JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 15 Апрели 2022 09:19

Яғноб меҳаним, хасти зивоким суғдӣ

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

(Сухане чанд аз фаъолияти ҳунарии эҳёгари сурудҳои бостонию мардумӣ Абдулло Султон)    

 Хирад, дониш ва ҳунар аз аҳди қадим то имрӯз фазлу ҳикмате мебошанд, ки маҳз тавассути онҳо қадру манзалати инсон дар ҷомеа мавриди эътироф ва ситоиш қарор мегирад. Агар ба рӯзгори ибратомӯз, хидматҳои анҷомдода ва пайроҳаи тайкардаи бузургони илму адаб ва фарҳангу ҳунари тоҷик дар айёми гузашта назар афканем, мебинем, ки онҳо бо доштани дониши амиқ, хиради расо ва ҳунари воло соҳиби фазлу фаросат гардида, мардум аз онҳо ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд. Ва ҳар вақте сухан аз боби ашхоси донишманд, хирадманд ва ҳунармард меравад, албатта, зикри хайр мекунанд ва дар бораашон бо ифтихор мегӯянд. Зеро онҳо бо меҳнату заҳмати пайваста, дилбохтагӣ ба касб ва азхудгузаштанҳо ба ин мақом расида, сипас дар дилу дидаи мардум маъво гирифтаанд. Ҳар амале аз замири қалб ва бо меҳр бунёд ёбад, фардро ба соҳили мурод ва қуллаи мақсуд мерасонад. Маҳз ҳамин дилбастагӣ ба пеша ва муҳаббат ба ҳунар буд, ки ном ва кору пайкори ромишгарону ҳунармандони мусиқии миллии тоҷик – Борбад, Бомшод, Саркаб, Ромтин, Накисо, Озодвари Чангӣ ва Гесӯи Навогарро ҷовидона гардонидааст.

  Далелҳои сершумор собит менамоянд ва сарчашмаҳои зиёде нишон медиҳанд, ки барои ниёкони мо мусиқиву санъат ҳунари воло ба шумор рафта, орзую омол ва андешаи мардум дар онҳо ба таври васеъ ифода меёфтаанд. Бозёфту ҳафриёти таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки гузаштагони мо баробари кишоварзиву чорводорӣ, инчунин, ҳунарманду санъатдӯст будаанд ва ин анъанаи неку созандаи аҷдодамон минбаъд идома ва рушд меёбад ва ба маҷрои бузурги фарҳангӣ бадал мешавад. Зеро фарзандони номовари тоҷик на танҳо ба тамаддуни аҷдодӣ ва фарҳанги миллии хеш, балки ба фарҳангу тамаддуни башар бо чашми нек менигаранд ва онро арҷ мегузоранд. Барои пойдорӣ ва устувории санъати асили тоҷик дар замони муосир хизматҳои Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҳошим Қосимов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Нериё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Шумқор Одинабеков, Аҳмад Бобоқулов, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Мусавваршо Минаков, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Муродбек Насриддинов, Саидқул Билолов, Ҷамшед Исмоилов ва садҳо тани дигар шоистаи таҳсин ва қобил ба ёдоварист.

  Хунёгари андалебово, ромишгари мумтоз ва мутриби хушнаво Абдулло Султон аз зумраи ҳамин гуна зиёиёну фозилони сатҳи баланд ва санъаткорони асили тоҷик буд, ки бо ақлу заковати нуронӣ, фаъолияти беқиёсаш дар санъати мусиқӣ, эҷодиёти гуногунранг ва эҳёи дигарбораи фарҳанги аҷдодӣ дар ҷомеа муаззаму мукаррам гардидааст. Сиришти ҳунари ҳофизро эҳсоси хештаншиносӣ, ифтихор аз тамаддуни ниёкон, муҳаббат бар меҳан, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва садоқат ба осори адибони классикаи тоҷик ташкил медиҳад. Абдулло Султон ҳамеша чун яке аз шахсони асил, пажӯҳишгарони борикбин ва ҳунармандони хушкор ба хотири густаришу тавсеаи бештари мусиқии классикии тоҷик, эҳёи дубораи таъриху фарҳанги миллӣ, зинда гардонидани суруду таронаҳои мардумӣ ва санъати тафаккури аҳли ҷомеа камари ҳиммат баст. Ӯ бо хидмати пурсамар ва беғаразонаи ровигӣ, ковишгарӣ ва овозхонии хеш дар таҳкиму густариши тафаккури фарҳангию маърифати мардум ва гиромӣ доштану зинда гардонидани санъати мусиқии миллӣ саҳми арзишманд дорад. Ин ровии хушсадо ва муғаннии беҳамто ҳам дар шахсият ва ҳам дар фаъолият санъату ҳунари мардуми куҳанфарҳанги кӯҳистони тоҷикро тараннум ва таҷассум менамуд.

