JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Апрели 2022 09:41

Устод Айнӣ дар масири мунавварфикрии миллӣ (чанд сухани муқаддимавӣ дар ҳошияи зодрӯзи устод Айнӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

      Ҳамасола моҳи апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ, бахусус муҳитҳои илмию адабӣ ва маданӣ ба ифтихори зодрӯзи устод Айнӣ (15 апрел -- зодрӯзи устод Айнӣ) нишасту маҳфилҳои илмию адабӣ ва эҷодӣ доир мегарданд. Дар нишасту маҳофили илмию адабӣ ва эҷодӣ ҷанбаҳои гуногуни шахсият ва эҷоду мероси устод  матраҳ мегарданд. Аз ҷумла масъалаи мунавварфикрӣ ва фаъолияти рӯшангарии устод дар доираи баҳсҳои ҷашнӣ ва ҷустуҷӯҳои илмию эҷодӣ баррасӣ мегардад. Мо низ дар ҳошияи зодрӯзи устод Айнӣ масъалаи мунавварфикриро, ки ҳамеша муҳиму калидӣ будаву ҳаст, иҷмолан таваҷҷуҳ мекунем.

       Дар ҳамаи давру замон нафароне, ки нуқсу мушкилоти иҷтимоӣ, равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва ҳувиятиро мешинохтанд, нисбат ба дарди миллату мардум ниҳоят ҳассос буданд, сари масоили мубрам пайваста тамаркуз менамуданд ва билохира болотар аз ҷомеа фикр мекарданд, мунавварфикру рӯшанфикр унвон мегирифтанд. Аз тарафи дигар, маҳз мунавварфикрону рӯшангарон дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ангезаи ковишу ҷустуҷӯро бедор месохтанд ва ҷомеаро ба дарку шинохти мушкилоту печидагиҳои фикрию равонӣ, ахлоқию ҳувиятӣ ва иҷтимоию маданӣ вомедоштанд. Ҳарчанд ки тоифаи мунавварфикрону рӯшанфикрон дар тӯли таърих ҳамеша зери бори таънаву маломат ва фишору таарӯзи мустабидону ҷаҳолатпаноҳони давру замон қарор доштанд, аз роҳи интихобкарда ҳаргиз пушаймон нашуда, дар ин масири мушкилписанд ҷообозию фидокориҳо кардаанд.

     Бояд тазаккур дод, ки вожаи “рӯшанфикр” дар шакли истилоҳ ва мафҳуми илмию фарҳангӣ аз фарҳанги урупоӣ ба муҳити фарҳангӣ ва фазои сиёсию иҷтимоии мо ворид гардидааст. Нависандагони давраи машрутаи Ирон ба ҷойи истилоҳи франсавии  “Siecle des lumieres”  ибораи “асри  мунавварфикрӣ”-ро истифода мебурданд ва дар солҳои баъдӣ ба ҷойи «мунавварфикр» вожаи «рӯшанфикр» мутадовил гардид ва натиҷатан, ба ҷойи истилоҳи франсавии “Siecle des lumieres” мафҳуми  “асри рӯшанфикрӣ”  мавриди истифода  қарор гирифт. Дар асрҳои миёна вожаи “рӯшанфикр” дар шакли “рӯшандил” вуҷуд доштааст ва Ҳаким Носири Хусрав ҳангоми баёни матолиби мавриди назар аз истилоҳи мазкур дар шакли “Рӯшандилони рӯшон ойинаи сафоянд” ёд кардааст. Устод Айнӣ ҳам дар китоби “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” аз калидвожаҳои “танвири фикрӣ”, “мунавварфикрӣ”, ки дар ибтидои садаи бистум дар фазои фикрию эҷодии Бухорои амирсолорӣ  зуҳур кардаанд, васеъ истифода бурдааст.

