JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 19 Апрели 2022 11:47

 Посдори таърихи забону хатти ниёгон

Муаллиф: Фирдавс Мирзоёров, Муҳаммадёр Ҳайдаров

 Ҳар нафари соҳибзавқ чун аз рӯзгори сипаринамуда ва фаъолияти устодон ва олимони соҳаи маориф ва илми тоҷик огоҳӣ пайдо мекунад, барояш равзанае ба дунёи нав боз мегардад. Зеро аз гузашта то ба имрӯз олимон ва устодон на танҳо ба таҳқиқу нигоштаҳои худ дар рушди забону адаб ва фарҳангу маърифати миллӣ саҳм гузоштаанд, балки бо роҳи тайнамудаи эҷодӣ, рӯзгор ва зиндагиномаи хеш дар дилу дидаи мардуми сарбаланду фарҳангдӯст ҷой гирифтаанд.

 Воқеан он устоде, ки толибилмро ба худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихор аз забону адабиёт ва фарҳанги миллии форсии тоҷикӣ ҳидоят менамояд хирадманду соҳибмаърифати замони хеш мегардад. Муҳаққиқи забоншинос, номзади илми филология, дотсент Саид Ҳалимов аз зумраи ҳамин гуна устодон ва омӯзгорони асиле буданд, ки дар дилу дидаи шогирдон ва устодони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо самимияти ба худ хос  ҷойгузин шудаанд.

 Шиносоии мо бо устод Саид Ҳалимов чун шогирд аз даврони донишҷӯиамон ибтидо гирифта буд, зеро устод ба мо аз фанни хат ва имлои матни классикӣ дарс додаанд. Аз нахустин лаҳзаҳои тадрис устоди зиндаёд бо маслиҳатҳои наҷибашон донишҷӯёнро ба омӯзиши таърихи забон ва матни классикии форсии тоҷикӣ талқин менамуданд.  Зимни тадрис устод Саид Ҳалимов байтҳоеро аз  Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Хофиз ва дигар адибони классики форсу тоҷик интихоб ва қироат мекарданд, ки мазмуни баланд доштанд ва то имрӯз дар зеҳни мо донишҷӯёни интиҳои асри XX ва ибтидои асри XXI-и факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то имрӯз сабт шудаанд. Ҳар вақте устод Саид Ҳалимов байтҳои зерини аллома  Фирдавсиро қироат мекарданд, як салобати ба худ хосро мегирифтанд:

Зи шири шурур хӯрдану сустмор,

Арабро ба ҷое расидаст кор,

Ки тоҷи каёнро кунад орзу

Туфу  бод бар ту чархи гардун, туфу

  Ҳар дарси устод барои мо шогирдон равзана барои вуруд шудан ба таърихи забони тоҷикӣ ва баҳра гирифтан аз ганҷинаи оламшумули забони форсии тоҷикӣ буд. Устод  Саид Ҳалимов ба ҳар донишҷӯ муносибати самимии беғараз доштанд.  Ба андешаи мо маҳз ҳамин хислату рафтори самимиашон муҷиби дар хотираи шогирдон ва ҳамкорон ҷойгоҳи хос доштани ин омӯзгори асил ва ҳомии таърихи забон ва хатти ниёгон мебошад. Чун ба зиндагиномаи муаллими азиз  Саид Ҳалимов назар менамоем, ба зудӣ маълум мегардад, ки устоди гиромӣ то чи андоза ба касби худ содиқ буданд. Мухтасари зиндагиномаи устод дар китоби “Ганҷинаи мулки сухан” чунин оварда шудааст:

  Ҳалимов Саид – (13.03.1932 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод таваллуд шуда, 08.12.2009 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст). Забоншинос, номзади илми филология, дотсент, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

  Соли 1956 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, соли 1964 дар мавзуи “Айнӣ -забоншинос” рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст. Аз соли 1956 то ба нафақа баромадан дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) фаъолият кардааст. Меҳнати пурсамари дотсент С. Ҳалимов бо ифтихорномаву медалҳои ҷашнии Донишгоҳ, “Ветерани меҳнат”, “Аълочии маорифи халқ”, “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадр карда шудааст.

 Саид Ҳалимов муаллифи чанд китоби дарсӣ барои донишкадаҳои олӣ ва мактабҳои миёна мебошад: “Китоби хониш барои чаласаводон” (1960), “Китоби хониш барои калонсолон” (1962), “Забони адабии тоҷик” (1973), “Таърихи забони адабии тоҷик (асри X)” (1979), “Забони адабии ҳозираи тоҷик” (ҳиссаҳои номии нутқ, ҳаммуаллиф) (1973), “Таърихи забони адабии тоҷик” (асрҳои XI - XII) (2002), “Алифбо ва имлои осори ниёгон” (2003). Ҳамчунин, муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва методист, ки дар маҷмӯаҳо, маҷаллаҳо ба табъ расидаанд.

 Ҳарчанд зиндагиномаи устод Саид Ҳалимов дар маъхазҳо мухтасар зикр шуда бошад ҳам чанд насли дар факултети филология таҳсилкарда то имрӯз симо ва усули тадриси устодро хуб дар ёд доранд, зеро муаллим аз насли донишманди варзида М.Н.Қосимова буданд, ки бо сабку услуби ба худашон ва замонашон мувофиқ ба шогирдон таълим медоданд.

 Забоншиноси шинохтаи тоҷик устод Саид Ҳалимов, рӯзи 9 декабри соли 2009 дар синни 77-солагӣ дар асари бемории қанд даргузаштанд. Агар умр вафо мекард устоди азиз Саид Ҳалимов моҳи марти соли ҷорӣ ба синни 90 мерасанд. Устод Саид Ҳалимов тавонистанд тӯли ҳаёти босамари худро сарфи пажўҳиши масъалаҳои мубрами хатти ниёгон ва сарфи забони адабии тоҷики намоянд. Аз ин сабаб, месазанд, ки устод Саид Ҳалимовро чун “ посдори таърихи забону хатти ниёгон” шиносему ёд намоем, то хатту забони тоҷикӣ пойдор бимонад.

  Фирдавс Мирзоёров  

Муҳаммадёр  Ҳайдаров

устодони

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Хондан 1055 маротиба