JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 15 Апрели 2022 16:34

Дар хидмати халқу Ватан (шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи фарзанди барȳманди халқи тоҷик, устод Шукурҷон Зуҳуров)

Муаллиф: Ҳикматулло Хоҷаев

  16 апрели соли ҷорӣ фарзанди барȳманди  тоҷик, сиёсатмадори варзида  Шукурҷон Зуҳуров зодрȳз доранд. Аз фурсат истифода карда, устоди гиромиро бо ин ҷашни  мавлудашон табрику  муборакбод мегȳям. Ба  он  кас  умри дарозу  бобаракат, тансиҳатӣ  ва  бурдбориҳо  таманно  дорам.

  Соҳибҷашнро  тамоми халқи тоҷик  мешиносанд, зеро  умри бобаракати  хешро  сирф  дар  роҳи  хизмат  ба  халқу Ватан сарф  кардаанд. Дар тȳли фаъолияти  хизматӣ – давлатии худ, ки  беш аз 40 солро  дарбар мегирад, устод тавонистанд аз муҳандис – заминсози оддӣ то ба сатҳи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бирасанд.

  Дар  ҳар ҷо ва ҳар мақому вазифае, ки  кор карданд,  садоқати  бепоёни  ватандȳстӣ, инсонпарвариву  мардумдȳстии  худро нишон  додаанд. Дар лаҳзаҳои  хеле  ҳассос ва мароҳили пурташвиши давлатдории  тоҷикон, хусусан ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар  паҳлȳи  Пешвои  миллат – Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  қарор  доштанд ва  дар  барқарор  кардани  сулҳу  оромӣ  дар  кишвари  азизамон  саҳми муносиб гузоштанд. Чунончи, бо супориши Пешвои миллат  дар  чанди даври музокироти  байни тоҷикон  бевосита ширкат варзидаанд, раиси зеркомиссияи  муҳоҷирони  Комиссияи оштии миллиро  ба дȳш доштанд, инчунин амру ҳидоятҳои  Сарвари давлатро  софдилона иҷро  кардаанд,  ки  дар саҳифаҳои таърихи навини миллӣ  сабт хоҳанд гашт.

 Шукурҷон Зуҳуров минҳайси шахсияти сиёсиву давлатӣ масъулият ва рисолати иҷтимоӣ, идорӣ, миллӣ ва инсонии худро бошарафона адо карда, миёни доираҳои сиёсӣ-давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик соҳибобрӯ ва соҳибэҳтиром гардидааст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, 68-умин солгарди умри сиёсатмадори варзида ва инсони шариф – устод Шукуҷон Зуҳуровро муборакбод намуда, барояш сиҳатӣ, тандурустӣ, суруру шодмонӣ, болидахотирӣ ва саодати зиндагиро таманно мекунем.

 Тарҷумаи ҳол

  Зуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Академияи идоракунии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

  Дар вазифаҳои муҳандис - заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шуъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ вилояти Қурғонтеппа, инструктор, мудири шӯъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

  Зуҳуров Шукурҷон аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд.

  Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст. Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 - 2000).

  Хизматҳои шоёни Зуҳуров Шукурҷон бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

  Зуҳуров Шукурҷон 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст ва то мохи марти соли чори дар вазифахои мазкур фаъолият намудааст.

      Зиҳӣ инсонҳое мисоли устод Шукурҷон Зуҳур, ки умре дар хидмати халқу ватананд!

     Зодрӯз хуҷаста бод, Шукурҷон Зуҳурови гиромӣ! 

 

                                                                                Бо эҳтиром,

                                                                               Ҳикматулло Хоҷаев

Хондан 982 маротиба