JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Декабри 2020 05:45

Таснифгари улум дар фалсафи миллӣ

Муаллиф:

(табрикот)

  Ёрмуҳаммад Ниёзӣ аз ҷумлаи муҳаққиқони варзидаи миллӣ дар фазои Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад, ки таҳсилоти бунёдии худро дар риштаи филологияи араб гирифта, ба илми фалсафа гироиш пайдо намуд ва  то имрӯз дар ин самти муҳимми илми ватанӣ заҳмат кашида, умрфарсоӣ мекунад. Азбаски дар замони донишҷӯйӣ ба масоили ҷиддии фалсафӣ тавассути маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Комил Бекзода ошно мегардад,  сарнавишти минбаъдааш ба фалсафа ва биниши фалсафӣ гиреҳ мехӯрад ва таҳқиқро дар самти омӯзиши фалсафаи бузургтарин файласуфи миллӣ Ибни Сино идома мебахшад.

  Ёрмуҳаммад Ниёзӣ бар асоси маъхаз, сарчашма, манобеи таърихию адабӣ ва адабиёти навтарини илмӣ-таҳқиқӣ рисолаи арзишманде таҳти унвони “Назари муҳаққиқони муосири араб ба фалсафаи Ибни Сино” (-Душанбе, 2008) ба чоп расонида, соли 2010 дарҷаи илмии номзади илми фалсафаро дарёфт менамояд. Мавсуф солҳои зиёд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба сифати омӯзгори фанни фалсафа фаъолият намуда, дар давоми солҳои 2008-2014 вазифаи мудирии кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи мазкурро бар уҳда дошт. Дар ин марҳила Ёрмуҳаммад ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани омӯзиши фанҳои фалсафӣ ва ҷамъиятӣ иқдомоти ҷиддиеро рӯйи даст гирифта, вобаста ба муҳтавои омӯзишу тадрис кафедраи нав бо номи “кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият” таъсис дод. Ниёзӣ дар заминаи омӯзиши дастовардҳои навтарини илмӣ-методӣ ва такя ба методу усулҳои ҷадиди педагогӣ  дастури илмӣ-методие таҳти унвони “Моделҳои рушди шахсият” (-Душанбе, 2010) таълиф намуд, ки то имрӯз дар доираҳои донишҷӯйӣ минҳайси адабиёти зарурӣ мавриди истифода қарор мегирад.

  Дар баробари таълиму тадрис, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ омӯзиш ва таҳқиқро дар самти синошиносӣ ва фалсафаи миллӣ пайгирона идома дода, мақолоту гузоришоти зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии ватанӣ ба табъ расонд. Аз соли 2012 ба ин сӯ сари мавзӯи таснифи илмҳо дар фалсафаи машшоӣ таваҷҷуҳ намуда, ҳосили ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳояшро дар қолаби рисолаи докторӣ зери унвони “Таснифи улум аз назари машшоиёни Шарқӣ ва таъсири он ба илми муосир” пешниҳод ва 3 декабри соли ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси таърихи фалсафа бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илми фалсафа гардид. Ба рисолаи доктории Ниёзӣ муҳаққиқони муосири тоҷик ва муқарризони фалсафаи миллӣ баҳои сазовор доданд. Минбаъд Ёрмуҳаммад Ниёзӣ дар доира ва ҳавзаҳои илмию ихтисосии ватанӣ ба унвони “таснифгари илм” шинохта мешавад ва ин самти муҳимми таърихи фалсафаро муҳаққиқона дунбол мекунад.

  Мо, аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз ҳар муваффақияту комёбии илмию эҷодии Ёрмуҳаммад Ниёзӣ меболему ифтихор мекунем ва ба дараҷаи илмии “доктори илми фалсафа” мушарраф гардиданашонро самимона табрик мегӯем. Ногуфта намонад, ки Ниёзӣ аз соли 1996 инҷониб узви фаъоли маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” буда, солҳо мудирияти маҳфилро бар уҳда дошт. Ба ин маъно, Ниёзӣ, қабл аз ҳама, парварда ва кадри ин маҳфил аст ва дар ташаккул ва рушди шахсияти илмию эҷодии ӯ муассиси маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” файласуфи матраҳи миллӣ устод Комил Бекзода нақши калидӣ дорад.

   Воқеан, илми фалсафаи муосири миллӣ ва ҷомеаи мадании тоҷик аз Ёрмуҳаммад Ниёзӣ интизориҳои зиёде дорад ва дар роҳи дар амал татбиқ намудани барномаҳои минбаъдаи илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ ба донишманди гиромӣ муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем.

              Бо эҳтиром,

              аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

              7 декабри соли 2020

Хондан 1189 маротиба