      Албатта, мунавварфикрони собиқ дар заминаи омӯзишу мутолеаи осори равшангарону маорифпарварони Шарки онрӯза, пеш аз ҳама, мероси Ҷалолуддини Афғонӣ (1833-1897), Муҳаммад Абдӯҳи Мисрӣ (1849-1905), Исмоили Ғаспарӣ (1851-1914) дар Мовароуннаҳр ҷунбиши тараққихоҳона ба вуҷуд оварданд (ниг.:Шакурӣ М. Равшангари бузург. -Душанбе: Адиб, 2006. -С. 25). Муҳимтар аз ҳама, мунавварфикрону рӯшангарон бо пазируфтани рисолату масъулияти баланд виҷдони ҷомеаҳо шинохта мешуданд ва яке аз чеҳраҳои номовари ҳаракати мунавварфикрии миллӣ устод Айнӣ маҳсуб меёбад. Устод Айнӣ бо такя ба донишу таҷриба аз охири солҳои навадуми садаи нуздаҳ шуруъ карда, то вопасин дақиқаҳои зиндагӣ дар масири мунавварфикрии миллӣ устуворона гом бардошт ва дар бедории фикрии ҷомеаи тоҷик саҳми муносиб гузошт.    

      Мусаллам аст, ки дар Бухорои амирсолорӣ Аҳмад Махдуми Дониш ба унвони падари маорифпарварӣ ва мунавварфикрӣ шинохта шуда, нахустин гомҳои рӯшангариро дар масири таҷаддуди фикрӣ ӯ бардоштааст. Аҳмади Дониш пас аз се сафари расмие, ки ба Русияи подшохӣ анҷом дода буд, аз назари фикрию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ тағйир ёфт. Яъне баъди диду боздидҳо дар тафаккури Дониш таҳаввулоти сифатӣ рух дода, тараққиёти мамлакати бегонаро бо чашми сар дида, пешравиҳои назарраси иктисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Русия ӯро мафтун кард. Бар мабнои мутолеоту таҷрибот ва  боздиду мушоҳидот Аҳмад Махдум ба ақибмондагии мардум ва ҳукумати Бухоро ҷиддан бовар ҳосил кард ва ба олами тамаддуни Ғарб дар симои Русия пайваст.

       Ошноии ибтидоӣ бо фарҳанг ва тамаддуни русӣ биниши Донишро, ки дар доираи ақоиди асримиёнагӣ чарх мезад, тағйир дод ва заминаи таҷаддуди фикрию эҷодиашро таъмин сохт. Он дигаргунӣ ва таҳаввулоте, ки ҷомеаи русӣ рӯйи кор оварда буд, ба баракати илму маърифат ва қабл аз ҳама, бедории фикрӣ имконпазир гардид. Дониш осори таҷаддуд ва навгониҳоро дар кулвори маърифаташ, ба сифати ҳадоёи фарҳангӣ ба Бухоро овард ва байни элитаи сиёсии аморати акибмондаи феодалӣ тақсим кард. Аммо, бехабар аз он ки  қишри давлатдори аморат  аз хоби гарони ҷаҳлу таассуб  бедор шудан намехоҳад. Қатъи назар аз он ки Аҳмади Дониш таҳти фишору таҳдид қарор мегирад (ниг.: Шакурӣ М. Б. Садри Бухоро. – Душанбе: Деваштич, 2005. –С. 10), масири мунавварфикриро на танҳо тарк намесозад, балки шогирдону мерсобарон омода мекунад. Аз ҷумлаи меросбарону шогирдони мактаби мунаввафикрии Аҳмади Дониш устод Айнист. Айнӣ баъди мутолиаи  «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, фикран тағйир ёфта, ба мушкилоти иҷтимоию фикрии замон огоҳона пай мебарад. Устод таъкид мекунад: «Аммо, вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти “Наводир-ул-вақоеъ” бо тасвири реалӣ – бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам, - навиштааст устод Айнӣ, -- ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: “Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст» (инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод” -- ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. –С.548). Шинохти “аҳволи фалокатиштимол”-и  Бухоро, ки бар пояи зулму истибдоди амирӣ ва сардамдорони низом --- амир, қушбегӣ, қозӣ, муфтӣ, миршаб, амлокдор, мулло, имом ва амсоли онҳо бунёд ёфта буд, имрӯз ҳам дар симои рӯҳониёни мутаасиб, созмону ҳаракатҳои террористию экстремистии динӣ-мазҳабӣ ҷомеаи мо ва умуман, ҷавомеи ҷаҳониро ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Бар мабнои ин, шинохти хасоиси ҷаҳл, таассуб ва хурофот, ки дар ҳар давру замоне аз худ асари беадолатӣ, беинзиботӣ, беназмӣ, беазмӣ, беиродагӣ, бегонасолорӣ, бешахсиятӣ ва билохира беҳувиятӣ мегузоранд, дар осори устод Айнӣ ба таври равшану нишонрас  инъикос ёфтаанд.

