JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҳамасола моҳи апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ, бахусус муҳитҳои илмию адабӣ ва маданӣ ба ифтихори зодрӯзи устод Айнӣ (15 апрел -- зодрӯзи устод Айнӣ) нишасту маҳфилҳои илмию адабӣ ва эҷодӣ доир мегарданд. Дар нишасту маҳофили илмию адабӣ ва эҷодӣ ҷанбаҳои гуногуни шахсият ва эҷоду мероси устод матраҳ мегарданд. Аз ҷумла масъалаи мунавварфикрӣ ва фаъолияти рӯшангарии устод дар доираи баҳсҳои ҷашнӣ ва ҷустуҷӯҳои илмию эҷодӣ баррасӣ мегардад. Мо низ дар ҳошияи зодрӯзи устод Айнӣ масъалаи мунавварфикриро, ки ҳамеша муҳиму калидӣ будаву ҳаст, иҷмолан таваҷҷуҳ мекунем.
Мутафаккирони бузурги форс (тоҷик), ба монанди Муҳаммади Хоразмӣ, Абуҷаъфар Хазинӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абдулвафо Бузҷонӣ, Асируддини Самарқандӣ, Алаббос Ҷавҳарӣ, Абулаббоси Найризӣ, Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, Асириддни Алабхарӣ, Аҳмади Насавӣ, Шамсиддини Самарқандӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Алии Қушчӣ ва дигарон бо дастоварду комёбиҳои бузурги худ дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи илмҳои риёзӣ ва ҳандаса саҳми назаррас гузоштанд ва шуҳратманд буданд. Мутассифона, бархе аз муҳаққиқони таърихи илм ин хидмати бузурги донишмандони моро на танҳо сарфи назар мекунанд, балки онҳоро марбут ба халқияти дигар медонанд. Сарфи назар аз ин нодида гирифтану инкор карданҳо наҳзати рушди илми тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни…
Чоршанбе, 02 Марти 2022 05:39

Пешрафти илмҳои табиию риёзӣ

Муаллиф:
Доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Абдулло Ҳабибулло соли 1963 дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, пас хатми мактаби миёна (1985) факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо дипломи аъло хатм кардааст. Тӯли солҳои 1987-1992 ба сифати коромӯз, аспирант ва ходими илмии Институти математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Молдова фаъолият бурда, рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Ядра, линейность и уравнове-шенные тождества в квазигруппах» дар шаҳри Кишинев (1992) бомуваффақият дифоъ кардааст. Сипас, ба ҳайси муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1993-1995) фаъолият карда, аз соли 1996 то соли 1999 ҷиҳати пешбурди…
Душанбе, 21 Феврали 2022 10:57

Зуҳурӣ – падидаи тозаи фарҳанги миллӣ

Муаллиф:
(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи дӯсти донишманд ва равшанфикри муосири миллӣ Абдухолиқ Зуҳурӣ ) Имрӯз – 21 феврали соли 2022 дӯсти донишманду рӯшанфикри мо Абдухолиқ Зуҳурӣ зодрӯз доранд. Бо Абдухолиқ аз моҳи сентябри соли 2009 ифтихори ошноӣ пайдо кардем ва аз соли 2014 ба ин тараф мавсуф узвияти маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро дорад. Ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ бо афкори озодандешони миллӣ ошно шуда, аз тариқи осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҷасорати фикрӣ пайдо намуда, минбаъд тавассути дӯстону ҳампешагон ба муруру мутолеаи адабиёти илмӣ-фалсафӣ машғул мешавад ва миёни доираҳои фаъоли донишҷӯйӣ ҷойгоҳу мақоми шоиста…