JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Сентябри 2021 08:55

Марди майдони маҳорат! (шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи устод Файзи Олӣ)

Муаллиф:

 Донишманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Файзи Олӣ!

         Устод Файзи Олии гиромӣ,

       Шумо аз зумраи чеҳраҳои маъруфи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишри фаъолони мадании миллӣ маҳсуб  меёбед, ки аз нимаи дувуми солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, то имрӯз дар фазо ва муҳитҳои сиёсию мадании ҷумҳурӣ фаъолед.

     Зимнан, аз ҷумлаи ҳуқуқшиносон, ки Шумо ба ин тоифа мансубед, кам нафареро метавон мисол зад, ки дар сатҳи Файзи Олӣ донишу маърифат, мутолеаву мушоҳида ва муҳимтар аз ин, ҷаҳонбинии фалсафӣ дошта бошад. Суҳбату мусоҳиба ва мақолаву мутолиботи рӯзмарраи Шумо даҳсолаҳост, ки вирди забонҳои доираҳои фарҳангии ҷумҳурӣ қарор гирифта, ба истилоҳ, фазои шабакаҳои иҷтимоиро обуранги махсус медиҳанд.

     Муҳимтар аз ҳама, Шумо ба ҳаводису воқеаҳо ва падидаю зуҳурот аз дидгоҳи тахассусӣ ва манофеи илмию маданӣ таваҷҷуҳ мекунед, ки аз паҳнои донишу жарфои бинишатон дарак медиҳад. Мавзӯъ ва масъалае нест, ки аз заррабини андеша ва дидгоҳи Шумо берун биафтад ва бавежа, сари масъала ва мушкилоти фикрию миллӣ доимо тамаркуз мекунед ва ба ҳар падида аз нигоҳи интиҳодӣ бархӯрд мекунед. Гузашта аз ин, ҳазлу шӯхтабъиҳои Шумо, ки ҷо-ҷо ҳангоми баррасии мавзӯот аз забони ширинатон буруз мекунанд, фазои маҳофилу мабоҳиси илмию фалсафиро ҷозибтару рангинтар месозанд. Ин аст, ки мо аз вуҷуд ва ҳузури фаъоли Шумо ифтихор мекунем ва аз фурсати мусоид истифода бурда, зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти гуногунҷанбаи Шумо комёбиҳо таманно менамоем. Порашеъри зайл, воқеан, баёнгари шахсият, ҳувият ва рӯҳияи миллию мардумии Шумост:

            Бубин, ин Файзи Олӣ – марди майдони маҳоратро,

            Шукӯҳу файзи гарму нарми қалби пурҳароратро,

            Тавону қудрату неруи солори ҷасоратро,

            Барандозад ҳама кохи газанди ҷаҳлиморатро,

            Ва ҳам зулму шароратро.

            Барафрӯзад шуоъу шуълаи илму башоратро,

            Ва барчинад бисоти куҳнаи заъфу ҳақоратро,

            Ба рағми ғам занад таблу навои сад суроратро,

            Садои ин иборатро:

            Фурӯ бугзор охир оташи хашму зароратро!

 

 Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод, устод Файзи Олии гиромӣ!   

 Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

14 сентябри соли 2021

Хондан 1035 маротиба