      Устод Айнӣ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ бо кумаки падари илмдӯст ва маорифпарвараш Сайидмуродхоҷа аз хурофоти динӣ-мазҳабӣ, ки саргаҳи ҷаҳолату таассуб маҳсуб меёбад, раҳоии тадриҷӣ ёфта (ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо(чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.37-39), маслиҳатҳои қиблагоҳаш минбаъд дар ташаккули шахсияти комили фарҳангӣ ва иҷтимоии нависанда нақши бориз гузоштаанд.  Айнӣ дар китоби “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” (соли 1918 таълиф шудааст), ки аз муҳимтарин осори  таърихӣ ва фалсафии устод  ба шумор меравад, ба мубрамтарин масъалаи инсонӣ – бедорӣ ва  инқилоби  фикрӣ  ҷиддӣ ва муфассал таваҷҷуҳ мекунад. Таъбири  “танвири  фикрӣ”,  ки мо аз он ҳамчун мафҳуми калидӣ ё калидмафҳум истифода намудем, дар китоби мазкур ба сифати сарандеша мавриди истифода қарор гирифтааст. Айнӣ тағйироти куллӣ, бедорӣ, рӯшангарӣ ва билохира озодии мардум (омма) – ро маҳз дар танвири фикрӣ ё ба истилоҳ, мунавварфикрӣ донистааст.  “Бе ҳузури раият, - нигоштааст устод Айнӣ, - ва бе танвири афкори омма инқилоби нофеъро мумкин намедонистам” (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. – Теҳрон, 1381. -С. 95).

     Устод Айнӣ ба воситаи ин асар ҷузъиёту куллиёти ақибмондагии мардуми Бухороро бо далоили мушаххас нишон додааст. Сабаби ақибмондагӣ ва ҷаҳолати саросариро дар қаламрави аморат, устод Айнӣ дақиқан, ба бесаводӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, танпарварӣ, истибдод, золимӣ ва беадолатии амирону ҳокимон ва мударрисону қозиён иртибот додааст. Вай бо афсӯсу надомат аз ин вазъи ногувор ёд намудааст: «Аз тарбияи авлод, аз таърихи олам, аз сиёсати дунё, аз тадбири манзил, аз маданияти ислому Аврупо бехабар будани ин фирқа (уламои дин) ва пайравонашон ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳамин бехабарӣ буд, ки дар аҳди амир Музаффархон вақти вуруди аскари Русия фоҷиаҳои зиёде ба амал омад» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. – Теҳрон, 1381. -С. 32). Дар ин замина пурсише матраҳ мегардад бад-ин мазмун: бо он донишу маърифати маҳдуду костае, ки аз амиру кабир то раияти хокпош дар Бухоро доштааст, оё  мунтазир шудани  ислоҳот  имкон дошт? Гузашта аз ин, вазъ дар мадориси Бухоро, ки макони омода намудани мутахассисон ба шумор меомад, хеле ва хеле нигаронкунанда будааст (дар навиштаҳои Аҳмади Дониш низ вазъи тираву торики аморат хеле хуб тасвир ёфтааст). Бо дониши андак, тасаввуроти танг ва тарзи биниши маҳдуди доираҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва муҳитҳои носолими иҷтимоӣ зуҳури хатару бало ҳар чӣ зиёдтар Бухороро таҳдид мекард. Хатари таассуб ва ҷаҳолати мазҳабӣ ҳамеша аҳли зиё ва мунавварфикронро. ки миқдоран хеле кам буданд, ҳамсафарӣ мекард. Дар он гуна муҳитҳои тангу тори фикрию мафкуравӣ коштани тухми огоҳӣ амри зарурӣ буд. Бидуни огоҳӣ ва бедории фикрӣ беҳбудии сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию маданиро интизор шудан мумкин набуд.

