дар бораи оромии тобистона растаниҳои нимсавванагӣ» дифоъ менамояд.

  Тассавуроти асосноккардаи Х.Ҳ.Каримов дар бораи механизмҳои устуворнокии зироатҳои дар зимистоннашвкунанда ба таъсири ҳарорати паст ва хусусиятҳои хоси амалкарди онҳо дар вақти сармо, асоси назариявии коркарди усулҳои  парвариши зироатҳои хӯроки чорво дар давраи зимистон буд.

  Аз ҷониби Х.Ҳ.Каримов аввалин бор хусусиятҳои хоси зироатҳои мобайнии дар зимистоннашвкунанда – устуворноки баланди дастгоҳи фотосинтетикии онҳо ба ҳарорати паст, синтези фаъол ва захиракунии қандҳо то  фарорасии хунукиҳои зимистон, қобилияти онҳо ба синтези туршиҳо  нуклеинӣ ва сафедаҳо, ба тезӣ барқароркунии равандҳои расиш дар сурати мавҷудияти ҳарорати нисбатан паст. Аз ҷониби Х.Ҳ.Каримов муқаррар карда шудааст, ки парвариши зироатҳои мобайнии дар зимистон нашвкунанда, ба монанди рапс, перко, дар фасли тирамоҳу зимистону баҳори барвақт имконият медиҳад, ки заминҳои обёришаванда тамоми сол пурра истифода карда шаванд ва аз ҳар гектар то баандозаи 30-40 т биомассаи хушк, аз он ҷумла, 10-15 т биомассаи зироатҳои фосилавӣ (дар давраи аз сентябр то моҳи апрел) гирифта шавад. Натиҷаи ин корҳо дар ду китоб: «Физиология ва биохимияи хӯроки чорво» (Душанбе: Дониш, 2003 с.) ва «Истифодаи самараноки кишти пахта» (Душанбе: Дониш, 1999 с.)  дарҷ ёфта буданд, ки онҳо ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино сазовор гаштанд (2011).   Дар солҳои охири умрашон (солҳои 2000-2011) самтҳои асосии тадқиқоти илмии академик Х.Ҳ.Каримов - ин коркарди асосҳои назариявии баланд бардоштани ҳосилнокии растаниҳо, истифодаи дастовардҳо ва усулҳои физиология ва биохимияи растаниҳо, генетика ва биологияи молекулавӣ, баланд бардоштани самаранокии фотосинтез, ихтирои навъҳои нави серҳосили ба касалиҳои устувор, ҳамчунин ба шароити таѓйирёбии иқлим мутобиқи, зироатҳои муҳими кишоварзӣ, такмили технологияи парвариши онҳо буданд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Х.Ҳ.Каримов  роҳбари мактаби илмии биологияи эксперименталиро дар  Тоҷикистон ба ӯҳда доштанд. Якчанд кашфиётҳои назаррас дар соҳаи илмҳои номбаршуда таҳти роҳбарии бевоситаи Х.Ҳ.Каримов ба даст оварда шуданд.

  Х.Ҳ.Каримов, солҳои тӯлонӣ  баъди таъсисёбии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳо аз соли 1966 то соли 1986, анқариб 20 сол, муттасил муовини директори Институт оид ба илм буданд ва аз соли 1986 то соли 2011 бошад муттасил директори Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, то муттаҳид шудан бо Институти ботаника (4 феврали соли 2011).

  Хизмати Х.Ҳ.Каримов дар рушди илми биологияи Тоҷикистон баѓоят калон аст. Аз соли 1995 то соли 2013 Х.Ҳ.Каримов ба ҳайати Раёсати АИ ҶТ шомил буданд ва аз соли 1995 то соли 2000 дар вазифаи академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ кор карданд, аз соли 2001 то соли 2010 бошад , қариб 10 сол, муовини президенти АИ ҶТ буданд.

  Х.Ҳ.Каримов ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар Тоҷикистон диққати махсус медоданд. Таҳти роҳбарии ин кас 15 рисолаи илмии номзадӣ дифоъ карда шудааст.

  Аз соли 1987 то охири умр муттасил Раиси шӯрои диссертатсионии Д047.00.01 аз рӯи ихтисоси «физиологияи растаниҳо» (2002) ва  сонияи  «физиология ва биохимияи растаниҳо» (аз соли 2003) дар назди Институти физиологияи растанӣ ва генетика буданд, ки дар ин Шӯро 24 рисолаи докторӣ ва 94 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст, ки зиёда аз  нисфи онҳо кормандони худи Институт буданд (12 рисолаи докторӣ, 45 рисолаи номзадӣ). Гуфтан, ҷоиз аст, ки ягон рисола аз ҷониби ВАК-и Россия бозгардонида нашуда буд ва Шӯро ҳам ягон эрод нагирифтааст.

  Х.Ҳ.Каримов Раиси ҷамъияти физиологҳои растании Тоҷикистон (аз соли 1989), аъзои фахрии Ҷамъияти физиологҳои Россия (аз соли 1993), аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Физиология растений» (АИ Россия), аъзои Шӯрои илмии АИ ИҶСШ (солҳои 1989-1991) аз рӯи проблемаи «Фотосинтез ва амалкардӣ растаниҳо» буданд.

  Х.Ҳ.Каримов аз соли 1982 муовини сармуҳаррир, баъд аз соли 1991 то соли 2000 роҳбари ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои биология ва тиб», аз  соли 1995 то соли 2014 муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Гузоришҳои АИ ҶТ» шуда фаъолият намуданд.

  Х.Ҳ.Каримов муаллифи 390 асари илмӣ, аз он ҷумла, 11 китоб мебошанд.

  Барои саҳми арзанда дар рушди биологияи эксперименталӣ дар Тоҷикистон, барои дастовардҳои намоёни илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, барои тайёр намудани як зумра кадрҳои баландихтисос, барои фаъолияти хуби илмӣ-ташкилотчигӣ ва педагогӣ Х.Ҳ.Каримов бо унвони фахрии «Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон» сазовор гардонида шудааст. Соли 2011 ба ӯ Ҷоизаи Давлатии балндмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ дода шудааст.

  Дар фарҷоми гузориш бояд гӯям, ки ба  Хуршед Ҳилолович маданияти баланди инсонӣ, маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии васеъ, хоксорию фурӯтанӣ, ҳақиқатпарастию беѓаразӣ, фидокорӣ, принсипнокӣ, дақиққору суботкор будан, муносибати хубдоштан  нисбат ба одамон, хос буд.

Дар ҳаққи ин гуна инсонҳо гуфтаанд:

Агар аҳли маориф бигзарад, боқӣ бувад номаш,

Биҳишти ҷовидон илм  асту бурхонаш бувад тахсил.

Ёдатон ба хайр устоди азиз!

 

Ҳ.А.Абдуллоев -

доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи АМИТ

Б.Б.Ҷумъаев -

доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи АМИТ

Хондан 840 маротиба