  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, бунёдгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон Абдулло Султон 15-уми апрели соли 1955 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Рӯдакӣ (ҳоло ҳудуди Душанбешаҳр) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Меҳри суруду мусиқӣ ҳанӯз аз солҳои наврасӣ дар замири покаш маъво гирифта, чун ҳамсафари ҳаётӣ ва бақои умр бо ӯ бузург мешуданд. Маҳз ҳамин ишқу ҳавас ба санъату мусиқӣ ва дилбохтагӣ ба фарҳангу ҳунар Абдуллои ҷавонро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бурд. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми ин даргоҳи илму ҳунар, соли 1977 ба ҳайси муҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Маҳз бо таҳияи барномаи он солҳо маълуму машҳури «Аз почтаи радио» ҳамчун журналисти соҳибкасбу донишманд ва ровии нуктасанҷу нуктапардоз дар сомеаи шунавандагону ҳаводорони барномаҳои радио маъво гирифт. Дар давоми фаъолияти пурсамаре, ки ба ин ровии хушбаён ном ва шуҳрат овард, нахустин қадамҳои хешро дар шоҳроҳи бузурги мусиқии касбӣ гузошт.

  Пас аз чанд соли фаъолият дар радио ҳунари воло ва лаҳни зебо ба Абдулло Султон имкон дод, ки булбули хушовоз фаъолияти хешро дар Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳад. Дар фосилаи начандон зиёди фаъолияти овозхонӣ ӯ ҳамчун сарояндаи навпардозу соҳибистеъдод ва мақомсарои бомаҳорату олидараҷа шинохта гардид. Устод А.Султон ҳарчанд ба сурудҳои классикӣ муҳаббати хосса дошт, вале ба сароидани таронаҳои халқӣ бештар мароқ зоҳир менамуд. Аз ин рӯ, баъд аз чанд муддати фаъолият дар ансамбли «Шашмақом» ба Ансамбли давлатии «Дарё»-и кумитаи зикриномрафта гузариш намуд. Ҳамчун ғаввоси моҳир аз қаъри дарё дурдонаҳои мусиқиро дарёфт, чун кӯҳнаварди бодпо қуллаи азими санъатро фатҳ намуд ва ниҳоят, дар ин ансамбл низ зуд мавқеъ пайдо кард.

  Зеро ин ҳофизи маҳбубу ковишгари сурудҳои ҷаззобу дилнишини мардумӣ оҳанги сурудашро дар ҳавои маънои шеър ҷуста, онро аз самими қалб сурудааст. Ҳар як суруду таронаи эҷодкарда ва сароидаи Абдулло Султон аз дили зебопарасташ бархоставу бо эҳсоси хеле баланде иҷро гардидааст. Ҳамин аст, ки кулли суруду таронаҳои ин овозхони мумтоз фараҳбахши ҷисму ҷон ва писанди ҳамагонанд. Сеҳру ҷозибаи истеъдоди нотакрор ва садои марғуладори хунёгар шунавандаро ба олами зебоӣ, ҷаҳони ишқ ва дунёи меҳру муҳаббат ҳидоят менамояд.

  Муғаннии навоҳои дилрабо ва сарояндаи суруду таронаҳои халқӣ, устод Абдулло Султонро мардум бештар тавассути суруду таронаҳои бо забони яғнобӣ (суғдӣ) сурудааш мешиносанду меписанданд. Ӯ тавассути суруду таронаҳои яғнобӣ на танҳо дар дилу дидаи шунавандагони бешуморе ҷойгоҳ касб кард, балки санъати мусиқии тоҷикро ба ҳунари Борбаду Накисо пайванд дод ва бахше аз фарҳангу забони миллии тоҷикро дигарбора зинда гардонид. Бинобар ин, бо итминони комил метавон гуфт, ки эҷодиёти ин ҳофизи мумтоз як саҳифаи бузурги китоби таърихи мусиқии тоҷикро зебу фар мебахшад. Зеро ҳар вақте мисраъҳои зерин:

Яғноб меҳаним, хасти зивоким суғдӣ,

Чо арке, ки воти мох кунимишт мардӣ.

ё

Эй Яғноби Суғд опат гирекит мирум.

Ту кад обод виишт ман тав ритиса тирум.

бо як лаҳни шаккарине аз забони овозхони маҳбуб Абдулло Султон садо медиҳанд, андешаву хаёли ҳар шунавандаро беихтиёр ба сайри таърихии фарҳангу санъати миллати тоҷик мебаранд. Ҳамчунин, ин мисраъҳо ва дигар сурудҳои суғдии ҳофиз далели бармалоеанд, ки забони аҷдоди мо аз бомдоди таърихи худ забони равону шево ва шеъру суруд будаву ҳаст.