   Бояд тазаккур дод, ки Айнӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, намехост мардум инқилоб кунаду хунрезӣ шавад. Ӯ хостори инқилоби фикрӣ ва аз оғоз зидди ҷунбиши инқилобӣ будааст, ки мунҷар ба бесарусомонӣ ва маргумири садҳо ва ҳазорон мардуми бегуноҳ мешудааст (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Равшангарӣ бузург. -Душанбе: Адиб, 2006.  -С. 28). Ин буд, ки робитаашро бо “ҷадидони ҷавон”, ки дар байни онҳо Абдурауфи Фитрат ва Файзулло Хоҷаев буданд, бурид. Ин қабил ислоҳотхоҳон ақида доштанд, ки бо роҳи ислоҳоти сиёсӣ ба мақсад расидан мумкин аст ва танвири афкор барои расидан ба ҳадаф он қадар муҳим нест. Айнӣ бошад, бар он пофишорӣ мекард, ки афкори умумӣ танҳо ба воситаи илму маърифат танвир меёбад ва ҷавҳари ислоҳот мактабу рӯзнома аст (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. – Теҳрон, 1381. -С. 95).

    Устод Айнӣ ҳамчун рӯшангару мнавварфикри бузург ҳанӯз хеле барвақт пай бурда буд, ки ягона роҳи мусоид ва муътадил барои расидан ба ҳадаф танвири афкори ҷомеа аст. Танвири афкор ба мактабу маориф ва мутолеаи ҷароид (газетаю рӯзномаҳо) сахт бастагӣ дорад. Ҳар қадар рӯзномаю ҷароиди гуногунмазмун ва пурмуҳтаво  дастраси ҷомеа гардад, ҳамон қадар сатҳи маорифпарӣ ва танвири фикрӣ дар ҷомеа боло меравад.

    Ҳамин тариқ, роҳи наҷоти ҷомеаи Бухороро устод Айнӣ дар илмомӯзӣ ва мутолеоти густурдаи рӯзномаю ҷароиди ҷадид медид. Устод дар китоби “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” масъалаи маорифпарварӣ ва танвири афкори мардумро дунболагирӣ намуда, менависад: “Мутолиаи кутуб ва расоил, аз кадом қисм ки бошад, ба танвири афкор хидмат мекунад”  (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. – Теҳрон, 1381. -С. 95). Устод Айнӣ ҳамчун маорифпарвар ва рӯшангари воқеии замон барои раҳоӣ бахшидани оммаи Бухоро аз ҷаҳолати саросарӣ дар баробари уламои мутаассиб ва ҳуккоми мустабид, ки дар он давр шуморашон рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш дошт, қад алам карда, дар ин роҳи душвору пурхатар ҳамчун марди ҷасуру шуҷоъ қадам зада, рисолати маорифпарвариашро муваффақона иҷро ба ин васила номашро дар таърихи фарҳанги миллӣ абадан сабт сохт. Ӯ аз миёни тараққихоҳони Бухоро аз нахустин шахсиятҳое буд, ки аз ақидааш дар мавриди босавод сохтани мардум барнагашт ва ягона роҳи тағйирот ворид кардан дар афкори умумро аз тариқи илму маърифат имконпазир донист (ниг.: Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. –Душанбе: Шуҷоиён, 2010. -С.12).

    Дар марҳилаи дуюми фаъолияти созанда ва густурдаи худ устод Айнӣ (солҳои 1920-1954) масъалаи маорифи миллиро ба унвони масъалаи калидӣ дар низоми зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мадди назар қарор дод. Махсусан, солҳои барои миллату ҳукумати тоҷикӣ ҳассос (нимаи дуюми солҳои бистуми садаи бист) устод Айнӣ  тавассути мақолоти публитсистии худ “Қавми тоҷик ва рӯзнома” (соли 1924), “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик” (соли 1924), “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон” (соли 1924), “Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон” (соли 1925), “Кори Тоҷикистон гул карданист” (соли 1925) ва амсоли инҳо муҳим ва калидӣ будани мактабу маорифи миллиро дар замони сохтмони ҷомеаи нави сотсиалистӣ арзёбӣ кардааст (ниг.: Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. –Душанбе: Шуҷоиён, 2010.  -С.52).  Иқдому ташаббусоти устод Айнӣ дар самти маърифатнок кардани ҷомеа дар ду давра – дар давраи амирӣ ва давраи шӯравӣ ҳадафмандона пайгирӣ шуданд. Ин аст, ки устод Айниро метавон, бидуни муболиға, поягузори маорифпарварии миллӣ ва ватанӣ унвон кард.

   Боиси нигаронӣ он аст, ки дар шароити феълӣ як андоза ба буҳрони амиқи фикрию маънавӣ мувоҷеҳ шудани ҷомеаи тоҷикӣ, махсусан насли ҷавон ба назар мерасад ва ин камбуди ҷиддӣ аҳли дониш ва зиёи кишварро бетафовут гузошта наметавонад. Ба домани хурофоту таассуби асримиёнагӣ печидани насли ҷавон, ки ояндасозони ватан маҳсуб меёбанд, боиси нигаронии амиқ аст. Маҳз насли ҷавони вақти Бухоро дар симои устод Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Ҳайрат, Ҳомидхоҷа ва дигарон бо истифода аз неруи илму дониш ва маърифат тавонистанд дар фазои тираву торики аморати манғитӣ чароғи бедории фикриро барафрӯзанд. Ба маҳофили адабӣ ва маърифатии насли ҷавони Бухоро майл кардан ва нисбат ба кори онҳо муҳаббат ва самимият варзидани иддае аз насли миёнсоли маърифатпарварони вақт боиси ҷони тоза гирифтани ҳаракатҳои мунавварфикрӣ гардид. Устод Айнӣ дар “Ёддоштҳо” аз забони яке аз чеҳраҳои озодандешу мунавварфикри Бухорои вақт Мулло Амон, ки бо насли ҷавони пешқадам робита дошта, алайҳи бедодӣ, бесаводӣ, нодонӣ ва ҷаҳолати саросарии амирсолорӣ қад алам карда буд, овардааст: “Ман, ки фарзандони ватани худро дӯст медорам, беҳтарини онҳоро сахттар дӯст медорам, ки дил канда наметавонам…” (ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо(чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.495). Ин қабил шахсиятҳои ҷасури миллӣ имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд ва бо ибтикору ташаббуси инфиродӣ метавонанд дар роҳи рушду тавсеаи илму маърифат саҳм бигиранд.

   Нуктаи гуфтанӣ ин аст, ки табақаи мунавварфикри ҷомеа, ки дар домони андешаҳои бузургони илму адаби гузаштаю муосир тарбия ёфтаанд, дар шароити феълии буҳронҳои ахлоқию фикрӣ, бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва дарҳамбарҳамиҳои ақидатӣ ҳаққи бетараф ва тамошобин буданро надорад. Зимнан, барои нишон додан ва ташхис намудани сабабу авомили таҳрикдиҳандаи ҷаҳолату хурофоти иҷтимоъ бояд аз осори арзишманди устод Айнӣ васеъ истифода намоем, то сатҳи буҳронҳои амиқи фикрию идеологиро, ки аз ҳар ҷиҳат ҷомеаи моро таҳдид мекунанд, коҳиш диҳем. Зиёда аз ин, тавассути мутолеаи бардавому ҷиддии осори адабӣ, бадеӣ, таърихӣ, публисистӣ ва илмии устод Айнӣ табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, махсусан насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ имкони саддарсадии раҳоӣ аз мушкилоти фикрӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангиро пайдо мекунанд ва ин иқдоми наҷиб ва саривақтӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллати мо бо сарафрозӣ ба марҳилаи навини бедорию офаринандагӣ ва масири саодати зиндагӣ ворид гардад.

 

Нозим Нурзода

муҳаққиқ

Хондан 727 маротиба