Маҳз ҳамин шевогиву ҷаззобияти забони аҷдодӣ ва дилбастагӣ ба фарҳангу тамаддуни ниёкон аст, ки афкору андеша ва меҳру муҳаббати Абдулло Султонро ҷазб намуда, ба олами рангине раҳнамун месозад. Ӯ дар ин роҳ устуворона қадам гузошта, баҳри амалӣ гардонидани иқдоми пешгирифтааш сидқан камар мебандад. Ин иқдоми бузургу шоистаи таҳсини А.Султон далел аз хештаншиносӣ, миллатдӯстӣ ва меҳанпарастии ромишгар аст. Ибтидо, вай дар масири фарҳангу забони суғдӣ омӯзишу пажӯҳиш анҷом дода, сипас, дар асоси чакомаҳои яғнобӣ суруду таронаҳоеро офарид, ки дар ганҷинаи мусиқии халқи тоҷик ҷойгоҳи хоси худро пайдо карданд. Хунёгари мушоҳидакор ба сурудҳои яғнобӣ оҳангҳое офарид, ки оҳангҳои офарида ва сурудҳои сароидаи ӯ аз гузаштаи Суғди бостон дарак медиҳанд. Бо ба оҳанг даровардан ва сурудани таронаҳои «Яғноб шамол во-во», «Духтари суғдӣ», «Яғнобба мурам», «Чи сар борон авесе», «Яғноб гули райҳонай», «Ид муборак бод», «Яғноб дурай», «Суғди мейним осаним», «Яғнобба обаш ширин», «Мо суғдиёнем» ва ғайра, ки бо забони суғдӣ ва инчунин, дар бораи мардуми Яғноб эҷод гардидаанд, устод А.Султон овози гумшудаи ниёконро эҳё намуд ва ба мусиқии аҷдодӣ ҷони дубора бахшид.

Ҳарчанд устод Абдулло Султон зодаву парвардаи қалби кишвар – Душанбест, вале меҳру муҳаббати беандоза ба таъриху фарҳанги ниёкон, арҷгузорӣ ба санъату мусиқии аҷдодӣ, садоқату самимият ба миллату меҳан ва дилбастагӣ ба суруду таронаҳои мардумӣ пажӯҳишгару ромишгарро ҷаҳони пурасрори фарҳанги аз гузаштаи дур меросмондаи тоҷик ворид сохт. Худи ӯ дар ин маврид гуфтааст: «Яғоб – маскани забони суғдӣ, бо манзараҳои назаррабо, чашмасорони дилрабо, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва мардуми софдилу сарбаланду меҳмондӯсташ маро ошиқи ин диёр кардааст». Ҳофизи нуктасанҷу нуктапардоз А.Султон аз он ифтихорманд аст, ки омӯзиши забони суғдӣ ва суҳбат бо мардуми Яғноб ӯро ба фарҳангу санъати бостонии миллати тоҷик шиносонид ва ромишгар бад-ин васила, ба миллату меҳани хеш хидмат намуд. Аз ин каломи тараннумгари суруду таронаҳои мардуми куҳанфарҳанги тоҷик бармалост, ки А.Султон босираи дақиқназар, қалби зебопараст дошт ва инсони зиндадилу зиндагидӯст низ буд. Бо ин иқдоми наҷибаш дар ҷодаи санъати мусиқӣ ва овозхонӣ ба шоҳроҳи бузург ва мактаби мусиқии хеш асос гузошт. Яъне, суруду таронаҳои яғнобӣ хунёгарро маҳбуби дилҳо гардониданд ва ромишгар санъати мусиқии миллии хешро дигарбора эҳё намуд:

Машҳури олам шудӣ, бо сурудҳои суғдӣ,

Не буду не биёяд, чун ту ҳофиз ба зудӣ.

Пас аз ба оҳанг даровардани сурудҳои суғдӣ ва таронаҳои аз забони мардуми Яғноб ва яғнобиҳои дар шаҳру навоҳии гуногун иқоматдошта Абдулло Султон дар осмони санъати тоҷик чун ахтари тобон дурахшид. Ҳар хурду бузург суруду таронаҳои яғнобии ин булбули хушсадоро замзама мекарданд. Исми мубораки ӯ вирди забонҳо ва таронаҳояш зери лабҳо замзама гардида, авроқи пурпечу тоби таърихи миллати тоҷикро бозтоб менамуданд. Аз ин ҷост, ки ӯро на танҳо мардуми Яғноб ва дӯстдорони санъати мусиқии классикӣ, балки пиру барно эҳтиром намудаву дӯсташ медоштанд. Ва сарояндагони зиёде низ ба сабку услуби яғнобсарои маҳбубу маъруф А.Султон пайравӣ карда, чанде аз сурудҳои яғнобию рубоиёти зарафшониро сароиданд:

Яғноба обаш ширин.

Кӯҳҳош ҷома симин.

Дилдори нозанинам.

Дар руш моҳу парвин.

 

Яғнобба мурам, Яғноби гули райҳонай.

Сар то сари ёлаҳош гули торонай.

Мардумон меган абри сиёҳ боронай.

Сеалаф шудаст дар ҳасрати боронай.

Дар баробари сурудҳои яғнобӣ, инчунин сурудҳои панду ахлоқӣ, ишқу муҳаббат, дӯстдорию вафодорӣ, садоқату самимият, васфи миллату меҳан ва фарогири дигар мавзуъҳои муҳим ва дилнишини хунёгари маънисаро Абдулло Султон, аз қабили  «Тоҷикистон», «Зулфи мушкин», «Муҳаббат», «Наврӯзӣ», «Бо чашми накӯ», «Корвон», «Васфи чӯпон», «Дилором», «Сайри бӯстон», «Падар», «Зуд бирафтӣ», «Пайғом», «Рӯ аз ту нагардонам», «Боғи Фирдавс», «Чобуксаворо», «Эй шамсу қамар», «Панд», «Бунафша», «Зиндонии хаёл», «Лолаи ман», «Дӯстӣ», «Рӯди Сир», «Афсӯс», «Нигоҳ» ва ғайра ганҷинаи мусиқии тоҷикро ғанӣ ва рангин мегардонанд. Зеро кулли суруду таронаҳои ӯ дилнишин, садояш марғуладор ва истеъдодаш фавқуллода буд. Дар суруду таронаҳои ин муғаннии нуктасанҷу ромишгари хушнаво ҳар вожаву ибора бо тақозои маъно қабои зебои ороро ба бар намудааст. Дарки моҳияти маънӣ ба ҳар дӯстдори каломи мавзун ва дилбохтаи санъати асил даст медиҳад, то ин маъноро аз суруду оҳанги А.Султон пайдо намояд:

Дилоромо чунин зебо чароӣ?

Чунин чусту чунин раъно чароӣ?

Гирифтам ман, ки ҷониву ҷаҳонӣ,

Чунин ҷону ҷаҳоноро чароӣ?

Бидуни муболиға ва тардид, дар танини савту навои Абдуллои Султон ҳазор сеҳру асрор мармуз буда, дар ҳавои таронаҳои мондагори ӯ олиҳаи мусиқӣ ба арғушт меравад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки аз вуруди ин ромишгари мумтоз ганҷинаи мусиқии халқи тоҷик боз ҳам ғанитар гардид. Чашмаи санъати мусиқӣ ва овозхонии хунёгари суғдисаро ба дарёи бузурги фарҳангу санъати тоҷик маҷрои тоза бахшид.

Хидматҳои бузургу мондагори бунёдгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон Абдулло Султон бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008) қадрдонӣ карда шудаанд. Бузургтарин аз ҳама, суруду таронаҳои марғуби ҳофиз, махсусан сурудҳои яғнобии ӯ барояш умри ҷовидон оварданд.

Мутаассифона, ҳар равандеро анҷоместу ҳар умреро поёне. Дареғу афсӯс, ки шоҳини иқболи сарояндаи маҳбуб ва муаррифгари санъати мусиқии асили тоҷик Абдулло Султон дар авҷи камолоти эҷодӣ аз парвоз монд ва ахтари дурахшони фарҳангу ҳунар, дар синни 55-солагӣ (10 сентябри соли 2010) хомӯш гардид. Вале, навоварӣ, навҷӯйӣ ва навгӯйӣ гулистони эҷодиёти ин хунёгари андалебоворо аз олами хазон ҳифз менамояд ва шамъи ёди муғаннии хушсадоро фурӯзон медорад:

Ҳазорон ҳамчу булбул ҳар баҳоре мешавад пайдо,

Навосанҷе чу ман дар рӯзгоре мешавад пайдо.

Барои абадӣ гардонидани номи ин сарояндаи хушовоз ва арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Абдулло Султон дар масири эҳёи фарҳангу забони аҷдодӣ, яке аз муассисаҳои таълимӣ ё мусиқиро дар ноҳияи Айнӣ (махсусан, дараи Фон-Яғноб) ва ё манотиқе, ки яғнобиён умр ба сар мебаранд (ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ ва Зафаробод) ба исми мубораки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдулло Султон номгузорӣ кардан, амалест, басо мондагор ва корест, хеле хайр.

 

Номвар ҚУРБОН,

Аълочии матбуоти

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам», №10 (594), 5.04.2022

Хондан 1329 маротиба